“Он сӯи ноороми Ому”: Вазиристони Шимолӣ пушти марзҳои Осиёи Марказӣ меояд

print
Гуруҳҳои тундраву террористӣ аз ҷанубу маркази Афғонистон ба марзҳои Осиёи Марказӣ кӯч мекунанд. Аммо маълум нест, ки онҳо ба Осиёи Марказӣ хез хоҳанд бардошт, ё дар буҳрони Афғонистон гир хоҳад монд

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Як таҳқиқеро, ки Sputnik Тоҷикистон дар пайи пахши хабару гузоришҳои расмиву ғайрирасмӣ, нигарониҳои низомиён ва тапу талошҳои мақомоти амниятии кишварҳои ду тарафи Ому анҷом дод, манзараи ҳавлангезеро аз таҷаммӯъи гуруҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон пардабардорӣ мекунад.

Моҳи январи соли равон Аҳмад Зиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, зимни як сафар ба Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар қаламрави кишвараш ҳудуди 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ – фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ), “Ансоруллоҳ” (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ), Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ- фаъолияташ дар Тоҷикистону мамнуъ) ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ- фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) фаъолият мекунанд, ки ҳадафашон кашидани ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ (Чин) аст.

“Афроди ин гурӯҳҳо асосан дар вилоятҳои шимолии Афғонистон мустақар шудаанд”, – афзуд ӯ.

25 феврал Анатолий Сидоров, раиси Ситоди кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) зимни як видеоконфронс ҳангоми таҳлили вазъу чолишҳои амниятии Осиёи Марказӣ таҳдиди гуруҳҳои тундгаро ва террористӣ дар қаламрави Афғонистонро ҳамоно нигаронкунанда хонда, теъдоди гуруҳҳои “хуфта” дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистонро 15 ҳазор нафар ҳисоб дода буд.

Изҳороти ҷолибе 19 феврал аз забони маршал Абдурашид Дӯстум, яке аз чеҳраҳои барҷастаи низомии Афғонистон, дар ҷашни 580 – солагии Алишер Навоӣ ва 538-солагии Заҳириддини Бобур дар шаҳри Шибирғон садо дод, ки гуфт, Насриддин, набераи Усома бин Лодин (асосгузори Ал-қоида – фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ), Сайфуддин, писари Сироҷуддин Ҳаққонӣ (асосгузори “Шабакаи Ҳаққонӣ”), Бибӣ Мукаррама, духтари Тоҳир Юлдош (асосгузори Ҳаракати исломии Ӯзбекистон – фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) дар вулусволии Ғӯрмочи вилояти Форёб ва Боло Мурғоби вилояти Бодғис ҳузур доранд.

Сотрудник национальной обороны Афганистана на посту

Сотрудник национальной обороны Афганистана на посту
Мақомоти расмӣ ба мушаххасот намераванд. Ба ҷуз изҳорот, санади мувассақе ба даст намедиҳанд. Sputnik Тоҷикистон дар пайи як таҳқиқ муваффақ шуд, тафсилот ва иттилои бештареро аз ин таҳаввулот ва ҷуғрофиёи будубоши гуруҳҳои террористӣ ба даст орад.

Бибӣ Мукаррама – чеҳраи истисноии терроризм
Бибӣ Мукаррама, духтари Тоҳир Юлдошро расонаҳо аз қавли маршал Дӯстум ним сол аст, ки аз ин гӯша ба гӯшаи дигари Афғонистон ҳаракат медиҳанд. Моҳи октябр мавсуф эълон дошта буд, ки Мукаррамахон гуруҳҳои террористиро дар вилояти Бадахшон, шимолу шарқи Афғонистон роҳбарӣ мекунад.

Зоҳиран, изҳороти маршал барои ҷомиаи шабурӯз вомонда дар буҳрони ноамнии Афғонистон чандон ҷозибае надошт, ҳарчанд ки хеле дорад. Зуҳури як зан дар қатори раҳбарони “интернатсионали террористӣ”, бахусус Толибон, ки аслан ҷойгоҳе барои ҷинси латиф қоил нестанд, хеле машкуку мармуз аст ва ба ин барҷастагӣ бори аввал иттифоқ меафтад.

Маълум нест, ки Бибӣ Мукаррама бар пояи кадом далоили шаръӣ раҳбарии як ҳаракатро камоӣ кардааст, ҳарчанд ҷойгузини бародараш Азиз Юлдош шудани ӯ мантиқист. Азиз 11 ноябри соли гузашта дар як амалиёт дар Ғӯрмоч аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон кушта шуда буд.

Иброҳим Ғафурӣ, як огоҳи маҳаллӣ, ки фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистонро пайгирӣ мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, афроде, ки Бибӣ Мукаррамаро дидаанд, мегӯянд, вай як зани тақрибан 30 – сола, аз ҳамсари тоҷики Тоҳир Юлдош аст ва аз сӯи як гурӯҳи вижаи ҷангиён муҳофизат мешавад.

