ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print

Чанде пеш дар боғи фарҳангии маркази ноҳия ба номи шоир Бозор Собир Ҷашни 31-умин согарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии маскур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Бобишо Холзода муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар сокинони ноҳия иштирок доштанд.

Дар оғози меҳмонон аз иншооти тозабунёд, ки ба муносибати сазовор истиқбол намудани Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда буд ифтитоҳ намуданд. Аз ҷумла, синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №4-и деҳаи Чилчашмаи деҳоти Бӯстон, истгоҳои замонавӣ дар Ҷамоати деҳотҳои Меҳрободу Ҷавонон, пули мошингузар дар деҳаи Чанорои Ҷавонон, бинои таъмир ва шустушӯи мошинҳо дар деҳоти Ҷашмасор, сехи дару тирезаҳои пластикӣ дар деҳаи Мискинободи шаҳраки “30-солагии Истиқлол” ва дигар иншооти гуногунсамт, аз қабили бунгоҳи саломатӣ, муассисаҳои таълимӣ, хати оби ошомиданӣ ва дигар иншооти ҷашнӣ дар деҳотҳои ноҳия мавриди истифода дода шуд, ки дар умум 15 иншоот мебошад.

Баъди ба истифода додани як қатор иншооти ҷашнӣ меҳмонон барои маросими тантанавӣ ба истиқболи ин рӯз, ба боғи фарҳангии маркази ноҳия ташриф оварданд.
Нахуст, меҳмонон аз гӯшаи ҷамоати шаҳраку деҳот ва корхонаву коргоҳҳои ҳудуди ноҳия, ки маҳсули дастранҷи онҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд. Ҳамчунин, барномаи идона бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Бояд гуфт, ки ба ифтихори ҷашни миллӣ гирду атрофи боғ бо шиорҳо ва парчамҳои миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону меҳмонон шодӣ мекарданд.

Сипас маросими тантанавӣ бахшида ба Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз ёфта, раиси ноҳия Бобишо Холзода, дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар ва сокинони ноҳияро бо ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод намуданд.
Баъдан Бахтиёр Худоёрзода баромад карда, сокинони сарбаланди ноҳияро бо
Ҷашни 31-умин согарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд. Ҳамчунин, дар идомаи чорабини бо як қатор собиқадорон ва кормандони фаъоли шуъбаву бахшҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сипосномаи раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи сарояндаҳои бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ баргузор гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
Инчунин, дар хотимаи ин ҷашни муқаддас, меҳмонон як қатори дигар иншооти гуногунсамтро дар Ҷамоати деҳоти Чашмасон дар хизмати сокинон қарор доданд.

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code