Тоҷикистон дуюмин кишвари амнтарини ҷаҳон дониста шуд: пажуҳиши Gallup

print
Тоҷикистон бо 94 хол баъди Сингапур амнтарин кишвари дунё арзёбӣ шудааст, ки шаҳрвандонаш гуфтаанд, хатаре зимни гаштугузори шабонаро эҳсос намекунанд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Маркази таҳлилии Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми амнтаринҳо ҷой додаст.

Пажуҳишгарон пурсидаанд, ки оё аз гаштугузори шабона дар танҳоӣ наметарсед? Тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеч хатареро эҳсос намекунанду ба пулиси маҳаллашон бовар доранд, хабар додаст Gullup.

Дар баробари Тоҷикистон инчунин Миср, Норвегия, Туркманистон, Швейтсария, Узбакистон, Финландия, Чин, Олмон, Имороти муттаҳидаи араб шомили кишварҳои амнтарин шудаанд.

Дар маҷмуъ зимни назарпурсӣ дар ҷаҳон аз се ду нафар – 69 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона худро амн эҳсос мекунанду 68 дарсад гуфтаанд, ба пулиси маҳаллияшон бовар доранд.

Заъфи тарбия ё эҳсоси хатар: чаро донишомӯзон мусаллаҳ мешаванд

Ҳар нафари 8-ум, ё худ 13 дарсад гуфтаанд, ки соли гузашта моли онҳо ё наздиконашон ҳадафи дуздӣ қарор гирифтасту 6 дарсад изҳор доштаанд, ки мавриди ҳамлаю ғоратгарӣ қарор гирифтанд.

Дар Афғонистон танҳо 13 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона дар танҳоӣ худро амн эҳсос мекунанд. Ин нишондод як сол пеш ба 20 дарсад баробар будааст.

Шарҳи худро гузоред

*

code