РАИСИ НОҲИЯ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МТМУ РАҚАМИ 16 ШИНОС ГАРДИД

print

Санаи 8.06.2026, раиси ноҳияи Файзобод муҳтарам Каримзода Мансур чиҳати назорат аз раванди сохтмон Муассиаси таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 – и деҳаи Шерамон ба Ҷамоати деҳоти Меҳробод сафар карданд.
Зимни боздид нахуст масъулин оиди рафти корҳои сохтмонии муассиса ба раиси ноҳия маълумот доданд.
Муҳтарам Мансур Каримзода, пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмон ба масъулин суҳбат намуда, ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бунёд мегардад.
Маврид ба ёдоварист, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симни сафари корӣ (30.09.2025) ба ноҳия барои бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст дар деҳаи Шерамони Ҷамоати деҳоти Меҳробод санги асос гузошта буданд.
Муассисаи таълимӣ аз тарафи шахсияти ватандӯст ва соҳибкор Манучеҳр Каримзода бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида истодааст.
Раиси ноҳия бо соҳибкори ташаббускор барои иҷрои чунин амалҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуда, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ тавсияҳо доданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code