ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯ  

print

 Имрӯзҳо дар доираи нақша чорабиниҳи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва  дар бораи  “масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд”, “танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “пешгирии зӯроварӣ дар оила” “Стратигияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030”, “ Стратигияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон борои солҳои 2021-2025” ва дигар масъалаҳо,  дар шаҳраку деҳоти ноҳия силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ баргузор гардида истодааст. Аз ҷумза, чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳия вохӯрии  судманд миёни ҷавонону собиқадорони ҷамоат доир гардид. Дар ин вохӯри намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мудиди бахши хадамоти муҳоҷират, котби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар масъулин иштирок ва суханрони намуданд.

   Бояд гуфт, ки дар  вохӯри доир ба  самтҳои Паём ва ба роҳ мондани корҳои созандагию  ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.

Ҳамчунин, дар вохӯри гуфта шуд, ки Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои моро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат софдилонаву содиқона меҳнат намуда, барои фардои гулафшони Ватани азизамон  саъю кӯшиш намоем.

Ҳамчунин,  қайд гардид, ки тарбияи наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон, арҷгузори ба сулҳу ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани меҳру садоқат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи ҳар яки мост.

Инчунин, дар вохӯри намояндагон вобаста, ба  гузаронидани эмкунии аҳоли бар зидди бемории сироятии вируси КОВИД-19 ва дигар масъалаҳо суханрони намуданд.

  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code