Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор гурӯҳи корӣ имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо усули «мактаб ба мактаб» бо хонандагону омӯзгорон мулоқотҳо доир гардида истодааст.
Санаи 12-уми ноябри соли 2025, гурӯҳи корӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ва Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №51 Ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо иштироки муовини раиси ноҳия Махфират Рашидзода, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфта шуд.
Зимни мулоқот муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” фаҳмонида шуданд.
Инчунин, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима гардиданд.
Миҳд ноҳияи Файзобод