ФАЙЗОБОД: ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

print
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2026 доир шуд. Дар он роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода иштирон намуд.
Раиси ноҳия Мансур Каримзода, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, итилоъ дод, ки дар он роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини аввали раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҳузур доштанд. Муовини аввали раиси ноҳия Аскар Саидзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар 6 моҳаи соли 2026 гузориш дод.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо раиси ноҳия барои ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангу либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, риояи структураи кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, самаранок истифода бурдани неруи барқ ва фаҳмондани он миёни аҳоли ба муовинони раиси ноҳия ва масуълону роҳбарони фаъолон супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, бо боварӣ таъкид гардид, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самту соҳаҳо дастовардҳои ноҳия рӯз аз рӯз афзун хоҳанд шуд ва мардуми меҳнатқарини ноҳияи Файзобод ҷашнҳои фархундаи миллиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва сипосгузорӣ аз фазои сулҳу субот ва озодиву ободии кишвар истиқбол хоҳанд гирифт.
Ҳамзамон, аз тарафи роҳбарияти ноҳия баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор пешвоз намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дода шуданд. Ҷаласа бо тарҳрезии нақшаҳои нав барои давраи минбаъда ба анҷом расид.

Шарҳи худро гузоред

*

code