ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ МИСКИНОБОД

print
 Дар ҷамоати деҳоти Мискинобод бо иштироки раиси ноҳия, муовини якуми раис, раиси ҷамоат ва дигар сохторҳои марбута вохӯрии навбати бо сокинони деҳаи Фатҳобод ва Орифон вобаста ба ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Бобишо Холзода, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ бештар масъалаҳои доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр карда шуд, ки ҳимояи манфиятҳои иҷтимоии мардум барои паст кардани сатҳи камбизоаӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфияти иқтисодӣ ва фазои манавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, мусоидат карда метавонад.
Инчунин, гуфта шуд, ки вазифаи асосии падару модар ин тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиятҳои фарзанд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳо миёни сокинони ноҳия силсилавохӯриҳои идома доранд.

Шарҳи худро гузоред

*

code