Кодекси андози ҶТ (тоҷикӣ) таҳрири 19.07.2019
Муқаррароти қисми 2 моддаи 181 аз 1.01.2019 мавриди амал қарор дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 1644)
КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №9, мод. 838; с. 2013, №12, мод. 889, 890; с. 2015, №3, мод. 210, №11, мод. 965, мод. 966; с. 2016, №3, мод. 150, №11, мод. 883; с. 2017, №1-2, мод. 21, №5, қ.1, мод. 280; с. 2018, № 2, мод. 66, мод. 67, №7-8, мод. 529; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, № 1620)
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1045, № 1046, аз 18.03.2015 № 1188, аз 23.11.2015 № 1244, № 1245, аз 15.03.2016 № 1297, аз 14.11.2016 № 1367, аз 24.02.2017 № 1398, аз 30.05.2017 № 1423, аз 21.02.2018 № 1510, № 1511, аз 3.08.2018 № 1546, аз 4.04.2019 № 1599, аз 20.06.2019 № 1620, аз 19.07.2019 № 1644)
ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Кодекси мазкур танзим менамояд
- Кодекси мазкур муносибатҳои омиронаро оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро (агенти андозро) вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз (минбаъд – муносибатҳои андозӣ) танзим менамояд.
- Муносибатҳои вобаста ба ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз молҳо ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда бо Кодекси мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
- Муносибатҳои вобаста ба ситонидани боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет бо қонунҳои дахлдор ва Кодекси мазкур ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он
- Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулшуда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки муносибатҳои андозиро ба танзим медароранд, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Мафҳумҳо ва истилоҳоти қонунгузории гражданӣ, оилавӣ ва соҳаҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд, бо ҳамон маъное татбиқ мегарданд, ки дар ҳамин соҳаҳои қонунгузорӣ истифода мешаванд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
- Дар ҳолати мухолифат байни муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсадҳои андозбандӣ муқаррароти Кодекси мазкур истифода бурда мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои андозбандиро дар бар мегиранд, бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқат намоянд.
- Ба қонунгузории ғайриандозӣ ворид намудани муқаррарот оид ба муносибатҳои андозӣ манъ аст, ба истиснои:
– муқаррарот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки бо қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ пешбинӣ шудаанд;
– муқаррарот оид ба ҷиноятҳои соҳаи андоз, ки бо қонунгузории ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд;
– муқаррарот оид ба афзалияти ӯҳдадориҳои андоз, ки бо қонунгузорӣ оид ба муфлисшавӣ пешбинӣ шудаанд;
– муқаррарот оид ба андоз, ки бо қонунгузории гумрук пешбинӣ шудаанд;
– муқаррароте, ки бо қонунгузорӣ оид ба боҷи давлатӣ пешбинӣ шудаанд;
– муқаррароте, ки бо қонунгузорӣ дар бораи буҷети давлатӣ барои соли тақвимии дахлдор пешбинӣ шудаанд;
– муқаррароте, ки бо қонунгузорӣ дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет пешбинӣ шудаанд;
– муқаррарот оид ба андозҳое, ки бо созишномаҳои сармоягузорӣ, консессионӣ ва қарзӣ (грантӣ), инчунин бо дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пешбинишуда, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд;
- Барои давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатию консулгарии давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва кормандони дипломатию консулии онҳо, инчунин намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони онҳо ва аъзои оилаи шахсони дар боло номбаршуда озод намудан аз андозҳо ва истифодаи дигар имтиёзҳои мутобиқи Кодекси мазкур пешниҳодшаванда ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинишуда, тибқи расмиёти муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
- Имтиёзҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар бораи пешгирии андозбандии дукарата нисбат ба резиденти давлати хориҷӣ татбиқ намегарданд, агар ин резидентро дигар шахсе, ки резиденти чунин давлат нест, барои ба даст овардани имтиёзҳо истифода барад.
Моддаи 2(1). Тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андоз
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511)
- Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд, шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд ва (ё) барои ҳуқуқвайронкунии андоз ҷавобгариро муқаррар мекунанд, уҳдадории нави андозсупорандагон ва иштирокчиёни дигари муносибатҳоеро, ки қонунгузории андоз танзим менамояд, муайян мекунанд, қувваи бозгашт надоранд.
- Ба санадҳои қонунгузории андоз, ки ҷавобгарӣ ва (ё) уҳдадориро оид ба вайрон кардани қонунгузории андоз бартараф ё сабуктар мегардонанд ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои андозсупорандагон, агентони андоз ва намояндагони онҳо кафолати иловагиро пешбинӣ менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст қувваи бозгашт дода шавад.
- Санади меъёрии ҳуқуқие, ки муқаррар ё пурзӯр намудани ҷавобгарии ҳуқуқиро дар соҳаи андоз пешбинӣ менамояд, андозҳои навро муқаррар мекунад ва (ё) шароити андозсупорандагонро вазнин менамояд, баъд аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад, агар дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳолати дигар муқаррар нашуда бошад.
- Дар сурати вуҷуд доштани духӯрагӣ ва (ё) ихтилофот байни муқаррароти Кодекси мазкур ва (ё) мавҷуд набудани муқаррароти зарурӣ (норасоӣ) ҷиҳати танзими муносибатҳои андозӣ, мақомоти андоз ва (ё) суд ба фоидаи андозсупоранда қарор қабул менамоянд.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми духӯрагӣ ва (ё) ихтилофот байни муқаррароти Кодекси мазкур гуногунфаҳмии меъёрҳо ва (ё) вуҷуд доштани ду ё якчанд муқаррарот фаҳмида мешавад, ки аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа ба ҳам мухолиф мебошанд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
Моддаи 3. Тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳо
- Муқаррар намудани андозҳои нав, тағйир додан ва ё бекор кардани андозҳои муқарраркардашуда танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур ва (ё) ба қонунгузории дар қисми 4 моддаи 2 Кодекси мазкур муқарраршуда дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
- Ҳангоми муқаррар намудани андозҳо бояд ҳамаи унсурҳои андозбандӣ муайян карда шаванд.
- Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти давлатии дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 4. Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи муносибатҳои андозии дар Кодекси мазкур пешбинишуда ва андешидани тадбирҳои таъмини пардохти андозҳо, инчунин сохтори ташкилии мақомоти андоз ва шаклҳои ташкилии онҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, шаклу усулҳои назорати андоз ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андозро дар бар мегирад.
Моддаи 5. Принсипҳои системаи андоз
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ҳамаи намуди андозҳоро, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст ва мутобиқи Кодекси мазкур нисбат ба онҳо андозсупоранда мебошанд, супоранд.
- Ба зиммаи шахс гузоштани ӯҳдадорӣ оид ба пардохт намудани андозҳои дар Кодекси мазкур пешбининашуда манъ аст.
- Андозе, ки мутобиқи Кодекси мазкур ҳисоб карда шудааст, аз ӯҳдадории пулӣ дар назди давлат иборат буда, бояд ба буҷети давлатӣ пардохт карда шавад.
- Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд танҳо андозҳои маҳаллии муқаррарнамудаи Кодекси мазкурро ҷорӣ намоянд.
Моддаи 6. Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд. Дар ҳолатҳои дахлдор тибқи тартибе, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, андозсупорандагон низоми андозбандии махсус ё имтиёзнокро истифода мебаранд.
- Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:
– андоз аз даромад;
– андоз аз фоида;
– андоз аз арзиши иловашуда;
– аксизҳо;
– андози иҷтимоӣ;
– андозҳо барои захираҳои табиӣ;
– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
– андоз аз фурӯши алюминийи аввалия (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Ба андозҳои маҳаллие, ки бо Кодекси мазкур муқаррар шуда, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди амал қарор дода мешаванд, инҳо дохил мешаванд:
– андоз аз воситаҳои нақлиёт;
– андозҳо аз молу мулки ғайриманқул.
- Дар фасли XVI Кодекси мазкур низомҳои махсуси андозбандӣ муқаррар карда шудаанд, ки тибқи онҳо категорияҳои алоҳидаи андозсупорандагон ӯҳдадоранд баъзе андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллии дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда нишондодашударо тибқи тартиби соддакардашуда супоранд.
- Ба низомҳои махсуси андозбандӣ инҳо дохил мешаванд:
– низоми андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд;
– низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;
– низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона);
– низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ.
- Дар фасли XVII Кодекси мазкур низомҳои имтиёзноки андозбандӣ муқаррар карда шудаанд, ки барои ҷалби сармоя ва дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт додани имтиёзҳои андозии иловагиро пешбинӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Боҷи давлатӣ, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки тибқи қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, дар ҳаҷм ва бо тартибе пардохт карда мешаванд, ки қонунгузории зикргардида ва Кодекси мазкур муқаррар намудаанд. Расмиёти маъмурӣ оид ба назорати андоз аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдор ва мақомоти андоз ҷиҳати дуруст ҳисоб ва пардохт намудани онҳо тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории дахлдор амалӣ карда мешавад.
- Маблағҳо аз андозҳои умумидавлатӣ тибқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ тақсим карда мешаванд. Пардохтҳо аз рӯи андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ ворид мешаванд.
- Ҷамъоварии андозҳои дар қисми махсуси Кодекси мазкур муқарраргардида аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда мешавад, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
БОБИ 2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
Моддаи 7. Андоз
- Андоз пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба буҷет ба ҳисоб рафта, ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад.
- Андозҳо бо воҳиди пулӣ ҳисоб карда шуда, бо пули миллӣ пардохт мешаванд, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Моддаи 8. Фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ
- Барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти мустақиле дониста мешавад, ки таҳти таваккали худи шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бояд ба ҳамин сифат ба қайди давлатӣ гирифта шаванд, амалӣ карда мешавад ва барои ба даст овардани фоидаи (даромади, ҷуброни) мунтазам аз истифодаи молу мулк, фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ равона гардидааст.
- Намудҳои зерини фаъолият ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешаванд:
– фаъолияти тамоми зинаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки мустақиман бо амалӣ намудани ваколатҳои ба онҳо вогузоркардашудаи давлатӣ алоқаманд мебошанд;
– фаъолияти эҳсонкорӣ;
– фаъолияти динӣ;
– фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
– фаъолияти муассисаҳое, ки аз ҳисоби муассис маблағгузорӣ карда мешаванд;
– аз ҷониби шахсони воқеӣ иҷро гардидани кори кироя.
- Барои мақсадҳои андозбандӣ амалӣ намудани намудҳои зерини фаъолият аз ҷониби шахси воқеӣ, муассисаи аз ҳисоби муассис маблағгузоришаванда ва (ё) ташкилоти ғайритиҷоратӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намешавад, ба шарте ки ин фаъолият барои шахси онро амаликунанда фаъолияти асосӣ набошад:
– ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ дар ташкилотҳои қарзӣ;
– ба иҷора додани молу мулки манқул ва (ё) ғайриманқул;
– додани молу мулк ба идоракунии боэътимод;
– харидан (фурӯхтан) ё ба дигар шахс додани ҳисса дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ ё коғазҳои қиматноки он;
– харидан (фурӯхтан) ё ба дигар шахс додани вомбаргҳо ё ҳама гуна векселҳои дигар;
– харидан (фурӯхтан) ё ба дигар шахс додани саҳм дар фонди ҳиссавии сармоягузорӣ ва (ё) ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳама гуна ҳуқуқҳои шабеҳи ба фурӯшанда тааллуқдошта;
– кори кирояи дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) хусусияти граждании ҳуқуқидошта ё ин ки бе шартномаҳо (қарордодҳо) амалишаванда.
- Дар он қисме, ки шахсони анҷомдиҳандаи фаъолияти дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд, фаъолияти соҳибкории чунин шахсон бояд андозбандӣ гардад, дороиҳо ва фаъолияти онҳо, ки бевосита ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманданд, бояд дар алоҳидагӣ (ҷудо аз фаъолияти асосӣ) ба ҳисоб гирифта шаванд.
- Фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, ки қисми маблағҳои махсусашон дар ҳаҷм ва бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба буҷет ситонида мешавад, фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намешавад, агар қонунгузорӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Моддаи 9. Кори кироя
- Барои мақсадҳои Кодекси мазкур мафҳуми “кори кироя” маънои зеринро дорад:
– аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро шудани ӯҳдадориҳо дар доираи муносибатҳои тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ё дар соҳаи хизмати давлатӣ танзимшаванда;
– аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро шудани ӯҳдадориҳое, ки бевосита ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва (ё) мақомоти (муассисаҳои) ба онҳо баробаркардашуда алоқаманданд;
– кори шахси воқеӣ дар мансаби роҳбарикунандаи корхона ё ташкилот.
- Шахси воқеие, ки кори кирояро иҷро карда буд, иҷро карда истодааст ё минбаъд иҷро мекунад, дар Кодекси мазкур “корманд” номида мешавад. Шахсе, ки ҳаққи хизматрасонии чунин шахсро мепардозад “корфармо”ва чунин пардохт “музди меҳнат”номида мешавад.
- Барои мақсадҳои Кодекси мазкур ҷои кори асосии корманд ҷои коре ҳисобида мешавад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат корфармо ӯҳдадор аст аз рӯи он дафтарчаи меҳнатии кормандро пеш барад.
Моддаи 10. Фаъолияти эҳсонкорӣ
- Фаъолияти эҳсонкорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ”амалӣ карда мешавад.
- Барои мақсадҳои андозбандӣ расонидани кӯмак (дастгирӣ) ба шахсон фаъолияти эҳсонкорӣ ба ҳисоб намеравад, агар яке аз шартҳои зерин ҷой дошта бошад:
– шахси қабулкунандаи чунин кӯмак (дастгирӣ) дар назди шахси кӯмакрасон ӯҳдадории дорои хусусияти молумулкӣ ё ғайримолумулкиро қабул кунад (ба истиснои ӯҳдадориҳои истифодаи мақсадноки маблағ ё молу мулки гирифташуда);
– шахси кӯмакгиранда (дастгириёбанда) ва шахси кӯмакрасон (дастгирикунанда) шахсони мутақобилан вобаста ҳисобида шаванд;
– агар чунин кӯмак (дастгирӣ) ба ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои иштирок дар ҳама гуна маъракаҳои интихоботӣ расонида шавад.
Моддаи 11. Шахсони воқеӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳо
- Шахси воқеие, ки дар давоми ҳар давраи 12-моҳаи пай дар пай гузаранда, ки дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ ба охир мерасад, дар ҳақиқат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 182 рӯз қарор дошта бошад, аз рӯзи 183-юм барои соли ҷории тақвимӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – резидент) ба ҳисоб меравад. Агар чунин шахси воқеӣ дар соли гузаштаи тақвимӣ резидент ба ҳисоб рафта бошад, пас он аз 1 январи соли ҷорӣ низ резидент ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Шахси воқеие, ки дар давоми ҳамин соли тақвимии ҷорӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ, новобаста ба давомнокии чунин хизмат, резидент ба ҳисоб меравад.
- Шахсони воқеие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, шахсони воқеие, ки барои қабул шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза додаанд, сарфи назар аз мӯҳлати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон ва дигар омилҳои муайяннамудаи ҳамин модда, ҳамчун шахсони воқеӣ-резидентон эътироф мешаванд, аз ҷумла:
– аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ба сафари хизматӣ фиристодашуда, аз ҷумла кормандони дипломатию консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ё байниҳукуматӣ, инчунин аъзои оилаи шахсони воқеии зикргардида;
– аъзои экипажҳои воситаҳои нақлиётии ба шахсони ҳуқуқӣ ё шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта, ки ҳамлу нақли байналмилалиро анҷом медиҳанд;
– хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии пойгоҳҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гурӯҳҳо, қисмҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд;
– шахсоне, ки дар объектҳои воқеъ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё резидентҳо ё субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (аз ҷумла дар асоси шартномаҳои консессионӣ), кор мекунанд;
– хонандагон, донишҷӯён, коромӯзон ва таҷрибаомӯзон, ки бо мақсади таҳсил ва коромӯзӣ дар давоми тамоми мӯҳлати таълим ва коромӯзӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;
– муаллимон ва кормандони илмӣ, ки бо мақсади таълимдиҳӣ, машварат ё иҷрои корҳои илмӣ дар давоми тамоми мӯҳлати таълим ё иҷрои корҳои номбаршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
- Барои мақсадҳои қисми 1 ҳамин модда вақте, ки дар давоми он шахси воқеии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, вақти воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан ба ҳисоб намеравад, агар чунин шахс:
– ба сифати шахси дорои мақоми дипломатӣ ё консулӣ (ё узви оилаи чунин шахс) қарор дошта бошад;
– ба сифати корманди ташкилоти байналмилалӣ ё ба сифати шахсе, ки дар хизмати давлатии кишвари хориҷӣ кор мекунад (ё аъзои оилаи чунин шахс) қарор дошта бошад;
– танҳо барои гузаштан аз як давлати хориҷӣ ба давлати хориҷии дигар тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад.
- Ҳар рӯзе, ки дар давоми он шахси воқеӣ ҳақиқатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, сарфи назар аз давомнокии қарор доштанаш, рӯзи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан ҳисобида мешавад.
- Шахси воқеие, ки мутобиқи ҳамин модда резидент намебошад, ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
- Шахси воқеӣ дар давраи аз рӯзи охирини ҳамин соли тақвимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш то охири ҳамин соли тақвимӣ ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ғайрирезидент) ба ҳисоб меравад, агар чунин шахс бевосита дар соли минбаъдаи тақвимӣ ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
- Мақоми резидент ва ғайрирезидент нисбат ба шахси воқеӣ барои ҳар соли тақвимӣ муайян карда мешавад.
- Шахси воқеие, ки ғайрирезидент эътироф мешавад, ӯҳдадор аст, ки ба агенти андоз ё мақомоти андози маҳалли будубош (истиқомат) на дертар аз рӯзи гирифтани даромад ё лаҳзаи пешниҳод кардани ҳисоботи андоз ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ ё шахси бешаҳрванд дар давлати хориҷӣ будани ин шахс;
– тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият (шиноснома) ба забони давлатӣ.
Моддаи 12. Муассисаи доимии ғайрирезидент (корхонаи хориҷӣ ё шахси воқеии ғайрирезидент)
- Таҳти мафҳуми муассисаи доимии ғайрирезидент (корхонаи хориҷӣ ё шахси воқеии ғайрирезидент) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдмуассисаи доимӣ), агар ҳамин модда тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, маҳалли доимие фаҳмида мешавад, ки тавассути он ғайрирезидент фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла фаъолияти тавассути шахси ваколатдор иҷрошавандаро пурра ё қисман анҷом медиҳад.
- Муассисаҳои доимӣ, аз ҷумла инҳо ба ҳисоб мераванд:
– ҳар маҳалли амалӣ намудани фаъолияти марбут ба истеҳсол, коркард, ҷамъу такмил (комплекткунӣ), бастабандӣ (фасовка), борбандӣ ва таҳвили мол, новобаста ба мӯҳлати иҷрои чунин фаъолият;
– ҳар маҳалли идоракунии ғайрирезидент (аз ҷумла филиал, шӯъба, намояндагӣ, бюро, идора, офис, ҳуҷраи корӣ, агентӣ, фабрика, устохона, сех, лаборатория, мағоза, анбор), новобаста ба мӯҳлати иҷрои чунин фаъолият;
– ҳар маҳалли фаъолият, аз ҷумла дастгоҳ ё майдонча, таҷҳизоти пармакунӣ ё дигар таҷҳизоти барои ҷустуҷӯи захираҳои табиӣ истифодашаванда, кон, чоҳи нафт ва (ё) газ, карер, манораҳои рӯизаминӣ ё рӯиобӣ ва (ё) чоҳҳо, новобаста ба мӯҳлати иҷрои чунин фаъолият;
– ҳар маҳалли фаъолияти (аз ҷумла фаъолияти назоратию нозиротӣ ё мушоҳидакунӣ) вобаста ба қубургузорҳо, қубурҳои газу нафт, ҷустуҷӯ ва (ё) коркарди захираҳои табиӣ, насб, васл, ҷамъкунӣ, танзим, баистифодадиҳӣ ва (ё) хизматрасонии таҷҳизот, новобаста ба мӯҳлати иҷрои чунин фаъолият;
– ҳар маҳалли дигари фаъолияти вобаста ба истифодаи автоматҳои бозӣ (аз ҷумла воситаҳои иловагии онҳо), шабакаҳои компютерӣ ва алоқа, аттраксионҳо, инфрасохтори нақлиётӣ ва ғайра, новобаста ба давомнокии истифодабарии онҳо;
– пойгоҳи доимие, ки шахси воқеии ғайрирезидент барои иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебарад.
- Майдончаи (объекти) сохтмонӣ, объекти васл ё ҷамъкунӣ, иҷрои фаъолияти назоратӣ вобаста ба чунин объектҳо, гузаронидани корҳои лоиҳакашӣ, новобаста ба давомнокии иҷрои ин корҳо, муассисаи доимиро ташкил мекунанд. Барои мақсадҳои ҳамин модда таҳти мафҳуми майдончаи (объекти) сохтмонӣ, аз ҷумла маҳалли фаъолият оид ба бунёд ва (ё) таҷдиди объектҳои ғайриманқул, аз ҷумла сохтмони биноҳо, иншоот ва (ё) иҷрои корҳои васлкунӣ, сохтмон ва (ё) таҷдиди пулҳо, роҳҳо, каналҳо, гузоштани қубурҳо, васли таҷҳизоти барқӣ, технологӣ ё дигар таҷҳизот ва (ё) иҷрои корҳои дигари шабеҳ дар назар дошта мешавад. Майдончаи (объекти) сохтмонӣ аз рӯзи дуюми баъд аз рӯзи имзо шудани санади қабули давлатии объект барои истифодабарӣ (ҳаҷми корҳои иҷрошуда) ва пардохти пурраи арзиши сохтмон қатъгардида эътироф мешавад.
