ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯ

print

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф дар толори Филармонияи халқии ноҳиян ба номи Нигина Рауфова,  ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи  омӯзгор чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, собиқадорони соҳаи маориф ва хонандагони фаъол иштирок доштанд.

Дар чорабини раиси ноҳия Бобишо Холзода зикр намуд, ки рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишофу пешрафти мактабу маориф ва илмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян карда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва такмили пойгоҳи моддӣ – техникии муассисаҳои маориф пайваста ғамхорӣ менамоянд. Омӯзгорон дар ҳамаи давру замонҳо неруи ҳифзкунандаи забон ва пешбарандаи саводу маърифат буда, сарфи назар аз ҳар гуна мушкилот, ин масъулияти пуршарафи худро сарбаландона иҷро мекунанд.

Зикр намуд, ки тавассути тадбирандешиҳои Сарвари давлат дар самти рушду пешрафти соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас ҳамасола дар ноҳияи Файзобод иншооти наву замонавии соҳаи маориф бунёд ва иншооти мавҷуда мутобиқ ба замони муосир таъмиру тармим карда мешаванд. Иштирокчиёни ҳамоиш нақши омӯзгорро дар таълиму тарбияи насли оянда ва ба воя расондани неруи тавонои ватандӯсту ватанпарвар бениҳоят бузург арзёбӣ намуданд. Чанд нафар омӯзгорони муассисаҳои таъл   имии ноҳияро бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи ва сипосномаи шуъбаи маорифи ноҳия қадр гардиданд.

Ҳамчунин, хонандагоне, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок кардаанд, дар чорабини шеърхони намуданд. Дар охири чорабини кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо хуруду таронаҳои  худ, дили аҳли толоро шод гардониданд.

Зикруллоҳ Раҷабзода

 

Шарҳи худро гузоред

*

code