Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

print
Профил. 12 сентябр дар Афғонистон ҷанг байни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҳаракати радикалии «Толибон» боз оғоз ёфт. Дар ин бора бархе аз расонаҳои Россия бо такя ба манобеи худ дар минтақа хабар медиҳанд. 
Бино ба маълумоти ТАСС, дар минтақаи Пули-Хосори вилояти Бағлон дубора задухӯрд миёни неруҳои муқовимат ва ҳаракати «Толибон» оғоз шудааст. Гуфта мешавад, ки неруҳои «Толибон» бо талафоти ҷонӣ аз ин минтақа ақибнишинӣ кардаанд. Ба иттилои агентӣ, ҷанг идома дорад.
Фаронса «Толибон»-ро ба дурӯғгӯйӣ айбдор ва эътирофи ҳукумати онҳоро рад кард
Лента.ру. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан ҳаракати радикалии «Толибон» изҳор намуданд, ки ба бархе аз хориҷиён ва афғонҳо иҷозат медиҳанд, то Афғонистонро озодона тарк кунанд ва дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо намояндагони дигар миллатҳо ҳарф заданд, аммо ба ваъдаҳои худ вафо накарданд. 
Вазир таъкид кард, ки Фаронса ҳукумати «Толибон» – ро эътироф наменамояд ва бо он ҳеҷ иртиботе нахоҳад дошт. Қаблан намояндаи «Толибон» Сайид Зикруллоҳ Ҳошимӣ гуфта буд, ки «Толибон» қабули занонро ба ҳукумати Афғонистон рад мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, занон дар ҳукумати нав ягон вазифа нахоҳанд дошт, зеро вазифаи онҳо таваллуд кардан ва таълим додани онҳост.
СААД дар Душанбе вазъи ҳарбӣ – сиёсии минтақаро баррасӣ мекунад
ТАСС. 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи муштараки шуроҳои вазирони корҳои хориҷӣ, вазоратҳои мудофиа ва кумитаи котибони шуроҳои амниятии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад ва дар он вазъи ҳарбӣ – сиёсиро дар минтақа баррасӣ менамоянд. 
Тавре дар раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ТАСС гуфтанд, ин нишаст таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор мешавад. “Дар ҷаласаи муштарак роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақаҳои амнияти дастаҷамъии СААД мубодилаи афкор мекунанд, инчунин, рафти ҳалли тасдиқшудаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои сессияи Шурои амнияти дастаҷамъии муштарак ва самтҳои афзалиятдореро, ки 18 феврали соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намудаанд, баррасӣ ва арзёбӣ менамоянд», – иттилоъ доданд аз департамент.
Барои Афғонистон 606 миллион доллар ҷамъоварӣ мешавад
ТАСС. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш рӯзи душанбе дар Женева конфронси ёрии иқтисодӣ ба Афғонистонро даъват мекунад. Тавре қаблан муовини Дабири кулл оид ба масъалаҳои гуманитарӣ Мартин Гриффитс эълон карда буд, ҳадафи ӯ ҷамъоварии 606 миллион доллар барои ёрӣ ба мардуми ин кишвар дар чаҳор моҳи оянда аст. 
Барои Афғонистон ин як қатрае дар  баҳр аст. Афғонистон имсол бо хушксолии шадид рӯ ба рӯ шудааст, ки оқибатҳои он дар натиҷаи ҷангҳо шадидтар гардидааст ва тибқи пешгӯйии обуҳавошиносон ба зудӣ кишвар бо зимистони сахт рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ҳамоҳангсози махсуси намояндагии СММ дар кишвар оид ба масъалаҳои башардӯстона Ромиз Алакбаров, захираҳои ғизоӣ дар Афғонистон мумкин аст то охири моҳи сентябр тамом шаванд.
Маскав ба 200 ҳазор муҳоҷири корӣ ниёз дорад
ТАСС. Дар Маскав тақрибан 200 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ намерасад. Дар ин бора муовини шаҳрдори Маскав оид ба сиёсати иқтисодӣ ва муносибатҳои моликияту замин Владимир Ефимов дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Известия”  изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, норасоии захираҳои меҳнатӣ боиси болоравии арзиши хидматрасонии бинокорон мегардад, зеро онҳо кормандонро аз якдигар мехаранд.
Қаблан муовини аввали вазири сохтмони Федератсияи Россия Александр Ломакин хабар дод, ки вазорат масъалаи бо қатораҳои чартерӣ ба сохтмон овардани муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ мекунад. Вай тавзеҳ дод, ки маҳдудиятҳои мавҷудаи коронавирус ба роҳандозии механизм монеъ мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

*

code