- Ғайрирезидент ҳамчунин дорои муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, агар:
– тавассути агенти ваколатдор ҷамъоварии подоши суғуртавӣ ва (ё) суғуртакунӣ ё аз нав суғуртакунии таваккалро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад;
– тавассути кормандон ё ҳайати кормандони барои ин мақсадҳо кирояшуда зиёда аз 90 рӯзи тақвимӣ дар тамоми давраи муттасили дувоздаҳмоҳае, ки дар ҳамин давраи андоз хотима меёбад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста хизмат расонад;
– иштирокчии шартномаи фаъолияти якҷоя (ширкати оддӣ) бошад, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кунад;
– дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳҳои пулакӣ гузаронад ва (ё) дар ин намоишгоҳҳо таҳвили (фурӯши) молро анҷом диҳад;
– дар асоси муносибатҳои шартномавӣ ба резидент ё ғайрирезидент ҳуқуқи манфиатҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардан, аз номи ӯ амал намудан ва ё қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) бастанро диҳад.
- Танаффусҳои муваққатӣ ё мавсимӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти дар ҳамин модда пешбинишуда боиси барҳам додани муассисаи доимӣ намегарданд.
- Ғайрирезиденте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро тавассути миёнарави мустақиле (брокер ва (ё) дигар агенти мустақиле, ки дар асоси шартномаи супориш, комиссия, консигнатсия ё дигар шартномаи шабеҳ амал мекунад) анҷом дода, барои аз номи ин ғайрирезидент имзо намудани шартномаҳо (қарордодҳо) ваколат надорад, муассисаи доимӣ ба ҳисоб намеравад. Таҳти мафҳуми миёнарави мустақил шахсе фаҳмида мешавад, ки дар доираи фаъолияти муқаррарии (асосии) худ вазифаи миёнаравиро бо мақсади ҳамкории тарафҳо амалӣ намуда, аз нигоҳи ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам иқтисодӣ ба ғайрирезидент вобаста намебошад.
- Корхонаи фаръии шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ҳамчун муассисаи доимии корхонаи асосӣ – ғайрирезидент баррасӣ намешавад, агар байни корхонаҳои фаръӣ ва асосӣ муносибатҳое ба миён наоянд, ки ҷавобгӯи муқаррароти сархати панҷуми қисми 4 ҳамин модда мебошанд.
- Маҳалле, ки барои мақсадҳои зерин истифода бурда мешавад (новобаста ба он, ки онро кадом шахс истифода мебарад), муассисаи доимии корхонаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намеравад:
– нигоҳ доштани мол ё маҳсулоти ба корхонаи хориҷӣ тааллуқдошта (то лаҳзаи фурӯши онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон);
– харидани мол ё маҳсулот, ҷамъоварии маълумот барои корхонаи хориҷӣ;
– иҷрои ҳар фаъолияти дигари дорои хусусияти омодасозӣ ё ёрирасон ба манфиатҳои корхонаи хориҷӣ;
– иҷрои ҳама гуна шаклҳои фаъолияте, ки дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми ҳамин қисм пешбинӣ шудаанд.
- Намояндагӣ ва (ё) филиали корхонаи хориҷии ба қайд гирифташуда, муассисаи доимии корхонаи хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
- Фаъолияти ғайрирезидент мутобиқи муқаррароти ҳамин модда, сарфи назар аз он ки он дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудааст ё не, маънои таъсиси муассисаи доимиро дорад.
Моддаи 13. Агенти андоз
- Ташкилот ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи Кодекси мазкур ба зиммаашон вазифаи ҳисоб намудани андоз, аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳ доштан ва ба буҷети дахлдор гузаронидани он гузошта шудааст, агенти андоз мебошад.
- Агенти андоз дорои ҳамон ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошад, ки андозсупоранда дорад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
- Агенти андоз вазифадор аст:
– андозҳои мутобиқи Кодекси мазкур аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳдошташавандаро дуруст ва сари вақт ҳисоб намояд, нигоҳ дорад ва ба буҷет гузаронад;
– даромадҳои ба андозсупорандагон пардохтшуда, андозҳои аз андозсупорандагон (ё аз манбаи пардохт) нигоҳдошташуда ва ба буҷети дахлдор гузаронидашударо ба ҳисоб гирад, аз ҷумла оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби ҷудогона барад;
– ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳисоботи андоз пешниҳод намояд;
– дигар вазифаҳоеро, ки қонунгузории андоз пешбинӣ намудааст, иҷро намояд.
Моддаи 14. Шахсони мутақобилан вобаста
- Шахсони мутақобилан вобаста шахсоне мебошанд, ки муносибатҳои байни онҳо метавонанд ба шароит ва натиҷаи иқтисодии фаъолияти байни онҳо ё фаъолияти шахсоне, ки онҳоро намояндагӣ менамоянд, таъсир расонанд, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки:
– шахсон муассисони (иштирокчиёни) ҳамон як корхона бошанд, агар ҳиссаи ҳар яки онҳо на камтар аз 20 фоизро ташкил намояд;
– як шахс мустақим ва (ё) ғайримустақим дар шахси дигар иштирок намояд ва ҳиссаи умумии чунин иштирок зиёда аз 20 фоизро ташкил диҳад;
– як шахс ба шахси дигар мувофиқи вазъи вазифавӣ тобеъ бошад ё як шахс таҳти назорати (мустақим ё ғайримустақими) шахси дигар қарор гирифта бошад;
– шахсон таҳти назорати мустақим ё ғайримустақими шахси сеюм қарор дошта бошанд;
– шахсон мустақиман ё ғайримустақиман шахси сеюмро назорат кунанд, агар ҳуқуқи овози ҳар кадоми онҳо на камтар аз 20 фоизро ташкил диҳад;
– шахсон бо ҳамдигар дар қайди никоҳ бошанд ё муносибатҳои хешовандӣ дошта бошанд.
- Суд метавонад бо дигар асосҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, шахсонро мутақобилан вобаста эътироф намояд, агар муносибатҳои миёни ин шахсон ба натиҷаҳои аҳдҳо оид ба таҳвили (фурӯши) молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасонӣ) таъсир расонида тавонанд.
Моддаи 15. Иҷораи молиявӣ (лизинг)
- Ба шахси дигар додани молу мулки моддии истеҳлокшаванда, аз ҷумла ҳавопаймоҳо (ба истиснои молу мулки ғайриманқул, мебел, мошинҳои сабукрав) дар асоси шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”баста шудааст, иҷораи молиявӣ мебошад, агар он ба яке аз шартҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
– ба моликияти иҷорагир интиқол дода шудани молу мулк ва (ё) ба иҷорагир додани ҳуқуқи хариди молу мулк бо нархи устувор дар шартномаи лизинг муайян шуда бошад;
– мутобиқи шартномаи иҷораи молиявии молу мулк мӯҳлати иҷора нисбат ба мӯҳлати хизмати муфиди молу мулки иҷорагирифташуда 75 фоиз бештар бошад;
– арзиши ҷории тахфифшудаи пардохти ҳадди ақал дар тамоми давраи мӯҳлати иҷора аз 90 фоизи арзиши бозории молу мулки мутобиқи иҷораи молиявӣ ба иҷора додашаванда бештар бошад;
– арзиши боқимондаи баҳододашудаи молу мулк баъди ба охир расидани мӯҳлати иҷора камтар аз 20 фоизи нархи бозории онро то оғози иҷора ташкил диҳад;
– молу мулки ба иҷораи молиявӣ додашаванда тибқи фармоиш барои иҷорагир таҳия шуда, баъди ба охир расидани мӯҳлати иҷора ба ҷуз иҷорагир наметавонад аз тарафи шахси дигар истифода шавад.
- Сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда нисбат ба иҷораи молиявие, ки оғози он ба 25 фоизи охирини мӯҳлати хизмати молу мулк рост меояд, татбиқ намегардад.
- Барои мақсадҳои ҳамин модда меъёри баҳисобгирие, ки барои муайян намудани арзиши ҷории тахфифшудаи пардохтҳои иҷора истифода мегардад, ба меъёри фоизи барои сари вақт напардохтани андозҳо баробар аст.
- Барои мақсадҳои ҳамин модда мӯҳлати иҷора мӯҳлати иловагиеро дар бар мегирад, ки иҷорагир ҳуқуқ дорад ба он иҷораро мутобиқи шартномаи иҷора аз нав оғоз намояд.
Моддаи 16. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – лоиҳаҳое, ки дар заминаи созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (амалисозии) онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ ва байналмилалии молиявӣ пешбинӣ гардида, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (имтиёзнок) ворид карда шудаанд. Ба феҳристи мазкур, инчунин, лоиҳаҳо оид ба сохтмони иншооти иҷтимоӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ройгон дода мешаванд, ворид мегарданд. Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур татбиқ мешаванд.
- Созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (татбиқи) лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки додани имтиёзҳои иловагии андозро пешбинӣ менамоянд, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Чунин созишномаҳо наметавонанд муқаррароти аз андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гиранд.
- Дар ҳолати бад шудани шартҳои андозбандӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то анҷом ёфтани чунин лоиҳаҳо нисбат ба онҳо шартҳои андозбандии дар лаҳзаи баимзорасонии созишномаҳои дахлдор амалкунанда истифода мешаванд.
Моддаи 17. Мафҳумҳои асосии дигаре, ки дар Кодекси мазкур истифода мешаванд
Дар Кодекси мазкур инчунин мафҳумҳои асосии дигари зерин истифода мешаванд:
1) Унсурҳои андозбандӣ – маълумотҳое, ки мавҷудияти онҳо дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми муқаррар намудани андозҳо ҳатмӣ мебошад, аз ҷумла андозсупоранда, объекти андозбандӣ, манбаи андоз, меъёри андоз, давраи андоз, тартиби ҳисоб кардани андоз, тартиб ва мӯҳлати пардохти андоз, имтиёзҳои андоз, агар онҳо муқаррар гардида бошанд.
2) Андозсупоранда (супорандаи андоз) – шахсе, ки мутобиқи Кодекси мазкур ба зиммааш ӯҳдадории пардохти андозҳо гузошта шудааст. Аз ҷумла, шахси воқеӣ андозсупоранда ба ҳисоб меравад, агар чунин шахс резидент бошад. Инчунин шахси воқеӣ (ташкилот) андозсупоранда ба ҳисоб меравад, агар ин шахс:
а) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятеро амалӣ намояд, ки даромад медиҳад ё аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад;
б) молики (истифодабарандаи) молу мулке бошад, ки бояд андозбандӣ шавад;
в) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракатҳо ё амалиёти андозбандишавандаро иҷро намояд.
3) Объекти андозбандӣ (объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст)ҳолатҳо, ҳуқуқҳо ва (ё) ҳаракатҳои аз рӯи ҳар як намуди андоз муайяншаванда, ки аз мавҷудияти онҳо ӯҳдадории андоз ба миён меояд.
4) Манбаи андоз – баҳои арзишӣ, ҷисмонӣ ё тавсифи дигари объекти андозбандӣ (объекти бо андозбандӣ алоқаманд), ки дар асоси он маблағи андоз ҳисоб карда мешавад.
5) Меъёри андоз – миқдори андози ситонидашаванда, бузургии ҳисоб кардани андозҳо ба воҳиди ченаки манбаи андоз, ки нисбат ба воҳиди ченаки манбаи андоз бо фоиз ё маблағи мутлақ муқаррар карда мешавад.
6) Давраи андоз – мӯҳлате, ки дар давоми (бо ба охир расидани (анҷом ёфтани) он манбаи андоз муайян ва маблағи андоз ҳисоб карда мешавад. Давраи андоз метавонад ба якчанд давраҳои ҳисоботӣ тақсим карда шавад, ки аз рӯи натиҷаи онҳо ӯҳдадории пешниҳод намудани ҳисобҳо ва пардохти маблағи зарурии андоз ба вуҷуд меояд.
7) Тартиби ҳисоб кардани андоз – қоидаҳои ҳисоб кардани маблағи андоз барои давраи андоз бо дарназардошти манбаъ, меъёр, инчунин имтиёзҳои андоз.
8) Тартиб ва мӯҳлатҳои пардохти андоз – қоидаҳое, ки мӯҳлат ва тартиби пардохти андозҳо ба буҷетро (буҷетҳоро) муайян менамоянд. Мӯҳлати пардохти андоз санаи тақвимие мебошад, ки мутобиқи Кодекси мазкур муайян шуда, то ин мӯҳлат ё дар лаҳзаи фарорасии он маблағи ҳисобшудаи андоз бояд ба буҷет пардохт шавад, яъне ӯҳдадории андоз бояд иҷро гардад.
9) Имтиёзҳои андоз – афзалиятҳое, ки мутобиқи Кодекси мазкур ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба андозсупорандагон дода мешаванд, аз ҷумла додани имконияти напардохтан ё дар ҳаҷми камтар ё дар мӯҳлати нисбатан дертар супоридани андоз.
10) Иштирокчиёни муносибатҳои андозӣ – андозсупорандагон, агентҳои андоз, мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти андоз, мақомоти гумрук, дигар мақомот, ки ваколатдоранд андозҳоро ҳисоб ва (ё) ҷамъоварӣ намоянд.
11) Ташкилотҳо – шахсони ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд (минбаъд – ташкилотҳои резидентӣ), шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки тибқи қонунгузории давлатҳои ҳориҷӣ таъсис дода шудаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тавассути филиалҳо ва намояндагиҳои амалкунандае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд (минбаъд – ташкилотҳои хориҷӣ).
12) Маъмурикунонии андоз – маҷмӯи чораҳои аз ҷониби мақомоти андоз амалишавандаи назорати андоз, маҷбуран ситонидани андоз нисбат ба ӯҳдадории андози дар мӯҳлаташ иҷронашуда, инчунин хизматрасониҳо ба андозсупорандагон (агентҳои андоз) ва мақомоти ваколатдор.
13) Корхона (ташкилоти соҳибкорӣ) – ташкилоте, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад ё барои иҷрои чунин фаъолият таъсис дода шудааст.
14) Низоми махсуси андозбандӣ – тартиби махсуси андозбандӣ, ки барои гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон муқаррар карда шуда, тарзу усули соддакардашудаи ҳисоб кардан ва пардохтани намудҳои алоҳидаи андозҳо, пешниҳоди ҳисоботи андозро пешбинӣ менамояд.
15) Низоми имтиёзноки андозбандӣ – тартиби махсуси андозбандӣ, ки барои ҷалби сармоя ва дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт додани имтиёзҳои андозии иловагиро пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
16) Низоми умумии андозбандӣ – тартиби ҳисоб кардан ва пардохти андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, ба истиснои низомҳои махсус ва имтиёзноки андозбандӣ.
17) Соҳибкори инфиродӣ – шахси воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамояд.
18) Хароҷоти тасдиқгардида – ҳароҷоти бо ҳуҷҷатҳо тасдиқгардидае, ки имконият медиҳанд сана, маблағ, хусусияти амалиёт муайян ва иштирокчиёни он мушаххас карда шаванд.
19) Дороиҳо – молу мулк, дороиҳои молию моддии дигар, фондҳои пулӣ ё ҳуқуқҳои молумулкие, ки маблағи умумии воситаҳои (фондҳои) асосӣ ва муомилотии шахсро ташкил медиҳанд; ҳар сарвати ба шахс тааллуқдошта; категорияи ҳисобие, ки арзиши молу мулки шахсии субъект, инчунин восита ва захираҳоеро дар бар мегирад, ки барои пардохти (пӯшонидани) қарзҳо (ӯҳдадориҳо) пешбинӣ шудаанд.
20) Бақияпулӣ – маблағҳои андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳое, ки барои пардохтан ба буҷет ҳисоб карда шуда, дар мӯҳлати муқарраргардида, аз ҷумла дар мӯҳлати тағйирдодашуда, пардохт нашудаанд.
21) Бурдҳо – ҳар намуди даромадҳо, подошҳо ва манфиатҳои дар шакли аслӣ ё пулӣ, ки андозсупорандагон дар озмунҳо, мусобиқаҳо (олимпиадаҳо), фестивалҳо, бо лотереяҳо, дар бозиҳои пулӣ, аз ҷумла бозиҳо тавассути пасандозҳо ва коғазҳои қиматноки қарзӣ дастрас менамоянд.
22) Воситаҳои асосӣ – дороиҳое, ки ҳамзамон ба шартҳои зерин ҷавобгӯ мебошанд:
а) мӯҳлати хизмати онҳо зиёда аз як сол мебошад;
б) ҳангоми истеҳсоли молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) ё барои эҳтиёҷоти идоравӣ ба сифати воситаҳои меҳнат истифода мешаванд;
в) чун қоида, арзиши ҳар як воҳиди чунин дороиҳо аз ҳадҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ барои ба воситаҳои дар гардишбуда мансуб донистани дороиҳои моддӣ зиёд мебошад;
г) онҳо истеҳлокшаванда мебошанд.
23) Грант – воситаҳои пулӣ ва (ё) молу мулки дигари ройгон ва бебозгашти барои ноил шудан ба мақсадҳои (вазифаҳои) муайян аз ҷониби шахсони зерин додашаванда (супоридашаванда):
а) давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ё ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ иншооти заруриро бунёд намуда, ба таври ройгон ба моликияти мақомоти дахлдори давлатӣ месупоранд;
в) ташкилотҳои зерине, ки фаъолияти онҳо хусусияти эҳсонкорӣ ва (ё) байналмилалӣ дошта, хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад – ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367):
– ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ;
– ташкилотҳо ва фондҳои хориҷии ғайриҳукуматии ҷамъиятӣ.
24) Даромад аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳар воридот, манфиат дар шакли пул, моддӣ ё ғайримоддӣ ё (бе тарҳ намудан аз онҳо) аз ҳама намудҳои фаъолият, молу мулк (ҳуқуқҳои молумулкӣ) ва асосҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли пардохти даромад, аз ҷумла:
а) даромад аз кори кироя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) даромад аз таҳвили молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолнамудаи истеҳсолкунанда, инчунин даромад аз иҷрои кор ва хизматрасониҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) даромад аз фаъолияти соҳибкорие, ки метавонад ба муассисаи доимии ғайрирезиденти дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта мансуб дониста шавад, аз ҷумла:
– даромаде, ки метавонад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯши ҳамон навъи молҳо ё навъи шабеҳи молҳои тавассути чунин муассисаи доимӣ таҳвилшаванда (фурӯхташаванда) мансуб дониста шавад;
– даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳамон хусусият ё хусусияти шабеҳе мебошад, ки фаъолияти тавассути чунин муассисаи доимӣ анҷомшаванда дорад;
г) даромади вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ, аз ҷумла аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозсупоранда аз ҷониби қарздиҳандагон (ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 64 ва 78 Кодекси мазкур пешбинишуда), аз фурӯши воситаҳои асосии мутобиқи моддаи 118 Кодекси мазкур ба даромад дохилшуда, аз ҷуброни хароҷот мутобиқи моддаи 151 Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
д) даромади дар шакли дивидендҳои аз шахси ҳуқуқии резидентӣ гирифташуда, инчунин даромаде, ки аз фурӯш ё ба шахси дигар додани ҳиссаи иштирок дар чунин шахси ҳуқуқӣ ба даст омадааст;
е) даромади дар шакли фоизҳо аз резидентон бадастомада;
ё) даромади дар шакли фоизҳо аз шахси ғайрирезиденти дорои муассисаи доимӣ ё молу мулк дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст, агар қарзи чунин шахс бо ҳамин муассисаи доимӣ ё молу мулк алоқаманд бошад;
ж) нафақа, агар онро резидент пардохт намояд;
з) даромад дар шакли роялти, ки барои молу мулки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ё истифодашаванда ба даст оварда мешавад, ё даромад аз фурӯш ё ба дигар шахс додани молу мулки дар банди 41 ҳамин модда пешбинигардидае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ё истифода мешавад;
и) даромаде, ки аз ҳисоби ба иҷора додани молу мулки манқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда ба даст оварда мешавад;
к) даромаде, ки аз ҳисоби молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба даст оварда мешавад, аз ҷумла даромад аз фурӯш ё ба шахси дигар додани ҳиссаи иштирок дар чунин молу мулк;
л) даромад аз фурӯш ё ба шахси дигар додани саҳмияҳо ё ҳиссаи иштирок дар корхонае, ки арзиши дороиҳои он мустақиман ё ғайримустақим бештар аз ҳисоби арзиши молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта иборат аст;
м) дигар даромадҳо аз фурӯш ё ба шахси дигар додани молу мулк аз ҷониби резидент, ки ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест;
н) даромаде, ки аз хизматрасониҳои идоракунӣ, молиявӣ ё суғуртавӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои азнавсуғуртакунӣ ба даст оварда шудааст, агар он аз тарафи корхонаи резидентӣ ё муассисаи доимии ғайрирезидентии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта пардохт шавад ё агар он дар асоси шартнома бо чунин корхона ё муассисаи доимӣ ба даст оварда шуда бошад;
о) даромаде, ки дар шакли подоши суғуртавӣ аз рӯи шартнома дар бораи суғурта ё азнавсуғуртакунии таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад;
п) даромад аз хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиётӣ ҳангоми амалӣ намудани алоқа ё ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар;
р) даромад аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаҳои дигари дорои хусусияти граждании ҳуқуқӣ;
с) подоши роҳбарон ва (ё) пардохтҳои дигаре, ки аъзои мақоми олии идоракунии (шӯрои директорон, идора ё мақоми дигари шабеҳи) шахси ҳуқуқӣ-резидент, сарфи назар аз маҳалли воқеии иҷрои вазифаҳои ба зиммаи чунин шахсон гузошташуда мегиранд;
т) иловапулиҳое, ки бинобар истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд;
у) даромаде, ки шахсони воқеӣ-ғайрирезидентони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коркунанда дар шакли ҷубронпулии ба онҳо аз тарафи (аз ҳисоби) корфармоён ё кирокунандагон барои хароҷоти ин шахсони воқеӣ-ғайрирезидентон барои неъматҳои моддӣ, иҷтимоӣ ва неъматҳои дигари моддӣ, аз ҷумла хароҷот барои озуқа, будубош, таҳсили кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ, хароҷоти марбут ба истироҳат, аз ҷумла рафту омади аъзои оилаи онҳо ҳангоми рухсатӣ гирифтаанд;
ф) пардохтҳои нафақавие, ки фондҳои нафақаи андӯхтшавандаи резидентӣ амалӣ менамоянд;
х) даромадҳое, ки ба ҳунармандони театр ва кино, кормандони радио ва телевизион, мусиқинавозон, рассомон ва варзишгарон бинобар фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд, сарфи назар аз он, ки чунин даромадҳо ба кӣ пардохт мешаванд;
ч) бурдҳое, ки аз тарафи резидентон пардохт мешаванд;
ш) даромадҳое, ки аз хизматрасониҳои мустақили шахсӣ (касбӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда мешаванд;
э) фарқияти мусбии қурби асъори хориҷӣ, аз ҷумла аз харид ва фурӯши асъори хориҷӣ;
ю) даромадҳо аз ройгон гирифтани молу мулки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, аз ҷумла даромад аз чунин молу мулк;
я) дигар даромадҳое, ки дар ҳамин банд пешбинӣ нашудаанд.
