ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД МУҲТАРАМ ХОЛЗОДА БОБИШО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ

print

Ҳамдиёрони гиромиқадр!
Омӯзгорону хонандагони азиз!
Волидайни муҳтарам!

Ҳамасола якуми сентябр дар нахустин рӯзи соли нави таҳсил дар саросари мамлакат иди хушу гуворо Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Таҷлили ин ҷашнро нишони таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, Роҳбари давлат ҳамасола ин рӯзро дар яке аз муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо баргузор намудани Дарси сулҳ оғоз бахшида ва мардуми кишварро ба ин рӯз табрик менамоянд!
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо омӯзгорону хонандагон ва дар симои шумо кулли омӯзгорони кишваро ба муносибати оғоз гардидани соли нави таҳсили 2022-2023 ва таҷлили ҷашни, мубораку фархундаи Рӯзи дониш аз самими дил табрику муборакбод мегӯям.

Ҳозирини муҳтарам!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи маорифро дар сиёсати иҷтимоии давлат ҳамчун соҳаи калидӣ ва имтиёзнок муқаррар намуда, баҳри рушди ҳамачонибаи он ва ташаккул додани таълиму тарбия, ислоҳти мактубу мориф ва беш аз пеш баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми омӯзгор пайваста ғамхориҳо зоҳир менамоянд.
Натиҷаи ҳамин ғамхориҳои Сардори давлат аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф пайваста рушд намуда истодааст.
Солҳои охир дар ноҳияи Файзобод низ дар соҳаи маориф дигаргуниҳои кулли ба амал омад истодаанд. Ғамхориҳо ба таълиму тарбияи насли наврас, фаро гирифтани онҳо ба донишҳои зарурии замонавӣ, омӯзиши таъриху тамаддуни миллӣ сол то сол афзуда, шумораи мактабҳо, синфхонаҳои иловагӣ зиёд мегарданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти Олии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, фаъолияти кормандони соҳаро таҳти назорати қатъӣ қарор доданд. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаҳо бозҳам беҳтар намуда, барои таҳсилоти босифат замимаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро такмил бахшем ва самарабахшии кори онҳоро таъмин намоем.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи сокинони шарафманди ноҳия, бахусус, соҳибкори ватандӯсти он дар рушди соҳа меафзояд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби маблағҳои соҳибкорон дар арафаи соли нави хониш дар назди муассисаҳои таълимии №№ 4,31,42,51,52, ва 58 синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд, ки беш аз 600 ҷойи нишаст мебошад.
Бори дирар ҳамаи Шумоёнро ба оғози соли нави таҳсил, ҷашни фархундаи Рӯзи дониш ва фарорасии 31- умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон бахту саодат, барору комёбиҳо ва рӯзгори хушу осуда таманно менамоям.

Соли нави таҳсил муборак, омӯзгорону хонандагони азиз!

Шарҳи худро гузоред

*

code