ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ

print
Имрӯз бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва дигар шахсони расмӣ дар боғи фарҳангии ба номи Бозор Собир 29-умин согарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса Ҷашн гирифта шуд. Зимни чорабинии мазкур раиси ноҳия Мансур Каримзода баромад намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба Ҷашни 29 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, зикр намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.
Ҳамчунин, раиси ноҳия зикр карданд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бистушашҷумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва руҳияи баланди ватандӯстию ифтихори миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда истоданд.
Барои расидан ба сулҳу оштӣ ва ин рӯзи мубораку фархунда халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ва дурандешию таҳамулпазирии Сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.
Дар охир чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ баргузор гардид.

Шарҳи худро гузоред

*

code