ВОХӮРИИ БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯ

print

Чиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паём, инчунин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.
Чанде пеш бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиëр Худоëрзода, раиси ноҳия Бобишо Холзода ва сардорони сохторҳо қудратӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон миёни сонинони он ва омӯзгорону хонандагони Литсейи касбии техникии ноҳия суҳбату мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси ноҳия масъалаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатиро мавриди баррасӣ қарор дода таъкид намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни фархунда иншиоотҳои истеҳсолии хусусияти саноати дошта дар ҳудуди ноҳия дастгири карда шаванд.
Ҳамзамон, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду ҳосил, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо кишти зироатҳо, вазъи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ дар деҳот, таъминоти онҳо бо лавозимоти хониш, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва иҷтимоӣ баен доштанд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон ба аҳолӣ таъкид намуд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, сатҳи ҷинояткорию қонуншикани миëни ҷавонон пешгири карда шуда, сифати таҳсилот, интизом ва тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ зиëдтар эътибор дода шавад.
Маврид ба ёдоварист, ки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ноҳия, ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳи бо мардум вохӯрию мулоқот доир намуда, баҳри вусъат бахшидан ба корҳои саҳроӣ, бахусус, кишти зироатҳои барвақтӣ, корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самаранокии ҳар як ваҷаб заминҳои кишт, махусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон (президентӣ) бо сокинон корбарӣ менамоянд.
Сокинони ноҳия бо боварӣ иброз доштанд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кору пайкори зиндагии худ қарор дода, самаранок истифода намудан, ва гирифтани 1-2 ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон ва хоҷагии деҳқонӣ барои эҳтиёҷоти оилаҳои худ ва дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, инчунин, барои ободу зебо гардонидани як гӯшаи Ватани худ саҳмгузор бошанд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code