ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲАИ БОҒИ МИРӢ

print

Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Боғи мирии Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев майдончаи варзиши маврида истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳ он роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия иштирок намуданд.
Майдончаи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохта шудааст.
Сохтмони чунин иншооти варзишӣ на танҳо шароити беҳтар барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим фароҳам меорад, балки ба ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, хусусан футбол, мусоидат менамояд.
Зимни суханронӣ раиси ноҳия иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар ҳама гӯшаву канори кишвар чунин иншоотҳои варзишӣ бунёд гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо солимгардонии ҷомеа ва рушди неруи зеҳниву ҷисмонии насли наврасу ҷавон мебошад.

Шарҳи худро гузоред

*

code