Шӯрои уламои Арабистони Саудӣ ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин»-ро ҳамчун созмони террористӣ ва ғайридинӣ эътироф кард

print
Шӯрои уламои Арабистони Саудӣ дар изҳороти худ ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ва дигар созмонҳои ифротиро, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ  ақидаҳои ҷанг, ошӯб ва нооромиро таблиғ мекунанд, дар асоси фармудаву асосҳои динӣ ҳаракати зиддимардумӣ, зиддидинӣ ва террористӣ эълон намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи хабарии www.skyarabia.com (Middle east).

Изҳороти мазкур дар сомонаҳои муътабари ҷаҳонӣ     www.skyarabia.com, www.bbc.com |Arabic|trending-54936598 ва сомонаи расмии ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  www.spa.gov.sa \2155560| ба нашр расида, вокунишҳои васеъро дар байни мардум ва олимони шинохташудаи дунё ба бор овардааст.

Шӯрои уламои Арабистони Саудӣ ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин»-ро ҳамчун созмони террористӣ ва ғайридинӣ эътироф кард

Шарҳи худро гузоред

*

code