25) Имзои электронии андозсупоранда – воситаи махсуси криптографии таъмини ҳаққоният, пуррагӣ ва муаллифии ҳуҷҷатҳои электронӣ.
26) Андозсупорандаи электронӣ – андозсупорандае, ки бо мақомоти андоз бо тариқи электронӣ дар асоси созишномаи бо онҳо басташуда оид ба истифода ва эътирофи имзои электронии рақамӣ ҳангоми мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳамкорӣ менамояд.
27) Кор – фаъолиятест, ки натиҷаҳои он ифодаи моддӣ дорад, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ, васл ва таъмир, таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва лоиҳакашӣ.
28) Суди саҳмияҳо (дивидендҳо) – ҳама гуна тақсимоти восита ё молу мулки шахси ҳуқуқӣ байни иштирокчиёни (саҳмдорони) он, ба истиснои даромади дар шакли саҳмияҳои худро дар байни саҳмдорон тақсим намудани шахси ҳуқуқӣ-эмитент бадастовардаи иштирокчӣ (саҳмдор), ки он (тақсимот) таносуби фоизии (ҳиссаи) саҳмияҳои саҳмдоронро дар сармояи оинномавии (шарикии) шахси ҳуқуқӣ-эмитент тағйир намедиҳад, аз ҷумла:
а) даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) аз шахси ҳуқуқӣ – эмитент ҳангоми тақсимоти фоидаи ҳарсолаи баъди андозбандӣ боқимонда мутаносибан ба миқдори (ҳиссаҳои) саҳмияҳои саҳмдор дар сармояи оинномавии (шарикии) ин шахси ҳуқуқӣ гирифтааст. Агар дар мӯҳлати шаш моҳи тақвимӣ пас аз соли ҳисоботӣ доир ба истифодабарии фоидаи баъди андозбандӣ боқимонда қарори дахлдор қабул нашуда бошад, новобаста ба истифодабарии минбаъдаи он, барои мақсадҳои андозбандӣ фоидаи мазкур байни саҳмдорон (иштирокчиён) тақсимшуда ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
б) суди саҳмияе (дивиденде), ки саҳмдор (иштирокчӣ) таҳти дигар пардохтҳои пардапӯшшуда гирифтааст;
в) даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) аз тақсими маблағ ва молу мулк тибқи тартиби аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ – эмитент харидани саҳмияҳои худ гирифтааст ва даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) аз тақсими молу мулки шахси ҳуқуқӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ гирифтааст, бо тарҳи (дар ҳарду маврид) арзиши молу мулке (саҳмияҳое), ки муассис дар шакли саҳм ба сармояи оинномавӣ (шарикӣ) гузаронидааст.
29) Кӯмаки башардӯстона (гуманитарӣ) – молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), ки ройгон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои беҳбуди шароити зисту маишии аҳолӣ, инчунин пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои фавқулоддаи дорои хусусияти ҳарбӣ, экологӣ, табиӣ, техногенӣ ва ғайра фиристода шудааст ва он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мешавад.
30) Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ – ин заминҳои таъиноти кишоварзӣ, аз ҷумла майдони замин барои сохтмон ва ҳавлӣ, ки тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ҷудо гардидаанд. Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ қитъаҳои заминеро, ки тибқи тартиби муқарраршуда барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҷудо гардидаанд, инчунин қитъаҳои заминеро, ки ба шахсони воқеӣ ба иҷора дода шудаанд, дар бар намегиранд.
31) Манбаи пардохти даромади андозсупоранда – ташкилот ё шахси воқеие, ки аз он (аз ҳисоби он) андозсупоранда даромад мегирад.
32) Қарзи беэътимод (шубҳанок) – маблағест, ки бояд ба андозсупоранда пардохт шавад, вале бо сабаби ғайри қобили пардохт будан ё барҳам дода шудани қарздор, андозсупоранда онро пурра гирифта наметавонад ё имконияти гирифтани он аз шахси қарздор ё шахси сеюм аз эҳтимол дур аст. Дар ҳар ҳолат қарзи беэътимод (шубҳанок) қарзе мебошад, ки ба суратҳисоби пардохти он дар давоми се сол аз лаҳзае, ки чунин пардохт бояд анҷом дода мешуд, ягон пардохт сурат нагирифтааст.
33) Мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, назорати андозиро оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз дар назди давлат таъмин мекунад.
34) Мақомоти ваколатдор – мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои мақомоти андоз, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳисоб ва (ё) ҷамъоварӣ намудани андозҳои алоҳида ва (ё) иҷро намудани дигар вазифаҳои вобаста ба андозбандӣ ваколатдор шудаанд.
35) Воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ – воҳиди он (филиал, намояндагӣ ё дигар), новобаста ба дарҷ намудани он дар ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳӣ ва (ё) дигар ҳуҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ, ки дар маҷмӯъ ба шартҳои зерин ҷавобгӯ мебошад:
а) фаъолияти соҳибкорӣ ё ғайрисоҳибкориро амалӣ менамояд;
б) дорои ҷудоияти минтақавӣ ва (ё) молумулкӣ аз шахси ҳуқуқӣ мебошад;
в) дорои ҷойҳои кории ба мӯҳлати зиёда аз як моҳи тақвимӣ ташкилшуда ва (ё) ҳайати кормандоне мебошад, ки бо ташкилот ё ҳамин воҳид бо муносибатҳои бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимшаванда алоқаманданд.
36) Маҳалли ҷойгиршавии воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ – маҳалле, ки шахси ҳуқуқӣ тавассути воҳиди алоҳидаи худ фаъолиятро анҷом медиҳад (маҳалли дар асл воқеъбудаи воҳиди алоҳида).
37) Маҳсулоти кишоварзӣ – натиҷаи ибтидоии (маҳсули) парвариши растаниҳои кишоварзӣ, чорво ва дороиҳои дигари биологӣ, ки таҳти коркарди минбаъда қарор нагирифтааст.
38) Мол – ҳама гуна молу мулки моддӣ, аз ҷумла қувваи барқ ё қувваи гармӣ, газ ва об. Барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда молҳо воситаҳои пулӣ ва заминро дар бар намегиранд.
39) Ташкилотҳои қарзӣ – шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиётҳои бонкии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд, инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо мақсадҳои андозбандӣ дар асоси қонун ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
40) Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – системаи рамзҳои таснифи молҳо, ки мутобиқи Системаи ҳамоҳангсохташудаи тасвир ва рамзгузории молҳо қабул шудааст.
41) Роялти – пардохти маблағ барои:
а) ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ дар ҷараёни истихроҷи маъданҳои фоиданок ва (ё) коркарди зуҳуроти техногенӣ;
б) истифодаи ҳуқуқҳои муаллифӣ, таъминоти барномавӣ, патентҳо, нақшаҳо, тамсилаҳо, тамғаҳои савдо ё дигар моликияти зеҳнӣ ё додани ҳуқуқи истифодаи онҳо ба дигар шахсон;
в) истифодаи таҷҳизоти саноатӣ, тиҷоратӣ ё илмию таҳқиқотӣ ё додани ҳуқуқи истифодаи онҳо ба дигар шахсон;
г) ба кор бурдани ноу-хау;
д) истифодаи кинофилмҳо, видеофилмҳо, сабтҳои овоз ё дигар шаклҳои сабт ё додани ҳуқуқҳои истифодаи онҳо ба дигар шахсон;
е) расонидани кӯмаки техникии вобаста ба ҳуқуқҳои дар ҳамин банд пешбинишуда ё даст кашидан аз истифодаи ин ҳуқуқҳо.
42) Хароҷоти намояндагӣ – хароҷоти марбут ба қабул ва хизматрасонии ҳама гуна шахсон, аз ҷумла хароҷоте, ки барои мақсадҳои муқаррарсозӣ ё дастгирии ҳамкориҳои мутақобила, инчунин барои иштирокчиёни ба маҷлиси шӯрои директорон, комиссияи тафтишотӣ, маҷлиси саҳмдорон ташрифоварда сурат гирифтааст. Ба хароҷоти намояндагӣ хароҷоти вобаста ба қабули расмии шахсони зикргардида, хизматрасонии буфетӣ (фуршетӣ) ҳангоми гуфтушунид дохил мешавад.
43) Хизматрасонӣ – ҳама гуна фаъолият бар ивази подош, ки таҳвили мол ё иҷрои кор намебошад, аз ҷумла, фаъолияти савдо, хизматрасонии молиявӣ, ба иҷора додани молу мулки моддӣ, додани молу мулки ғайримоддӣ.
44) Хизматрасониҳои молиявӣ (барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда) – хизматрасониҳои зерини ташкилоти қарзӣ ва ташкилотҳои дигар:
а) додан, фурӯш ё гузаронидани қарзҳо, кафолатҳои қарзӣ ва ҳама гуна дигар таъминоти кафолатии амалиёти пулӣ-қарзӣ, аз ҷумла идоракунии қарзҳо ва кафолатҳои қарзӣ аз ҷониби шахсе, ки қарз ё кафолат медиҳад;
б) додан, фурӯш ё гузаронидани қарзҳо (аз ҷумла қарзҳои хурд), кафолати қарзҳо (қарзҳои хурд) ва ҳама гуна дигар таъминоти кафолатии чунин амалиёти пулӣ-қарзӣ, аз ҷумла идоракунии қарзҳо (қарзҳои хурд) ва кафолатҳои қарзҳо (қарзҳои хурд) аз ҷониби шахсе, ки чунин қарзҳо (қарзҳои хурд) ё кафолат медиҳад;
в) амалиёте, ки ба идоракунии пасандозҳо ва суратҳисобҳо, пардохтҳо, пулгузарониҳо, ӯҳдадориҳои қарзӣ, маблағҳои пардохт ва воситаҳои мизоҷон вобаста аст;
г) амалиёти вобаста ба муомилоти асъор, воситаҳои пулӣ ва пулҳои коғазие (банкнотҳое), ки воситаҳои қонунии пардохт мебошанд (ба истиснои ашёҳои нумизматӣ);
д) амалиёти вобаста ба муомилоти саҳмияҳо, вомбаргҳо, сертификатҳо, векселҳо, чекҳо ва дигар коғазҳои қиматнок (ба истиснои хизматрасонии нигоҳдории онҳо);
е) амалиётҳои вобаста ба аҳдҳое, ки ба воситаҳои молиявии ҳосилшуда, қарордодҳои форвардӣ, опсион ва созишномаҳои шабеҳ алоқаманд мебошанд;
ё) хизматрасониҳои вобаста ба идоракунии фондҳои инвеститсионӣ;
ж) амалиёти суғуртакунӣ ва азнавсуғуртакунӣ;
з) иҷораи молиявӣ (лизинг).
45) Ҳуҷҷати электронии андозсупоранда – ҳуҷҷати мутобиқи шакли муқарраршудаи электронӣ тартиб, пешниҳод, рамзгузорӣ ва бо имзои электронӣ тасдиқ кардашуда, ки пас аз қабул ва тасдиқ шудани дурустии он қувваи эътибори ҳисоботӣ дорад.
46) Пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ, маблағи суғуртавӣ)маблағе, ки ташкилоти суғуртакунанда ба шахси суғурташуда тибқи суғуртаи молу мулк ва суғуртаи масъулият ҷиҳати пӯшонидани зарари дар натиҷаи сар задани ҳодисаҳои суғуртавӣ расида мепардозад.
47) Молу мулки моддии истеҳлокшаванда барои мақсадҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) – ҳамаи намудҳои воситаҳои асосии истеҳлокшаванда (аз ҷумла, ҳавопаймоҳо), ба истиснои молу мулки ғайриманқул, мебел ва мошинҳои сабукрав, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода шуда, ба мӯҳлати на камтар аз 12 моҳи пурраи муттасил ба иҷораи молиявӣ (лизинг) дода мешаванд.
48) Фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо – фаъолияти соҳибкорие, ки даромад аз он асосан аз истеҳсол ва фурӯши молҳои (молу мулки моддии) аз ҷониби худи соҳибкор истеҳсолшуда ба даст омадааст.
49) Қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда – маблағи ӯҳдадориҳои андози пардохтнашуда, ки дар шакли зерин муайян (ҳисоб) карда шудааст:
а) аз ҷониби андозсупоранда дар ҳисоботи андозии худ;
б) дар қарор оид ба таъхир гузошта шудани пардохти андозҳо;
в) дар қарори мақомоти андоз оид ба санади санҷишӣ ё назорати камералӣ, ки андозсупоранда гирифтааст ва мавриди баҳс қарор надодааст;
г) бо қарори суд, ки ба эътибори қонунӣ пайдо кардааст.
50) Кашфи тиҷоратӣ – захираҳои намудҳои алоҳидаи маъданҳои фоиданок, ки дар доираи ҳудуди қарордод кашф шуда, мувофиқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои маъданҳои фоиданок тасдиқ гардидаанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ барои истихроҷ самаранок мебошанд.
51) Андозсупорандаи бемасъулият – андозсупорандае, ки барои мақсадҳои назорати андоз бо амали (беамалии) худ боиси баланд шудани эҳтимолияти (хатари) сари вақт ва (ё) пурра пардохт нашудани андозҳои муқарраршуда мегардад, аз ҷумла:
а) дар давоми зиёда аз 3 моҳи пай дар пай аз лаҳзаи ба миён омадани ӯҳдадорӣ сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пешниҳод намудани ҳисоботи андоз ва (ё) пардохти маблағи андоз (андозҳо) ва (ё) пардохти қарзи эътирофшудаи андозро таъмин накардааст;
б) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда ё ҳисобнома-фактураи қалбакиро пешниҳод намудааст;
в) дигар амалҳоро (беамалиеро) анҷом дода бошад, ки номгӯи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ муқаррар карда мешавад.
52) Андози ғайримустақим – андозе (андоз аз арзиши иловашуда ва аксизе), ки дар намуди иловапулӣ ба нархи молҳои воридотӣ ва (ё) таҳвилшуда, корҳои иҷрошуда ва (ё) хизматрасониҳои анҷомдодашуда ва аз ҷониби истеъмолкунанда ҳангоми харидани молҳо, корҳои иҷрошуда ва (ё) хизматрасониҳои анҷомдодашуда бо нархи ба маблағи ҳамин андоз замшуда пардохт мешавад. ӯҳдадорӣ оид ба пардохти андози ғайримустақим ба буҷет ба зиммаи молрасон, иҷрокунандаи кор ё (ва) хизматрасоне гузошта мешавад, ки барои мақсадҳои Кодекси мазкур ҳамчун андозсупоранда ном бурда мешаванд.
53) Таҳвили мол – додани ҳуқуқи моликият ба молҳо, аз ҷумла фурӯш, мубодила ё тақдим, интиқоли ройгон ё қисман пардохт намудани он, додани музди меҳнат дар шакли аслӣ (натуралӣ) ва пардохтҳои дигар дар шакли аслӣ, инчунин ба гаравгиранда додани ҳуқуқи моликият ба моли ба гарав мондашуда.
54) Минтақаҳои оффшорӣ – давлатҳо ва (ё) ҳудудҳое, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамоянд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди маълумотро доир ба амалиётҳои бо маблағ ва дигар молу мулк гузаронидашуда пешбинӣ намекунанд. Барои мақсадҳои андозбандӣ номгӯи минтақаҳои оффшориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
БОБИ 3. ҲУҚУҚУ ӮҲДАДОРИҲОИ АНДОЗСУПОРАНДА (АГЕНТИ АНДОЗ)
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои андозсупоранда (агенти андоз)
- Андозсупоранда (агенти андоз) ҳуқуқ дорад:
– аз мақомоти андоз доир ба андозҳои амалкунанда ва тағйирот дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот, инчунин оид ба тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андозҳо ва пур кардани шаклҳои хисоботи андоз шарҳу эзоҳ гирад;
– манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муҳофизат намояд;
– дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур натиҷаҳои назорати андозро гирад;
– оид ба санҷиши ҳуҷҷатии дарпешистода огоҳинома гирад, ҳангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намояд;
– агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, аз мақомоти андоз намунаҳои (бланкаҳои) аризаҳои андоз ва шаклҳои ҳисоботро гирад, тибқи тартиби муқарраршуда ҳисоботи андозро дар шакли электронӣ пешниҳод намояд;
– ба мақомоти андоз оид ба ҳисоб кардан ва пардохт намудани андозҳо аз рӯи натиҷаҳои назорати андоз шарҳу эзоҳ диҳад;
– на дертар аз 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи хаттӣ оид ба ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз аз варақаҳои ҳисоббаробаркунии шахсиаш иқтибос гирад;
– дар давоми 5 рӯзи корӣ дар асоси аризаи хаттӣ маълумоти зеринро гирад, аз ҷумла дар бораи мавҷуд будан ё набудани қарзи андоз, дар бораи маблағҳои даромаде, ки ғайрирезидент аз манбаъҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст ва дар бораи андозҳои боздошташуда (пардохтшуда);
– маълумоте, ки барои пур намудани ҳуҷҷати пардохт бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои андоз оид ба пардохти андозҳо зарур аст, инчунин маълумотро оид ба усули пардохти андозҳо дар давоми 1 рӯзи корӣ аз лаҳзаи муроҷиат ба мақомоти андоз гирад;
– мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои санҷиши андоз, огоҳиномаҳо оид ба санадҳои санҷиши андоз, амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд;
– ба риояи сирри андоз;
– иттилоот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ба андозбандӣ дахл надоранд, пешниҳод нанамояд;
– мӯҳлати пардохти андозҳоро тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тамдид намояд (ба таъхир гузорад);
– ба баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағҳои андозҳои барзиёд супоридааш ё аз ӯ ситонидашуда (андозҳои ба буҷет барзиёд дохилшуда);
– аз шахсони мансабдори мақомоти андоз ҳангоми амалӣ намудани ҳаракатҳояшон нисбат ба андозсупорандагон риояи қонунгузории андозро талаб намояд;
– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақомоти андоз товони зарари дар натиҷаи қабули қарор ва амалҳои (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад.
- Андозсупоранда (агенти андоз) дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мебошад.
- Ба андозсупорандагон ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад. Тартиби ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
- Ҳуқуқҳои андозсупорандагон тавассути ӯҳдадориҳои дахлдори шахсони мансабдори мақомоти андоз таъмин карда мешаванд.
- Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупорандагон боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Моддаи 19. Ӯҳдадориҳои андозсупоранда (агенти андоз)
- Андозсупоранда (агенти андоз) ӯҳдадор аст:
– ӯҳдадориҳои андозро мутобиқи Кодекси мазкур сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро намояд;
– талаботи қонунии кормандони мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз, аз ҷумла доир ба тартиб додани санади муқоисавӣ иҷро намуда, инчунин ба фаъолияти қонунии онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон монеъ нашавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046);
– дар асоси амрнома ба шахсони мансабдори мақомоти андоз барои азназаргузаронии молу мулке, ки объекти андозбандӣ ва (ё) объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошад, иҷозат диҳад;
– ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳои андоз, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод намояд;
– мувофиқи тартиби муқарраргардида мошинаҳои назоратию хазинавиро истифода барад;
– мувофиқи тартиби муқарраргардида баҳисобгирии даромадҳои (хароҷоти) худ, объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро мутобиқи қонунгузории андоз ба ҳисоб гирад;
– мувофиқи тартиби муқарраргардида сари вақт ба сифати андозсупоранда дар баҳисобгирӣ гузошта шавад ва ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз қайд гузарад;
– маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ, баҳисобгирии дигар ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро барои ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои гирифташуда, хароҷот ва андозҳои пардохтшударо (нигоҳ дошташударо) дар давоми мӯҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нигоҳ дорад;
– ҳар сол барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулк ва ӯҳдадориҳои худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронад;
– дар давоми 5 рӯзи корӣ ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ итттилооти зеринро пешниҳод намояд, аз ҷумла, дар бораи таъсис додан ё қатъ намудани фаъолияти воҳидҳои алоҳидаи худ, дар бораи қабули қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ (қатъ гардидани фаъолият) ё муфлисшавӣ, дар бораи тағйир ёфтани низоми истифодашавандаи андозбандӣ, тартиби баҳисобгирӣ, маҳалли фаъолият (ҷойи истиқомат), иттилоот барои алоқа бо ӯ.
