18 июни соли равон дар ноҳияи Файзобод таҳти роҳбарии Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” тариқи сайёр баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Зулфия Давлатзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолї, Насридинзода Рухшона, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илм, ШамсуллоХайруллозода, муовини вазири молия, Мадина Набизода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Каримзода Мансур, раиси ноҳияи Файзобод, Ҳамдулло Шарифзода, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, Махфират Рашидзода, муовини раиси ноҳияи Файзобод, Зебо Саидзода, муовини раиси ноҳияи Айнӣ, Насимҷон Ғоибзода, муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Шеравган Сатторов, менеҷери гурўҳи татбиқи лоиҳа, Абдулвоҳид Валиев, сармутахассис оид ба идокунии молиявии гурӯҳи татбиқи лоиҳа, Абдураҳим Шоев, муҳандис-сохтмончии гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва дигар намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳа натиҷагирӣ аз вазъи татбиқи он дар нимсолаи дуввуми соли 2025 ва нимсолаи якуми соли 2026, инчунин вазифагузориҳои минбаъда бобати дар сатҳи баланд амалӣ гардидани Лоиҳа дониста мешавад.
Ҷаласаи кориро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Дилрабо Мансурї бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ ва ҳолати татбиқи лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Зимни баргузории ҷаласа 3 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки он ҳам;
1. Маълумот оид ба татбиқи лоиҳа аз рӯи қисматҳои он
2. Оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустии ноҳияи таҷрибавии Шамсиддин Шоҳин ва ноҳияҳои нави таҷрибавӣ дар доираи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ Данғара, Дарвоз ва Айнӣ
3. Масъалаҳои ҷорӣ. Вазифагузориҳо дар асоси мушкилоти мавҷуда (гузориши намояндагони Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияњои Рашт, Шамсиддин Шоњин, Файзобод, Данғара, Дарвоз ва Айнӣ)
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа баромади Шеравган Сатторов, менеҷери гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмўї барои модар ва кўдак” оид ба амалисозии лоиҳа аз рӯйи қисматҳои он шунида шуд. Дар маърӯза вобаста ба ҳолати кунунии татбиқи лоиҳа маълумоти мухтасар ироа гардида, таъкид шуд, ки лоиҳа аз соли 2019 инҷониб дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардида, соли 2024 оид ба татбиқи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар раванди амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишнома ба имзо расида, минбаъд баҳри ҷорӣ намудани бозсозӣ дар низоми хизматрасонии тиббии ноҳияҳои дигар аз ҷумла Дарвоз, Данғара ва Айнӣ лоиҳаи маблағгузории иловагӣ ҷорӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки лоиҳа дар заминаи 4 ҳадафи асосӣ фаъолият менамояд, ки он ҳам;
1. Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба њифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа.
2. Такмил ва беҳтаркунии инфрасохтор ва таҷҳизот дар самти ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа.
3. Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соњаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоњдории саломатї нигаронидашуда дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа.
4. Идоракунии лоиҳа, мониторинг ва баҳодиҳӣ.
Дар идома зикр шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи лоиҳа тариқи сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар заминаи он ба табобату муоинаи босифат фаро гирифтани аҳолӣ аст.
То ҷое ба ҳамагон маълум аст, соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, Беморхонаи марказии дуошёна ва маркази ташхису табобатии сеошёнаро пас аз сохтмон ва навсозии биноҳои мавҷуда дар доираи татбиқи лоиҳа мавриди истифода қарор доданд.
Санаи 30 сентябри соли 2025 бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод 3 иншоот; Маркази ташхису табобатӣ иборат аз 3 ошёна, таъмиру навсозии Беморхонаи марказӣ ва шӯъбаи таваллуд иборат аз 2 ошёна мавриди истифодаи расмӣ қарор дода шуд, ки иншооти тандурустии ноҳияҳои зикршуда имрӯзҳо ба мардум хизатрасонии босифати тиббиро пешншиҳод карда истодаанд.
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ, ки он ҳам; сохтмони Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ мебошад 100% иҷро гардида, дар арафаи ифтитоҳи расмӣ қарор доранд.
