БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МТМУ №24

print

Чанде пеш роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия аз раванди корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и деҳаи Сари сафедхоки Ҷамоати деҳоти Чашмасор боздид намуданд.
Зимни боздид нахуст масъулин оиди рафти корҳои сохтмонии муассиса ба роҳбарон маълумот доданд.
Бахтиёр Худоёрзода, пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмон ба масъулин суҳбат намуда, ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бунёд мегардад.

Шарҳи худро гузоред

*

code