Ифтитоҳи чанд иншоот дар ноҳия  бо иштироки Сарвазир

print

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод Бахтиёр Худоёрзода ва раиси ноҳия Бобишо Холзода дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Мискинободи ноҳия чанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншоот аз тарафи соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд гардидааст. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод аз тарафи соҳибкор Манучеҳр Каримон корхонаи коркарди обҳои маъданӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, дар назар аст, ки корона обҳои ранга низ истеҳсол намояд.

Дар деҳаи Орифони Ҷамоати деҳоти Мискинобод дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Убайдулло Розиқов дар доираи  омодагиҳо ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонхонаи сайёҳӣ, дарвозаи даромадгоҳи деҳа бунёд ва 2 километр роҳ, ки солҳо хароб буд дар муддати кӯтоҳ асфалтпӯш карда шуд. Инчунин, соҳибкор сохтмони заводи кокарди шарбати сабзавотро дар  ҷамоат ба уҳда гирифт.

Ҳамчунин, Сарвазири мамлакат зимни сафар дар деҳаи Мискинобод толори варзиш, меҳмонхонаи сайёҳӣ, дарвозаи даромадгоҳи деҳаи Заркамар ва беморхонаи бемориҳои сироятиро дар хизмати сокинон қарор доданд.

Беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар деҳоти Мискинобод аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд ёфт. Дар сохтмони он беш аз 20 сокини маҳаллӣ ҷалб шуда буд. Тибқи лоиҳа, беморхона дорои 17 ҳуҷра ва 50 кати хоб буда, дар баробари ба ифтифода додани он 30 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар бобати таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардондани имкониятҳои содиротии ноҳия ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати Қалаъи Дашт аз  боғи 10 – гектараи «Баҳористон» ва зироатҳои кишоварзӣ дидан намуда, барои истифодаи самараноки замин ба деҳқонон баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии ноҳия боздид намуданд.

Чуноне иттилоъ доданд, ба ифтихори ҷашни миллӣ дар деҳаҳои Ҷамоат деҳоти Мискинобод бунёду азнавсозии 47 иншоот таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд, мардуми ободкорӣ ҷамоат ин шумораро ба 52 иншоот расонд, иншоотҳо айни ҳол дар хизмати сокинон қарор дорад.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code