Имрӯз пули мошингузари деҳаи Ҷонварсӯзи Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев баъди азнавсозӣ ва таъмир ба истифода дода шуд.
Қобили зикр аст, ки корҳои таъмиру навсозии ин пул бо дастгирии сокинони ҳудуди Ҷамоат, шахсони саховатпеша ва шахсони масъул амалӣ гардида, намунаи олии ҳамбастагӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Ин иқдоми нек боз як қадами устувор дар роҳи ободонии деҳот ва беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ба ҳисоб меравад.