ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар остонаи 25-умин солгарди яке аз санаҳои муҳими ҳаёти мамлакат – Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор доранд, барои ободию осоиштагии кишвар ва боз ҳам беҳтар намудани зиндагии хеш ҷаҳду талош меварзанд.
Мутаассифона, дар чунин шароит ҳам як зумра афроди сустиродаву кӯтоҳандеш бо дасисаву ормонҳои бепояи хоинони Ватан, ки ғайр аз ҳангоматалабию мансабталошӣ андешаи дигаре надоранд, дода шуда, вазъи хуши ҳаёти ин ё он гӯшаи диёрро ноором карданӣ мешаванд.
Вале онҳо бехабар аз онанд, ки имрӯз сокинони мамлакат пас аз 30 соли зиндагии озоду осоишта, чашидани шаҳди ваҳдату оромӣ, осудагию ватандорӣ барин неъматҳои волои зиндагӣ фирефтаи дасисаву мақсадҳои нопоки онҳо нахоҳанд шуд.
Пас аз тамошои филми “Шикасти фитна”, ки муҳтаво ва натиҷаҳои ҳодисаҳои дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шудагузаштаро нишон медиҳад, ҳар як фарди солимақл ба хулосае меояд, ки ҳанӯз ҳам душманони миллату хоинони Ватан аз мақсадҳои нопоки хеш даст накашидаанд ва ба хосту тавсияҳои хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд бо истифода аз эҳсоси ҷавонони ноогоҳ пайи амалисозии мақсадҳои нопоки доштаашон талош намоянд.
Ин хоинони Ватан, ки дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурдаанд ва пешравию дастовардҳои кишварро нодида мегиранд ё дидан намехоҳанд, наметавонанд дарк намоянд, ки имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат аз дастгирию ҳимояи сокинони кишвар пурра бархурдор аст ва сиёсати ояндасози Роҳбарияти олии кишвар, Ҳукумати мамлакат дар тамоми қаламрави Тоҷикистон дастгирию пуштибонӣ меёбад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ чун як пораи тани Тоҷикистони биҳиштосо аз ин истисно набуда, мардуми шарифу боҳиммати он дар маҷмуъ бо дастгирию қаноатмандӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри ободию осоиштагии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд. Ҳамин дастгирию қаноатмандии мардуми шарифи Бадахшон буд, ки ин дафъа низ тири хоинони миллат ва фирефтагонашон чун Холбаш Холбашев, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирову Улфатхоним Мамадшоева хок хӯрд ва рафтори онҳо аз ҷониби сокинони боҳиммати вилояту ҷумҳурӣ маҳкум гардид.
Бале, хоинони миллат бояд аз ёд набароранд:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
А. Азизов,
Раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод