деҳоти Вашгирд

Ҷамоати деҳоти Вашгирд 2 феврали соли 1992 таъсис ёфтааст. Шумораи ахолӣ ба 01.01.2017 5 ҳазору 631 нафар мебошад, ки аз онҳо 2 ҳазору 758 нафараш занҳоанд. Дар ҳудуди Ҷамоат 712 хоҷагӣ мавҷуд аст. Дар ҳудуди ҷамоат ҶДММ «Мурғи ҳилол» фаъолият намуда истодааст. Инчунин ҷамоат дорои 14 марказҳои хизматрасонӣ ва савдо мебошад. Дар Ҷамоати деҳоти Вашгир 4 муассисаҳои таҳислоти умумӣ, 1 муассисаи томактабӣ, 1 маркази саломати, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 масҷиди панҷвақта фаъолият менамоянд. Дар Ҷамоат деҳаҳои Лолагӣ, Шаҳтакиён, Сино, Қарамайдон, Шаҳбозӣ, Шифо, Баҳористон ҷойгиранд. Инчунин мағозаҳои тиҷоратӣ ва хӯрокворӣ, сартарошхона, чойхона, боғчаи бачаҳо, тӯйхонаҳо барои қонеъ намудани талаботи мардуми деҳот ҳамеша омодаи хизмат мебошад.