Қоидаҳои ҷалб истифода, ҳамоҳангсози ва мониторинги кумаки беруна дар ҶТ 95 (тоҷики)

print

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мувофиқи моддаҳои 14 ва 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва бо мақсади таъмини ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳаи ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати татбиқи Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида:

– ҳуҷҷатҳои барои татбиқи Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурро таҳия ва тасдиқ намояд;

– ҷиҳати мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод омода намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд.

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида шарикони рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба қабул гардидани қарори мазкур огоҳ намояд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 389 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 феврали соли 2017 № 95

ш. Душанбе

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 феврали соли 2017, № 95

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Қоидаҳо) ҷараёни ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии истифодабарии самараноки тамоми намудҳои кумаки берунаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро танзим менамояд.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ҚОИДАҲО

2. Мақсади Қоидаҳо ин таъмин намудани ҷалби мақсаднок ва истифодаи самараноки ҳама гуна кумаки берунае, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд ва беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги он мебошад.

3. Вазифаҳои асосии Қоидаҳо:

– таъмини мақсаднокӣ ва шаффофияти ҷараёни ҷалб ва истифодаи кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтбахшии он барои ноил гаштан ба мақсадҳои барномаҳои давлатии дастгирӣ ва рушди мамлакат;

– ба низом даровардани вазифа ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ дар ҷараёни ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна;

– муайян намудани расмиёти стандартӣ оид ба омода, интихоб, татбиқ ва мониторинги лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби кумаки расмӣ барои рушд, аз он ҷумла дар асоси истифодаи низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна амалӣ мегарданд;

– таъмини робитаи мутақобила байни ҷараёни банақшагирӣ ва истифодаи кумаки расмии беруна барои рушд, бо ҷараёни банақшагирии буҷет ва стратегияи миёнамуҳлати хароҷоти буҷетӣ;

– якхелакунии расмиёти баҳисобгирии ҳаҷми кумаки беруна;

– ба тартиб даровардан ва мураттаб сохтани ҷараёни мониторинг ва арзёбии самаранокии истифодаи кумаки беруна;

– мувофиқа намудани ҷараёни ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар ҷумҳурӣ бо ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дар бахши кумаки беруна, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд.

3. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

4. Дар Қоидаҳо мафҳумҳон зерин истифода шудаанд:

– кумаки беруна – аз ҷониби шарикони рушд пешниҳод гардидани маблағҳои пулӣ, аз ҷумла бо асъори хориҷӣ, мол (молу мулк, арзишҳои моддӣ ва техникӣ), иҷрои корҳо, хизматрасонии ройгон ва имтмёзнок ба истифодабарандагон бо мақсади мусоидат барои паст иамудаии сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтидори институтсионалӣ ва фардӣ, ислоҳоти татбиқшаванда ва рушди иқтисодни Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин равона гардидан ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибитҳои офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда;

– кумаки техникӣ – яке аз намудҳои кумаки беруна, ки аз ҷониби шарикони рушд ройгон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи гузаронидани таҳқиқот, омӯзиш, пешниҳоди мутахассисон, интиқоли таҷриба ва технология, таҳвили таҷҳизот ва дигар мол (молу мулк) аз рӯи лоиҳаҳои (барномаҳои) амалишаванда, гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳо, инчунин дар шакли ташкил ва (ё) гузаронидани семинарҳо, конфронсҳо ва дигар чорабинҳо пешниҳод мегардад;

– кумаки башардӯстона – намуди кумаки беруна, ки ройгон барои расонидани кумаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ба табақаи аҳолии камтаъмин ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир, аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ҷабрдида ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод мегардад;

– кумаки таъҷили – кумаки башардӯстонае, ки хусусияти таъҷилӣ дошта, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда таъин мегардад;

– дарёфткунандаи кумаки беруна – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳиди маъмурию ҳудудӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки бевосита кумаки берунаро тибқи ҳамин Қоидахо истифода мемамоянд;

– грант – кумаки ройгон, ки барои татбиқи лоиҳаи кумаки беруна аз тарафи шарикони рушд бо шартҳои дар созишномаи байни шарикони рушд ва истифодабаранда ва ё агентии иҷроия муайяншуда, расонида мешавад;

– қарзҳои имтиёзнок – қарзҳо, ки меъёри пасти фоиз, давраи имтиёзнок, бозгашти дарозмуҳлат ва ё гранти ҳамроҳикунанда доранд;

– лоиҳаи кумаки беруна – ҳуҷҷате, ки маҷмӯи чорабиниҳоро барои ноил гаштан ба мақсадҳои мушаххас дар бар гирифта, аз ҷониби шарикони рушд дар давраи муайяии вақт пурра ва ё қисман маблағгузорӣ карда мешавад;

– ҳаммаблағгузории лоиҳаҳо – ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоаҳо (дарёфткунандаи кумаки беруна) дар шакли захираҳои молиявӣ, моддӣ, инсонӣ ва ғайра дар лоиҳаҳое, ки бо ҷалби кумаки беруна татбиқ мегарданд; инчунин саҳми шарикони рушди дигари ба татбиқи ин лоиҳаҳо ҳамрошуда;

– шарикони рушд – давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, агентиҳои ҳукумаҳои давлатҳои хориҷӣ сохторҳои маъмурию ҳудудии онҳо, ташкилотҳои байналмилаии молиявиӣ ва дигар ташкилотҳо, ки кумаки берунаро пешниҳод менамоянд;

– мақоми ваколатдори давлатӣ – Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна;

– ташаббускори лоиҳа – мақоми идоракунии давлатӣ, ташкилоти давлатӣ ё ғайридавлатӣ, мақомати иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба мақоми ваколатдори соҳавӣ ё мақоми ваколатдори минтақавӣ бо пешниҳоди лоиҳавӣ муроҷиат намудааст;

– агентии иҷроияи – ташкилоте, ки барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои кумаки беруна масъул аст. Барои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ агентиҳои иҷроияи мақомот ва ё ташкилотҳои давлатӣ мебошанд;

– агентии амаликунанда – ташкилоте мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон ё агентии иҷроияи таъсис дода шуда, барои амалигардонӣ ва истифодаи маблағҳои лоиҳаи кумаки беруна масъул аст. Вобаста ба шартҳои созишномаҳои қарзи ё грантии баимзорасида ба ҳайси агентии амаликунанда худи агентии иҷроияи баромад карда метавонад;

– мақоми ваколатдори соҳавӣ – мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи муайяни фаъолият дар доираи салоҳияти худ, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом медиҳад;

– мақоми ваколатдори минтақавӣ – мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

– пешниҳоди лоиҳавӣ – ҳуҷҷати аввалияи лоиҳа ки оид ба лоиҳа тасаввуроти умумӣ дода, маълумоти кофиро вобаста ба қабул намудани қарор дар бораи ба мақсад мувофиқ будани таҳияи минбаъдаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар бар мегирад. Пешниҳоди лоиҳавӣ дар шакли стандартие, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқарар намудааст, бо истифодаи шакли электронии он дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна пур карда мешавад;

– пешбурди лоиҳа (пешниҳоди лоиҳавӣ) – раванди муттасили гузариши лоиҳа (пешниҳоди лоиҳавӣ) аз рӯи марҳилаҳои давраи лоиҳавӣ (давраи кумаки беруна);

– Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ – Барномаи сармоягузории маблағҳои давлатӣ ва аз ҷониби давлат ҷалбгардида дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст;

– барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар – ҳуҷҷатҳои стратегии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида, аз ҷумла дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, инчунин барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд, ки дар онҳо самтҳои асосии рушди кишвар, минтақа ва соҳа муайян гардидаанд;

– кумаки расмӣ барои рушд ин қисми таркибии кумаки берунае мебошад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷистон аз ҷониби шарикони рушд дар доираи созишниомаҳои баимзорасидаи ҷонибҳо барои татбиқи вазифаҳое, ки дар доираи барномаҳои афзалиятноки рушди мамлакат муайян шудаанд, расонида мешавад;

– лоиҳаи амалкунанда – лоиҳаи кумаки беруна, ки тибқи созишномаҳо ва ҳуҷҷатҳои байни шарикони рушд ва гирандагони кӯмак дар марҳилаи татбиқ қарор дорад;

– низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна – низоми автоматие, ки ба технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ асос ёфта, дар реҷаи вақти воқеӣ амал менамояд, барои ҷамъоварӣ, нигохдорӣ, навсозӣ, коркард, таҳлили иттилоот оид ба кумаки беруна ва пешкаш намудани иттилоот ба истифодабарандагони дахлдор тибқи дархости онҳо пешниҳод гардидааст;

– номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ – маҷмӯи пешниҳодоти лоиҳавие, ки ба маблағгузорӣ аз ҳисоби кумаки беруна ниёз доранд, ба ҳалли вазифаҳои афзалиятноки соҳаи дахлдор равона шудаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳавӣ таҳия ва ба низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ворид карда шуда, мутобиқи расмиёти муқаррарнамудаи Қоидаҳо интиҳоб ва дараҷабандӣ шудаанд;

– номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ – маҷмӯи пешниҳодоти лоиҳавие, ки ба маблағгузорӣ аз ҳисоби кумаки беруна ниёз доранд, ба ҳалли вазифаҳои афзалиятноки воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор равона шудаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори минтақавӣ таҳия ва ба низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ворид карда шуда, мутобиқи расмиёти муқаррарнамудаи Қоидаҳо интихоб ва дараҷабандӣ шудаанд;

– Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар – номгӯи пешниҳодҳои лоиҳавие, ки дар асоси номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ мутобиқи талаботи Қоидаҳо бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ташаккул меёбад.

