МАҲФИЛИ “АДИБОНИ ҶАВОН” ДАР НОҲИЯ ТАЪСИС ËФТ

print
 Чанде пеш бо ибтикори масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод нахуст маҳфили “Адибони ҷавон” дар ноҳия таъсис ëфт.

Дар ин маҳфили “Адибони ҷавон” наврасону ҷавононе, ки истеъдоди баланди навиштани шеър, ғазал, ҳикоя, чистон, рубоӣ ва дигар  маҳорати эҷодиро доранд ҷалб гардиданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки бо мақсади сайқал додани истеъдоди эҷодию нависандагии наврасону ҷавонони ноҳия минбаъд дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод маҳфили “Адибони ҷавонон” фаъолят хоҳад кард. Мақсад аз ташкил намудани чунин маҳфилҳо ҷалби бештари наварасони ҷавонон ба шеър, ғазал, ҳикоя, чистон ва дарёфти чеҳраҳои нав мебошад.

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code