- Андозсупоранда (агенти андоз) дигар ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкурро амалӣ менамояд.
- Шахси воқеӣ ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин моддаро дар қисми марбут ба ӯҳдадориҳои андози ӯ иҷро менамояд.
Моддаи 20. Ҳуқуқ ба намояндагӣ дар муносибатҳое, ки қонунгузории андоз танзим менамояд
- Андозсупоранда ҳуқуқ дорад дар муносибатҳои андозӣ намоянда дошта бошад.
- Ваколати намоянда дар асоси ваколатнома, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
ФАСЛИ II. МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ МАЪМУРӣ
БОБИ 4. НАЗОРАТИ ПАРДОХТИ АНДОЗҲО
Моддаи 21. Тартиби татбиқи муқаррароти маъмурӣ
- Муқаррароти маъмурӣ, ки дар ҳамин фасл ва дигар фаслҳои қисми умумии Кодекси мазкур муқаррар шудаанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад, нисбат ба ҳамаи намудҳои андозҳо, инчунин боҷи гумрукӣ, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет татбиқ карда мешаванд.
- Муқаррароти маъмурие ки дар қисми умумии Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, нисбат ба андозсупорандагон ва агентҳои андоз татбиқ мешаванд.
Моддаи 22. Назорати андоз аз рӯи ба буҷет ворид шудани андозҳо
- Назорати андоз шакли назорати давлатӣ буда, аз ҷониби мақомоти андоз ҷиҳати иҷрои меъёрҳои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти андоз вогузор шудааст, амалӣ карда мешавад.
- Мақомоти андоз барои иҷрои назорати андоз нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, санҷиши дуруст ҳисоб кардан ва саривақт пардохтани андозҳо ва дигар ҷанбаҳои андозбандӣ масъулияти пурра ва истисноӣ доранд, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, ки тибқи онҳо чунин масъулият ба зиммаи дигар мақомот вогузор шудааст.
- Назорати андоз аз ҷониби мақомоти андоз дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
– баҳисобгирии андозсупорандагон, баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд, баҳисобгирии ӯҳдадориҳои андозӣ ва рафти иҷрои онҳо;
– бақайдгирии супорандагони андоз аз арзиши иловашуда;
– санҷишҳои андоз;
– назорати камералӣ;
– муоинаи хронометражӣ;
– назорати қоидаҳои истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;
– назорати андозии истеҳсол ва гардиши молҳои зераксизӣ, дурустии тамғагузории намудҳои алоҳидаи молҳои зераксизӣ ва ташкили дидбонгоҳҳои аксизӣ;
– татбиқи нархҳои бозорӣ бо мақсадҳои андозбандӣ;
– назорат аз болои мақоми ваколатдор оид ба дуруст ҳисоб кардан ва (ё) ба буҷет супоридани андозҳо.
- Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ назорати андозро дар доираи салоҳияти худ бинобар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол гардидани молҳо ва воситаҳои нақлиёт мутобиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Моддаи 23. Чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз пардохти андозҳо ва усулҳои алтернативии андозбандӣ
- Ҳама гуна маблағе, ки ба манфиати ягон шахс истифода мегардад, барои мақсадҳои андозбандӣ маблағи ба он шахс пардохтшуда ба ҳисоб меравад.
- Даромади (фоидаи) гирифташуда, новобаста ба асосҳои ба даст омадани он, бояд мутобиқи Кодекси мазкур андозбандӣ гардад. Агар мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян карда шавад, ки ягон даромад ё ҷузъи (қисми) он ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаасту бояд ба моликияти давлат гузаронида шавад, дар ин ҳолат маблағи андозҳои қаблан аз ин даромади ғайриқонунии ба буҷети давлатӣ нигоҳдошташуда (пардохтшуда) ба ҳисоб гирифта мешавад.
- Барои дуруст муайян намудани ӯҳдадориҳои андоз мақомоти андоз ҳуқуқ доранд:
– амалиётеро (аҳдҳоеро), ки барои андозсупоранда моҳияти назарраси иқтисодӣ надоранд (ба истиснои моҳият барои ӯҳдадориҳои андоз), ба эътибор нагиранд;
– агар шакли амалиёт (аҳд) ба мазмунаш мутобиқат накунад, мувофиқи вазъи воқеӣ онро тағйир диҳанд (аз нав муайян кунанд);
– маблағи андозро дар асоси ҳолатҳои воқеии ошкоршуда ва моҳияти амалиёти (аҳдҳои) содиршавандаи барои мақсадҳои андозбанди аҳмиятдошта ҳисоб намоянд, агар шакли ҳуқуқии амалиёт (аҳд) ё пайдарҳамии аҳдҳо ба саркашӣ (канорагирӣ) намудан аз пардохти андозҳо оварда расонад.
- Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд маблағи андози дахлдорро бо истифода аз усули арзёбии мустақим ё ғайримустақим (дар асоси дороиҳо, муомилот, хароҷоти истеҳсолӣ, усули муқоиса бо андозсупорандагони шабеҳ, муоинаи хронометражӣ ва ғайра) дар ҳолатҳои зерин муқаррар (ҳисоб) кунанд:
– андозсупоранда баҳисобгирии муҳосибиро (андозиро) анҷом надиҳад ва (ё) талаботи онро вайрон намояд;
– ҳуҷҷатҳои ҳисоб, ки барои муайян намудани ӯҳдадориҳои андоз заруранд, гум ё нобуд карда шуда бошанд;
– ҳисоботи андоз пешниҳод нашуда бошад;
– агар амалиёт (аҳд) бо корхонаҳои резидентии дорои ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ ва (ё) бо шахсони дар минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифта анҷом дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
– андозсупоранда шахсони мансабдори мақомоти андозро барои азназаргузаронии (муоинаи) бино ва ҳудуди истеҳсолӣ, анборҳо, биноҳои тиҷоратӣ, ки андозсупоранда барои ба даст овардани даромад истифода мебарад ё онҳо ба нигоҳдории объекти андозбандӣ вобастаанд, иҷозат надиҳад;
– дар мӯҳлатҳои муқарраршуда маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати ҳисоби андоз ба мақомоти андоз пешниҳод нашуда бошанд;
– андозсупоранда бемасъулият эълон шуда бошад.
- Агар дар ҷараёни санҷиши андоз мавҷуд набудани баҳисобгирии объектҳои андоз ошкор карда шавад ё аз ҷониби андозсупоранда доир ба онҳо маълумот пешниҳод карда нашавад, мақомоти андоз дар асоси маълумоти дар ихтиёр доштаашон, дар ҳолатҳои дахлдор бо истифода аз арзёбӣ кардани арзиши фурӯши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), арзиши молу мулк, сатҳи миёнаи музди меҳнат ва ҳисоби даромаднокӣ дар ҳаҷми 10 фоиз маблағи эҳтимолии андозро ҳисоб менамоянд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Маблағи андоз метавонад инчунин дар асоси натиҷаҳои муоинаҳои хронометражӣ, нишондодҳои иқтисодии қиёсшавандаи фаъолияти дигар андозсупорандагон, ки намудҳои шабеҳи фаъолиятро амалӣ менамоянд, муқаррар карда шавад.
- Ҳангоми дар оянда аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод шудани ҳисобот ва ҳисобҳои андоз, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад – иттилооти дахлдори баҳисобгирии андози объектҳои андозбандишаванда, мақомоти андоз маблағи ҳисобкардашудаи андозро тасҳеҳ (ислоҳ) менамоянд.
- Дар мавриди ҳама гуна андозҳо амалиёти моливазкунӣ ва (ё) амалиёти дигар, аз ҷумла гирифтани даромадҳо ва хароҷот кардан дар шакли аслиро мақомоти андоз ҳамчун фурӯши мол (натиҷаи кор, хизмат) бо нархи бозорӣ баррасӣ менамоянд.
- Бо мақсади андешидани чораҳои иловагии мубориза бар зидди саркашӣ аз пардохти андозҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби татбиқи усулҳои алтернативии андозбандиро тасдиқ менамояд.
Моддаи 24. Нархҳои бозорӣ
- Барои мақсадҳои андозбандӣ ба сифати нархи мол (кор, хизматрасонӣ) нархи воқеие қабул карда мешавад, ки тарафҳои аҳд (бо ҳуҷҷатҳои аслӣ тасдиқшуда) нишон додаанд, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад. Дар ҳолате, ки агар нархи нишондодашудаи мол (кор, хизматрасонӣ) аз нархи бозорӣ фарқ кунад ва аз ҷониби андозсупоранда оид ба фарқи нархҳо асосҳои кофӣ пешниҳод нашуда бошад, ҳангоми андозбандӣ нархи бозорӣ истифода бурда мешавад.
- Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) нархе эътироф мешавад, ки дар натиҷаи таъсири мутақобилаи дархосту пешниҳод дар бозори молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (ва дар ҳолати мавҷуд набудани онякхела) ва дар асоси аҳдҳое ба вуҷуд омадааст, ки дар бозори дахлдор миёни шахсоне баста шудаанд, ки шахсони мутақобилан вобаста намебошанд. Аҳди миёни шахсони мутақобилан вобаста танҳо ба шарте ба назар гирифта мешавад, ки агар вобастагии мутақобилаи онҳо ба натиҷаҳои чунин аҳд таъсир нарасонад.
- Нархи бозории молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дар асоси иттилоот дар бораи аҳдҳои дар бозори дахлдор дар лаҳзаи таҳвили ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) басташуда, дар сурати мавҷуд набудани чунин ҳолат нархи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) дар рӯзи ба лаҳзаи фурӯш наздик, ки то ё баъд аз лаҳзаи фурӯши чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) фаро расидааст, аз ҷумла иттилоот дар бораи нархҳои муайянкардаи нархгузорон, нархҳои собити биржаҳои байналмилалӣ ва дигар биржаҳо муайян карда мешавад.
- Бо мақсадҳои андозбандӣ ҳангоми фурӯши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тибқи нархҳои (тарифҳои) аз ҷониби давлат танзимшуда, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, нархҳои (тарифҳои) зикршуда истифода мешаванд.
- Бозори мол (кор, хизматрасонӣ) доираи муомилоти чунин мол (кор, хизматрасонӣ) эътироф мешавад, ки вобаста ба имкониятҳои фурӯшанда (харидор) бе хароҷоти начандон калон дар ҳудуди ба фурӯшанда (харидор) наздиктарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он фурӯхтани (харидани) мол (кор, хизматрасонӣ) муайян карда мешавад.
- Дар сурати мавҷуд набудани аҳдҳо аз рӯи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) ё таҳвил нагардидани чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба ин бозор, нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) бо нархҳое, ки дар асоси бастани аҳдҳо нисбат ба молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) дар санаи ба лаҳзаи таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) наздиктарин, вале на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ то ё баъд аз лаҳзаи таҳвили чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ё баъди он ташаккул ёфтаанд ва ё бо нархҳои аҳди охирин муайян карда мешавад.
- Дар сурати ғайриимкон будани татбиқи қисмҳои 1-5 ҳамин модда, нархи бозории молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) бо усули нархи фурӯши минбаъда, усули ҳисоби хароҷот, усули муайян намудани фоидаи чашмдошт ё дигар усулҳо муайян карда мешавад.
- Ҳангоми муайян намудани нархи бозории молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) манбаъҳои расмии маълумот оид ба нархҳои бозории молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), махзани иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дахлдор, иттилооте, ки аз ҷониби андозсупорандагон, нархгузорон, экспертҳо ба мақомоти андоз пешкаш мешавад, инчунин дигар маълумоти дақиқ истифода бурда мешаванд.
- Мақомоти андоз нархҳои бозориро метавонанд татбиқ намоянд, агар:
– аҳд байни шахсони мутақобилан вобаста содир шуда бошад;
– мубодилаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба вуҷуд омада бошад;
– ҳангоми иҷрои шартномаи (қарордоди) савдои хориҷӣ яке аз тарафҳои аҳд тибқи моддаи 131 Кодекси мазкур резиденти кишвари дорои андозбандии имтиёзнок бошад;
– яке аз тарафҳои аҳд аз имтиёзҳои андоз ё низоми андозбандии имтиёзнок истифода барад;
– нархе, ки иштирокчиёни аҳд пешниҳод намудаанд, аз нархҳои аҳдҳои вобаста ба молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) зиёда аз 15 фоиз фарқ кунад.
- Барои мақсадҳои ҳамин модда мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
– молҳои шабеҳ – молҳои гуногуне, ки хусусиятҳо, аз ҷумла, хусусияти ҷисмонӣ, сифат, ҳайсият дар бозор, кишвари баромад ва истеҳсоли якхела доранд;
– молҳои якхела – молҳое, ки шабеҳ набуда, аломатҳои ба ҳам монанд доранд ва аз унсурҳои монанд иборат мебошанд, ки ба онҳо имконият медиҳад вазифаи якхеларо иҷро кунанд ва дар тиҷорат якдигарро ивазкунанда бошанд.
- Тартиби муайянкунӣ ва истифодабарии нархҳои бозорӣ барои мақсадҳои андозбандӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 25. Баҳисобгирии андозсупорандагон
- Бо мақсадҳои таъмини назорати андози ҳамаи андозсупорандагон бояд дар мақомоти андоз ба баҳисобгирӣ (ба қайди андозӣ) гузошта шаванд.
- Андозсупорандагон, агентҳои андоз, аз ҷумла воҳидҳои алоҳидаи таъсиснамудаи онҳо (филиалҳо, намояндагиҳо, муассисаҳои доимӣ ва ғайра), инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, бояд дар мақомоти андоз ба ҳисоб гирифта шаванд.
- Баҳисобгирӣ тибқи асосҳои зерин амалӣ карда мешавад:
– аризаи хаттии андозсупоранда ё намояндаи ваколатдори (қонунии) вай;
– иттилооти мақоми ваколатдор ва (ё) дигар мақомот;
– иттилооти ташкилоти қарзӣ;
– иттилооти мақомоти ҳудудии андоз.
- Баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз инҳоро пешбинӣ менамояд:
– баҳисобгирии шахси воқеӣ;
– баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи он;
– баҳисобгирии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
– баҳисобгирии намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
– қайди андозсупорандагон ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур;
– баҳисобгирии андозсупоранда ба сифати андозсупорандаи электронӣ;
– баҳисобгирии андозсупоранда дар маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст.
- Дар асоси иттилооти баҳисобгирӣ мақоми ваколатдори давлатӣ Феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагонро (минбаъд – Феҳрист) пеш мебарад.
- Пеш бурдани Феҳрист инҳоро дар бар мегирад:
– ворид намудани маълумот дар бораи андозсупорандагон;
– тағйир додан ва (ё) илова намудани маълумоти баҳисобгирии андозсупорандагон;
– хориҷ намудани маълумот дар бораи андозсупорандагон.
- Ҳуҷчате, ки ба ҳисоб гузоштани андозсупорандаро дар мақомоти андоз тасдиқ менамояд, Шаҳодатнома дар бораи гузоштани рақами мушаххаси андозсупоранда мебошад.
- Ба ҳисоб гузоштан ва аз ҳисоб баровардан дар мақомоти андоз ройгон амалӣ карда мешавад.
- Баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз чунин амалӣ карда мешавад:
1) Дар маҳалли истиқомати (бақайдгирии) шахси воқеӣ дар асоси аризаи шахси воқеӣ, ки ба мақомоти андоз дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст ва (ё) дар асоси иттилооте, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод шудааст.
2) Дар маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, дар маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳидаи он, инчунин дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ва воситаи нақлиёти ба ӯ тааллуқдошта, ки бояд андозбандӣ шаванд.
3) Шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент, ки фаъолияташро тавассути муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал ё намояндагӣ амалӣ менамояд, дар маҳалле, ки ҳангоми ба ҳисоб гузоштан ариза додааст:
а) дар маҳалли бақайдгирии давлатии андозсупоранда, ки ваколатҳои намояндагии доимии ин ғайрирезидентро амалӣ менамояд;
б) дар маҳалли бақайдгирии давлатии андозсупоранда, ки ваколатҳои агенти андозро оид ба пардохт намудани андозҳо аз манбаи пардохти даромадҳои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
4) Шахси воқеӣ – ғайрирезидент (аз ҷумла шахси бешаҳрванд) дар маҳалли истиқомати (будубоши) муваққатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варақаи муҳоҷирати ҳамин шахси воқеӣ нишон дода шудааст. Агар тибқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ мавҷудияти варақаи муҳоҷиратӣ пешбинӣ нашуда бошад, пас маҳалли будубоши шахси воқеӣғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалле эътироф мешавад, ки дар аризаи ба мақомоти андоз пешниҳодшуда нишон дода шудааст.
5) Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла ғайрирезиденте, ки фаъолияташ мутобиқи сархати панҷуми қисми 4 моддаи 12 Кодекси мазкур ҳамчун муассисаи доимии шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент баррасӣ карда мешавад, ӯҳдадор аст дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз санаи ба имзо расонидани созишнома (шартнома, қарордод) бо шарики худ ё дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз санаи амалан оғоз намудани чунин фаъолият бо мақсади ба шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент додани рақами мушаххаси андозсупоранда ба мақомоти андоз дар бораи ба ҳисоб гузоштани шарикаш-шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент ариза пешниҳод намояд.
6) Санаи оғози амалӣ намудани фаъолияти ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯзҳои зерин эътироф мешавад:
а) рӯзи бастани қарордод (шартнома, созишнома);
– барои иҷрои корҳо (хизматрасониҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– барои додани ваколати аз номи вай (ғайрирезидент) амал намудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– барои ба даст овардани молҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳвили минбаъдаи онҳо;
– барои амалӣ намудани фаъолияти якҷоя (иштирок намудан дар ширкати оддӣ);
– барои ба даст овардани корҳо (хизматрасониҳо) бо мақсади амалӣ намудани фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) санаи бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё дигар шартномаи дорои хусусияти граждании ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) санаи бастани шартнома (шартномаи хариду фурӯш, шартнома дар бораи иҷораи молу мулк), ки ба кушодани идора (офис) ишора мекунад;
г) дар ҳолати мавҷуд будани якчанд шарти ҳамин қисм, рӯзи оғози фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи аз қарордодҳои (шартномаҳои, созишномаҳои) пешбинишуда бастани якуминаш (аз ҳама аввалинаш) ба ҳисоб меравад.
7) Намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дар маҳалли ҷойгиршавии намояндагиҳои дипломатӣ ва ба онҳо баробаркардашуда дар асоси ариза ва (ё) иттилооти аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда.
- Ба ҳисоб гузоштани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ғайрирезидентҳо, ки фаъолияташонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсис додани филиал, намояндагӣ амалӣ менамоянд, асос барои аз ҷониби онҳо мустақилона пардохт намудани андозҳо шуда наметавонад, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
- Мақомоти андоз ба Феҳрист маълумоти зеринро ворид менамоянд:
– дар бораи шахси воқеӣ, аз ҷумла шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд – дар маҳалли истиқомат ва (ё) будубоши муваққатии ӯ;
– дар бораи шахси ҳуқуқӣ – резидент, филиал ва намояндагии он, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент – дар маҳалли ҷойгиршавии он;
– дар бораи шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таввасути муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал, намояндагӣ амалӣ менамояд – дар маҳалли агенти вобаста – шахсе, ки ваколатҳои муассисаи доимии ғайрирезидентро амалӣ менамояд;
– дар бораи шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ – ғайрирезиденте, ки коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок, молу мулки ғайриманқулро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мехарад (мефурӯшад) – дар маҳалли ҷойгиршавии ин молу мулк ва (ё) резиденте, ки ваколати пешбарандаи Феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок ва (ё) ҳиссаи иштироки зикргардидаи резидентеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки ғайриманқулро мехарад (мефурӯшад);
– дар бораи намояндагии дипломатӣ ва намояндагии ба он баробаркардашудаи давлати хориҷӣ, ташкилоти байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда – дар маҳалли ҷойгиршавии намояндагии дипломатӣ ва намояндагии ба он баробаркардашуда, ташкилоти байналмилалӣ;
– дар бораи ғайрирезиденте, ки фаъолияташро бе таъсис додани филиал, намояндагӣ таввасути муассисаи доимӣ амалӣ менамояд – дар маҳалли бақайдгирии шахсе, ки ваколатҳои муассисаи доимии ғайрирезидентро амалӣ менамояд;
– дар бораи ғайрирезиденте, ки дар ташкилотҳои қарзӣ – резидентон ҳисоб мекушояд – дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзӣ – резидент (агенти андоз);
– дар бораи воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва дигар воситаҳои нақлиётдар маҳалли ҷойгиршавии молики онҳо;
– дар бораи молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин – дар маҳалли амалан воқеии онҳо.
- Ба Феҳрист маълумот дар бораи шахси воқеӣ ҳангоми ба синни 16-солагӣ расиданаш дар асоси аризаи ин шахс ворид карда мешавад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ӯҳдадории андозии шахси воқеии ба синни 16-солагӣ нарасида, ба Феҳристи андозсупорандагон, инчунин маълумот дар бораи агенти андози (намояндаи қонунӣ ё ваколатдори) ин шахс низ ворид карда мешавад.