4. ҶАРАЁНИ ҶАЛБ, ИСТИФОДАБАРӢ, ҲАМОҲАНГСОЗӢ ВА МОНИТОРИНГИ КУМАКИ БЕРУНА

5. Роҳбарии умумии ҷараёни ҷалб, истифодабарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Ҳукумат) сурат мегирад.

6. Кумаки беруна бо мақсади ҳалли вазифаҳои хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта, ки дар барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар муайян шудаанд, ҷалб ва истифода бурда мешавад.

7. Ҳамоҳангсозии кумаки беруна дар заминаи муайянсозии дақиқи доираи вазифаҳо, ваколатҳо ва масъулияти иштирокчиёии ҷараёни ҷалб, истифодабарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна таъмин карда мешавад.

8. Истифодаи кумаки беруна ба принсипҳои шаффофият, ошкорбаёнӣ, тақсимоти боадолатона ва мақсадноки он, мутобиқи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба самарабахшии кумаки беруна ва ҳамкорӣ барои рушд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ шудааст, асос меёбад.

9. Ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд ва Қоидаҳо сурат мегирад. Агар дар шартномаи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон шарти дигаре пешбинӣ гардида бошад, пас муқаррароти чунин шартнома эътибори бартариятнок дорад.

10. Кумаки беруна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли зерин пешниҳод мешавад:

– қарзҳо ва қарзҳои имтиёзнок;

– грантҳо ва дигар кумаки ройгон.

11. Шартҳои қарзгирии имтиёзнок, аз ҷумла меъёрҳои ниҳоии фоизӣ ва муҳлатҳои баргардонии қарзҳо аз ҷониби Ҳукумат муайян карда мешаванд.

12. Ҷараёни ҷалб, истифодабарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна давраҳои зеринро дар бар мегирад:

– муайянсозии афзалиятҳо ва эҳтиёҷот ба кумаки беруна дар асоси барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз он ҷумла бо роҳи таҳияи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ, номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ ва номгӯи афзалиятноки кишвар;

– омодасозӣ ва арзёбии лоиҳаҳо;

– татбиқ ва мониторинги лоиҳаҳо;

– баитмомрасонии лоиҳаҳо, арзёбии самаранокии онҳо ва таъсири онҳо ба раванди рушди миллӣ.

13. Бинобар мавҷуд будани тафовут дар расмиёти шарикони рушд вобаста ба пешниҳод намудани қарзҳо ва грантҳо, мундариҷаи марҳилаҳои ҷараёни ҷалб ва истифодабарии қарзҳо ва грантҳо, метавонанд фарқ кунанд.

5. ИШТИРОКЧИЁНИ АСОСИИ РАВАНДИ ҶАЛБ, ИСТИФОДА, ҲАМОҲАНГСОЗӢ ВА МОНИТОРИНГИ КУМАКИ БЕРУНА ВА ВАКОЛАТҲОИ ОНҲО

14. Иштирокчиёни асосии ҷараёни ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна, ташаббускорони лоиҳаҳо, агентиҳои иҷроия, агентиҳои амаликунанда, мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва мақомоти ваколатдори минтақавӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Вазорати рушди иқтисод ва савдо), Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷинкисгон (минбаъд – Вазорати молия) ва Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – Бонки миллӣ) мебошанд.

15. Ташаббускоронн лоиҳа пешниҳоди лоиҳавиро дар асоси барномаҳои афзалиятлоки рушди кишвар ташаккул дода, онро ба баррасии мақоми ваколатдори соҳавӣ ё мақоми ваколатдори минтақавӣ пешниҳод менамоянд.

16. Агентиҳои иҷроия тибқи тартиби муқарраргардида:

– дар гуфтушунидҳо ва омодагӣ барои имзои созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаҳо иштирок менамоянд;

– омодасозии лоиҳаҳо, роҳбарии умумӣ, мониторинг ва арзёбии ҷараёни татбиқи онҳоро ҷиҳати саривақт ва босифат ноилшавӣ ба мақсадҳои гузошташуда, таъмин менамоянд;

– тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии маъқул донисташуда ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии дахлдори дороиҳои лоиҳаро ба роҳ мемонанд ва дар ҳолати ба анҷом расидани лоиҳа, ҷойгирнамоӣ ва/ё ба гирандаи кумак расонидани минбаъдаи онҳоро таъмин менамоянд;

– баҳодиҳии пешакии самарабахшии лоиҳаро баъди ба охир расидани он мегузаронанд;

– инчунин метавонанд агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳо бошанд.

17. Агентиҳои амаликунанда тибқи тартиби муқарраргардида:

– барои татбиқи лоиҳаҳо мутобиқи ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқгардида ва шартҳои созишиомаҳои маблағгузории лоиҳаҳо масъул мебошанд;

– таъмини итилоотро оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо ба агентии иҷроия, мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати молия ва мақоми ваколатдорн соҳавӣ вобаста ба шакл ва муҳлати муқаррарнамудаи Қоидаҳо таъмин менамоянд;

– то ба итмом расидани татбиқи лоиҳаҳо тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати супоридапи молу мулке, ки лоиҳа ба даст овардааст, ба гирандаи кумак таклиф пешниҳод менамоянд;

– баргузории аудити лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро тибқи шартҳои шартномаи маблағгузорӣ ва/ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистом таъмин менамоянд;

– уҳдадориҳои андозии андозсупорандаро иҷро намуда, инчунин барои боздоштан ва пардохти андоз, дар мавриди мавҷудияти он дар сарчашмаи пардохт, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

18. Мақоми ваколатдори соҳавӣ:

– самтҳои асосии ҷалб ва истифодаи кумаки берунаро дар соҳа (бахш) мутобиқи барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар муайян менамояд;

– роҳбарии ташкилии таҳия ва ирсоли пешниҳоди лоиҳавиро аз ҷониби корхонаҳои зертобеъ, ташкилотҳо ва сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия таъмин месозад (минбаъдсохторҳои мннтақавии зертобеъ);

– пешниҳоди лоиҳавиро мутобиқи Қоидаҳо ва самтҳои асосии ҷалб ва истифодаи кумаки беруна дар соҳа (бахш) ташаккул медиҳад;

– инчунин, метавонад агентии иҷроия ва амликунандаи лоиҳаҳои кумаки беруна бошад;

– пешниҳодҳои афзалиятҳои лоиҳавиро баррасӣ ва ҷиҳати таҳияи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ интиҳоб ва ба баррасии мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд;

– дар ҳамоҳангсозӣ бо тарафҳои дахлдор дар пешбурди пешниҳодҳои лоиҳавӣ, таҳия ва муҳокимаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии зарурӣ, ташхиси онҳо музакирот ва омадагӣ ба имзои созишномаҳои лоиҳавӣ иштирок менамоянд;

– дар ҷараёни мониторинг ва арзёбии рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла чорабиниҳое, ки якҷоя бо шарикони рушд оид ба шарҳи маҷмӯи карзгириҳо гузаронида мешаванд, инчунин дар таҳия ва татбиқи нақшаи фаъолияти муштараки онҳо бо Ҳукумат иштирок менамоянд ва иттилооти дахлдорро ба мақоми ваколатдори давлатӣ. Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар мақомот ва ташкилотҳои дахлдор пешниҳод менамоянд:

– арзёбии таъсири натиҷаи лоиҳаҳои кумаки берунаро барои ноил шудан ба максадҳои барномаҳои соҳавии рушд анҷом медиҳад;

– хар сол чораҳои навкунии номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавии кумаки берунаро доир менамояд.

