РОҲБАРИ “АДИБОНИ ҶАВОН” ИНТИХОБ ШУД   

print

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо ибтикори  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод дар назди бахш маҳфили “Адибони ҷавон”  таъсис ëфта буд.
Санам Боева,  роҳбари ин маҳфил интихоб шуд, ёдовар мешавем, ки ӯ дорои муаллифи ду  китоб “Орзуи деромада” ва “Падидаҳои  нав” мебошад.
Роҳбари маҳфили “Адибони ҷавон” зикр намуд, ки имрӯзҳо маҳфил дар як ҳафта ду маротиба  рӯзҳои “сешанбе” ва “шанбе” бо иштироки наздик ба 30 нафар наврасону ҷавонони фаъоли ноҳия, ки истеъдоди баланди навиштани шеър, ғазал, ҳикоя, чистон, рӯбоӣ ва дигар  маҳорати эҷодиро доранд, дар бинои бахши кор бо ҷавонон ва варзши ноҳия доир мегардад.
Бояд гуфт, ки то имрӯз 10 маротиба  зери роҳбари Санам Боева, маҳфили “Адибони ҷавон”гузаронида шуд, ки дар он иштирокдорон бо маҳорати шогирдонаи худ баромад намуданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки бо мақсади сайқал додани истеъдоди эҷодию нависандагии наврасону ҷавонони ноҳия минбаъд дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод маҳфили “Адибони ҷавонон” фаъолят хоҳад кард. Мақсад аз ташкил намудани чунин маҳфилҳо ҷалби бештари наварасони ҷавонон ба шеър, ғазал, ҳикоя, чистон ва дарёфти чеҳраҳои нав мебошад.

Умуд аст, ки дар оянда ин маҳфил бо ҷалби бештари наврасону ҷавонони  ноҳия доир гардида, дар  он эҷодкорони нав ба нав рӯи кор хоҳад омад.        

 

Шарҳи худро гузоред

*

code