ПАЁМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА! Идомаи суҳбату вохӯриҳо дар деҳоти Бӯстон

print
Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.

Чиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паём, инчунин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст. 

Дирӯз дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон бо иштироки раиси ноҳияи Файзобод муҳтарам Бобишо Холзода, сардорони сохторҳои қудратӣ ва намояндагони шуъбаву бахшҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо сокинони деҳаҳои Чорбоғ, Нодирӣ ва Шерамон суҳбату мулоқоти сутман доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳия масъалаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода таъкид намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни фархунда иншиоотҳои истеҳсолии хусусияти саноати дошта дар ҳудуди ноҳия дастгири карда шаванд.
Ҳамзамон, ба аҳолӣ доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду ҳосил, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо кишти зироатҳо, вазъи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ дар деҳот, таъминоти онҳо бо лавозимоти хониш, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва иҷтимоӣ суҳбат намуда, ҳамзамон, аз мушкилоти рӯзгорашон пурсида шуда дастур дода шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба қисми ҷомеаи ниëзманд бештар дасти кумак дароз карда шавад.
Инчунин, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, сатҳи ҷинояткорию қонуншикани миëни ҷавонон пешгири карда шуда, ҳамчунин, сифати таҳсилот, интизом ва тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ зиëдтар эътибор дода шавад.

Дафтари матбуоти раис ноҳия

Шарҳи худро гузоред

*

code