19. Мақоми ваколатдори минтақавӣ:

– самтҳои асосии ҷалб ва истифодаи кумаки берунаро барои рушди воҳиди марзиву маъмурӣ ва минтақаи даҳлдор (минбаъд – минтақа) мутобиқи барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар муайян менамояд;

– пешниҳоди лоиҳавиро мутобиқи самтҳои асосии ҷалб ва истифодаи кумаки беруна барои рушди минтақа ташаккул медиҳад;

– пешниҳодҳои афзалиятноки лоиҳавиро баррасӣ ҷиҳати таҳияи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ интихоб ва ба баррасин мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд;

– ҳар сол чораҳои навкунии номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавии кумаки берунаро анҷом медиҳад;

– арзёбии таъсири натиҷаҳои лоиҳаҳоро барои ноил шудан ба мақсадҳои барномаҳои минтақавӣ анҷом ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор маълумоти дахлдор пешниҳод мекунад.

20. Мақоми ваколатдори давлатӣ:

– ҳамоҳангсозии умумии ҷараёни ҷалб, истифода ва мониторинги кумаки беруна, инчунин таъмини самарабахшии онро, аз ҷумла барои татбиқи барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар анҷом медиҳад;

– ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии даҳлдор дар таҳияи пешниҳодҳои лоиҳавӣ, номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ, ки ба маблағгузори эҳтиёҷ доранд, мусоидат намуда, Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишварро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ таҳия менамояд ва онро ба баррасии шарикони рушд пешниҳод менамояд;

– барои ҷалби воситаҳои зарурии кумаки беруна вобаста ба маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок бо шарикони рушд гуфтушунид мегузаронад;

– барои ба амал баровардани шарту шароити созишномаҳои аз тарафи Ҳукумат ва шарикони рушд вобаста ба кумаки беруна баимзорасида мусоидат мекунад;

– дар якҷоягӣ бо мақомоти идоракунии давлатии дахлдор лоиҳаҳои қарорҳоро дар бораи чораҳои татбиқи созишномаҳои бо шарикони рушд баимзорасонидашуда оид ба маблағгузории лоиҳаҳои кумаки беруна омода намуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод менамояд;

– бо шарикони рушд дар самти кумаки беруна ҳамкорӣ менамояд, аз ҷумла таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои муштарак, омода ва гузаронидани форумҳо ва дигар чорабиниҳои муштаракро ҳамоҳанг месозад, дар чорабиниҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба самаранокии кӯмак ва ҳамкорӣ барои рушд Ҳукуматро тибқи тартиби муқарраргардида намояндагӣ мекунад, оид ба рушди ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба Ҳукумат таклифҳо пешниҳод менамояд;

– дар таҳияи лоиҳаи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ иштирок менамояд;

– низоми иттилоотии идоракунии кумаки берунаро таъсис медиҳад, идора менамояд ва такмил медиҳад, навсозии саривақтии онро дар тамоми марҳилаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна ташкил менамояд, истифодаи мақсаднок ва самараноки онро таъмин менамояд;

– дар ҷараёни навсозии иттилооти низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ба вазоратҳо, идораҳо ва шарикони рушд кумаки методӣ ва машваратӣ мерасонад;

– тибқи муқаррароти Қоидаҳо бақайдгирии ҳамаи пешниҳодҳои лоиҳавӣ ва лоиҳаҳоро (созишномаҳоро), ки аз ҳисоби кумаки беруна маблағгузорӣ мегарданд, дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна таъмин менамояд;

– бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ҷараёни пешбурди пешниҳодҳои лоиҳавӣ ва лоиҳаҳои кумаки берунаро дар марҳилаҳои давраи лоиҳа, ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот ҳамоҳанг месозад,; ҳолати корро дар соҳаи кумаки беруна таҳлил менамояд, ҳисобот, варақаҳои иттилоотӣ ва дигар иттилоотро оид ба кумаки беруна омода тибқи тартиби муқарраргардида ва ба мақомот ва ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла тавассути сомонаи расмии интернетии худ паҳн менамояд;

– мониторинг ва арзёбии ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои кумаки берунаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад, масъалаҳои арзёбии самарабахшии онҳоро ҳамоҳанг месозад ва таъмини алоқамандиро бо системаи миллии мониторинг ва арзёбӣ амалӣ мегардонад;

– масъалаҳоро вобаста ба омодасозӣ, татбиқ, мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои иҷроия ва амаликунандаи онҳоро ҳамоҳанг месозад;

– оид ба таъмин намудани ҷараёни шаффоф, боадолатона ва самарабахши хариди мол, корҳо ва хизматрасонӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ чораҳо меандешад;

– бо ҷалби мақомоти дахлдори давлатӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд муҳокимаи муштараки рафти татбиқи лоиҳаҳои кумаки беруна, шарҳи муштарак ва таҳия намудани нақшаи амал оид ба беҳтар намудани ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои кумаки берунаро ба анҷом мерасонад;

– ҷиҳати мақсаднок ва истифодаи босамари воситаҳо, мутобиқи шартҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва расмиёти шарикони рушд, гузаронидани аудити лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба роҳ мемонад;

– ҳисоботро оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ омода намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат ирсол менамояд;

– ҳар сол маълумотномаи иттилоотию таҳлилии “Ҳамкорони рушд” ва “Ҳисобот оид ба кумаки беруна”ро барои соли гузашта таҳия ва интишор менамояд ва паҳнкунии онҳоро барои доираи васеи истифода барандагон таъмин месозад;

– бо мақсади вусъат бахшидани ҷараёни ҳамоҳангсозии кумаки беруна дар доираи салоҳияти худ, якҷоя бо мақомоту ташкилотҳои дахлдор сохторҳои бахшӣ ва ҳудудии (минтақавии) ҳамоҳангсоз таъсис медиҳад ва ба онҳо кумаки методологӣ, иттилоотӣ ва техникӣ мерасонад;

– ҷараёни таҳия ва амалӣ гардонидани чорабиниҳоро оид ба татбиқи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дар бораи самаранокии кумаки беруна ва ҳамкорӣ бо мақсади рушд, ва мониторинги онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад;

– барои амалӣ гардонидани вазифаҳои ба он вогузоршуда, ҳуқуқ дорад, ки доир ба масъалаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна тибқи тартиби муқарраргардида мушовирон ва коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллиро ҷалб намояд;

– якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳрро оид ба беҳтар гардонидани асосҳои ҳуқуқии раванди ҷалб, истифодабарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна, лоиҳаҳои муқаррароти дахлдор, дастуру дастурамал ва ҳуҷҷатҳои дигари вобаста ба кумаки берунаро омода месозад;

– дигар ваколатҳои вобаста ба ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки берунаро, ки Қоидаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.

21. Вазорати рушди иқтисод ва савдо:

– мақомоти ваколатдор оид ба таҳия ва мониторинги ҳуҷҷатҳое, ки рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро муайян менамоянд, мебошад;

– таҳияи барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар ва Барномаи сармоягузории давлатиро аиҷом медиҳад ва гузаронидани мониторинг ва арзёбии ба амал баровардани онҳоро таъмин менамояд;

– дар баррасӣ ва интихоби пешниҳодоти лоиҳавӣ ҷиҳати ворид намудаи ба Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар иштирок менамояд;

– дар таҳияи лоиҳаҳои карорҳои Ҳукумат дар бораи тадбирҳои татбиқи созишиомаҳое, ки оид ба маблағгузории лоиҳаҳои кумаки беруна бо шарикони рушд ба имзо расидаанд, иштирок менамояд;

– дар гузаронидаии арзёбии самарабахшии истифодаи кумаки беруна ва таъсири иатиҷаҳои он барои ноил шудан ба мақсадҳои барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ иштирок менамояд;

– мақомоти ваколатдор оид ба идоракунии кӯмакҳои башардӯстона ва техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мебошад ва баҳисобгирӣ ва назорати истифодабарии онро таъмин менамояд.

22. Вазорати молия:

– бо дарназардошти меъёри муқарраргардидаи қарзгирии давлатии беруна, вобаста ба имконияти ҷалби маблағҳои қарзӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, хулоса таҳия менамояд;

– дар хусуси имкониятҳои ҳаммаблағгузории лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ хулоса таҳия менамояд;

– дар баррасӣ ва интихоби пешииҳодоти лоиҳавӣ ҷиҳати ворид намудан ба Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар иштирок менамояд;

– дар бораи зарурати ҷалби маблағҳои қарзӣ ба Ҳукумат пешниҳод ирсол менамояд, дар гуфтушунидҳо бо шарикони рушд иштирок намуда, баҳисобгарии қарзҳои давлатиро пеш мебарад;

– дар доираи ваколатҳои муайяншудаи Ҳукумат ва ё агар инро шартҳои қарзгирӣ пешбинӣ карда бошад, маблағҳои қарзии давлатиро мегирад, мавриди истифода қарор медиҳад ва бозгашти онҳоро таъмим менамояд;

– дар асоси дурнамои дарозмуддати рушди иқтисодӣ ва бо дарназардошти барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар, Барномаҳои сармоягузории давлатӣ лоиҳаи Барномаи қарзгирии давлатии берунаро барои давраи оянда таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумат пешниҳод менамояд;

– хизматрасонӣ ва пардохти қарзҳоеро, ки барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷалб шудаанд, мутобиқи шартҳои созишпомаҳои маблағгузорӣ бо шарикони рушд анҷом медиҳад;

– дар доираи салоҳияти худ ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ ҷиҳати таъмини саҳми Ҳукумат барои лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои шарикони рушд маблағгузорӣ карда мешаванд, дар доираи созишномаҳое, ки бо Ҳукумат ба имзо расонида шудаанд, чораҳои зарурӣ меандешад;

– дар таҳияи лоиҳаи Барномаи сармоягузариҳои давлатӣ иштирок менамояд.

