деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев

Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 27 июли соли 1985, №335 бо номи Ҷамоати деҳоти Файзобод таъсис ёфта, бо қарори МММОҶТ аз 17 июли соли 2014, № 719 ба номи Дӯстмурод Алиев номгӯзорӣ карда шудааст. Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев аз 12 деҳа – Файзобод, Кабкрез, Навбаҳор, Файзрез, Боғи мирӣ, Куҳсор, Қанғелӣ, Кенҷаобод, Сурхдара, Чуқурак, Сайдонӣ ва Ҷонварсӯз иборат аст. Ҳудуди Ҷамоат беш аз 301,20 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ҷамоат 1 корхонаи истеҳсоли хишт  ва 3 корхонаи коркарди чуб фаъолият менамояд. Инчунин, дар ҳудуди Ҷамоат 41 адад муассисаҳои хизматрасонӣ ва савдо, 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 1 муассисаи томактабӣ, 1 филиали мактаби санъат, 2 китобхона, 8 хонаи саломатӣ, 2 маркази саломатӣ ва 2 майдончаҳои варзишӣ мавҷуд мебошад. Дар ҳудуди Ҷамоат 1 масҷиди ҷомеъ фаъолият менамояд. Шумораи ахолӣ ба 01.01.2023 – 15 ҳазору 507 нафар мебошад, ки аз онҳо 7 ҳазору 735 нафарашон занҳоанд. Шуғли асосии сокинони деҳот зироаторию чорводорӣ мебошад.