Ӯ АХТАР БУД АХТАРИ ПУРҶИЛОИ ОСМОНИ ЭСТРАДАИ ТОҶИК

print

Аммои ӯ дари ин осмон яккаву ягона нест ҳастан монанди ӯ ситораҳо, вале бешаку шубҳа ӯ ахтарест ҷилои ба худ хос. Ин аст, ки ӯ дили ҳазорон мардуми санъадӯстро ба даст овардааст, ки то ҳол сурудҳои ӯро гӯш мекунанд.Ӯ худ санъатдӯст буду нисбати касбу пешаи хеш муҳаббати беандоза дошт. Ҳангоме ӯ суруд мехонд ба кӯлли эҳсос мегардид, ки тамоми ҳисиёту вуҷуди худро ба суруд бахшидааст.
Бояд гуфт, ки сурудҳои ошиқонаву ватандӯстонааш низ дорои мазмуну мундариҷаи волоянд. Дар яке аз таронаҳояш сӯзу гудози ошиқонро бо ин лаҳни хуш баён месозад. “Кош медидам туро”…
Бар ҳақ ӯ дар замони сурудхониааш яке аз пешоҳангони эстрадаи тоҷик ба шумор мерафт, дар равнақу ривоҷи санъати мазкур саҳми шоиставу босазои худро гузоштааст.
Нигина Рауфова, яке аз бехтарин ахтарони дурахшони осмони ҳунари овозхонии миллати куҳанбунёди тоҷик шиноста шудааст. Ӯ 21 майи соли 1945 дар ноҳияи Файзобод, деҳаи Шерамон чашм ба олами ҳастӣ намудаву хурсандии аҳли хонаводаро дучанд гардонид.
Инсон баробари омадан ба дунё дар қалби худ орзуҳо мепарварад, ки барои амали гардонидани он ҳамеша чаҳду талошҳо мекунад, ки то тавониста бошад самти ҷодаи худро пайдо кунаду дар касби худ муаваффақ бошад. Шодравон Нигина низ аз зумраи он нафароне мебошад, ки дар чодаи кору зиндагӣ талошҳо кард, аз даре ба даре рафту билохира даровозаҳои қалбҳоро бо оҳангу таронаҳои мардумияш ба рӯи хеш кушод. Ӯ аз мардум мегирифту барои мардум месуруд, хеле садои ширину хушсадо дошд. Ҳамавақ ба майдон бо симоиву либосҳои тоҷикона мебаромад, ҳамин буд, ки бо симои зебояш чашм хоҳиши диданаашро мекарду гӯш бошад майли садояш.