“Суол ин ҷост, ки чаро раҳбарии ҲИӮ (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) на ба Умар, писари Ҷумъа Намангонӣ (фармондеҳ ва дар баробари Тоҳир Юлдош асосгузори ҲИӮ- фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) ё Ҳикмат (маълум нест, ки писар ё набераи Тоҳир Юлдош аст ё писари Азиз Юлдош), балки маҳз ӯ – як зан расидааст? Сарнавишти Умар номаълум аст. Бино ба иттилои расмӣ, Ҳикмат ҳангоми ҳамла ба Азиз Юлдош захмӣ шуда буд. Аммо ин гузориши ғайрирасмӣ низ вуҷуд дорад, ки як моҳи қабл писари Тоҳир ё Азиз Юлдош дар минтақаи Чилгазии вулусволии Қайсор гӯё дар ҳамлаи чархболи давлатӣ, аммо дар асл аз сӯи худи Толибон барои пул кушта шудааст. Эҳтимолан, далели омадани Бибӣ Мукаррама ба Ғӯрмоч ҳамин бошад. Аз сӯи дигар, эҳтимоли ба раҳбарии ҲИӮ интихоб шуданаш низ вуҷуд дорад, чун он ҳар ду нестанд”, – гуфт Иброҳим Ғафурӣ.

Як ҳамсӯҳбати дигари мо аз Шӯрои вилоятии Форёб мегӯяд, Азиз Юлдош “халтаи пул”-и Толибону ҲИӮ (- фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ), Ал-қоида, Толибон ва дигар “бренд” – ҳои тиҷорати терроризм ва ҳам нафари мавриди эътимоди пуштибонони хориҷии онҳо аз олами арабу дигар истихбороти ҷаҳонӣ буд.

“Пул ба дигар созмонҳо маҳз тариқи чунин ашхос интиқол меёбад, зеро онҳо пулро бо ҳадаф истифода мекунанд. Барои аксари толибони маҳаллӣ ҷанг тиҷорат ё манбаъи даромад аст. Аз ин хотир, пул мустақим ба дасти онҳо намеравад. Хонаводаи Юлдош хориҷӣ, ботаҷриба ва шинохташудаанд. Зуҳури Бибӣ Мукаррама, духтари Тоҳири Юлдош, бештар буъди молиявӣ дорад, то иҷтимоӣ, яъне таърифи Толибон аз зан. Истихбороти ҷаҳонӣ аз ин роҳ таҳти чатри Толибон ҷангиёни хориҷиро нигоҳ медоранд”, – гуфт ӯ.

Меоянду мераванд
Ин ки Бибӣ Мукаррама чӣ вақт худро аз Бадахшон, як гӯшаи дурдасти кӯҳистонии Афғонистон ба гӯшаи дигараш – Форёбу Бодғис расондааст, қиссаро ҷолибтар мекунад. Як масъули амниятии вулусволии Ғӯрмочи вилояти Форёб ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тақрибан ду моҳ пеш манобеъи истихборотӣ хабар доданд, ки як гурӯҳе мусаллаҳ аз хориҷ вориди вулусволӣ шудааст.

“Аввал, мо таваҷҷӯҳ накардем, ки инҳо киҳоянд. Баъд, хабар ёфтем, ки аз афроди муҳими гуруҳҳои террористӣ будаанд ва тариқи кӯҳистоноти Сарипулу Самангон вориди вилояти мо шудаанд. Бо он ҳам шахсияти онҳоҳоро намешуд дақиқ кард, зеро вулусволӣ комилан дар ихтиёри Толибон (- фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнуъ) аст”, – гуфт ӯ.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, манобеъи давлатӣ дар бораи ҳузури пайвандони бин Лодан, писари Ҳаққонӣ ва духтари Тоҳир Юлдош маълумоти мувассақ надоранд, аммо ин хабар сиҳат дорад, ки як моҳ қабл Зубайр, хоҳарзодаи Усома бин Лодан дар Ҷари Сиёҳ, минтақае миёни вулусволиҳои Ғӯрмоч ва Қайсори Форёб пайдо шуда, бо раҳбарони Толибон ва дигар гуруҳҳои хориҷӣ ҷаласа ва ба зудӣ соҳаро тарк кардааст.

“Бино ба иттилои манобеъи мо, ӯ ба сӯи Ҳирот рафтааст. Киҳо инҳоро мебиёранду мебаранд, маълум нест”, – гуфт ӯ.
Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и “Шоҳин”, нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон, ки бори ҷанг алайҳи гуруҳҳои террористӣ дар панҷ вилояти Шимол – Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷонро мекашад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маршал Дӯстум бедалел намегӯяд, зеро ӯ манобеъи қавии истихборотӣ дорад.

Шарҳи худро гузоред

*

code