ФАЙЗОБОД. ХОНА – ТУҲФАИ НАВРӮЗӢ БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

print

Дастгирии ниёзмандон ва ёрӣ расондан ба онҳо амали шоистаи инсонӣ маҳсуб ёфта, боиси сарбаландии шахси эҳсонкор дар ин дунёву охират мегардад. Дасти ёрӣ дароз кардан ба маъюбон, бечорагону бенавоён, ятимону бепарасторон, бешубҳа, гувоҳи имони комил доштани эҳсонкунанда аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимон, маъюбон ва эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор додаанд, ки ин иқдом намунаи ибрати ҳамагон гардидааст. Дар Иди Наврӯз бо дастгирию ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ноҳияи Файзобод 3 оилаи маъюб соҳиби хонаи истиқоматӣ шуд.
Раиси ноҳия Бобишо Холзода ҳамроҳи роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия калиди хонаҳоро ба ин қишри осебпазир супурд. Сараввал раиси ноҳия ба деҳаи Чуқураки деҳоти Дӯстмурод Алиев рафта, ба Хушбахт Кенҷаев, ки дар оилаи ӯ се маъюб зиндагӣ мекунад, калиди хонаи навро дод. Хонаи мазкур аз се ҳуҷра иборат буда, дорои тамоми шароити замони муосир мебошад. Маврид ба зикр аст, ки хона бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатманди деҳот бунёд гардидааст.
Маҳаммадӣ Иброим, аз деҳаи Дубедаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, ки дар оилааш 4 нафари имконияташон маҳдуд зиндагӣ мекунад, бо хонаи наву замонавӣ таъмин гардид. Хона аз 4 ҳуҷра иборат буда, бо таҷҳизоти нав таъмин аст. Бинои мазкур бо маблағи 186 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳмгузории ҷавонони деҳа бунёд шудааст.
Шарифгул Шарифова, сокини деҳаи Заркамари шаҳраки 30-солагии Истиқлол аз зумраи нафароне мебошад, ки солҳои дароз дар вагон зиндагӣ мекарду шароити хуб надошт. Ӯ ҳамеша дар орзуи хонаи нав буд. Ба шарофати Наврӯз ӯ низ, бо хонаи наву замонавӣ таъмин гардид.
Раиси ноҳия ба масъулин супориш дод, ки барои минбаъд ҳам дастгирӣ намудани ин оилаҳо ба онҳо дар бонк суратҳисоби махсус кушоянд.
Оилаҳои имконияташон маҳдуд, барои ғамхориҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мардуми шарафманди диёр изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчунин, раиси ноҳия Бобишо Холзода дар арафаи Наврӯз бо шароити зисти дигар маъюбон ошно гардида, ба онҳо кумаки моддӣ расонд. Таъкид шуд, ки яке аз рукнҳои моҳи шарифи Рамазон ин аёдати беморон ва дастгирии шахсони ниёзманд маҳсуб меёбад. “Имрӯз, ки мо дар Ҷашни Наврӯз ва моҳи Рамазон қарор дорем, бояд анъанаҳои неки бузургонамонро дар бобати хайру эҳсон, дастгирии ятимону бепарасторон ва ниёзмандон идома дода, дар ободию пешрафти диёрамон саҳми муносиб гузорем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва соҳибкорону мардуми саховатпешаи ноҳия суннатҳои неки ниёконро идома бахшида, дар арафаи ҳамаи ҷашну маросимҳо ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дасти мадад дароз мекунанд ва минбаъд низ, ин анъанаи некро идома хоҳанд дод”, – таъкид дошт Бобишо Холзода.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Шарҳи худро гузоред

*

code