Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат

print

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои қаблан додашуда дар масъалаҳои ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла сӯхтор, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани меваю сабзавот ва содироти он шуниданд ва оид ба масъалаҳои зикршуда супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, аз раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои номбурда талаб намуданд, ки омодагӣ ба тирамоҳу зимистони дарпешистода, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёду таъмири муассисаҳои таълимию тиббӣ дар деҳоти дурдаст, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави хониш, сафарбар намудани мардум ба ин корҳо ва ҳарчи бештар муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ таъмин карда шавад.

Шарҳи худро гузоред

*

code