Раддия ба мақолаи сомонаи «Asia-Plus Media Group» зери сарлавҳаи «Ҳуқуқ надоранд».

print
Раёсати маорифи ВМКБ оиди санҷишҳои мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳо шикоят менамояд»

Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мақолаи дар сомонаи «Asia-Plus Media Group» зери сарлавҳаи «Ҳуқуқ надоранд». Раёсати маорифи ВМКБ оиди санҷишҳои мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳо шикоят менамояд»-ро мавриди таҳлил ва омўзиш қарор дод.
Дар мақолаи мазкур омадааст, ки «Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ ва мақомоти прокуратура, инчунин ба раиси шаҳри Хоруғ оиди аз тарафи кормандони мақомоти прокуратура гузаронидани санҷишҳои бамавриду бемавриди омўзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ мактуб ирсол намуда, хоҳиш кардааст, ки ба дахолат ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф ва чунин санҷишҳо хотима дода шавад. Мактуби мазкур аз тарафи Раёсати маорифи ВМКБ бо сабаби норозигии омўзгорони шаҳри Хоруғ аз санҷишҳои кормандони прокуратура ва ҷаримабандӣ шудани онҳо ирсол карда шудааст».
Инчунин, дар мақолаи мазкур омадааст, ки сардори Раёсати маорифи ВМКБ Одинашо Мардов қайд кард, ки «Мутаассифона баъзе мақомоти давлатӣ бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва бе иштироки кормандони соҳаи маориф ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дахолат намуда, дар бисёр мавридҳо бе асос ҷаримабандӣ менамоянд. Бо мақсади халалдор накардани раванди мунтазами таълиму тарбия ва беҳтар кардани сатҳу сифати таҳсил Раёсати маорифи ВМКБ пешниҳод намудааст, ки аз чунин санҷишҳо ва дахолати беасос худдорӣ карда шавад».
Раёсати маорифи ВМКБ таъкид менамояд, ки ваҷҳҳои дар мақола омада асоси воқеӣ надоранд. Зеро, сардори Раёсати маорифи вилоят Мардов Одинашо бо ягон намояндаи расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла бо хабарнигорони «Asia-Plus Media Group» оиди ин масъала ҳамсуҳбат нашуда, ин суханҳоро нагуфтааст. Суханҳои дар мақола овардашуда маҳсули тахаюлоти худи масъулони сомонаи хабарии мазкур буда, бе мувофиқа бо роҳбарияти Раёсати маорифи вилоят ба нашр бароварда шудааст, ки ҳолати мазкурро роҳбарияти Раёсати маорифи вилоят маҳкум менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи Раёсати маорифи вилоят ба Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ ва мақомоти прокуратура оиди аз ҷониби кормандони ин ниҳодҳо худдорӣ кардан аз санҷишҳои муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ягон мактуб ирсол карда нашудааст. Раёсати маорифи вилоят тибқи қонун чунин ваколатро низ надорад.
Танҳо ба унвонии раиси шаҳри Хоруғ мактуб таҳти №152 аз 10 марти соли 2021, ки ин мукотиботи хизматии дохилии байни мақомоти давлатӣ мебошад, ирсол карда шуда, дар ҳақиқат дар он оиди дар солҳои охир аз ҷониби дигар сохторҳо гузаронидани санҷишҳои бамавриду бемаврид ва дахолат ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дарҷ гардидааст.
Мақсад аз ирсоли мактуби мазкур ба унвонии раиси шаҳри Хоруғ дар он аст, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор фаъолияти худро дар доираи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монанд.
Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо ҳангоми гузаронидани санҷишҳо бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар доираи муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ намоянд.
Мувофиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, ки доираи амали онро муайян намудааст, муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба санҷишҳои дар доираи назорати прокурорӣ, аудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, қонунгузории бонкӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, андоз, гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти оперативию ҷустуҷўӣ танзимшаванда татбиқ намегарданд.
Инчунин, дар қонунгузории амалкунанда дар соҳаи маориф барои гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ иҷозат ё розигии Раёсат ва шуъбаҳои маориф пешбинӣ карда нашудааст.
Бояд иброз намуд, ки Раёсати маорифи вилоят вобаста ба ҳифзи манфиатҳои хонандагон ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо бо прокуратура давоми солҳои охир ҳамкории судманд дорад. Натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ба Раёсати маорифи вилоят ирсол карда шуда, қонунвайронкуниҳои ошкоргардида дар маҷлисҳои васеи Раёсату шуъбаҳои маориф бо иштироки масъулин ва омўзгорон мавриди муҳокима қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳо чораандешӣ карда мешавад, ки ин ба рушди соҳаи маориф дар вилоят таъсири мусбӣ мерасонад.

Шарҳи худро гузоред

*

code