- Ба Феҳрист ворид намудани маълумот дар бораи шахсоне, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”аз қайди давлатӣ гузаштаанд, тибқи тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
– маълумоти ибтидоӣ – дар ҷараёни бақайдгирии давлатӣ;
– маълумоти бақайдгирӣ (маълумот дар бораи оинномаи шахси ҳуқуқӣ, низомномаи филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ – резидент ё ғайрирезидент) – дар давоми 30 рӯзи корӣ пас аз санаи бақайдгирии давлатӣ дар асоси иттилооти андозсупоранда;
– дигар маълумоти барои назорати андоз зарур – дар давоми 5 рӯзи корӣ пас аз ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дахлдор (кушодани ҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, гирифтани иҷозатнома ё консессия, фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ ва дигар иттилоот тибқи Кодекси мазкур) дар асоси иттилооти андозсупоранда.
- Аризаи дигар шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар қисми 9 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, дар бораи ба ҳисоб гузоштани онҳо ба сифати андозсупорандагон ва (ё) объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд мебошад, ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар давоми 30 рӯзи корӣ пас аз гузаронидани бақайдгирии давлатӣ (пас аз оғози фаъолияти ғайрирезидент) пешниҳод карда мешавад.
- Ариза дар бораи тағйир додани маълумот дар бораи бақайдгирии шахсоне, ки дар қисми 9 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии онҳо дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ пешниҳод карда мешавад.
- Дар ҳолати барҳамдиҳии (қатъ гардидани фаъолият, азнавташкилдиҳии) шахсоне, ки дар қисми 13 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, фавт ё маҳдуд кардани қобилияти амали шахси воқеӣ, аз баҳисобгирии андозӣ баровардан аз ҷониби мақомоти дахлдори андоз дар асоси маълумоти воридшуда анҷом дода мешавад.
- Ариза дар бораи баҳисобгирии молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳои андозбандӣ ё объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд дар маҳалли ҷойгиршавиашон аз ҷониби андозсупоранда дар давоми 10 рӯзи пас аз ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад.
- Дар ҳолати барои андозсупоранда ба вуҷуд омадани мушкилиҳои вобаста ба муайян намудани маҳалли ба ҳисоб гузоштан, дар асоси иттилооти пешниҳоднамудаи ӯ мақомоти андози маҳалли истиқомати шахси воқеӣ ё маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ қарори дахлдор қабул менамоянд.
- Мақомоти андоз дар асоси далелҳо ва маълумоти дар ихтиёрдоштаашон, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ба онҳо пешниҳод шудаанд, инчунин маълумоти ба онҳо дастрасшуда, ки барои мақсадҳои баҳисобгирӣ зарур ва кифоя мебошад, мустақилона (то лаҳзаи аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудани ариза) ба баҳисобгирӣ гузоштани андозсупорандагонро дар мақомоти андоз таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Баҳисобгирии андозсупоранда дар давоми 3 рӯзи корӣ амалӣ карда мешавад.
- Фаъолият бидуни баҳисобгирӣ ба сифати андозсупоранда дар мақомоти андоз метавонад мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидан асос шавад.
Моддаи 26. Рақами мушаххаси андозсупоранда
- Ҳангоми баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда, ба ҳар як андозсупоранда – шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ рақами мушаххаси андозсупоранда ба тариқи ройгон дода мешавад.
- Рақами мушаххаси ба андозсупоранда додашуда дар ҳеҷ ҳолат, ба истиснои ҳолатҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардида, тағйир дода намешавад ва наметавонад ба андозсупорандаи дигар (ҳама гуна шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ), ҳатто ҳангоми барҳамхӯрии ҳамин андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ (воҳиди алоҳидаи он), катъ гардидани фаъолияти филиали (намояндагии) шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё вафоти андозсупоранда – шахси воқеӣ дода шавад.
- Рақами мушаххаси андозсупоранда метавонад дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати пурра аз нав баҳисобгирии тамоми андозсупорандагон ё гурӯҳи муайяни онҳо ё ин ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар сурати роҳ додани иштибоҳ ҳангоми додани рақами мушаххаси андозсупоранда (нодуруст додани рақами мушаххаси андозсупоранда, додани ҳамон як рақами мушаххаси андозсупоранда ба андозсупорандагони гуногун ё додани зиёда аз як рақами мушаххаси андозсупоранда ба ҳамон як андозсупоранда) тағйир дода шавад.
- Мақомоти дахлдори андоз ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда медиҳад. Дар ҳолати мавҷуд будани воҳидҳои алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ, дигар объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд мувофиқи тартиб ва шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба шахсони зикргардида, инчунин рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан муқаррар карда мешаванд. Ин гуна рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, инчунин ба муассисаи доимии ғайрирезиденте, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе филиал (намояндагӣ) ё агентҳои ваколатдорнамудаи худ анҷом медиҳад, муқаррар карда мешаванд.
- Ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”аз қайди давлатӣ гузаштаанд, Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ҳамзамон бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад. Ба шахсони воқеии ба синни 16-солагӣ расида, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки дар ҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд, Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда дар асоси аризаҳо ба мақомоти дахлдори андоз дар мӯҳлатҳои муқарарнамудаи Кодекси мазкур дода мешавад.
- Мақомоти давлатӣ ва дигар шахсоне, ки ваколатдоранд бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (нисбат ва ба манфиати чунин шахсон) амалҳои (амалиёт, аҳдҳои) зеринро, аз ҷумла тавассути мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд аз ин шахсон талаб кунанд, ки ба онҳо дода шудани рақами мушаххаси андозсупорандаро тасдиқ намоянд:
– амалҳои нотариалӣ, аз ҷумла амалиёт бо молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, ки барои онҳо ситонидани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст;
– додани иҷозатномаҳо, иҷозатҳо ва сертификатҳо барои ҳуқуқи истифодаи замин;
– ба кор қабул намудан дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо;
– барасмиятдарории амалиёти иқтисодии хориҷӣ;
– маблағгузаронӣ берун аз ҳудуд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– насия додани молҳо (бо пардохти арзиши онҳо аз рӯи мӯҳлатҳо), додани қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ба истиснои амалиёти воридот ва хароҷот аз рӯи ҳисобҳои амонатии (пасандозии) шахсони воқеӣ.
- Андозсупорандагон вазифадоранд рақами мушаххаси худро дар ҳисоботи андозӣ, мукотибот бо мақомоти андоз, гумрук ё молия, дар муносибатҳои мутақобила бо дигар мақоми ваколатдор, дар эъломияҳои гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, харҷномаҳо, чекҳои мошинаҳои назоратӣхазинавӣ, инчунин дар ҳуҷҷатҳои корӣ (қарордодҳо, шартномаҳо) зикр намоянд.
- Рақами мушаххаси андозсупоранда, ки ба шахси воқеӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, дар шиносномаи ин шахси воқеӣ бо роҳи задани мӯҳр ва дар он сабт намудани рақами мушаххаси андозсупоранда нишон дода мешавад. Рақами мушаххаси андозсупоранда бояд дар варақаҳо ва мӯҳрҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ сабт гардад.
- Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон, муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, инчунин қоидаҳои тайёр намудани мӯҳрҳо, гузоштани мӯҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиноснома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 27. Ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми ҳамкорӣ бо мақомоти андоз
- Мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро, ба истиснои шахсони мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ба қайд гирифташуда, амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба шахсони ҳуқуқии ба қайд гирифташуда, аз нав ба қайд гирифташуда, азнавташкилдодашуда ё барҳамхӯрда хабар диҳанд.
- Мақомоте, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозатнома, иҷозат, шаҳодатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои шабеҳ медиҳанд, ӯҳдадоранд ба мақомоти дахлдори андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба шахсоне, ки барояшон чунин ҳуҷҷатҳо дода шудааст, инчунин шахсоне, ки аз онҳо ҳуҷҷатҳои мазкур бозхонда шудааст, гирифта шудааст ё мӯҳлати амалашон ба охир расидааст, то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, хабар диҳанд.
- Мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд дар бораи аз ҷониби онҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ, аз ҷумла ба ивази шиносномаҳои гумшуда ё ин ки мӯҳлати амалашон баохиррасида, инчунин бекоркардашуда ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, хабар диҳанд.
- Мақомоте, ки бақайдгирии (азнавбақайдгирии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ва (ё) воситаҳои нақлиёти объекти андозбандибударо амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд дар бораи дар ҳудуди таҳти назораташон қарордошта ҷойгир будани молу мулки ғайриманқул ё воситаҳои нақлиёти дар ин мақомот ба қайд гирифташуда ва соҳибони онҳо ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, маълумот диҳанд.
- Мақомоте, ки баҳисобгирӣ ва (ё) бақайдгирии истифодабарандагони захираҳои табиӣ, аз ҷумла бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи заминро амалӣ менамоянд, инчунин ба фаъолияти вобаста ба истифодаи ин захираҳои табиӣ иҷозатнома медиҳанд, ӯҳдадоранд дар бораи додани ҳуқуқ барои чунин истифодабарӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, хабар диҳанд.
- Мақомоти гумрук вазифадоранд мунтазам бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти андоз маълумоти барои иҷрои қонунгузории андоз зарурии дар ихтиёрашон бударо пешниҳод намоянд.
- Ба мақомоти андоз пешниҳод намудани маълумоте, ки дар қисмҳои 1-6 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, бо мувофиқаи тарафҳо метавонад дар шакли электронӣ анҷом дода шавад.
- Пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани маълумоти дар қисмҳои 1-6 ҳамин модда пешбиншуда дар бораи объектҳои андозбандишаванда ва (ё) объектҳое, ки бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашида шудани шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатӣ мешавад.
БОБИ 5. САНҶИШҲОИ АНДОЗ ВА ДИГАР ШАКЛҲОИ НАЗОРАТИ АНДОЗ
Моддаи 28. Муқаррароти умумӣ
- Санҷиши андоз – санҷиши аз ҷониби мақомоти андоз амалишаванда оид ба иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати иҷрои он ба зиммаи мақомоти андоз вогузор шудааст.
- Санҷишҳои андоз танҳо аз ҷониби мақомоти андоз гузаронида мешаванд. Дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои кофӣ тибқи дархости хаттии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти андоз санҷиши андозро мутобиқи Кодекси мазкур якҷоя бо ин мақомот мегузаронанд.
- Санҷишҳои андоз ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:
– санҷиши ҳуҷҷатӣ;
– санҷиши амалиётӣ.
- Санҷишҳои ҳуҷҷатӣ ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:
1) Санҷиши маҷмӯӣ – санҷиши иҷрои ӯҳдадории андоз аз рӯи ҳамаи намудҳои андоз, аз ҷумла ҳангоми барҳамдиҳӣ (қатъ гардидани фаъолият) ва (ё) азнавташкилдиҳии андозсупоранда (минбаъд – санҷиши андози барҳамдиҳӣ).
2) Санҷиши мавзӯӣ – санҷише, ки нисбат ба андозсупоранда (агенти андоз) аз рӯи як ё якчанд масъалаҳои зерин гузаронида мешавад:
а) иҷрои ӯҳдадории андоз аз рӯи намудҳои алоҳидаи андозҳо, инчунин андозҳои бо онҳо алоқаманд. Андоз дар ҳолате бо андози дигар алоқаманд ҳисобида мешавад, ки агар тағйир додани маблағи ҳисобкардашуда мутаносибан ба тағйир ёфтани маблағи дигар андоз оварда расонад;
б) ҳолати иҷрои қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо аз андозсупоранда ва (ё) ташкилотҳои қарзӣ;
в) тасдиқи дурустии маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод шудаанд.
3) Санҷиши мутақобила – санҷише, ки нисбат ба шахси дигар гузаронида мешавад, агар ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андоз ба мақомоти андоз зарурат пайдо шавад, ки оид ба дурустии дар баҳисобгирии андоз зикр намудани амалиёти гузаронидаи андозсупоранда маълумоти иловагӣ ба даст оранд.
- Санҷиши амалиётиро мақомоти андоз доир ба масъалаҳои риояи талаботи зерини қонунгузории андоз мегузаронанд:
– ба сифати андозсупоранда ба ҳисоб гузоштан дар мақомоти андоз, дурустии маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда;
– аз ҷониби корфармо барои иҷрои ягон кор (хизматрасонӣ) ҷалб намудани кормандони кироя;
– истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ;
– риоя намудани қоидаҳои рехтан (печондан), гузоштани тамғаҳои аксизӣ, нигаҳдорӣ, фурӯши молҳои зераксизӣ ва амалӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ.
- Санҷишҳои маҷмӯии андозро мақомоти андоз тибқи муроҷиати хаттии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо нисбат ба ҳамон андозсупорандагон мегузаронанд, ки нисбат ба онҳо тасдиқи хаттӣ дар бораи оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ бо нишонаҳои ҷиноятҳои бо андозбандӣ алоқаманд ворид шуда бошад. Санҷишҳои мутақобилаи андоз нисбат ба дигар шахсони бо андозсупорандагони зикршуда алоқаманд, ки дар муроҷиатҳои хаттии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян шудаанд, дар ҳолатҳои пешниҳоди қарори дахлдор гузаронида мешаванд.
- Гузаронидани санҷиши андоз, ба истиснои ҳолатҳое, ки соҳибкори инфиродӣ бе ҷалб намудани коргари кироя кор мекунад ва иштироки ӯ дар ҷараёни санҷиш ҳатмӣ мебошад, набояд фаъолияти андозсупорандаро боздорад.
- Дастурамал оид ба гузаронидани санҷишҳои андозро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 29. Даврияти гузаронидани санҷишҳои андоз
- Санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:
– нақшавӣ – санҷишҳои маҷмӯии ҳуҷҷатии андоз, ки тибқи нақшаи гузаронидани санҷишҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқшуда гузаронида мешаванд. Нақшаи санҷишҳои андоз дар асоси баҳодиҳии хавфи вайрон кардани қонунгузории андоз, таҳлили маълумотҳои дар ҳисоботҳои аз ҷониби андозсупоранда пешниҳодшуда, иттилооти мақомоти ваколатдор, инчунин дигар ҳуҷҷатҳо ва иттилоот дар бораи фаъолияти андозсупоранда тартиб дода мешавад;
– ғайринақшавӣ – санҷишҳои маҷмӯии ҳуҷҷатии андозе, ки дар сархати якуми ҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд.
- Санҷишҳои нақшавии ҳуҷҷатии андозсупорандагоне, ки даромади умумии онҳо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо, андоз аз фурӯши алюминийи аввалия) дар давраи соли тақвимии гузашта бештар аз 25 миллион сомонӣ мебошад, на зиёда аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367, аз 21.02.2018 № 1511).
- Санҷишҳои нақшавии ҳуҷҷатии андозсупорандагоне, ки даромади умумиашон дар соли тақвимии гузашта аз 25 миллион сомонӣ кам мебошад, на зиёда аз як маротиба дар ду сол гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Санҷиши нақшавии ҳуҷҷатии аввалини фаъолияти субъекти соҳибкории хурд, ки супорандаи андози низоми соддакардашуда мебошад, танҳо пас аз сипарӣ шудани 36 моҳи пурраи тақвимӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии он амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Агар субъектҳои соҳибкории хурди дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда то гузаштани мӯҳлати пешбинигардида ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шаванд, аз нав ташкил карда шаванд ё барҳам дода шаванд, фаъолияти онҳо бояд мавриди санҷиши маҷмӯии ҳуҷҷатии ғайринақшавӣ қарор дода шавад.
- Санҷишҳои амалиётӣ бо қарори роҳбарони мақомоти андоз аз рӯи зарурат гузаронида мешаванд.
- Санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз аз рӯи давраҳои баохиррасидаи андозӣ гузаронида мешаванд, ба истиснои санҷишҳои андози барҳамдиҳӣ, ки ба барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, қатъ гардидани фаъолияти муассисаи доимии ғайрирезидент ё қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда вобаста мебошанд. Агар нисбат ба давраи барои гузаронидани санҷиш банақшагирифташуда санҷиши маҷмӯии андози андозсупоранда гузаронида шуда бошад, пас дар ин ҳолат санҷиши мавзӯии ин давра гузаронида намешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Санҷиши ғайринақшавии маҷмӯӣ ё мавзӯӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
– ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти супорандаи андоз аз арзиши иловашуда (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046);
– ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, қатъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи филиал ё намояндагӣ амалӣ менамояд;
– ҳангоми қатъ гардидани амали имтиёзҳо барои шахсони ҳуқуқии дар фасли XVII Кодекси мазкур пешбинишуда;
– бинобар ба охир расидани мӯҳлати амали қарордоди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
– бо мақсади тасдиқ намудани дурустии маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод шудааст;
– тибқи асосҳое, ки дар қисми 6 моддаи 28 Кодекси мазкур муқаррар шудаанд;
– ба охир расидани лоиҳаи сармоягузорӣ.
- Санҷишҳои ғайринақшавии маҷмӯӣ ё мавзӯӣ, инчунин дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешаванд:
– дар ҳолати ба миён омадани зарурат барои гузаронидани санҷишҳои мутақобила;
– дар асоси қарори роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ;
– дар асоси дархостҳои мақомоти андози давлатҳои дигар;
– нисбат ба шахсоне, ки андозсупорандаи бемасъулият эътироф шудаанд;
– қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда (ба истиснои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ) (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– дар асоси муроҷиати худи андозсупоранда.
- Аз ҷониби мақомоти андоз гузаронидани санҷишҳои такрории маҷмӯӣ ва мавзӯӣ барои давраи санҷидашудаи андоз манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои зерине, ки чунин санҷишҳо дар доираи мӯҳлати даъвои бо Кодекси мазкур муқарраршуда гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367):
– дар асоси аризаи хаттии худи андозсупоранда;
– тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 28 Кодекси мазкур;
– бо қарори роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи пешниҳодҳои асосноки роҳбари мақоми дахлдори андоз;
– бо қарори роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби назорат аз болои фаъолияти мақоми андозе, ки санҷиши ҳуҷҷатии андозро гузаронидааст. Чунин санҷиш танҳо нисбат ба даврае гузаронида мешавад, ки санҷиши ҳуҷҷатии андози охирон гузаронидашударо дар бар мегирад.
Моддаи 30. Давомнокӣ ва вақти гузаронидани санҷишҳои андоз
- Мӯҳлати гузаронидани санҷишҳои андози дар амрномаи додашуда зикршаванда набояд аз лаҳзаи пешниҳоди амрнома аз 30 рӯзи корӣ зиёд бошад, агар дар ҳамин модда тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
- Мӯҳлати гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатии андоз барои шахсони ҳуқуқӣ, ки дорои воҳидҳои алоҳида мебошанд ва ғайрирезидентҳое, ки фаъолияташонро ба воситаи муассисаҳои доимӣ амалӣ менамоянд, дар сурати мавҷуд будани зиёда аз як маҳалли ҷойгиршавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои андозсупорандагоне, ки дар баҳисобгирии нозироти андози андозсупорандагони калон қарор доранд, аз 60 рӯзи корӣ зиёд буда наметавонад. Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад мӯҳлати санҷиши ҳуҷҷатии андозро ба мӯҳлати то 30 рӯзи корӣ дароз намояд.
- Мӯҳлати гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатии андози андозсупорандае, ки субъекти соҳибкории хурд мебошад, набояд аз 10 рӯзи корӣ зиёд бошад.
- Мӯҳлати гузаронидани санҷиши амалиётӣ наметавонад аз 15 рӯзи корӣ зиёд бошад. Санҷиши амалиётӣ нисбат ба андозсупорандаи алоҳида набояд аз чор соати корӣ зиёд давом кунад.
- Ҷараёни мӯҳлати гузаронидани санҷиши андоз дар фосилаи байни лаҳзаҳои ба андозсупоранда пешниҳод намудани талабнома оид ба пешкаш намудани ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои талабшуда аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатҳо, инчунин дар фосилаи қабули маълумот ва ҳуҷҷатҳо аз шахсони сеюм бо дархости мақоми андоз боздошта мешавад. Боздоштан ва барқарор намудани ҷараёни мӯҳлати гузаронидани санҷиши андоз дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор ва дар амрнома барои гузаронидани санҷиш қайд карда мешавад. Мӯҳлати боздоштан ба мӯҳлати санҷиши андоз дохил карда намешавад.
- Санҷиши андоз метавонад танҳо дар вақти корӣ ва рӯзҳои кории муқарраршуда гузаронида шавад. Дар ҳолати амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ (истеҳсол ва (ё) фурӯши молҳо, корҳо, хизматрасонӣ) дар вақти дигар, санҷиши андоз инчунин метавонад дар ин вақт гузаронида шавад. Агар вақти кории мақомоти андоз ва андозсупоранда мувофиқ набошад, санҷиши андоз метавонад дар вақти кории андозсупоранда гузаронида шавад.
- Мақомоти андоз дар субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияти онҳо хусусияти мавсимӣ дорад, дар чунин ҳолатҳо санҷишҳои нақшавии ҳуҷҷатии андозро гузаронида наметавонанд:
– дар хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар мавсими киштукор аз 1-уми апрел то 1-уми июн ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил аз 1-уми август то 1-уми ноябри соли тақвимӣ;
– дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (маҳсулоти зудвайроншавандаи меваю сабзавот) аз 20-уми июн то 20-уми октябри соли тақвимӣ.
Моддаи 31. Огоҳинома дар бораи санҷиши дарпешистодаи андоз
- Мақомоти андоз на дертар аз 10 рӯзи корӣ пеш аз оғози санҷиши ҳуҷҷатии андоз ба андозсупоранда дар хусуси гузаронидани санҷиши андоз огоҳинома мефиристанд ё месупоранд, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
- Дар бораи санҷиши дарпешистодаи ғайринақшавии андоз андозсупоранда на дертар аз 24 соат то лаҳзаи оғозшавии санҷиши андоз хаттӣ огоҳ карда мешавад.
- Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд санҷиши ҳуҷҷатии ғайринақшавии андозро бе огоҳ намудани андозсупоранда дар бораи оғози санҷиш дар ҳолатҳое шурӯъ намоянд, ки агар хавфи асоснокшуда дар мавриди он ки андозсупоранда метавонад ҳуҷҷатҳои марбут ба андозбандии барои гузаронидани санҷиш зарурро, пинҳон намояд ё нобуд созад ё ин ки дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки гузаронидани санҷишро ғайриимкон месозад ё барои дар ҳаҷми пурра гузаронидани он имконият намедиҳанд. Мақомоти андоз чунин санҷиши андозро дар асоси иҷозати хаттии мақомоти болоии андоз бе огоҳ намудани андозсупоранда амалӣ менамоянд.
- Андозсупорандае, ки дар хусуси санҷиши дарпешистодаи андоз огоҳинома гирифтааст, ӯҳдадор аст иштироки худ (иштироки намояндаи худ) ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои санҷиш дар рӯз ва вақти дар огоҳинома пешбинишуда таъмин намояд.
- Дар ҳолате, ки агар андозсупоранда бо сабабҳои узрнок оғози санҷиши ҳуҷҷатиро дар рӯз ва вақти дар огоҳинома пешбинишуда таъмин карда натавонад, вай ӯҳдадор аст мақомоти андози санҷишкунандаро дар ин хусус то оғози санҷиши андоз, вале на дертар аз 5 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи мақоми андози санҷишкунанда, ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва ба мақомоти андози санҷишкунанда сана ва вақти барои тарафҳо мувофиқи санҷиши андозро пешниҳод намояд.
- Сабабҳои узрнок, ки вобаста ба онҳо андозсупоранда наметавонад оғози санҷишро дар рӯз ва вақти дар огоҳинома пешбининамуда таъмин намояд, метавонанд нагирифтани огоҳинома, бемории бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда ё дар сафари хизматӣ будани шахси мансабдори масъул, ки ӯҳдадор аст оғози санҷишро таъмин намояд, фавтидани хешовандони наздики он, офатҳои табиӣ бошанд.
- Дар ҳар ҳолат мақомоти андоз ҳуқуқ доранд санҷиши андозро, ки дар огоҳинома пешбинӣ шудааст, пас аз гузаштани 10 рӯзи корӣ аз мӯҳлати дар огоҳинома зикршуда оғоз кунанд, андозсупоранда бошад, ӯҳдадор аст шароит муҳайё сохта, ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани санҷиши андоз пешниҳод намояд.
- Санҷишҳои мутақобила ва амалиётӣ бе пешакӣ додани (ирсол намудани) огоҳинома анҷом дода мешаванд.
Моддаи 32. Асос барои гузаронидани санҷиши андоз
- Асос барои гузаронидани санҷиши андоз амрнома мебошад, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофика бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
- Дар асоси як амрнома танҳо як санҷиши андоз гузаронида мешавад, ба истиснои санҷиши амалиётӣ.
Моддаи 33. Оғози санҷиши андоз
- Оғози санҷиши андоз лаҳзаи ба андозсупоранда (агенти андоз) супоридани амрнома ба ҳисоб меравад.
- Кормандони мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд, вазифадоранд ба андозсупоранда шаҳодатномаи хизматии худро нишон диҳанд ва тибқи тартиби муқарраршуда дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳои субъектҳои хоҷагидорӣ қайди дахлдор кунанд.
- Кормандони мақомоти андозе, ки санҷиши ҳуҷҷатии андозро мегузаронанд, ба андозсупоранда амрномаи аслро месупоранд. Дар нусхаи амрнома андозсупоранда дар хусуси он ки бо амрнома шинос шуда, онро гирифт, имзо менамояд.
- Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ ба андозсупоранда ё корманди вай, ки фурӯши мол ё хизматрасониро амалӣ менамояд, барои шиносоӣ амрномаи асл нишон дода шуда, нусхааш супорида мешавад. Дар амрномаи асл аз ҷониби андозсупоранда ё корманди вай, ки фурӯши мол ё хизматрасониро амалӣ менамояд, оид ба шинос шудан бо амрнома ва гирифтани нусхаи он, имзо бо нишондоди сана ва вақти гирифтан гузошта мешавад.
- Рад кардани гирифтани амрнома аз ҷониби андозсупоранда барои бекор кардани санҷиши андоз асос шуда наметавонад.
Моддаи 34. Дастрасии кормандони мақомоти андоз ба ҳудуд ё бино барои гузаронидани санҷиши андоз
- Андозсупоранда ӯҳдадор аст, ки барои ворид шудани кормандони мақомоти андози санҷиши андозро гузаронанда ҷиҳати муоина ба ҳудуд ё бинои (ба истиснои манзилҳои истиқоматӣ) барои гирифтани даромад истифодашаванда ё ба объекти андозбандӣ ва объекти бо андозбандӣ алоқаманд, иҷозат диҳад.
- Дар сурати монеъ шудан ба ворид шудани кормандони мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд, ба ҳудуди номбаршуда ё ба объекти андозбандӣ ё объекти бо андозбандӣ алоқаманд ё ба дигар биноҳо (ба истиснои манзилҳои истиқоматӣ) протокол тартиб дода мешавад.
- Протоколро кормандони мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд ва андозсупоранда (агенти андоз) имзо менамоянд. Агар андозсупоранда (агенти андоз) аз имзо кардани протоколи мазкур даст кашад, санҷишгар дар протокол оид ба даст кашидани андозсупоранда аз имзо қайд мегузорад.
- Кормандони мақомоти андоз бояд бо худ иҷозати махсус дошта бошанд, агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуд ва (ё) бинои андозсупоранда он зарур бошад.
- Андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад ба ворид шудани кормандони мақомоти андоз ба ҳудуд ё бино барои гузаронидани санҷиши андоз иҷозат надиҳад, агар:
– талаботи моддаҳои 31 ва 33 Кодекси мазкур риоя карда нашаванд;
– мӯҳлатҳои санҷиши дар амрнома нишондодашуда фаро нарасида бошанд ё гузашта бошанд;
– ҳамин шахсон дар амрнома зикр нашуда бошанд;
– кормандони мақомоти андоз иҷозати дахлдори махсуси махфиятро, ки барои даромадан ба ҳудуд ё бинои андозсупоранда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, ҳамроҳи худ надошта бошанд.
- Гузаронидани санҷиши андоз танҳо дар маҳали ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ ва (ё) маҳали фаъолияти андозсупоранда амалӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки субъекти санҷидашаванда барои санҷишгар утоқи кориро таъмин карда натавонад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
Моддаи 35. Ба охир расидани санҷиши андоз
- Баъди ба охир расидани санҷиши андоз кормандони мақомоти андоз санади санҷиши андозро тартиб медиҳанд, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
- Андозсупорандае, ки дар давраи санҷиши андоз бо талаби санҷишкунанда ҳуҷҷатҳои барои муайян намудани объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд зарурро пешниҳод накардааст, ӯҳдадор аст сабабҳои пешниҳод накардани ин ҳуҷҷатҳоро ба таври хаттӣ шарҳ диҳад.
- Ба охир расидани санҷиши ҳуҷҷатии андоз рӯзи ба андозсупоранда супоридани санади санҷиши андоз ё дар ҳолати даст кашидани андозсупоранда аз қабули санади санҷиши андоз, санаи ба ӯ фиристодани санади санҷиши андоз бо мактуби фармоишии дорои огоҳинома ба ҳисоб меравад.
- Агар баъди ба охир расидани санҷиши андоз вайронкунии қонунгузории андоз муқаррар нашавад, дар санади санҷиши андоз дар ин хусус қайди дахлдор гузошта мешавад.
- Ба санади санҷиши андоз нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳисобҳои анҷомдодаи корманди мақомоти андоз ва дигар маводи дар рафти санҷиши андоз гирифташуда замима мегарданд.
- Санади санҷиши андоз ба миқдори на камтар аз ду нусха тартиб дода шуда, онро кормандони мақоми андоз, ки санҷиши андозро гузаронидаанд ва андозсупоранда имзо менамоянд. Як нусхаи санади санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) дода мешавад.
- Ҳангоми гирифтани санади санҷиши андоз андозсупоранда (агенти андоз) ӯҳдадор аст дар нусхаи дигари санад дар хусуси гирифтани он қайд кунад ва имзои худро гузорад. Ҳамзамон имзои андозсупоранда маънои онро надорад, ки ӯ бо санади санҷиш розӣ аст, ва ҳуқуқи андозсупорандаро ба шикоят кардан аз болои қарорҳо ва амалҳои (беамалии) ин корманди мақомоти андоз маҳдуд намекунад. Дар ҳолати даст кашидани андозсупоранда (агенти андоз) аз қабул ва (ё) имзои санади санҷиши андоз, дар ин хусус дар худи санад қайд карда мешавад. Дар ин ҳолат санади санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) бо мактуби фармоишии дорои огоҳинома фиристода мешавад.
Моддаи 36. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз
- Баъди ба охир расидани санҷиши ҳуҷҷатии андоз дар ҳолати ошкор гардидани вайронкуниҳо мақомоти андоз қарор (огоҳинома) дар бораи натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатии андоз (минбаъд – огоҳинома) дар шакли муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад, ки он дар давоми 15 рӯзи кории баъди санаи ба охир расидани санҷиши ҳуҷҷатии андоз ба андозсупоранда фиристода мешавад.
- Дар ҳолати мавҷуд набудани маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда, мӯҳлати иҷрои огоҳинома оид ба натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатии андоз то лаҳзаи ба андозсупорандаи мазкур супоридани огоҳинома боздошта мешавад.
- Баъди ба охир расидани санҷиши амалиётии андоз дар ҳолати ошкор гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби мақомоти андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 13 Кодекси мазкур истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои андоз амалӣ карда мешавад.
- Бақайдгирии огоҳинома (дар ҳолати ошкор гардидани вайронкунӣ) ва санади санҷиши ҳуҷҷатии андозро мақоми андоз таҳти як рақам анҷом медиҳад.
- Андозсупорандае, ки дар бораи маблағҳои ҳисобшудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо огоҳинома гирифтааст, агар оид ба натиҷаҳои санҷиши андоз шикоят накарда бошад, ӯҳдадор аст дар мӯҳлатҳои дар огоҳинома зикршуда онро иҷро намояд. Зимнан мӯҳлати иҷрои огоҳинома бояд на дертар аз 10 рӯзи корӣ пас аз супоридани огоҳинома муқаррар карда шавад.
- Дар ҳолате, ки агар баъди анҷом ёфтани санҷиши андоз вайронкунии қонунгузории андоз муқаррар нашуда бошад, огоҳинома қабул карда намешавад.
- Дар огоҳинома аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз, ки ба талаботи сархати бисту дуюми қисми 1 моддаи 90 Кодекси мазкур ҷавобгӯ мебошанд, бояд қайд гардад, ки дар давоми 10 рӯзи корӣ пас аз тартиб додани огоҳинома маводи санҷиши андоз тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ барои баррасӣ дода мешаванд.
Моддаи 37. Назорати камералӣ
- Назорати камералӣ шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда, маълумоти мақоми ваколатдор ва дигар ҳуҷҷатҳо дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти андоз анҷом дода мешавад. Назорати камералӣ қисми таркибии низоми идоракунии хавфҳо мебошад.
- Назорати камералӣ аз ҷониби кормандони ваколатдори мақомоти андоз тибқи вазифаҳои хизматии онҳо бе ягон қарори махсуси (амрномаи) роҳбари мақомоти андоз амалӣ карда мешавад. Гузаронидани назорати камералӣ барои давраҳои санҷишҳои маҷмӯию мавзӯии гузаронидашуда, такроран гузаронидани назорати камералӣ, инчунин, зиёда аз як маротиба дар шаш моҳи тақвимӣ гузаронидани назорати камералӣ манъ аст, ба истиснои назорати камералие, ки тибқи супориши хаттии роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин мегардад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Дар ҳолате, ки агар дар ҷараёни назорати камералӣ вайронкуниҳои эҳтимолии қонунгузории андоз ошкор шаванд, ба андозсупоранда огоҳинома бо талаби дар мӯҳлати 10 рӯзи корӣ пешниҳод кардани тавзеҳот, ҳуҷҷатҳо ва (ё) иҷро намудани дигар ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Агар ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар натиҷаи назорати камералӣ ошкор шудаанд, боиси тағйир ёфтани маблағи ӯҳдадории андози андозсупоранда шаванд, ва аз ҷониби он эъломияҳои иловагӣ пешниҳод нашавад корманди мақомоти андоз, ки назорати камералиро амалӣ намудааст, ӯҳдадор аст санади назорати камералӣ тартиб диҳад. Тартиб додани санади назорати камералӣ ва қабули қарори мақомоти андоз аз рӯи натиҷаҳои он бо шакли муайяннамудаи Кодекси мазкур барои санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Назорати камералӣ аз ҷумла оид ба масъалаҳои зерин анҷом дода мешавад:
– мутобиқат байни маълумоту ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи андозсупоранда ва маълумоту ҳуҷҷатҳое, ки дар мақомоти андоз мавҷуданд;
– бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;
– қонунӣ будани истифодаи низомҳои андоз;
– қонунӣ будани истифодаи имтиёзҳои андоз.
Моддаи 38. Истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ
- Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ ҳангоми фурӯши мол, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ, чекҳо бо истифодаи ҳатмии мошинҳои назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ ва додани чеки назоратӣ анҷом дода мешаванд.
- Муқаррароти ҳамин модда ба ҳисоббаробаркуниҳои пулии шахсони зерин татбиқ намегарданд:
1) Соҳибкорони инфиродӣ (ба истиснои фурӯшандагони молҳои зераксизӣ), ки:
а) тибқи патент фаъолият мекунанд;
б) агар аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии андозсупоранда ба сифати соҳибкори инфиродӣ (ба истиснои онҳое, ки тибқи патент фаъолият мекунанд) се моҳ нагузашта бошад.
2) Андозсупорандагон дар қисми хизматрасониҳо ба аҳолӣ бо додани расидҳо (квитансияҳо), чиптаҳо, талонҳо, тамғаҳои пардохти почтавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба чекҳо баробаркардашудаи ҳисоботи қатъӣ тибқи шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3) Шахсони воқеие, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худашонро дар бозор ва дигар ҷойҳои махсус ҷудошуда, берун аз биноҳо мефурӯшанд.
4) Супорандагони андози ягона ҳангоми фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худашон дар маҳалли истеҳсол берун аз биноҳо.
- Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (аз ҷумла ҳангоми муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва штрихкодҳо), талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (назоратӣ), инчунин талабот нисбат ба системаи компютерӣ оид ба назорати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои электрониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
- Мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ – ин таҷҳизоти электронӣ бо блоки хотираи фискалӣ ва (ё) системаҳои компютерие мебошанд, ки интиқоли электронии маълумотро таъмин намуда, барои сабти ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ ҳангоми фурӯши мол ва хизматрасонӣ истифода бурда шуда, қайди тасҳеҳнашавандаи ҳарбастӣ ва нигоҳдории дарозмуддати маълумотро, новобаста ба мавҷудияти қувваи барқ, таъмин менамоянд. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти дахлдори дигар Феҳристи давлатии мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалиро, ки барои истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, тасдиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Дар ҳолатҳои аз ҷиҳати техникӣ корношоям шудани мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ, набудани қувваи барқ ё амали шартҳои зербанди б) банди 1) қисми 2 ҳамин модда барои истифода ва додани чекҳои молӣ ба харидорон бо тартиби пешбининамудаи банди 2) қисми 2 ҳамин модда муваққатан иҷозат дода мешавад. Барои чунин андозсупорандагон пешбурди Дафтари сабти қайди маблағҳои пулии нақд, ки шакли онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ҳатмист.
- Ҳангоми истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ риояи талаботи зерин ҳатмӣ мебошад:
– то оғози фаъолият мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ дар мақомоти андози маҳалли амалӣ намудани фаъолият ба қайд гирифта мешаванд;
– додани чеки мошини назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ амалӣ карда мешавад;
– дастрасии мақомоти андоз ба мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 39. Назорати андоз оид ба риояи тартиби татбиқ ва истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ
- Мақомоти андоз:
– назорати риояи тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ, инчунин истифодаи Дафтари сабти қайди маблағҳои пулии нақд ва Дафтари сабти расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъиро, ки шаклҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, амалӣ менамоянд;
– ҳангоми гузаронидани назорати андоз нишондиҳандаҳои дар блоки хотираи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ мавҷудбударо истифода мебаранд;
– пешниҳоди нишондиҳандаҳои мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалиро дар баробари пешниҳоди эъломияҳои андоз ва дигар шакли ҳисоботи андоз талаб менамоянд;
– феҳристи ҷойгиршавӣ ва истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалиро барои ҳар шаҳр (ноҳия) пеш мебаранд.
- Андозсупорандагон ӯҳдадоранд дар ҷойи барои харидор (муштарӣ) дастрас низоми (вақти) корӣ ва нархномаҳоро барои молҳои фурӯхташаванда (корҳои иҷрошаванда ва хизматрасониҳо) бо пули миллӣ овезанд.
- Хариди назоратӣ аз ҷониби мақомоти андоз бе маҳдудияти даврияти он танҳо барои назорати истифодабарии мошинҳои назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ ва ба харидорон додани чекҳо анҷом дода мешавад. Тартиби гузаронидани хариди назоратиро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 40. Муоинаи хронометражӣ
- Муоинаи хронометражӣ – шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади муқаррар намудани даромади воқеии андозсупоранда ва хароҷоти воқеии вобаста ба фаъолияти барои гирифтани даромад равонашуда дар даврае, ки мавриди муоина қарор мегирад, гузаронида мешавад.
- Дар ҷараёни гузаронидани муоинаи хронометражӣ мақомоти андоз масъалаҳои вобаста ба муоинаи объекти андозбандӣ ва (ё) объекти ба андозбандӣ алоқамандро мустақилона муайян менамоянд. Ҳамзамон инҳо бояд ҳатман мавриди муоина қарор гиранд:
– объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд;
– мавҷудияти пул, ҳуҷҷатҳои пулӣ, дафтарҳои муҳосибӣ, ҳисоботҳо, сметаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳисобҳо, эъломияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо объекти муоинашавандаи андозбандӣ ва (ё) объекти ба андозбандӣ алоқаманд вобастаанд;
– ҳисоботи фискалии мошини назоратӣ – хазинавӣ;
– шумораи кормандони кирояи воқеан истифодашаванда.
- Муоинаи хронометражӣ тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ на зиёда аз як маротиба дар як сол ба мӯҳлати то 3 рӯзи корӣ гузаронида мешавад.
- Агар андозсупорандаи муоинашаванда фаъолияташро дар рӯзҳои истироҳат ва ид амалӣ намояд, муоинаи хронометражӣ метавонад дар рӯзҳои зикршуда гузаронида шавад. Муоинаи хронометражӣ метавонад мутобиқи низоми кории андозсупоранда, новобаста ба вақти шабонарӯзӣ, гузаронида шавад.
- Асос барои гузаронидани муоинаи хронометражӣ амрномае мебошад, ки мутобиқи талабот барои гузаронидани санҷишҳои андоз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур қабул гардидааст.
- Натиҷаҳои муоинаи хронометражии андозсупорандагон ҳангоми гузаронидани ҳисобҳои маблағҳои андозҳо аз рӯи натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатӣ, инчунин барои таҳлили дурустии ҳисоботи пешниҳодшудаи андоз, бо дарназардошти мавсимӣ будани фаъолияти хоҷагидорӣ, ба назар гирифта мешаванд.
- Татбиқ намудани натиҷаи муоинаи хронометражӣ барои давраҳои гузаштаи андозӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 6 моддаи 23 Кодекси мазкур пешбинишуда (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
Моддаи 41. Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар
- Ба молҳои алоҳидаи зераксизӣ бояд тамғаҳои аксизӣ гузошта шаванд.
- Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ масъул мебошанд.
- Мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ назорати аз ҷониби истеҳсолкунандагон риоя гардидани қоидаҳои тамғагузории намудҳои алоҳидаи молҳои зераксизиро амалӣ менамоянд.
- Назорати тамғагузории молҳои зераксизие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми гумрукии иҷозат ба муомилоти озод ворид карда мешаванд, инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми дигари гумрукӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
- Бо мақсади пурра ба ҳисоб гирифтани гардиши молҳо, аз ҷумла молҳои зераксизӣ ва маблағҳои пулӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди (маҳалли ҷойгиршавии) андозсупоранда дидбонгоҳҳои андоз гузорад.
- Дидбонгоҳи андоз дар ҳудуди (маҳалли ҷойгиршавии) андозсупорандагони зерин метавонад гузошта шавад, ки:
– молҳои зераксизӣ истеҳсол менамоянд;
– қарзи андоз доранд;
– ҳисоботи андозро мунтазам бо нишондоди ба сифр баробар пешниҳод менамоянд;
– маъданҳои фоиданок истихроҷ менамоянд.
Моддаи 42. Назорат аз болои мақомоти ваколатдор
Иҷрои талаботи қонунгузории андоз оид ба баҳисобгирии объектҳои андоз, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, супорандагон, ҳисоби дуруст, пурра ситонидан ва саривақт ба буҷет гузаронидани андозҳо (боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ), ҷаримаҳо ва фоизҳои вобаста ба онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор таҳти назорати мақоми ваколатдори давлатӣ қарор дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
БОБИ 6. СИСТЕМАИ ИДОРАКУНИИ ХАВФҲО
Моддаи 43. Муқаррароти умумӣ
- Системаи идоракунии хавфҳо ба баҳо додани хавфҳо асос ёфта, чораҳоеро дар бар мегирад, ки мақомоти андоз бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани хавфи вайронкунии қонугузории андоз таҳия ва (ё) татбиқ менамоянд. Дар асоси натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳо мақомоти андоз метавонанд шаклҳои мухталифи назорати андозро истифода баранд.