Вобаста ба амалисозии лоиҳаи маблағгузории иловагӣ зикр шуд, ки маблағи умумии лоиҳаи мазкур 34, 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳа 4 октябри соли 2024 ба фаъолият оғоз намуда, анҷоми он 30 марти соли 2029 ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи амалигардонии лоиҳаи мазкӯр дар ноҳияи Данғара сохтмони шӯъбаи таваллуд дар масоҳати 6 200м2 бо иқтидори 80 кати бистарӣ ба нақша гирифта шуда, айни ҳол ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ бо ширкати ҶСК “ТГЭМ” шартнома ба маблаги 5 миллиону 335 ҳазору 885 доллари ИМА баста шуда, раванди корҳои сохтмонӣ идома доранд. Иҷроиши корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Данғара 15%-ро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Дарвоз Беморхонаи марказӣ дар масоҳати 5 356м2 бо маблағи 4 мл 820 ҳазору 400 доллари ИМА бо иқтидори 100 кати бистарӣ ва дар ноҳияи Айнӣ шӯъбаи таваллуд дар масоҳати 2 700м2 бо маблағи 2 мл 430 ҳазор доллари ИМА бо иқтидори 40 кати бистарӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар идомаи кори ҷаласа, вобаста ба мавзӯи “Рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустии ноҳияи таҷрибавии Шамсиддин Шоҳин ва ноҳияҳои нави таҷрибавӣ дар доираи лоиҳаи маблағгузории иловагӣ Данғара, Дарвоз ва Айнӣ” маърӯзаи Абдураҳим Шоев, муҳандис-сохмончии гурӯҳи татбиқи лоиҳа шунида шуд.
Дар баромад вобаста ба паҳлуҳои мухталиф аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа ва дастоварду мушкилоти дар он вуҷуддошта маълумот пешниҳод карда шуд. Зимни ироаи маърӯза таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” тариқи сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар заминаи он ба табобату муоинаи босифат фаро гирифтани аҳолӣ мебошад.
Дар баробари сохтмони иншооти тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, инчунин дар доираи амалигардонии лоиҳа азнавсозии инфрасохтор, сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази тиббӣ (кислород) ба инобат гирифта шудааст, ки иҷроиши корҳо дар 3 ноҳияи таҷрибавӣ пурра ба итмом расонида шудаанд.
Муҷаҳҳазсозии иншооти ноҳияҳои зикршуда бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ анҷом ёфтааст. Барои харидорӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти тиббиву маишӣ дар 3 ноҳияи зикршуда 7,1 миллион доллари ИМА маблағ харҷ гардид. Дар доираи маблағҳои сарфагардида аз рӯи дархост ва талабот дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Бонки Осиёии рушд дар умум 18 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ барои 6 ноҳияҳои таҷрибавӣ харидорӣ карда шуд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки дар доираи амалигардонии лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ноҳияи Данғара сохтмони шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 80 кати бистарӣ ба нақша гирифта шуда, айни ҳол ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ бо ширкати ҶСК “ТГЭМ” шартнома баста шуда, раванди корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Дар ноҳияи Дарвоз бошад сохтмони Беморхонаи марказӣ бо иқтидори 100 кати бистарӣ (аз ҷумла 20 кат барои беморони аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муроҷиаткунанда) ва дар ноҳияи Айнӣ сохтмони шӯъбаи таваллуд бо иқтидори 40 кати бистарӣ (инчунин 10 кат хобгоҳ барои занони ҳомила пеш аз таваллуд) ба нақша гирифта шудааст. Дар идомаи маърӯза аз мушкилот ва монеаҳои дар татбиқи лоиҳа вуҷуддошта ёдоварӣ гардида, зикр шуд, ки мавҷуд набудани мутахассисон ва ё набудани воҳиди кории мутахассис оид ба назорати шабакаҳои муҳандисӣ дар Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои таҷрибавӣ боиси бе назорат мондани иншооти ёрирасон ва ё фарсуда гардидани он мегардад. Бо ин мақсад ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба дар ин риштаҳои фаъолият зарур арзёбӣ карда мешавад. То сарҳади Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кашонидани хати барқи алоҳида ҳамоно мушкилоти ҳалпазир боқӣ мондааст.
Дар раванди баргузории ҷаласа аз рўйи қисмати сеюм гузориши муовинони раисони ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин ва Айнӣ пешниҳод гардид.
Дар рафти ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ таклиф ва пешниҳодот ироа гардида, инчунин ҳолати татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ ва хоссатан корҳои анҷомёфта дар дар нимсолаи дуввуми соли 2025 ва нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиёни он мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.
Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зикр дошт, ки бо мақсади муҳайё намудани шароити хуби корӣ ва мутобиқ ба талаботи мутахассисони муассисаҳои тандурустӣ бунёд шудани иншоот, зимни корҳои лоиҳакашӣ фикру андешаҳои роҳбарони ноҳияҳои таҷрибавӣ ва сартабибони муассисаҳои тиббӣ низ ба инобар гирифта шаванд.
Мансурӣ Дилрабо, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки баҳри бунёди муассисаҳои тандурустӣ ва харидории ҷаҷҳизоти тиббӣ маблағҳои зиёде сарфа шудаанд. Бо ин мақсад барои солиёни дароз истифода шудани онҳо, нигоҳдошти биноҳои навсохт, истифодаи мақсаднок ва дурусти таҷҳизоти тиббї назорати ҷиддӣ ва қатъиро талаб менамояд.
Дар фарҷоми кори ҷаласа бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо аъзоёни ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарорҳои дахлдор қабул намуданд.