ТАҶЛИЛИ САДА ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
Ҷашни Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар кишвар таҷлил мешавад.
Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, дар маркази ноҳия Ҷашни Сада бошукӯҳ таҷлил гардид. Зимни он гӯшаи намоиши ҳунарҳои миллӣ, намоиши фурӯши ниҳол, тухмии гулу буттаҳо, гӯшаи дастовардҳои кишоварзон, олоти меҳнати деҳқон ва маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ташкил шуда, бонувон, толибилмони муассисаҳои таълимӣ, ҳунармандон, кормандони ташкилоту муассиса ва аҳли заҳмати ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия намунаи ҳунару маҳорат ва маҳсули меҳнати хешро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Дар гӯшаи намоишгоҳ ҳунарҳои чӯбтарошӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ресандагӣ ва самараи заҳмати кишоварзон дар бахшҳои сабзавоткорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, растанипарварӣ, истеҳсоли тухмӣ ва дастовардҳои тамоми соҳаи кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ин тадбир аз пешрафти соҳа ва сол то сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дарак медиҳад.
Раиси ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
– Мардуми шарафманди ноҳияи Файзобод дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд, Ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони хушсалиқаамон аз имрӯз шуруъ карда, ба мавсими киштукори баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳ, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат мебошад,-зикр кард раиси ноҳия

Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барои болидаруҳ гардидани иштирокчиён барномаи рангини консертӣ баргузор гардида, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
Дар охири чорабинӣ як қатор деҳқонон ва кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзии ноҳия бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд
Ҳамчунин, барои ятимони кул дар чойхонаи ноҳия, ҷорабини идона доир гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабини раиси ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода иштирок намуда, ин қишри ҷомеаро ба муносибати Ҷашни Сада табрик карда ба онҳо саломатӣ, комёбиҳо ва хонаи обод таманно намуданд. Ҳамзамон, зикр карданд, ки дар баробари заҳмату талошҳои ободкориву созанда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимон, маюбон ва эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор додаанд, ки ин иқдом намунаи ибрати ҳамагон мебошад. Инчунин, раиси ноҳия ба ятимон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code