ОҒОЗИ КУШОДАШАВИИ БАСТИ АВВАЛИ ИСТИРОҲАТГОҲИ “ДУРАХШОН”

print

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таълиму тарбия ва истироҳату фароғати кӯдакону наврасон таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Ҳамасола дар мавсими тобистон бо фарорасии таътили мактаббачагон баҳри дилхушиву фароғати онҳо бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, лагерҳои истироҳатӣ ташкил мешаванд.
Имрӯз бо иштиорки раиси роҳия муҳтарам Мансур Каримзода, муовинони раиси ноҳия, мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва омӯзгорону мураббиён истироҳатгоҳи тобистонаи “Дурахшон”- и Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳия оғоз бахшиданд.
Маврид ба зикр аст, ки басти аввал шуъру аз 3 июли то 17 июли идома ёфта дар он айни замон беш аз 130 кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудааст.
Дар оғози кушодашавии истироҳатгоҳи тобистонаи “Дурахшон” раиси ноҳия баромад намуда, истироҳаткунандагонро хушомадед гуфта ба онҳо истироҳати хубу хотирмон таманно намуданд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати руҳбаланд кардани истироҳаткунандагон, инчунин, хуш гузарондани мавсими тобистон аз тарафи раиси ноҳия ба онҳо, туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Боиси зикр аст, ки дар истироҳатгоҳи мазкур ҳуҷраҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаи варзиш, ҳавзи шиноварӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ буда, инчунин, баҳри босамар гузаштани вақти онҳо баргузории бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва ташкили барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Боиси тазаккур аст, ки айни ҳол рӯзҳои истироҳатии кӯдакону наврасони ноҳия низ дар фазои ободу озоди Ватани маҳбубамон идома дорад.
Ҳамчунин, дар охири кушодашавии истироҳатгоҳ намоиши фарҳангии кӯдакону наврасон ба намоиш гузошта шуд.

Шарҳи худро гузоред

*

code