ҚИЁМИДДИН ЧАҚАЛОВ. НИМПАЙКАРАИ ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФАЙЗОБОД

print

Чанде пеш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35-и ноҳияи Файзобод, ки номи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақаловро дорад, нимпайкараи ӯ гузошта шуд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки ояндаи наздик дар таълимгоҳи номбурда, осорхонаи Қиёмиддин Чақалов кушода мешавад.
Нимпайкара бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, ҷамъи ёру дӯстон, ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва ихлосмандони ҳунар гузошта шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси ноҳия Бобишо Холзода ва аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки аз мавсуф на танҳо дар ноҳияи Файзобод, балки дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун устоди соҳибтаҷрибаи соҳаи театру кино ёд мекунанд ва ба маҳорати эҷодиаш арҷ мегузоранд. Қиёмиддин Чақалов дар баробари ҳунарманди асил буданаш, дар навиштани шеърҳои ҳаҷвию танзомез низ маҳорати хос дошт ва сомеони худро ба завқ меовард. Манзумаи ҳаҷвиаш бо номи «Дилам санбӯса мехоҳад» намунаи олии ҳаҷву кинояҳои устоди ҳунар мебошад.
Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Шарҳи худро гузоред

*

code