23. Бонки миллӣ:

– дар гуфтушунидҳо ва омодагӣ барои имзои созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаҳо иштирок менамоянд;

– дар ҳолати зарурӣ дар хусуси интихоби асъори маблағҳои қарзии барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби донорҳо пешниҳодшаванда, дурнамои қурби асъори интихобшаванда ва таъсири он барои иҷрои уҳдадориҳои қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулоса таҳия менамояд;

– дар доираи салоҳияти худ барои риоя гардидани қурби расмии муайянгардидаи асъорӣ аз ҷониби ташкилотҳо (муассисаҳои) бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳисоббаробаркуниҳои бонкӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ инчунин пардохти саривақтии маблағҳои аз ҷониби ташкилотҳои (муассисаҳои) бонкии мазкур, чораҳои зарурӣ меандешад.

24. Дар ҷараёни татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна, дигар мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳо ваколатдор гардидаанд, иштирок менамоянд.

25. Барои беҳбудии ҳамоҳангсозии корҳо оид ба ҷалб ва истифодаи самараноки кумаки беруна, эҳтимолияти аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таъсис додани сохторҳои ҳамоҳангсоз дар назар аст, ки ба ҳайяти онҳо намояндагони мақомоти ваколатдор ва дахлдори соҳавӣ ё минтақавӣ, вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ дохил мешаванд.

6. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ҶАЛБИ КУМАКИ РАСМӢ БАРОИ РУШД

26. Ҳукумат барномаҳои афзалиятноки рушди кишварро таҳия, қабул ва амалӣ менамояд, ки дар асоси онҳо талабот ба кумаки беруна муайян карда мешавад.

27. Ҷалб ва истифодаи кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои амалӣ гардонидани лоиҳаҳои, барнома ва чорабиниҳое, ки дар барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар пешбинӣ шудаанд, сурат мегирад.

28. Ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ барои дурнамои миёнамуҳлат, Ҳукумат афзалиятҳои рушди кишоварро бо стратегияи миёнамуҳлати хароҷоти буҷетӣ мовофиқа намуда, эҳтиёҷотро ба кумаки беруна муайян мекунад.

29. Ҳукумат ва шарикони рушд барои ҷалби мақсадноки кумаки беруна ҳуҷҷатҳои муштарак дар бораи ҳамкорӣ, стратегияҳои кишварии шарикони рушд, созишномаҳои қолабӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳия мекунанд, инчунин оид ба беҳтар кардани ҳамоҳангсозӣ ва самаранокии кумаки беруна чораҳоро амалӣ менамояид.

30. Мақоми ваколатдори соҳавӣ ва мақоми ваколатдори минтақавӣ самтҳои асосии ҷалб ва истифодаи кумаки берунаро ба соҳа ё минтақа муайян менамоянд, таҳияи пешниҳодҳои лоиҳавӣ, номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавии ба кумаки беруна эҳтиёҷмандро таъмин месозанд ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол менамоянд.

31. Мақоми ваколатдори давлатӣ:

– ҳамоҳангсозии умумии ҳамкории ҷонибҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои ҷалби кумаки беруна, таъмин мекунад;

– ба мақоми ваколатдори соҳавӣ ва мақоми ваколатдори минтақавӣ дар: таҳияи пешниҳодҳои лоиҳавие, ки ба кумаки беруна ниёз доранд, ва мутаносибан ворид намудани онҳо ба номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ кӯмак мерасонад;

– ҳамоҳангсозии умумии корҳоро оид ба таҳияи Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар ва пешниҳоди он ба шарикони рушд ҷиҳати баррасии имкониятҳои маблағгузорӣ амалӣ менамояд;

– ҳамоҳангсозии раванди навсозии иттилооти низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна оид ба пешниҳодоти лоиҳавӣ ва лоиҳаҳои кумаки берунаро аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо ва шарикони рушд ҷалбгардида ташкил ва таъмин менамояд;

– дар сомонаи расмии интернетии худ ҷойгир намудани иттилооти оид ба кумаки берунаро таъмин месозад;

– ба агентиҳои иҷроия ва мақоми ваколатдори соҳавӣ ва мақоми ваколатдори минтақавӣ барои дарёфт намудани манбаъҳои берунаи маблағгузорӣ ҷиҳати омода ва амалӣ намудани лоиҳаҳои кумаки беруна, фароҳам овардани робитаҳои мақсаднок бо шарикони рушд мусоидат менамояд.

7. ТАРТИБИ ТАҲИЯ ВА ПЕШБУРДИ ПЕШНИҲОДҲОИ ЛОИҲАВӢ

32. Ҳамоҳангсозии умумӣ ва таъминоти методии раванди таҳия ва пешбурди пешниҳодҳои лоиҳавӣ, таҳияи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ, номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ ва Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин навсозии иттилоот оид ба пешниҳодҳои лоиҳавӣ ва лоиҳаҳои кумаки беруна дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

33. Барои таъмини кӯмак дар самаранок амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои Қоидаҳо, вазифаҳо ва ваколатҳои иштирокчиёни раванди ҷалб, истифодабарӣ, хамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна истифода бурда мешавад. Таҳия ва пешбурди пешниҳодҳои лоиҳавӣ, таҳияи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ, номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ ва номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин лоиҳаҳои кумаки беруна дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна мутобиқи Дастурамал оид ба истифодаи низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо дарназардошти талаботи Қоидаҳо таҳия ва тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

34. Мақоми ваколатдори давлатӣ барномаҳои омӯзишӣ, аз ҷумла вобаста ба Дастурамал оид ба истифодаи низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна мегузаронад, хизматҳои маслиҳатӣ пешниҳод менамояд, бақайдгирӣ ва дастрасии кормандони масъули ташкилотҳои ватанӣ ва байналмилалиро ба кори низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна таъмин менамояд.

35. Иштирокчиёни раванди ҷалб, истифодабарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– аз ҷумлаи кормандонашон иҷрокунандагони масъулро оид ба кор ва аз нав кардани иттилооти низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна муайян менамоянд, ки онҳо дар тренингҳои ташкилнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таълимоти дахлдор мегиранд ва бақайдгирии дахлдори онҳоро бевосита дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна таъмин менамоянд;

– иҷрои вазифаҳо, ваколатҳо ва расмиёти кор бо низоми иттилоотии идоракунии кумаки берунаро, ки Қоидаҳо ва Дастурамал оид ба истифодаи низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна пешбинӣ намудаанд, аз ҷумла тавассути иҷрокунандагони масъули худ таъмин менамоянд;

– навсозии саривақтӣ ва босифати тамоми иттилооти заруриро дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна дар доираи фаъолияти худ оид ба ҷалб, истифодабарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд;

– иттилооти низоми иттилоотии идоракунии кумаки берунаро дар фаъолияти худ дар самти кумаки беруна, аз ҷумла ҳангоми таҳлили ҳолати кор, мониторинг ва баҳодиҳӣ, таҳияи стратегия ва барномаҳои нав дар соҳаи кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

36. Мақоми идоракунии давлатӣ, ташкилоти давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавӣ бо пешниҳоди лоиҳавӣ муроҷиат менамоянд, ташаббускорони лоиҳаҳо буда метавонанд. Корхонаҳо, ташкилотҳо ва сохторҳои минтақавии мақоми ваколатдори соҳавӣ пешниҳодҳои лоиҳавиро ба мақоми ваколатдори соҳавӣ манзур менамоянд.

37. Ташаббускорони лоиҳаҳо пешниҳодҳои лоиҳавиро тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия мекунанд ва онҳоро ба мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавии дахлдор пешниҳод менамоянд.

