Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол”

Ҷамоати  шаҳраки “30-солагии Истиқлол” собиқ (Ҷамоати деҳоти Мискинобод) соли 1928 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Шумораи ахолӣ ба 01.01.2023 19 ҳазору 525 нафар буда, аз онҳо (9599 мард) ва (9926 замн) башумор рафта, 2640 хоҷагиро дар бар мегирад. Дар ҳудуди Ҷамоат 4 адад корхонаи саноатӣ, 9 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 1 беморхона, 4 адад хонаи саломатӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 33 адад марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо,  як хонаи фарҳанг ба номи Ҳикмат Ризо (клуб) ба мардум хизмат мерасонанд. Дар ҳудуди Ҷамоат деҳаҳои Мискинобод, Заркамар, Орифон, Фатҳобод, Гултеппа, Обшорон, Сарой ва Муминобод ҷойгиранд. Сокинони ин шаҳрак асосан ба катошкапарварӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ  машғуланд.