ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Файзобод Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир гардид.
Чорабинии оммавии варзишӣ бо иштироки васеи сокинони ноҳия, намояндагони ташкилоту идораҳо, кормандони касбу кори гуногун ва намояндагони корхонаю муассисаҳо гузаронида шуд.
Раиси ноҳия муҳтарам Мансур Каримзода дар чорабинӣ иштирок ва баромад намуда иштирокдоронро ба фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид доштанд: “Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши варзишро дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим арзёбӣ намуда, онро яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб мешуморанд. Ҳамзамон, зикр карданд, ки чунин чорабиниҳои оммавӣ дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузоранд”.
Дар маъракаи Дави миллӣ беш аз 3000 сокини ноҳия иштирок дошта, ки аз онҳо 980 бонувон буд. Ҳайати иштирокиёни Дави миллӣ аз деҳаи Дубедаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон то маркази ноҳия марафонро оғоз намуда, дар се масофа 2 километр миёни духтарон, 3 ва 5 километр миёни писарон доир гардид.
Дар вазъи тантанавӣ ба ғолибону фаъолони марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ, барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар оммавӣ шудани варзиш медал, Диплом ва мукофотҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Шарҳи худро гузоред

*

code