Бояд зикр намуд, ки меҳру муҳаббати сурудхонӣ аз овони хӯрдсоли дар дили ӯ ҷой гирифта, овози ҷаззоб ва марғуладорашро бо думбра машҳур кард. Садои форамаш ҳанӯз вақти мактабхонияш ба дили одамон роҳ ёфта буд. Ӯ дар овони мактабхонияш пайваста дар озмунҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, маҳорати овозхонии худро сайқал медод ва сурудҳои тоза ба тоза эҷод мекард.
Номбурда фаъолияти эҷодиаш дар маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодиияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст. Баъд аз ғолибият дар азназаргузаронии ҳаваскорони санъати шаҳри Душанбе (1969—1970) барои кор ба яке аз клубҳои шаҳрӣ даъват гардид. Солҳои 1971—1975 сарояндаи Ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамбли «Гулшан» (1975—1976), аз соли 1976 сарояндаи Ансамбли давлатии «Шашмақом» ва баъд ансамбли «Дарё»-и Комитети ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ буд.
Сарояндаи нотакрор Нигина Рауфоварро мухлисону ҳаводорон ва муҳаққиқони санъат ҳамчун ситораи дурахшони ҳунари овозхонии тоҷик мешиносанду гиромӣ медоранд. Ҳунарманде аз аҳли сахо, меҳмоннавоз, хоксор ва чеҳрахандон. Хислатҳои неки инсонияш буд, ки халқ ӯро дӯст медошту медорад.
Сурудҳои “Ёрат манам”, “Қадат баланд аст ёр”, “Ман садқаи ту”, “Намепурсӣ номи ман”, “Духтари каҷтоқӣ” ва “Нозам ба чашмонате” (сурудҳои халқӣ), “Оишқам” (оҳанги Ф. Одинаев, шеъри Л. Шералӣ), “Аскарбачам” (оҳанги Х. Абдуллоев, шеъри А. Қодирӣ), “Бӯи гул” (оҳанги З. Шаҳидӣ, шеъри М. Турсунзода), “Ишқи хубон” (оҳанги М.Сафармамадов, шеъри халқ), “Кош медидам туро” (оҳанги Ҷ. Обидов, шеъри халқ), инчунин, сурудҳои “Наргиси шаҳло”, “Файзобод” ва “Рубоиёт” аз оҳангҳои ӯ буда, басо дилнишин аст.
Шодравон дар баробари, суруд хонаданаш, ҳамчунин, ба худ шуғлҳои дӯстдоштани дошт. Ӯ ҳунарҳои мардумиро дӯст медошт ва расандагию бофандагӣ мекард. Сайр дар оғӯши табиати биҳиштосои диёраш буданро дӯст медошт. Аз манзараҳои нотакрори кишвар илҳом гирифта, оҳангҳои ҷаззобу дилнишин эҷод мекард.
– Ман, ки аз хӯрдсоли сурудҳои устодро гӯш мекардаму мухлисашон будам, ҳамеша орзу мекардам, ки як бор ба дидорашон бирасам. Вақте донишҷӯ шудам баъди 4 соли таҳсил дар рафти таҷрибаомӯзӣ ба дидорашон мушарраф шудам, ки он лаҳза ҳеч аз ёдам фаромӯш намешавад… Апаи Нигина бо сурудҳои халқияшон ва бо симои тоҷиконаашон ба дилу дидаи мардум роҳ ёфта буданд. Устод бисёр хислатҳои хуби инсони дошт, ҳамеша мекӯшид бо хӯрду калон як бошад. Ҳамеша бо пирони рӯзгордида нишастанро дӯст медошт, ҳар вақте ҳамроҳашон кучое мерафтем, зуд назди занонони таҷрибадида мерафту ҳамроҳашон суҳбат мекард, аз дарди дили онҳо мепурсид. Ҳаминро бояд гуят, ки ҳарчанд апаи Нигина бо мо нест, аммо сурудҳояш ва ёдашон бо мо абадист. мегӯяд,- Муҳаррама Шарипова яке аз шогирдони шодравон.
Шодравон аз худ 4- фарзанд ёдгор мондааст. Аз фарзандонаш касе, касби модаро интихоб накард танҳо аз набераашон Шабнам Рауфова касби бибиашро интихоб намудааст, ки сурудҳои онро замзама мекунад.
“Назроддин Неъматов Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон мехоҳам хотиротеро барои мухлисони шодравон қисса кунам, номбурда ҳофизаи хушнаво буду, сабку тариқаи хоси сурудхони дошт. Таронаҳояш басо пурсӯзу таъсирбахш аст. Бо овози фораму дилнишинаш мақбули шунавандагон гардида буд. Апаи Нигина ҳамчун модар ба кормандони ансамбли давлатии “Дарё”- и Кумитаи телевизиони ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхори мекард ва ҳамеша дар пастиву баландии зиндагӣ онҳоро дастгирӣ менамуданд. Бояд ҳаминро гуфт, ки аз марги ӯ солҳо гузашту, аммо мардум овози ҷаззоби ӯро фаромӯш накарданд. Нигина дар санъати овозхонӣ равияи хоси худро пайдо карда, тақлид ва такрорро шӯх надошт. – Чанде аз гуфтаҳояшон дар хотирам нақш бастааст. Ӯ мегуфт дар ҳама ҳолат инсони хоксору меҳрубон бошед, ҳарчанд эҷодатон, сурудҳоятон парвози бисёр баландҳам дошта бошад, лекин ҳамавақт инсони хоксор буданро фаромӯш насозед…”

   Нигина Рафуова, дар солҳои ҳунарнамоияш ба давлатҳои Белоруссия, Молдова, Украина, Фаронса, Афгонистон ва Эрон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст .
Ҳамин буд, ки меҳнату заҳматҳои ӯро дар рушду нумӯи санъати овозхонии тоҷик ба назар гирифта, бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Грамотаи Фахрии президенти Совети Олии ҶСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Дар ноҳияи Файзобод ба номи шодравон Филармонияи халқии ноҳия, лавҳаи хотирааш дар маркази ноҳия мавҷуд аст, инчунин, дар зодгоҳаш хонаи маданияти Ҷамоати деҳоти Меҳробод ба онми ӯст. Ҳамчунин, дар осорхонаи ноҳия як гӯшаи алоҳида дорад, ки дар ончо асбобҳои мусиқӣ, сарулибоси шодравон, аксҳои хотиравӣ, диплому ифтихорнома ва дигар лавозимоти рӯзгордорӣ ӯ нигоҳ дошта мешавад, ки айни замон зиёрадгоҳи мардум гаштааст. Ҳамзамон, дар ноҳия чанд, маркази хизматрасонӣ ба номи шодравон мебошад.
Нигина Рауфоварро сокинони ноҳияи Файзобод ҳамчун ситораи дурахшони санъати овозхонии халқи тоҷик мешиносанд. Зане буд саховатманд, меҳмоннавоз, хоксор ва чеҳрахандон. Дар ҳар лаҳзаи вохӯрӣ бо мардум ӯро шӯху дилнишин медидем. Ҳами хислатҳои неки инсонияш буд, ки халқ ӯро дӯст медоштанду медоранд,- мегӯянд мардуми ноҳия. Сад дареғ, ки ин булбули хушсадо 22 декабри соли 2010 баъди бемори начандон тулонӣ, ба ҳаёт падруд гуфт.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
котиби матбуоти раис ноҳия

 

Шарҳи худро гузоред

*

code