З8. Мақоми ваколатдори соҳавӣ ва мақоми ваколатдори минтақавӣ инҳоро амалӣ менамоянд:

– ворид намудани пешмиҳоди лоиҳавӣ ба низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна бо роҳи пур намуданн шакли стандартии электронӣ дар реҷаи вақти воқеӣ;

– баррасӣ, арзёбӣ ва интихоби пешниҳодҳои лоиҳавӣ барои минбаъд мутаносибан ба номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва ё номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ ворид намудани онҳо;

– мутаносибан таҳия намуданн номгӯи лоиҳаҳои афзалиягиоки соҳавӣ ва ё номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ.

39. Мақоми ваколатдори соҳавӣ ва мақоми ваколатдори минтақавӣ мутобиқати ҳадафҳои пешниҳодҳои лоиҳавиро бо барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар арзёбӣ менамоянд.

40. Арзёбии пешниҳоди лоихдвӣ баррасии масъалаҳои асосии зеринро пешбинӣ менамояд:

– арзёбии мутобиқати ҳадафҳои лоиҳа ба рушди афзалияноки соҳа/минтақа;

– таҳлили ҳолат дар соҳа/минтақа дар ҳолатҳои амалӣ шудан ва ё нашудани лоиҳа;

– арзёбии вариантҳои алтернативии расидан ба ҳадафҳои лоиҳа;

– арзёбии қарорҳои техникӣ;

– таҳлили хавфҳо;

– арзёбии тақсими манфиатҳо аз амалӣ намудани лоиҳа.

41. Арзёбӣ дар давоми бист рӯзи корӣ аз рӯзи супоридани пешннҳоди лоиҳои ба мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавии дахлдор анҷом дода мешавад.

42. Мақоми ваколатдори соҳавӣ ва мақоми ваколатдори минтақавӣ ҳангоми баррасии пешниҳодҳои лоиҳавӣ, дар ҳолати мувофиқи мақсад будан, пешниҳодҳои лоиҳавии якхела ва бо ҳам алоқамандро дар доираи як пешииҳоди лоиҳавӣ муттаҳид менамоянд.

43. Дар ҳолати мусбат арзёбӣ шудани пешниҳоди лоиҳавӣ, он аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавӣ мутобиқан ба номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва ё номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ дохил карда мешавад.

44. Пешниҳодҳои лоиҳавие, ки бе риояи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия шудаанд, инчунин дар ҳолати аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавӣ манфӣ арзёбӣ шуданашон, ба ташаббускори лоиҳа бо пешниҳоди тавсияҳо барои такмил додан ва такроран пешниҳод намудан ба мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавӣ, ё бо ҳулоса оид ба рад намудани пешниҳоди лоиҳавӣ бинобар мувофиқи мақсад набуданаш баргардонида мешаванд.

45. Ташаббускори пешниҳоди лоиҳавӣ метавонад онро бо дарназардошти тавсияҳои мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавӣ такмил диҳад ва дар муҳлати на дертар аз як моҳ такроран ба баррасии мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавӣ пешниҳод намояд.

46. Мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтакавӣ пешниҳоди лоиҳавиро такроран баррасӣ ва арзёбӣ менамояд ва дар ҳолате, ки агар эзоҳоти мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавӣ аз ҷониби ташаббускори пешниҳоди лоиҳавӣ пурра ба инобат гирифта шуда бошанд, ин пешниҳодҳои лоиҳавӣ аз расмиёти арзёбӣ ва дохил намудан ба номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва ё номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ мегузаранд.

47. Агар пешниҳоди лоиҳавие, ки такроран пешниҳод шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақави мусбаст арзёби шавад, он ба номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва ё номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ дохил карда шуда, дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ба он мақоми “Пешниҳоди лоиҳавӣ дар номгӯи лоиҳавӣ дар номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ” ва ё “Пешниҳоди лоиҳавӣ дар номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ ” дода мешавад.

48. Огоҳинома оид ба дохил намудани ҳар як пешниҳоди лоиҳавӣ ба номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва ё номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ҷиҳати баррасии минбаъда ба мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо фиристода мешавад.

49. Мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани огоҳнома ҳар як пешниҳоди лоиҳавиро бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна дар реҷаи вакти воқеӣ баррасӣ намуда, онро маъқул медонанд ва ё оид ба такмил додани он тавсияҳо пешниҳод менамояд.

50. Дар ҳолати мавҷуд будани эзоҳот ба пешниҳоди лоиҳавӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ба мақоми ваколатдори соҳавӣ ва мақоми ваколатдори минтақавӣ огоҳиномаи дахлдор мефиристанд.

51. Мақоми ваколатдори соҳавӣ ва мақоми ваколатдори минтақавӣ дар давоми дар рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани огоҳинома пешниҳоди лоиҳавиро бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна бо дарназардошти эзоҳоти мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо такмил медиҳад.

52. Пас аз анҷоми такмили пешниҳоди лоиҳавӣ, мақоми ваколатдори соҳавӣ/мақоми ваколатдори минтақавӣ бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна онро такроран ба баррасии мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод менамояд.

53. Мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтиоод ва савдо дар муҳлати понздаҳ рӯзи корӣ пешниҳоди лоиҳавиро такроран баррасӣ менамоянд ва дар ҳолате, ки агар эзоҳоти пешниҳоднамудаи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳавӣ/мақоми ваколатдори минтақавӣ пурра ба инобат гирифта шуда бошанд, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ин пешниҳоди лоиҳавиро маъқул дониста, дар ин хусус дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна қайди “Зид нестам” мегузоранд.

54. Агар Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар муҳлати зикршуда дар бораи “Зид набудан” қайд нагузоранд ва ё эзоҳоти худро оид ба он пешниҳод нанамоянд, пешниҳоди лоиҳавӣ аз ҷониби онҳо маъқул донисташуда ҳисобида шуда, дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ба таври автоматӣ аз номи онҳо қайди “Зид нестам” гузошта мешавад.

55. Баъди тавассути низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна оид ба пешниҳоди лоиҳавии мазкур аз Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо гирифтани қайди “Зид нестам”, мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми панҷ рӯзи корӣ баррасии пешниҳоди лоиҳавии мазкурро ба итмом мерасонад ва дар ҳолати зид набудан, бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна онро маъқул медонад.

56. Мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо метавонанд нисбати ҳар як пешниҳоди лоиҳавӣ на бештар аз се маротиба шарҳ манзур намоянд ва дар ҳолати мавҷуд будани, натиҷаҳои манфӣ, пешниҳоди лоиҳавӣ аз баррасии минбаъда гирифта мешавад.

57. Дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи такроран пешниҳод шудани пешниҳоди лоиҳавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳавӣ/мақоми ваколатдори минтақавӣ Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна “Зид набудан” ва мақоми ваколатдори давлатӣ “Маъқул донистан”-и худро барои ба Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар доҳил намудани пешниҳоди лоиҳавии мазкур пешниҳод менамоянд, дар акси ҳол пешниҳоди лоиҳавии мазкур аз баррасии минбаъда гирифта мешавад.

58. Пешниҳодҳои лоиҳавие, ки дар доираи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ пешниҳод шудаанд ва “Зид набудан”-и Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ “Маъқул дониста шудан”-ро соҳиб шудаанд, дар низоми иттилооти идоракунии кумаки беруна ба таврн автоматӣ ба қисмҳои дахлдори соҳавӣ ва ё минтақавии Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар ворид мегарданд, пас аз он Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кншвар ташаккул меёбад ва ё нав карда мешавад.

59. Мақоми ваколатдори давлатӣ кори муттасили низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ва дастрасии доимии тамоми тарафҳои дахлдор, аз ҷумла намояндагони расмии мақоми ваколатдори соҳавӣ, мақоми ваколатдори минтақавӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шарикони рушдро, бо мақсади кори минбаъда бо пешниҳодҳои лоиҳавии ба Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар воридшуда ва пешбурди минбаъдаи онҳо дар доираи марҳилаҳои кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

60. Шарикони рушд дар ҳолати манфиатдорӣ дар асоси дастрасӣ ба кор дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна, метавонанд оид ба манфиатдории хеш қайдҳо намоянд ва/ё нисбати ҳар як пешниҳоди лоиҳавие, ки ба Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар ворид карда шудааст, эзоҳот пешниҳод намоянд.

8. ТАРТИБИ ҶАЛБ ВА ИСТИФОДАИ ҚАРЗҲОИ ИМТИЁЗНОК

61. Ҷалби қарзҳои имтиёзнок аз ҷониби Ҳукумат мутобиқи созишномаҳое, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат бо шарикони рушд ба имзо расонида шудаанд, амалӣ мегардад.

62. Омодасозӣ, баимзорасонии созишномаҳо оид ба қарзҳои имтиёзнок тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳо сурат мегирад.

63. Агентиҳои иҷроияи лоиҳаҳон аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок татбиқшаванда мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ё дигар сохторҳои миллие, ки Ҳукумат бо қарори худ муайян намудааст, мебошанд.

64. Лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок татбиқ мешаванд, маҷмӯи қарзҳои Ҳукуматро ташаккул медиҳанд ва ҳамчун лоиҳаҳои муштараки сармоягузории давлатӣ (минбаъд – лоиҳаҳои сармоягузорӣ) баррасӣ карда мешаванд.

9. ОМОДАСОЗИИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ

65. Дар ҳолати бо шарикони рушд дар бораи маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ ба мувофиқа омадан, агентии иҷроия ва мақоми ваколатдори соҳавӣ огоҳномаи дахлдорро бо замимаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии лоиҳа ба Вазорати молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол менамояд.

66. Вазорати молия дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳои лоиҳаро вобаста ба имконияти ҷалби қарзҳои имтиёзноки шарикони рушд, барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ва ҳаммаблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, баррасӣ менамояд.

67. Дар ҳолати ба талаботи Қоидаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, Вазорати молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумат ҷиҳати қабули қарор барои бо шарикони рушди эҳтимолӣ ба имзо расонидани ёддошт, ки иқдоми тарафҳоро доир ба фаъолияти муштарак оид ба маблағгузорӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳа дар бар мегирад, бо таклиф муроҷиат менамоянд.

68. Вазорати молия дар асоси қарори мусбати Ҳукумат, ёддошт ба имзо расонида, ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва соҳавӣ ва агентии иҷроия иттилои дахлдорро бо замимаи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои имзошуда ирсол менамояд.

69. Ёддошти баимзорасидашуда барои дар марҳилаи минбаъда ворид намудани лоиҳаи сармоягузорӣ ба қисми “Лоиҳаҳо дар давраи таҳия”-и лоиҳаи Барномаи сармоягузории давлатӣ асос мебошад.

70. Дар ҳолати бо шарикони рушд ба даст омадани мувофиқа оид ба маблағгузории ҷараёни омодасозии лоиҳа бо пешниҳоди Вазорати молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат бо тартиби муқарраргардида дар бораи бо шарикони рушд ба имзо расонидани созишнома оид ба маблағтузории ҷараёни таҳияи лоиҳа қарор қабул мешаванд.

71. Масъулият барои омодасозии лоиҳа ба агентии иҷроия гузошта мешавад. Дар ҳолати зарурӣ, мувофиқи тартиби муқарраргардида бо қарори Ҳукумат барои татбиқи чорабиниҳо оид ба таҳияи лоиҳа сохтори дахлдор таъсис дода мешавад ва ё мушовирони махсус ҷалб карда мешаванд.

72. Баъд аз баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузории ҷараённ таҳияи лоиҳа, агентии иҷроия якҷоя бо шарикони рушд нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати таҳияи лоиҳа тартиб медиҳад.

73. Агентии иҷроия якҷоя бо иштирокчиёни татбиқи лоиҳа – мақоми манфиатдори идоракунии давлатии дахлдор, мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор, ташкилотҳои давлатӣ ва шарикони рушд таҳияи ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии лоиҳа, инчунин таҳияи созишномаҳоро бо шарикии рушд дар боран маблағгузории лоиҳа амалӣ менамояд.

74. Баъд аз омода мамудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ шарикони рушд арзёбии лоиҳаро гузаронида, ҳуҷҷати арзёбии лоиҳаро тартиб медиҳад.

75. Маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳо оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба Вазорати молия бо мақсади баррасии масъалаи ҳаммаблағгузории лоиҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва гирифтани қарзи имтиёзнок бо дарназардошти меъёри қарзгирии давлатии беруна, ки дар стратегияҳои миёнамуҳлати хароҷоти буҷетӣ ва буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли оянда муқаррар шудааст, пешииҳод мегардад.

10. ДОИР НАМУДАНИ ГУФТУШУНИДҲО, БАИМЗОРАСОНӢ ВА ЭЪТИБОР ПАЙДО КАРДАНИ СОЗИШНОМАҲО БО ШАРИКОНИ РУШД

76. Баъд аз анҷом ёфтани ҷараёни таҳия ва арзёбии лоиҳа бо пешниҳоди Вазорати молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ, мутобиқи тартиби муқарраргардида. Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон ва ё Ҳукумат дар бораи гузаронидани гуфтушунид бо шарикони рушд қарор қабул намуда ҳайати намояндагони Ҳукуматро тасдиқ мекунад.

77. Аз рӯи натиҷаи гуфтушунид аз ҷониби аъзои ҳайати намояндагон протоколи гуфтушунид ба имзо расонида шуда, дар якҷоягӣ бо лоиҳаи созишнома дар барои маблағгузории лоиҳа, ки бо шарикони рушд музофиқа шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

78. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо шарикони рушд ба имзо расонидани созишнома дар бораи маблағгузории лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ аз ҳисоби карзҳои имтиёнок вазири молияро расмӣ ваколатдор менамояд.

79. Вазорати молия бақайдгири қарзҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо амалӣ менамоянд. Нусхаҳои созишнома ба мақоми ваколатдори давлатӣ, агентии иҷроия, мақоми ваколатдори соҳавӣ ва дигар мақомоти идоракуни дахлдори давлатӣ фиристода мешаванд.

80 Дар ҳолати тибқи шартҳои созишнома пешбинӣ гардидани пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис ва баҳодиҳии мутобиқати шартҳои созишномаи бо шарикони рушд ба имзо расонида шударо вобаста ба мутобиқати он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, хулосаи ҳуқуқии худро таҳия ва пешниҳод менамояд.

81. Бо мақсади иҷрои шартҳои эътибор пайдо намудани созишнома, дар ҳолати зарурӣ, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи ин шартҳо дар муҳлат ва мувофиқи талаботе, ки дар созишнома дар бораи маблағгузории лоиҳа зикр шудаанд, чорабиниҳо гузаронида мешавад.

82. Иттилои расмӣ дар бораи иҷрои шартҳои эътибор пайдо кардани созишнома ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои минбаъд огоҳ намудани шарикони рушд, ки лоиҳаро маблағгузорӣ мекунанд, фиристода мешавад.

83. Баъди тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани созишнома бо шарикони рушд дар бораи маблағгузорӣ, лоиҳаҳои мазкури сармоягузорӣ ба қисми “Лоиҳаҳои амалкунанда”-и лоиҳаи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ ва дар ҳолати маблағгузории қарзӣ ба лоиҳаи Барномаи қарзгирии давлатии беруна дохил карда мешавад. Хароҷот барои таҳия ва татбиқи лоиҳаи мазкури сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои стратегияҳои миёнамуҳлати хароҷоти буҷетӣ ва буҷети давлатӣ барои соли минбаъда пешбинӣ карда мешаванд.

84. Лоиҳаи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати молия ва ҷалби вазорату идораҳои дахлдор, барои панҷ сол бо дар назардошти таъмин алоқамандии зичи он бо барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар, стратегияҳои миёнамуҳлати хароҷоти буҷетӣ ва меъёри қарзгирии давлатии беруна, ки аз ҷониби Ҳукумат муқаррар гардидааст, таҳия мегардад.

85. Лоиҳаи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ дар як вақт бо лоиҳаҳои буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ ва Барномаи қарзгирии давлатии беруна ҷиҳати баррасии Ҳукумат манзур мегардад ва алоқамандии онҳо таъмин гардида, ҳар сол тасҳеҳ мегардад.

11. МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚ ВА МОНИТОРИНГИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ

86. Баъд аз ба имзо расидани созишнома бо шарикони рушд, мақоми ваколатдори соҳавӣ дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ лоиҳаи қарорро оид ба тасдиқи тадбирҳо вобаста ба иҷрои созишнома, ки мутобиқи он агентии иҷроия ва амаликунандаи лоиҳа, механизми татбиқи он ва мониторинг, инчунин муқаррароти дигар вобаста ба иҷрои созишнома, инчунин татбиқи самараноки лоиҳаи сармоягузорӣ муайян карда мешаванд, таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод менамояд.

87. Кормандони агентии амаликунанда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартҳои созишнома оид ба маблағгузории лоиҳа дар асоси озмун интихоб карда мешаванд.

88. Бо мақсади таъмини татбиқи самарабахши лоиҳа агентиҳои иҷроия ва амаликунанда Дастури амалиётиро таҳия менамоянд. Дастури мазкур низомномаи амалиётӣ ва расмиёти фаъолиятро, ки кормандони агентии амаликунанда бояд дар давраи татбиқи лоиҳа риоя намоянд, иникос менамояд.

89. Буҷети лоиҳаҳо аз ҷониби агентиҳои иҷроия мутобиқи шарт ва муҳлати муайяннамудаи созишномаи маблағгузории лоиҳаҳо, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ, Вазорати молия, мақоми ваколатдори соҳавӣ ва шарикони рушд тасдиқ карда мешаванд.

