БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ

print
Дар доираи бунёдкориҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва муовинони раис бо рафти корҳои сохтмонии толори варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 шинос гардиданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар толори варзишӣ бо маром идома дорад. Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо рафти корҳо ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланд, риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои боқимонда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ барои ҷалби ҷавонон, бахусус, хонандагон ба тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва таҳкими саломатии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шарҳи худро гузоред

*

code