- Хавф – эҳтимолияти аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) иҷро накардан ва (ё) ба пуррагӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои андоз, ки метавонистанд ва (ё) метавонанд ба давлат зарар расонанд.
- Мақсадҳои аз ҷониби мақомоти андоз татбиқ гардидани системаи идоракунии хавфҳо инҳо мебошанд:
– ҷалб намудани диққат ба соҳаҳои дорои хавфи баланд ва таъмини истифодаи нисбатан самараноки захираҳои дар ихтиёр дошта;
– зиёд намудани имкониятҳои вобаста ба ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи андозбандӣ.
- Системаи идоракунии хавфҳо ҳангоми амалӣ намудани назорати андоз, аз ҷумла бо мақсади интихоби андозсупорандагон (агентҳои андоз) барои гузаронидани санҷишҳои андоз истифода мешавад.
- Системаи идоракунии хавфҳо метавонад бо истифода аз системаи иттилоотии идоракунии хавфҳо амалӣ карда шавад.
Моддаи 44. Амалҳои мақомоти андоз оид ба баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳо
- Мақомоти андоз маълумоти ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда (агенти андоз), маълумоти аз мақоми ваколатдор гирифташуда, инчунин дигар ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумотро дар бораи фаъолияти андозсупоранда таҳлил менамоянд.
- Натиҷаҳои чунин таҳлилро мақомоти андоз барои муайян намудани дараҷаи хавф, ошкор намудани номгӯи андозсупорандагони бемасъулият, пурзӯр намудани назорат аз болои андозсупорандагони бемасъулият ва ҳавасмандгардонии андозсупорандагони бомасъулият истифода мебаранд.
- Номгӯи андозсупорандагони бемасъулият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода шуда, дар сомонаи электронии он ҷойгир карда мешавад. Номи (номгӯи) андозсупорандаи бемасъулият аз ин номгӯ пас аз ислоҳи вайронкунии роҳдодааш ва (ё) пешниҳод шудани далелҳои асоснок хориҷ карда мешавад.
- Шахсоне, ки ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда нашудаанд, андозсупорандагони бомасъулият ҳисобида мешаванд.
БОБИ 7.ОГОҲОНӢ ВА ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ИҶРОИ ӮҲДАДОРИИ АНДОЗ
Моддаи 45. Огоҳиномаи мақомоти андоз
- Огоҳинома хабари аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) дар ҳомили коғазӣ ё бо розигии хаттии вай бо усули электронӣ фиристодашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур эътироф карда мешавад.
- Огоҳиномаҳо ба андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақомоти андоз бо асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур фиристода мешаванд, аз ҷумла:
– дар бораи маблағи ҳисобкардаи мақомоти андоз;
– дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз;
– дар бораи пешниҳод нагардидани ҳисоботи андоз;
– дар бораи пардохт намудани қарзи андоз;
– дар бораи бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои дигар, ки мақомоти андоз ошкор намудаанд;
– дар бораи ба номгӯи андозсупорандагони бемасъулият дохил намудани он бо ишораи асосҳо ва талаби бартараф намудани ҳуқуқвайронкунии ҷойдошта.
- Дар огоҳинома бояд инҳо нишон дода шаванд, агар тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367):
– рақами мушаххаси андозсупоранда;
– насаб, ном, номи падар (ҳангоми мавҷуд будани он) ё номи пурраи андозсупоранда;
– номи мақомоти андоз;
– санаи огоҳкунӣ;
– асос барои фиристодани огоҳинома;
– мундариҷаи огоҳинома;
– талабот оид ба иҷрои талаботи қонунгузории андоз;
– тартиби шикоят кардан.
- Дар огоҳиномаи электронии мақомоти андоз ба андозсупоранда, ки ба суроғаи электронии он илова ба огоҳинома дар шакли коғазӣ фиристода мешавад, бояд рақами мушаххаси андозсупоранда, номи мақомоти андоз, санаи огоҳкунӣ ва матни огоҳинома нишон дода шавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Огоҳинома бояд ба андозсупоранда (агенти андоз) шахсан бо гирифтани имзояш ё дигар тарзи тасдиқкунандаи далели фиристодан ва гирифтани он супорида шавад.
- Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти андоз фиристода шудани огоҳинома, талаботи қонунгузории андоз, ки дар огоҳинома қайд шудааст, бояд аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) дар мӯҳлатҳои дар огоҳинома муқарраргардида иҷро шаванд.
Моддаи 46. Тавзеҳот оид ба иҷрои ӯҳдадории андоз
- Тавзеҳоти хаттӣ оид ба иҷрои ӯҳдадории андоз ба андозсупорандаи мушаххас тибқи дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати иҷрои Кодекси мазкур қабул шудаанд, аз ҷониби роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
- Тавзеҳоти хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ ба дархости хаттии андозсупоранда, ки хусусияти тамоми ҷанбаҳои амалиёти (аҳди) хоҷагидории вобаста ба андозбандӣ, унсурҳои андозро, ки бояд ба андозсупоранда ба таври иловагӣ тавзеҳ дода шаванд, пурра ва дуруст инъикос менамояд, асос меёбанд.
ФАСЛИ III. БАҲИСОБГИРӣ ВА ҲИСОБОТ
БОБИ 8. БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗ ВА ҲИСОБОТИ АНДОЗ
Моддаи 47. Тартибдиҳӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ
- Баҳисобгирии андоз – ҷараёни аз ҷониби шахс пеш бурдани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ тибқи талаботи Кодекси мазкур бо мақсадҳои ҷамъбаст ва мураттаб кардани маълумот дар бораи объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд, инчунин ҳисоб кардани андозҳо ва тартиб додани ҳисоботи андоз мебошад.
- Ҳар шахс ӯҳдадор аст ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро ба забони давлатӣ пеш барад, агар онҳо (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367):
– боиси ба миён омадани ӯҳдадориҳои андозии ин шахс шаванд;
– боиси ба миён омадани ӯҳдадориҳои ин шахс оид ба нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт шаванд;
– боиси ба миён омадани ӯҳдадориҳои ин шахс оид ба пешниҳоди маълумоти вобаста ба андозбандӣ шаванд.
- Ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ аз ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ, регистрҳои ҳисоботи муҳосибавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое иборатанд, ки барои муайянсозии объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд асос мебошанд, инчунин барои ҳисобкунии ӯҳдадориҳои андоз ҳамчун асос истифода бурда мешаванд.
- Андозсупорандагон ӯҳдадоранд ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро мутобиқи санадҳои меъёрии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳангоми зарурат бошад, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ваколатдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш баранд.
- Ҳар ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгирӣ, ба истиснои ҳуҷҷати шакли электронӣ, бояд ба миқдори на камтар аз ду нусхаи якхела тартиб дода шавад, ки якеаш дар ихтиёри шахсе мемонад, ки онро тартиб дода, пешниҳод намудааст, дигараш ба шахсе супорида мешавад, ки ин ҳуҷҷат барояш пешбинӣ шудааст ва аз ҷониби вай нигоҳдорӣ мешавад.
- Агар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии андозсупоранда ба забони хориҷӣ тартиб дода шаванд, бо талаби корманди мақомоти андоз, ки санҷиш мегузаронад ё мақомоти андоз аз ҷониби андозсупоранда чунин ҳуҷҷатҳо бояд ба забони давлатӣ тарҷума карда шаванд. Ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ дар шакли электронӣ андозсупоранда ӯҳдадор аст дар ҷараёни санҷиши андоз бо талаби мақомоти андоз нусхаи коғазии чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд.
- Ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ аз инҳо иборат мебошанд:
– ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ – барои шахсоне, ки ба онҳо мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи ҳисоботи муҳосибавӣ ӯҳдадории оид ба пешбурди он вогузор шудааст;
– ҳисоботи андоз;
– дигар ҳуҷҷатҳое, ки барои муайян намудани объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд, инчунин барои ҳисоб кардани ӯҳдадории андоз асос мебошанд.
- Андозсупорандагон ӯҳдадоранд ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми на камтар аз мӯҳлати даъво, ки моддаи 66 Кодекси мазкур муқаррар намудааст, нигоҳ доранд.
- Ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал ё намояндагӣ амалӣ менамояд, ӯҳдадор аст ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар маҳалли ҷойгиршавии (дар идораи) худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки дар ҳолати надоштани идора – дар идораи агенти ҳамин ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад.
- Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ ӯҳдадорӣ оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба вориси он вогузор карда мешавад.
- Ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ба бойгонии давлатӣ супорида мешаванд.
Моддаи 48. Қоидаҳои умумии баҳисобгирии андоз
- Андозсупоранда ӯҳдадор аст баҳисобгирии даромаду хароҷотро дар асоси маълумоти бо ҳуҷҷатҳо асоснокшуда дақиқ ва сари вақт пеш барад ва даромаду хароҷотро ба давраҳои ҳисоботии дахлдоре, ки дар давраи онҳо гирифта ё пардохт шудаанд, вобаста ба усули баҳисобгирии тибқи моддаҳои 140-154 Кодекси мазкур истифодашаванда ҷиҳати дуруст нишон додани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ва амалиёти анҷомдодашаванда ба роҳ монад. Таҳти усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, ҳамаи омилҳои вақт ва тартиби баҳисобгирии маблағҳои воридшуда ва хароҷот, ба монанди истифодаи усули баҳисобгирӣ дар асоси кассавӣ ё дар асоси ҳисобу замкунӣ, усули баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолӣ ва дигар хароҷоти сармоя фаҳмида мешавад.
- Андозсупоранда ӯҳдадор аст баҳисобгирии ҳамаи амалиёти марбут ба фаъолияташро, ки барои муайян кардани оғоз, ҷараён ва ба охиррасии он имконият медиҳанд, таъмин намояд.
- Андозсупоранда баҳисобгирии андозро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба он мухолифат намекунанд, бо усули кассавӣ ё усули ҳисобу замкунӣ амалӣ менамояд.
- Андозсупоранда бояд баҳисобгириро бо усули ҳисобу замкунӣ дар соли тақвимӣ пеш барад, агар вай:
– тибқи низоми умумии андоз андозбандӣ карда шавад;
– мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ тибқи усули қайди дугона вазифадор бошад.
- Амалиёти моливазкунӣ, пардохт тавассути додани молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо, ба гаравгир додани ашёи гарав дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ҳангоми фурӯши он ба мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун фурӯши молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо эътироф мешаванд.
- Ҳама гуна амалиёт бо асъори хориҷӣ барои мақсади андозбандӣ ба пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби ҳисобкунии расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи анҷом додани амалиёт аз нав ҳисоб карда мешавад.
- Асъори хориҷие, ки нисбат ба он қурби ҳисобкунии расмии Бонки миллии Тоҷикистон вуҷуд надорад, аз рӯи қурби ҳисобкунии асъори дигар, дар асоси қурби асъорҳои марбута нисбат ба доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка (минбаъд- ИМА) муайян ва аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 49. Баҳисобгирии ҷудогона ва қоидаҳои пешбурди он
- Андозсупорандагоне, ки намудҳои фаъолиятеро иҷро менамоянд, ки барои онҳо Кодекси мазкур шартҳои (низомҳои) гуногуни андозбандиро пешбинӣ намудааст, вазифадоранд баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро, ки бо ин намудҳои фаъолият вобастаанд, пеш баранд.
- Баҳисобгирии ҷудогонаро андозсупорандагон ба воситаи ҳисобҳо дар асоси нишондиҳандаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, бо дарназардошти муқаррароти Кодекси мазкур амалӣ менамоянд. Чунин ҳисобкуниҳо аз рӯи ҳар намуди фаъолият алоҳида анҷом дода мешаванд.
- Тамоми даромаду хароҷоте, ки ба намуди муайяни фаъолият мансуб дониста шудаанд, бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдори баҳисобгирӣ тасдиқ карда шаванд.
Моддаи 50. Ҳисоботи андоз
- Ҳисоботи андоз – ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки ба онҳо ариза, ҳисобҳо ва эъломияҳо оид ба низомҳои андозбандӣ, ҳар як намуди андоз ё оид ба даромадҳои пардохтшуда, инчунин замимаҳо ба ҳисобҳо ва эъломияҳои андозҳо, ки тибқи тартиби муқарраршуда тартиб дода шудаанд, дохил мешаванд.
- Ҳисоботи андоз аз инҳо иборат аст: эъломияҳои андоз, ҳисобкуниҳо, маълумоте, ки бояд андозсупоранда доир ба ҳар як намуди андоз тартиб диҳад;
– аризаҳо дар бораи баҳисобгирии андоз ё гузаштан ба дигар низоми андозбандӣ;
– аризаҳо дар бораи бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;
– аризаҳо дар бораи баргардонидани андозе, ки аз рӯи он ба пардохти маблағи барзиёд роҳ дода шудааст ё ин ки андози саҳван пардохтшуда ё барои баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда;
– аризаҳо дар бораи татбиқи шартномаҳо дар бораи пешгирии андозбандии дукарата ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои андозбандӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
– ҳисоботи муҳосибии солона, маводи санҷишҳои гузаронидашудаи аудитории андозсупоранда, ки бо стандартҳои аудит пешбинӣ шудааст;
– оинномаи шахси ҳуқуқӣ, низомномаи филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарор дар бораи тағйирдиҳии онҳо;
– маълумот оид ба воҳидҳои алоҳида;
– нусхаи қарор оид ба барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ ва ё муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ;
– маълумот оид ба кушодани суратҳисобҳо дар ташкилоти қарзӣ;
– маълумот оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (содирот ва воридот);
– маълумот оид ба гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани баъзе намудҳои фаъолият;
– маълумот оид ба гирифтани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва (ё) дигар ҳуҷҷате, ки барои истифодабарии замин ҳуқуқ медиҳад;
– дигар ҳуҷҷатҳое, ки бояд мувофиқи муқаррароти Кодекси мазкур таҳия ва ба мақомоти андоз пешниҳод карда шаванд.
Моддаи 51. Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи андоз
- Ҳисоботи андозро андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи он дар шакли коғазӣ ё электронӣ бо забони давлатӣ тибқи тартиб ва шаклҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, тартиб медиҳад.
- Бо Кодекси мазкур ҳолатҳое пешбинӣ мешаванд, ки тартиб додани ҳисоботи андоз ба зиммаи агенти андоз, мақомоти андоз ва (ё) дигар мақомоти ваколатдор, ки дар муносибатҳои андозӣ иштирок менамоянд, вогузор карда мешавад.
- Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ (бо ё бе пешниҳод намудани ҳисоботи мазкур дар шакли коғазӣ) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
- Ҳисоботи андоз, ки дар шакли коғазӣ тартиб дода шудааст, бояд аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай имзо карда шавад, инчунин бо мӯҳри андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай, ки дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мӯҳр бо номи худаш мебошад, тасдиқ карда шавад.
- Ҳисоботи андози дар шакли электронӣ тартибдодашуда бояд бо имзои электронии андозсупоранда (агенти андоз) тасдиқ карда шавад.
- Намояндаи андозсупоранда ё агенти андоз, ки оид ба таҳияи ҳисоботи андоз дар шакли коғазӣ хизмат мерасонад, ӯҳдадор аст онро имзо карда, мӯҳр гузорад ва рақами мушаххаси андозсупорандаи худро дарҷ намояд. Агар ҳисоботи андозро беш аз як нафар намояндаи андозсупоранда тартиб диҳанд, онро танҳо намояндаи асосӣ имзо менамояд.
- Ҳангоми тартиб додани ҳисоботи андоз аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай, ҷавобгарӣ барои дурустии маълумоти дар ҳисоботи андоз зикрёфта ба зиммаи андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай гузошта мешавад.
- Ҳисоботи андоз ба мақомоти дахлдори андоз тибқи тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад.
- Ҳисоботи андоз ба намудҳои зерин тақсим мешавад:
– ҳисоботи аввалия – ҳисоботи андозе мебошад, ки аз ҷониби шахс барои давраи ба ҳисоб гузошта шудани андозсупоранда ва (ё) аввалин маротиба ба миён омадани ӯҳдадории андоз аз рӯи намудҳои алоҳидаи андоз, ки шахси мазкур андозсупорандаи (агенти андози) онҳо мебошад, пешниҳод карда мешавад;
– ҳисоботи навбатӣ – ҳисоботе мебошад, ки аз ҷониби шахс барои давраҳои андозе, ки баъд аз давраи андозе фаро мерасад, ки дар он андозсупоранда ба ҳисоб гузошта шудааст ва (ё) аввалин маротиба ӯҳдадории андоз аз рӯи намудҳои алоҳидаи андоз, инчунин аз рӯи натиҷаҳои давраи андоз – дар ҳолати хориҷ шудани объектҳои андозбандӣ ба миён омадааст, пешниҳод карда мешавад;
– ҳисоботи иловагӣ – ҳисоботе мебошад, ки аз ҷониби шахс ҳангоми ворид намудани тағйирот ва (ё) иловаҳо ба ҳисоботи андози қаблан пешниҳодкардааш барои давраи андозе пешниҳод карда мешавад, ки ин тағйирот ва (ё) иловаҳо аз рӯи намудҳои андозҳое, ки шахси мазкур андозсупоранда (агенти андоз) мебошад, ба он дахл дорад;
– ҳисоботи барҳамдиҳӣ – ҳисоботе мебошад, ки аз ҷониби шахс ҳангоми барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳии фаъолияти андозсупоранда аз рӯи намудҳои андозе, ки шахси мазкур андозсупоранда (агенти андоз) мебошад, инчунин ҳангоми бекор кардани бақайдгирӣ барои андоз аз арзиши иловашуда пешниҳод карда мешавад.
- Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур андозсупорандагоне, ки намудҳои фаъолиятеро амалӣ менамоянд, ки барои онҳо шартҳои гуногуни андозбандӣ муқаррар шудааст, ҳисоботи андозро барои ҳар намуди фаъолияташон алоҳида тартиб медиҳанд.
- Ҳангоми нисбат ба андозсупоранда татбиқ гардидани низомҳои гуногуни андозбандӣ, ҳисоботи андоз дар шакл ва мӯҳлатҳое пешниҳод карда мешавад, ки барои ҳамин низомҳои андозбандӣ муқаррар шудаанд.
- Андозсупорандагон (агентҳои андоз) ҳуқуқ доранд ҳисоботи андозро бо интихоби худ ба тариқи зайл пешниҳод намоянд:
– бо тартиби шахсан ҳозир шудан ё ба воситаи намоянда;
– тавассути почта бо фиристодани мактуби фармоишӣ бо огоҳинома;
– дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли электронӣ, ки барои коркарди компютерии маълумот имконият медиҳад.
- Муқаррароти сархати дуюми қисми 12 ҳамин модда нисбат ба шахсони зерин татбиқ намешаванд:
– андозсупорандагоне, ки назорати фаъолияти онҳоро нозироти андози андозсупорандагони калон амалӣ менамояд;
– соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент фаъолият менамоянд.
- Дар ҳолати бо тартиби шахсан ҳозир шудан ва дар шакли коғазӣ пешниҳод намудани ҳисоботи андоз, он дар ду нусха пешниҳод карда мешавад. Як нусхаи ҳисоботи андоз бо қайди мақомоти андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) баргардонида мешавад.
- Агар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ барҳам дода нашуда бошад ё соҳибкори инфиродӣ (воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ) фаъолияти соҳибкориро қатъ накарда бошад, дар ин ҳолат шахсони дар боло зикргардида ба мақомоти андоз мутобиқи талаботи Кодекси мазкур, новобаста ба фаъолияти анҷомдодашаванда, эъломияҳои андозро пешниҳод менамоянд.
- Ҳисоботи андоз бе назорати пешакии камералӣ қабул карда мешавад.
Моддаи 52. Мӯҳлати нигоҳдории ҳисоботи андоз
- Ҳисоботи андозро андозсупорандагон (агентҳои андоз) дар давоми на камтар аз мӯҳлати даъво, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, нигоҳ медоранд.
- Ҳангоми азнавташкилшавии андозсупоранда (агенти андоз) -шахси ҳуқуқӣ ӯҳдадориҳо оид ба нигоҳдории ҳисоботи андоз ба зиммаи вориси ҳуқуқии он гузошта мешавад.
Моддаи 53. Пешниҳод намудани ҳисоботи андоз
- Ҳисоботи андоз аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти андоз дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад.
- Ҳисоботи андоз ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда пешниҳод карда мешавад. Ҳисоботи андоз аз рӯи намудҳои алоҳидаи андозҳо низ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҷониби андозсупоранда дар маҳалли баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ пешниҳод карда мешавад.
- Шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошанд, эъломияи андозро ба мақомоти андози маҳалли истиқоматашон пешниҳод менамоянд.
- Ҳисоботи андоз ба мақомоти андоз пешниҳодшуда ҳисобида намешавад, агар дар он рақами мушаххаси андозсупоранда, давраи андоз, намуд ва маблағи андоз, ва (ё) санаи пешниҳоди ҳисоботи андоз нишон дода нашуда бошанд ё нодуруст нишон дода шуда бошанд.
- Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳисоботи андоз дар доираи мӯҳлати даъво бо роҳи пешниҳоди ҳисоботи иловагӣ барои давраи андозе, ки ин тағйиру иловаҳо ба он тааллуқ доранд, иҷозат дода мешавад.
