деҳоти Қалъаи Дашт

Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 31 марти соли 1977, № 568 таъсис дода шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 8723,21 га мебошад. Шумораи аҳолӣ ба санаи 01.01.2017 12 ҳазору 450 нафар буда, аз он 6223 нафарашон занҳоанд. Дар ҷамоат 1 адад корхонаи саноатӣ, 21 адад муассисаҳои хизматрасонӣ ва савдо, 9 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 1 адад китобхона, 2 адад марказҳои саломатӣ, 4 адад бунгоҳҳои тиббӣ, мавҷуд мебошад. Ҷамоат деҳаҳои Қалъаи дашт, Очилдӣ, Бобои Валӣ, Дараи гӯсфандак, Дороб, Элок ва Дашти марзо- ро дар бар мегирад.