Созишномаҳои грантӣ, қарзӣ, дастгирӣ ва лоиҳавӣ барои маблағгузории лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод” ба имзо расид
11 марти соли равон дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ноҳияи Файзобод, Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ноҳияи Файзобод ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод” ба имзо расонида шуд.
Мақсади асосии лоиҳа ин барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии ноҳия ба оби ошомиданӣ, инчунин, баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи мазкур мебошад.
Бояд гуфт, ки арзиши умумии лоиҳа 4,4 млн евроро ташкил медиҳад, ки аз он 1,8 млн евро қарзи имтиёзноки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва 2,6 млн евро гранти Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария мебошад. Ҳамчунин, 0,8 млн евро кумаки техникӣ пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи мазкур аз соли 2021 оғоз гардида, муҳлати ниҳоии татбиқи он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.