90. Бо мақсади маблағгузории саривақтии чорабиниҳо вобаста ба лоиҳа агентиҳои иҷроия ва ё амаликунанда ҳар сол дар муҳлати муқарраргардида ба Вазорати молия ҷиҳати дар буҷети давлатӣ барои соли минбаъда. ба нақша гирифтани ҳаҷми зарурии саҳми Ҳукумат оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дархост пешниҳод менамоянд.

91. Мақоми ваколатдори давлатӣ амалҳои зеринро ба анҷом мерасонад;

– ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти агентиҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ;

– мониторинг ва арзёбии ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ. Бо ин мақсад агентиҳои амаликунанда ва иҷроия на дертар аз 31 январи соли ҷорӣ нақшаҳои корӣ ва молиявӣ, инчунин нақшаҳои харидро, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дархостҳои молиявии ҳангоми таҳияи буҷети давлатӣ барои соли ҷорӣ истифодашуда ташаккул меёбанд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд;

– андешидани чораҳо оид ба таъмин намудани ҷараёни шаффоф, боадолатона ва самарабахши хариди мол, корҳо ва хизматрасонӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ;

– ташкил ва анҷом додани аудити (қисматии) муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ мутобиқи шартҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва расмиёти шарикони рушд.

92. Агентии амаликунандаи лоиҳа ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молия оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо дар муҳлати на дертар аз санаи панҷуми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ, тибқи намунан тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаро пешниҳод менамояд.

93. Барои арзёбии ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои дахлдор мунтазам арзёбии намояндагиҳо, муҳокимаи муштараки ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, шарҳи маҷмӯи қарзгириҳои Ҳукуматро мегузаронад.

94. Мақоми ваколатдори давлатӣ иттилоотро оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷамъбаст намуда, ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаро таҳия ва на дертар аз санаи панҷуми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ тибқи намунаи муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумат пешниҳод менамояд.

95. Мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи шартҳои созишномаи маблағгузории лоиҳа, талаботи шарикони рушд ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ширкатҳои аудитии байналмилалӣ ва/ё маҳаллӣ, барои гузаронидани аудити мустақими фаъолияти молиявии агентии амаликунандаи лоиҳа аз ҳисоби буҷети лоиҳа чораҷӯи менамояд.

96. Агентиҳои амаликунанда ва иҷроия дар муддати даҳ рӯз пас аз гузаронидани аудит нусхаи аслии ҳисобот ва хулосаи аудитиро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботи ҷамъбастиро оид ба аудити лоиҳаҳо таҳия намуда, ба Ҳукумат пешниҳод мекунад.

97. Санҷишҳои фаъолияти молиявию хоҷагидории агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида анҷом дода мешаванд.

12. РАСМИЁТИ АНҶОМЁБИИ РАСМИИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ

98. Агентии амаликунандаи лоиҳаи сармоягузорӣ дар муҳлати на дертар аз се моҳ баъд аз ба охир расидани татбиқи лоиҳа самарабахшии онро арзёбӣ намуда, аз ҷумла вобаста ба расидан ба мақсадҳои гузошташуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми ваколатдори соҳавӣ ва Вазорати молия ҳисоботи дахлдорро пешниҳод менамояд.

99. Агентии амаликунанда дар доираи татбиқи лоиҳа, тамоми иншооти сохташуда ва арзишҳои моддию техникие, ки бо мақсади татбиқи лоиҳа харидорӣ шудаанд ва дороиҳои лоиҳа мебошанд, ба истифодабарандаи ниҳоии он ва ё мақоми ваколатдори соҳавӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад.

10. Агентии амаликунандаи лоиҳа дар давоми се моҳ баъди ба анҷом расидани лоиҳа, оид ба аиҷомёбӣ ва арзёбии самарабахшии он ба Ҳукумат ва мақоми ваколатдори давлатӣ гузориш пешниҳод менамояд.

101. Ҳамаи хароҷоти амалиётӣ вобаста ба расмиёти баанҷомрасоии лоиҳа дир ҳолате, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дигар амалро пешниҳод накарда бошанд, аз ҳисоби буҷети лоиҳа, ё мақоми иҷрокунанда таъмин карда мешавад.

102. Хизматрасонӣ ва пардохти қарзҳои имтиёзнок, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат ҷалб шудаанд, мутобиқи шартҳои созишнома дар бораи маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Вазорати молия анҷом дода мешавад.

13. ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО ОИД БА ДАСТГИРИИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ

103. Дастгирии буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Ҳукумат аз тарафи шарикони рушд пешниҳод мегарданд, сурат мегирад.

104. Кӯмаке, ки аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ расонида мешавад, барои мақсадҳои зерин равона мегарданд:

– маблағгузории касри буҷет;

– маблағгузории ислоҳоти сохторӣ;

– дасттирии тавозуни пардохт;

– пардохти қарзи давлатӣ.

105. Вобаста ба ҳадафҳое, ки барои онҳо кӯмак ҷиҳати дастгирии буҷети давлатӣ расонида мешавад, агентиҳои иҷроия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат муайян карда мешаванд.

106. Барои расонидаии кӯмак оид ба дастгирии буҷети давлатӣ Ҳукумат ва шарикони рушд доир ба шартҳои ҷудо намудани маблағ машваратҳо баргузор мемамоянд. Мувофиқаҳое, ки дар ҷараёни машварат ба даст меоянд, дар ёддошт, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасонад, дарҷ меёбанд.

107. Баъд аз ба охир расидани чорабиниҳое, ки дар ёддошт пешбинӣ шудаанд ва маъқул донистани он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат дар хусуси гузаронидани гуфтушунидҳо бо шарикони рушд қарор қабул намуда, ҳайати намояндагони Ҳукуматро таҳти роҳбарии вазирн молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

108. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат дар асоси баррасии натиҷаҳои гуфтушунидҳо доир ба тастиқи натиҷаҳои гуфтушунидхо доир ба тастиқи натиҷаҳои онҳо ва баимзорасии созишнома, ки дар он тартиб ва шартҳои маблағгузорӣ ва дигар муқаррароти зарурӣ муайян карда мешаванд, қарор қабул менамояд.

109. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат барои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат ба имзо расонидани созишнома Вазири молия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ваколатро менамояд.

110. Тартиби гузоридани ташхиси ҳуқуқиӣ ва эътибор пайдо намудани созишнома ба расмиёти дар бандҳои 79 ва 80 Қоидаҳо баёнгардида монанд мебошад.

14. ТАРТИБИ ҶАЛБ ВА ИСТИФОДАИ ГРАНТҲО

111. Ҷалби грантҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳо сурат мегирад.

112. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи ваколатҳо худ барои тавассути грантҳо маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок, ки ба Номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар дохил карда шудаанд, гуфтушунидро бо шарикони рушд амалӣ ва ҳамоҳанг сохта, барои ин ташкилотҳои дахлдори давлатро ҷалб менамояд.

113. Дар ҳолати мароқ зоҳир намудани шарикони рушд барои маблағгузории лоиҳаи мушаххас, мақоми ваколтдори давлатӣ дар хусуси зарурати гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба таҳия, мувофиқи ва ба имзо расонидани созишномаҳо дар бораи пешниҳоди грант (минбаъд – созишномаи грантӣ) мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавии дахлдорро огоҳ месозад.

114. Ташаббускори лоиҳа, мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва мақоми ваколатдори минтақавӣ, бо дастгирии мақоми ваколатдори давлатӣ нисбати муайян намудани агентии иҷрояи, шартҳои татбиқи лоиҳа, таҳияи созишномаи грантӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии лоиҳавӣ бо шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд.

115. Дар ҳолати зарурӣ мақоми ваколатдори соҳавӣ ё мақоми ваколатдори минтақавии дахлдори минтақавии дахлдор масъалаи муайян намудани сахми худро дар татбиқи лоиҳа, ки асосан аз заҳираҳои ғайримоддӣ ва инсонӣ иборот аст, барасӣ менамояд.

116. Вазорати молия мақоми ваколатдори соҳавӣ, мақоми ваколатдори соҳавӣ, мақоми ваколатдори минтақавӣ ваё агентии иҷроия тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Ҳукумат бо шарикони рушд созишномаро дар бораи ҷалбу кӯмакҳои техникӣ ба имзо расонида, мутобиқи Қоидаҳо ва бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумоти дахлдор пешниҳод менамояд.

117. Вазорати молия ва дар ҳолати зарурӣ мақоми ваколатдори соҳавӣ тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Ҳукумат бо шарикони рушд созишномаро дар бораи ҷалби маблағҳои грантӣ ба имзо расонида, мутобиқи Қоидаҳо ва бо истифода аз низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумоти дахлдор пешниҳод менамояд.

118. Маблағҳои грантҳо аз ҷониби агентиҳои иҷроия мутобиқи шартҳои созишномаи грантӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

119. Мақоми ваколатдори давлатӣ қайди баҳисобгирии лоиҳаро дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна анҷом дода, мониторинги рафти татбиқи онро амалӣ мегардонад.

120. Баъд аз ба итмом расидани лоиҳаҳо агентиҳои иҷроия мутобиқи шартҳои созишномаи грантӣ ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли иншооти сохташуда ва арзишҳои моддию техникиро ба гирандагони кӯмак, таъмин месозанд.

121. На дертар аз се моҳи баъд аз санаи баитмомрасии лоиҳа нашуда бошад) агентии иҷроия арзёбии самаранокии лоиҳаҳоро анҷом дода, ҳисоботро дар бораи ба охир расидани лоиҳа таҳия менамояд, ки он ба мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми ваколатдори минтақавӣ ва шарикони рушд фиристода мешавад.

122. Дар баъзе ҳолатҳо, тибқи тартиби муқарраргардида ташкилотҳои байналмилалӣ агентии иҷроия оид ба татбиқи созишномаҳои грантӣ ба ҳисоб мераванд. Дар чунин ҳолат, мақоми ваколатдори марказӣ амалҳои зеринро анҷом медиҳад:

– мувофиқа намуданн лоиҳа бо афзалиятҳои миллӣ;

– таъмин намудани бақайдгирии лоиҳа дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна;

– шиносоӣ бо ҳисоботи фаъолияти лоиҳавӣ бо мақсади хамоҳангсозӣ.

15. ТАРТИБИ ҶАЛБ, ТАҚСИМ ВА ИСТИФОДАИ КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА

123. Мақоми дахлдори давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат ваколатдор гаштааст, ҳуқуқ дорад аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумат ба ҷомеаи байналмилалӣ давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар хусуси пешниҳод намудани кӯмаки башардӯстона муроҷиат намояд.

124. Бахисобгирӣ ва назорати истифодаи ҳамаи кумаки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо анҷом дода мешавад.

125. Воридоти доруворӣ, маҳсулоти таъиноти техникаи тиббӣ, ғизои тиббию профилактикӣ, маҳсулоти таъиноти санитарию гигиенӣ, иловагиҳои озуқавӣ, косметикаи муолиҷавӣ ба сифати кумаки башардӯстона аз ҷониби дарёфткунанда, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маводи дини дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ амалӣ мегардад.

126. Кумаки башардӯстонае, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти гумрук бо тартиби соддакардашуда ба расмият дароварда мешавад.

127. Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи захираҳои моддии давлатӣ барои қабул, интиқол, нигоҳдорӣ ва ҳифзи кумаки башардӯстонае, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ваколатдор мебошад.

128. Бо мақсади ҷуброни хароҷот вобаста ба қабул, интиқол, нигоҳдорӣ, ҳифз ва тақсими кумаки башардӯстона, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад мегардад, фурӯши на зиёда аз даҳ фоиз аз ҳаҷмм умумии кумаки воридгардида иҷозат дода мешавад.

129. Қабул ва тақсими кумаки таъҷилӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ сурат мегирад.

16. БАҚАЙДГИРИИ ПЕШНИҲОДҲОИ ЛОИҲАВӢ ВА ЛОИҲАҲОИ КУМАКИ БЕРУНА

130. Ҳамаи пешниҳодҳои лоиҳавӣ ва лоиҳаҳое, ки бо ҷалби кумаки беруна дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд, новобаста аз хусусият ва сарчашмаи маблағгузории он, ҳатман бояд аз қайди баҳисобгирии низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна (минбаъд – бақайдгирӣ) гузаронида шаванд.

131. Бақайдгирии пешниҳодҳои лоиҳавӣ дар асоси аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳавӣ ва ё мақоми ваколатдори минтақавӣ дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна пур кардани шакли электронии стандартии пешниҳоди лоиҳавӣ анҷом дода мешавад.

132. Бақайдгирии лоиҳаҳо бо роҳи аз ҷониби шарикони рушд, агентии иҷроия ва ё амаликунанда дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна пур кардани шакли электронии стандартии пешниҳоди лоиҳавӣ анҷом дода мешавад.

133. Барои бақайдгирии лоиҳа шарикони рушд, агентии иҷроия ва ё амаликунандаи лоиҳаи кумаки беруна на дертар аз сӣ рӯзи аз лаҳзаи ба имзо расидани ҳуҷҷати лоиҳавӣ (созишнома) дар низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна шакли электронии стандартии лоиҳаро дар асоси иттилооти дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ мавҷудбуда пур менамояд.

134. Баъд аз анҷом ёфтани лоиҳа шариколи рушд, агентии иҷроия ва ё амаликунанда дар муддати на дертар аз се моҳи пас аз лаҳзаи анҷоми лоиҳа, ба низоми итилоотии идоракунии кумаки беруна иттилооти ҷамъбастӣ, ҳисобот оид ба анҷом ёфтани лоиҳаро ворид менамояд ва ба он вазъи лоиҳаи анҷомёфта медиҳад.

17. ТАРТИБИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ САМАРАНОКИИ ИСТИФОДАИ КУМАКИ БЕРУНА

135. Мониторинг ва арзёбии самаранокии истифодабарии тамоми намудҳои кумаки беруна, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо ҷалби ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷӣ дир асоси маълумоти дар низоми иттилооти ндоракунии кумаки берунаи мавҷудбуда ва дигар иттилоотии иловагӣ сурат мегирад.

136. Бо мақсади амалисозии мониторинг ва арзёбии самаранокии лоиҳаҳои кумаки беруна мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳолати зарурӣ метавонад:

– аз агентиҳои иҷроия, амаликунанда ва/ё бенефитсиарҳо маълумоти иловагиро барои дар муҳлати муайян пешниҳод намудан, талаб намояд;

– иҷрои супоришҳои муштаракро дар маҳалли амали лоиҳаҳо барои таҳқиқи масъалаҳо оид ба самаранокии кумаки беруна ташкил мекунад;

– чораҳои дигарро оид ба мониторинг ва арзёбии барномаҳои кумаки беруна мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналммлалии эътирофнамудаи Тоҷикистон меандешад.

137. Барои мониторинги лоиҳаҳо ва созишномаҳое, ки аз ҳисоби кумаки беруна татбиқ мешаванд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби агентиҳои иҷроия ва/ё амаликунанда ва шарикони рушд аз рӯи намунаҳои тасдиқгарднда маълумоти зеринро пешниҳод мекунанд:

– маълумот дар бораи ҳамаи созишномаҳо оид ба лоиҳаҳои кумаки беруна, на дертар аз сӣ рӯз баъд аз лаҳзаи баимзорасонӣ;

– ҳисоботи семоҳа дар бораи рафти татбиқи лоиҳа (созишнома) на дертар аз санаи панҷуми моҳи пас аз давраи ҳисоботӣ;

– ҳисоботи нимсола ва солона оид ба рафти татбиқи лоиҳа (созишнома) на дертар аз санаи панҷуми моҳи пас аз давраи ҳисоботӣ.

138. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси маълумотҳои навкардаи шарикони рушд, агентиҳои иҷроия ва/ё амаликунанда, низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна, таҳлили ҷорӣ, арзёбии самаранокии ҷараёни татбиқ намудани лоиҳаҳоро анҷом медиҳад ва бо дархости Ҳукумат ҳисобот, маълумотнома ва ҳуҷҷатҳои дигари дахлдорро омода месозад.

139. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҷараёни навсозии низоми иттилоотии идоракунии кумаки берунаро ташкил ва ҳамоҳанг карда, дар ин асос ба ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор иттилои дахлдорро барои баланд бардоштани иттилоотнокии онҳо ва беҳтар кардани ҳамоҳангсозии раванди кумаки беруна, инчунин тавассути дар сомонаи расмии интернетии худ ҷойгир намудани он манзур менамояд.

140. Мақоми ваколатдори давлатӣ ба ташкилотҳои дахлдор барои гузаронидани арзёбии мустақили самаранокии барномаҳо ва лоиҳаҳои кумаки берунаи баанҷомрасида, бо дарназардошти таъсиррасонии онҳо ба амалмгардонии мақсадҳои дар барномаҳои афзалиятноки рушди кишвар ҷойдошта, мусоидат менамояд.

141. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини алоқамандии мониторинг ва арзёбии барномаву лоиҳаҳои кумаки беруна бо системаи милли мониторинг ва арзёби барои муайян кардани таъсири кумаки беруна ба раванди рушди миллӣ чораҳо меандешад.

Шарҳи худро гузоред

*

code