ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ НОҲИЯ МУАРРИФӢ ШУД

print

«ДУШАНБЕ-ФАЙЗОБОД-РОҒУН»- ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ташкил гардид

Бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   хатсайри нави сайёҳии Душанбе-Файзобод–Роғун кушода шуд. Ин иқдом қадами устуворест баҳри рушди соҳаи     сайёҳии таърихӣ, кӯҳию варзишӣ, экологӣ  ва истироҳатӣ дар мамлакат, ки имкон медиҳад шароитҳои сайёҳӣ ва   табиати нотакрори  ноҳияи  Файзобод ва шаҳри Роғунро  манзури меҳмонон гардонад.

Воқеан ҳам,  хатсайри нави сайёҳӣ   имконияти хубест дар пешрафти инкишофи сайёҳӣ, ки дорои табиати нотакрор, манзараҳои ҷолиб ва таърихи бою қадима дорад.   Баҳри  қабулу хизматрасонӣ ба  сайёҳон  дар ноҳияи Файзободу   шаҳри Роғун шароитҳои зарурӣ муҳайёст.

Зимни кушодашавии хатсайри нави сайёҳӣ    сафари кории намояндагони вазорату идораҳо, воситаҳои ахбори омма рӯзи 18 декабр доир шуд. Меҳмонон аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун дидан карданд. 

 Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмононро раиси  ноҳия  Бобишо   Холзода истиқбол  гирифт.  Баъд аз пазироӣ сайёҳон сараввал аз   аз корхонаи ба тозагӣ мавриди истифода қарор гирифтаи  оби маъдании  Файзобод дидан карданд. Корхонаи зикршуда дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашнӣ    30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Манучеҳр Каримов мавриди истифода қарор дода шудааст. 

Сипас меҳмонон   роҳ сӯи мавзеи таърихии “Қалъаи Сангин” гирифта   ёдгории пурарзиши мақбараи донишманду мутафаккири бузург Хоҷаи Ҳотами Асамро, ки дар деҳаи Сари чашма ҷойгир аст,  зиёрат намуданд. Мавриди гуфтан аст, ки  шаҳри қадимаи Вашгирд дар ҳамин мавзеъ ҷойгир аст.

Ҳамчунин, меҳмонон барои ошноӣ пайдо кардан аз таърихи гузаштаю имрӯзи Файзобод, дастоварду чеҳраҳои шинохта ба осорхони таъриху кишваршиносии ноҳия ташриф оварданд. Баъди тамошои нигораҳои осорхона муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ Умеда Абдуллозода дар китоби махсуси қайдҳои меҳмонон ин суханонро ҳамчун соядаст гузошт: “Мо тибқи нақшаи чорабиниҳо ва ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ дар ҳайати намояндагон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз осорхонаи ноҳияи Файзобод дидан намуда ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифта аз таърихи ин гӯшаи зебоманзари кишвар аз наздик ошноӣ пайдо намудем”.   Инчунин, дар хатми сайёҳати худ меҳмонон   дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия, ки барои намоиш дар даромадгоҳи Филармонияи халқии ноҳия ороста буданд, дидан карданд. 

    “НФ”

Шарҳи худро гузоред

*

code