ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ

print

Бахшида ба 29- солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 феврали соли ҷорӣ, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова,  ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.

Дар чорабини раиси ноҳия Бобишо Холзода зикр намуд,  ки ҳамасола чун анъана дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23- юми феврал санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун рӯзи ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва мардони далеру шуҷоъ бо самимият ва шукӯҳи хос таҷлил мегардад.

Дӯстони азиз, бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи шуморо ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи Артиши миллии кишвар самимона табрик мегӯям.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бо гузашти 29- солгарди ин иди миллӣ дар шароите таҷлил мегардад, ки ҷузъу томҳои Артиши миллиамон дар баробари рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат, бо яке аз сохторҳои низомии пешрафтаю қудратманди минтақа табдил ёфт ва дилпурона дар хизмати содиқонаи халқу Ватан ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азизамон қарор доранд.

Ҳамчунин, дар рафти чорабини ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Сипосномаи” мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия  ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар охири чорабини кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои  худ, дили аҳли толоро шод гардониданд.

З. РАҶАБЗОДА

Шарҳи худро гузоред

*

code