- Ҳангоми пешниҳод намудани ҳисоботи андоз бо тағйиру иловаҳо ба мақомоти андоз то лаҳзае, ки андозсупоранда дар бораи таъин намудани санҷиши ҳуҷҷатии андоз огоҳ шуд ё бояд огоҳ мешуд, андозсупоранда аз ҷавобгарии бо қонунгузорӣ муқарраргардида барои ҳуқуқвайронкунии содиркардааш озод карда мешавад. Зимнан фоизҳо барои дар вақташ напардохтани андозҳо тибқи тартиби муқарраршуда ҳисоб ва пардохт карда мешавад.
- Барои андозсупорандагони алоҳидае, ки назорати фаъолияти онҳо аз ҷониби нозироти андози андозсупорандагони калон амалӣ карда мешавад, дар ҳолатҳои зарурӣ мӯҳлатҳои пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андозҳо метавонанд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.
Моддаи 54. Пешниҳоди иттилоот оид ба пардохтҳо ё амалиёти дигар
Шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, муассисаи доимии ғайрирезидент ва соҳибкори инфиродӣ, ки дар давоми соли тақвимӣ ба манфиати дигар шахсон пардохтҳо анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд иттилооти дахлдорро оид ба пардохтҳо тибқи тартиб ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.
Моддаи 55. Тамдид кардани мӯҳлати пешниҳоди эъломияҳои андоз
- Барои андозсупорандаи бомасъулияте, ки то ба охир расидани мӯҳлати пешниҳоди эъломия бо хоҳиши тамдид кардани мӯҳлати эъломияи андоз аз даромад ё андоз аз фоида муроҷиат намуда, ҳамзамон маблағи арзёбишудаи андози ҳисобкардашударо супоридааст, мӯҳлати пешниҳоди эъломия ба мӯҳлати ду моҳ дароз карда мешавад.
- Тамдиди мӯҳлати пешниҳоди эъломия мувофиқи ҳамин модда мӯҳлати пардохти андозро тағйир намедиҳад ва боиси боздоштани ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт напардохтани андозҳо намегардад.
Моддаи 56. Суратҳисобҳои бонкӣ
Ташкилотҳои қарзӣ ӯҳдадоранд:
– суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ) танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз додани рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи сабаби ба ҳисоб гирифтанро тасдиқ менамоянд, кушода, дар мӯҳлати 5 рӯз ба воситаи шабакаҳои алоқаи электронӣ ё дар шакли коғазӣ мақомоти андозро дар хусуси аз ҷониби андозсупоранда кушодани суратҳисобҳои номбурда огоҳ намоянд ва бе зикри рақами мушаххаси андозсупоранда дар ҳуҷҷатҳои бонкӣ бо суратҳисобҳо амалиёт анҷом надиҳанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046);
– пардохти андозҳоро аз рӯи навбати муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти маблағҳо аз суратҳисобҳои бонкӣ, аз ҷумла аз суратҳисобҳои асъории андозсупорандагон анҷом диҳанд;
– бо супориши андозсупоранда ба суратҳисоби Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андозҳоро дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари баъди гузаронидани амалиёт ҷиҳати аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоби бонкии андозсупоранда ба даромадҳои буҷети дахлдор дохил намоянд (гузаронанд);
– бо дархости хаттии мақомоти андоз дар мӯҳлати 5 рӯз иттилоотро дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ, бақия ва гардиши маблағҳо дар ин суратҳисобҳои андозсупорандаи санҷишшаванда ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд;
– ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои вобаста ба пардохти андозҳо зикр намудани рақами мушаххаси андозсупоранда, намудҳои андозҳои пардохтшавандаро (рамзҳои андозҳоро) талаб намоянд, инчунин дурустии нишон додани маълумотҳои (реквизитҳои) бонкии гирандаи пардохтро назорат кунанд;
– тибқи дархости хаттии мақомоти андоз дар мӯҳлати 5 рӯз дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ, бақия ва гардиши маблағҳо дар ин суратҳисобҳои андозсупорандаҳое, ки нисбат ба онҳо қарор дар бораи ба таври ғайрисудӣ рӯёнидани қарзҳои эътирофшудаи андоз ва (ё) дар бораи андозсупорандагони бемасъулият қабул гардида, дар бораи онҳо дар сомонаи электронии мақоми ваколатдори давлатӣ иттилоот ҷойгир карда шудааст, ба мақомоти андоз маълумот пешниҳод намоянд.
Моддаи 57. Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз
- Ҳангоми амалӣ намудани назорати андоз мақомоти андоз ҳуқуқ доранд бо роҳи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ аз ҳар шахс талаб намоянд, ки дар мӯҳлати 10 рӯз:
– маълумоти зеринро пешниҳод намояд, аз ҷумла, дар бораи даромад ва хароҷоти андозсупоранда барои давраи муайяни андоз, дар бораи даромадҳое, ки аз андозсупорандаи дар огоҳинома зикршуда гирифтааст, дар бораи хароҷоте, ки бинобар муносибатҳои мутақобила бо андозсупорандаи дар огоҳинома зикршуда анҷом додааст;
– ба маҳал ва дар мӯҳлати дар огоҳинома зикршуда барои аниқ намудани маълумоте, ки мақомоти андоз дар ихтиёр дорад ё барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ё дигар маълумоти вобаста ба андозбандии ҳамин ва дигар андозсупоранда ҳозир шавад.
- Корманди ваколатдори мақомоти андоз дар ҷараёни санҷиши андоз бо мақсади ҷамъоварии маълумот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
– ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба андозбандиро нусхабардорӣ намояд;
– тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси санад оид ба гирифтан ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки ба ҳамин санҷиши андоз алоқаманданд, гирад;
– ҳисобкунакҳо гузорад (тибқи тартиби муқарраргардида аз андозсупоранда талаб намояд, ки ҳисобкунакҳо гузорад) ва (ё) нишондиҳандаҳои онҳоро гирад;
– ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро мӯҳр гузошта, истифодаи онҳоро манъ намояд.
- Агар корманди ваколатдори мақомоти андоз мутобиқи қисми 2 ҳамин модда таҷҳизот ва маводи андозсупорандаро барои гирифтани иқтибосҳо аз ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо ё нусха аз онҳо истифода барад, мақомоти андоз ӯҳдадоранд хароҷоти ин андозсупорандаро пардохт намоянд.
- Агар корманди ваколатдори мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро дар асоси ваколатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда гирад, мақомоти андоз бояд ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намоянд ва нусхаҳои аслии онҳоро дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз санаи гирифтан баргардонанд.
- Дастрасии кормандони мақомоти андоз ба ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳои дорои ин ё он сирри махфӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
ФАСЛИ IV. ӮҲДАДОРИИ АНДОЗ ВА ИҶРОИ ОН
БОБИ 9. ӮҲДАДОРИИ АНДОЗ
Моддаи 58. Ӯҳдадории андоз
- ӯҳдадории андоз ин ӯҳдадории андозсупоранда дар назди давлат мебошад, ки мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада, тибқи он андозсупоранда ӯҳдадор аст ба буҷет андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳоро супорад.
- Давлат дар шахси мақомоти андоз ҳуқуқ дорад аз андозсупоранда иҷрои ӯҳдадории андозиашро дар ҳаҷми пурра талаб намояд ва дар ҳолати иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои андоз, тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур чораҳои назорати андоз ва (ё) ситонидани маҷбурии андозҳоро татбиқ намояд.
- Асосҳо барои ба миён омадан, тағйир ёфтан ё қатъ гардидани ӯҳдадориҳои андоз, инчунин тартиб ва шартҳои иҷрои ӯҳдадории андозро Кодекси мазкур ва (ё) дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
- ӯҳдадории андоз аз лаҳзаи пайдо шудани ҳолатҳое, ки пардохти андоз, ҷаримаҳои ҳисобшуда ва фоизҳоро мутобиқи талаботи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамоянд, ба зиммаи андозсупоранда вогузор карда мешавад.
Моддаи 59. Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз
- Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз, новобаста ба мавҷудияти маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкӣ ва дигар молу мулки андозсупоранда ҳатмӣ буда, аз пардохти маблағи андозҳои пардохтшаванда, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшуда дар мӯҳлатҳои муқарраргардида иборат мебошад.
- Иҷрои ӯҳдадории андоз аз ҷониби андозсупоранда мустақилона амалӣ карда мешавад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории андоз иҷрои ӯҳдадории андоз метавонад ба зиммаи агенти андоз ё дигар шахси ӯҳдадор гузошта шавад. Бо қарори мақомоти дахлдори давлатӣ воҳидҳои сохтории он метавонанд ӯҳдадории пардохти андозҳоро мустақилона иҷро намоянд. Дар ҳолате, ки дар шаҳр (ноҳия) ду ва зиёда воҳидҳои алоҳидаи як шахси ҳуқуқӣ мавҷуд бошанд, иҷрои ӯҳдадориҳои андоз пас аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ огоҳ сохтани мақомоти андоз аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ метавонад ба яке аз онҳо вогузор карда шавад.
- ӯҳдадории андоз бояд аз ҷониби андозсупоранда тибқи тартиб ва дар мӯҳлатҳое, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба иҷро расонида шавад.
- Андозсупоранда ҳуқуқ дорад ӯҳдадории андозро пеш аз мӯҳлат иҷро намояд.
- Ҳангоми пардохти андозҳо дар ҳуҷҷатҳои пардохтӣ аз ҷониби пулфиристонанда насаб, ном, ва номи падар (дар ҳолати мавҷуд будан) ё номи андозсупоранда, рақами мушаххаси вай, номгӯи андози пардохтшаванда ва давраи андоз нишон дода мешаванд.
- ӯҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз, ки агенти андоз иҷро менамояд, аз рӯзи нигоҳ доштан ва ба буҷет пардохт намудани андоз иҷрошуда ҳисобида мешавад.
- ӯҳдадории андоз оид ба пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва (ё) фоизҳо метавонад бо роҳи баҳисобгирии андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 69 Кодекси мазкур иҷро карда шавад. Дар ҳолати напардохтан ё пардохти нопурраи андозҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ситонидани андоз бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
- Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ӯҳдадорӣ оид ба ҳисоб кардани маблағи намудҳои алоҳидаи андозҳо метавонад ба мақомоти андоз ва мақомоти ваколатдор вогузор карда шавад.
- Мӯҳлатҳои иҷрои ӯҳдадории андоз бо Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд. Ҳамзамон ҷараёни мӯҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз рӯзи минбаъдаи баъд аз фаро расидани ҳодисаи воқеӣ ё амали ҳуқуқӣ, ки оғози мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории андоз бо он муайян шудааст, оғоз мешавад. Мӯҳлат дар лаҳзаи ба итмомрасии рӯзи охирини давраи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба охир мерасад. Агар рӯзи охирини мӯҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, пас мӯҳлат дар лаҳзаи ба итмомрасии рӯзи минбаъдаи корӣ ба охир мерасад.
- ӯҳдадории андози шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур бояд аз ҷониби воҳиди алоҳидаи вай иҷро карда шавад.
- Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз дар ҳолати муфлисшавии андозсупоранда мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ дар бораи муфлисшавӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 60. Иҷрои ӯҳдадории андоз ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ
- Муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ – резидент, мақомоти ваколатдори он ё суд дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи барҳамдиҳӣ ба таври хаттӣ дар ин хусус ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш хабар медиҳанд.
- Шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқ намудани тавозуни фосилавии барҳамдиҳиаш ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш дар як вақт ариза дар бораи гузаронидани санҷиши маҷмӯии андоз ва ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пешниҳод мекунад.
- Ҳисоботи андози барҳамдиҳӣ аз рӯи намудҳои андозҳое тартиб дода мешавад, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда андозсупорандаи (агенти андози) онҳо мебошад.
- Шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда андозҳоеро, ки дар ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ дарҷ шудаанд, на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба мақомоти андоз пешниҳод шудани ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пардохт менамояд.
- Санҷиши маҷмӯии андоз бояд на дертар аз 20 рӯзи корӣ баъди аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда оғоз гардад.
- Қарзи андози шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби маблағҳои пулии вай, аз ҷумла маблағҳои аз фурӯши молу мулки вай бадастомада, бо навбати муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
- Шахсоне, ки замини шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда – корхонаи кишоварзӣ ба онҳо дода мешавад, аз рӯи маблағи боқимондаи қарзи андози ҳамин шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда масъулияти иловагӣ доранд.
- Агар молу мулки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда барои пардохти пурраи қарзҳои андозаш кифоя набошад, қисми боқимондаи қарзи андоз аз ҷониби муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда пардохт мешавад, агар мутобиқи қонун, оиннома ё ҳуҷҷатҳои дигари таъсисии онҳо доир ба ӯҳдадориҳои корхона (ташкилот) ҷавобгарии муштаракро ба зимма дошта бошанд.
- Пас аз хотимаи санҷиши маҷмӯии андоз ва пурра пардохтани қарзи андоз шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ҳамзамон ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш тавозуни барҳамдиҳӣ пешниҳод менамояд.
- Мақомоти андоз вазифадоранд тибқи тартиб ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба андозсупоранда оид ба қарздор набуданаш маълумотнома диҳанд.
- Иҷрои ӯҳдадории андози филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ
– ғайрирезидент, муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияташонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ менамояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда анҷом дода мешавад.
Моддаи 61. Иҷрои ӯҳдадориҳои андоз ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ
- Иҷрои ӯҳдадории андози шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба зиммаи вориси (ворисони) ҳуқуқии он гузошта мешавад.
- Муқаррар намудани вориси (ворисони) ҳуқуқӣ, инчунин ҳиссаи иштироки вориси (ворисони) ҳуқуқӣ дар пардохт намудани қарзи андози шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
- Шахси ҳуқуқӣ дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттаҳид, ҳамроҳ, ҷудо ё тақсим кардан дар ин хусус ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш хабар медиҳад.
- Дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқи санади супоридан ё тавозуни тақсимкунӣ шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш дар як вақт ариза дар бораи гузаронидани санҷиши андоз ва ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пешниҳод менамояд.
- Ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ аз рӯи намудҳои андозҳое тартиб дода мешавад, ки шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда андозсупорандаи (агенти андози) онҳо мебошад.
- Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ барои тағйир додани мӯҳлатҳои иҷрои ӯҳдадории андозии вай оид ба пардохти андозҳо аз ҷониби вориси (ворисони) ҳуқуқии ҳамин шахси ҳуқуқӣ асос намебошад.
- Санҷиши андоз бояд на дертар аз 20 рӯзи корӣ баъди аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда оғоз гардад.
- Ҳангоми муттаҳидшавии (якҷояшавии) якчанд шахси ҳуқуқӣ вориси ҳуқуқии онҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз шахси ҳуқуқии навтаъсис эътироф мегардад. Парвандаҳои шахсии андозии шахсони ҳуқуқие, ки ба ҳайати шахси ҳуқуқии навтаъсис ҳамроҳ шудаанд, дар асоси санади супоридан ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқии навтаъсис супорида мешаванд.
- Ҳангоми ҳамроҳшавии як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз шахси ҳуқуқие эътироф мешавад, ки шахси ҳуқуқии мазкур ба он ҳамроҳ шудааст. Парвандаи шахсии андозии шахси ҳуқуқии ҳамроҳшуда дар асоси санади супоридан ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқие дода мешавад, ки шахси ҳуқуқии мазкур ба он ҳамроҳ шудааст.
- Ҳангоми тақсим шудани шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин тақсимшавӣ ба вуҷуд омадаанд, дар қисмати иҷрои ӯҳдадориҳои андоз ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда эътироф мешаванд.
- Ҳангоми ҷудошавӣ аз шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин ҷудошавӣ ба вуҷуд омадаанд, инчунин шахси ҳуқуқии мазкур оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда эътироф мешаванд, агар санади супоридан тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
- Агар тавозуни тақсимотӣ ё санади супоридан имконият надиҳад, ки ҳиссаи иштироки ҳар вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз муайян карда шавад ё аз ҷониби ин ё он вориси ҳуқуқӣ пурра иҷро гардидани ӯҳдадориҳои андозро истисно намояд, пас шахсони ҳуқуқии навтаъсис оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андози шахси ҳуқуқии азнавташкилёфта ё қисми дахлдори ӯҳдадориҳои андози номбаршуда ӯҳдадории муштарак доранд.
- Ҳангоми табдил додани як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар бо роҳи тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилёфта оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз шахси ҳуқуқии навтаъсис ба ҳисоб меравад.
- Шахсони ҳуқуқии дар натиҷаи ҷудошавии шахси ҳуқуқӣ ташкилёфта ӯҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилёфтаи мазкурро муштарак иҷро менамоянд.
Моддаи 62. Иҷрои ӯҳдадории андози соҳибкори инфиродие, ки фаъолияташро қатъ менамояд
- Соҳибкори инфиродӣ дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи қатъ намудани фаъолияташ ба таври хаттӣ дар ин хусус ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш хабар медиҳад.
- Ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ аз рӯи намудҳои андозҳое тартиб дода мешавад, ки соҳибкори инфиродии фаъолияташро қатъкунанда андозсупорандаи (агенти андози) онҳо мебошад.
- Андозҳое, ки дар ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ дарҷ гардидаанд, аз ҷониби соҳибкори инфиродии фаъолияташро қатъкунанда ҳамзамон бо пешниҳоди ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ ба мақомоти андоз пардохт мешаванд.
- Санҷиши андоз бояд на дертар аз 3 рӯзи корӣ баъди аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи соҳибкори инфиродии фаъолияташро қатъкунанда оғоз гардад.
- Нисбат ба соҳибкори инфиродии тибқи патент амалкунанда ба ҷои санҷиши андоз аз ҷониби мақомоти андози дахлдор муқоисаи маблағҳои пардохтшудаи андоз анҷом дода мешавад.
Моддаи 63. Иҷрои ӯҳдадориҳои андози шахсони воқеии фавтида, ғайри қобили амал эътирофшуда, бедарак ғоиб ё шахсоне, ки аз ҷониби суд фавтида эълон шудаанд
- ӯҳдадориҳои андози шахси воқеии фавтида ё шахсе, ки суд ӯро фавтида эълон кардааст, вориси (ворисони) он дар доираи арзиши молу мулки ба мерос гирифтааш (он) ва мутаносибан ба ҳиссаи молу мулки ба мерос гирифтааш (он) дар санаи гирифтан иҷро менамоянд.
- Дар ҳолати набудани ворисон ё аз мерос даст кашидани ҳамаи ворисон, ӯҳдадориҳои андози шахси воқеии фавтида ё шахсе, ки суд ӯро фавтида эълон кардааст, қатъ мегарданд ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳамчун қарзҳои беэътимоди андоз аз ҳисоб бароварда мешаванд.
- ӯҳдадориҳои андози шахси воқеиро, ки суд бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф кардааст, шахсе ки молу мулки шахси мазкурро соҳибӣ менамояд, аз ҳисоби ҳамин молу мулк иҷро мекунад.
- Агар молу мулки шахси тибқи тартиби муқарраргардида бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда ё шахсе, ки суд ӯро фавтида эълон кардааст, барои иҷрои ӯҳдадориҳои андози ин шахси воқеӣ, аз ҷумла ҷаримаю фоизҳои ҳисобшуда нокифоя бошад, пас қисми иҷронашудаи ӯҳдадориҳои андоз, аз ҷумла ҷаримаю фоизҳои шахси воқеии бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда ё шахсе, ки суд ӯро фавтида эълон кардааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳамчун қарзҳои беэътимоди андоз аз ҳисоб бароварда мешаванд.
- Ҳангоми тибқи тартиби муқарраргардида қабул шудани қарор дар бораи беэътибор донистани эътирофи шахси воқеӣ ҳамчун бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда ё дар бораи бекор кардани қарори дахлдори суд дар бораи фавтида эълон кардани шахси воқеӣ амали ӯҳдадориҳои андоз, ки қаблан мувофиқи қисмҳои 2 ва 4 ҳамин модда аз ҳисоб бароварда шуда буданд, барқарор карда мешаванд, аммо фоизҳо ва ҷаримаҳо аз давраи қабули қарор дар хусуси бедарак ғоиб, ғайри қобили амал эътироф намудан ё фавтида эълон кардани шаҳрванд (шахси воқеӣ) то лаҳзаи қабул шудани қарори дахлдор ҳисоб карда намешаванд.
Моддаи 64. Қатъ гардидани ӯҳдадории андоз
Дар ҳолатҳои зерин ӯҳдадории андоз қатъгардида ва қарзи андоз пардохтшуда ҳисобида мешаванд:
– ба таври дахлдор иҷро гардидани ӯҳдадории андоз ва пардохти андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо;
– гузаштани мӯҳлати даъво аз рӯи ӯҳдадории андоз, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст;
– муфлис эътироф шудани андозсупоранда дар ҳолати нокифоя будани молу мулки он, агар бо қарори суд тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
– фавти шахси воқеӣ дар ҳолати мавҷуд набудани вориси ҳуқуқӣ ё меросхӯр;
– фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ ҳангоми мавҷуд набудан ё нокифоя будани молу мулки вай;
– аз ҳисоб баровардани ӯҳдадории андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур.
БОБИ 10. БАҲИСОБГИРИИ ИҶРОИ ӮҲДАДОРИИ АНДОЗ
Моддаи 65. Асосҳои баҳисобгирии иҷрои ӯҳдадории андоз
- Баҳисобгирии иҷрои ӯҳдадории андоз аз ҷониби мақомоти андоз бо роҳи пеш бурдани ҳисобномаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз) амалӣ карда мешавад.
- Аз ҷониби мақомоти андоз пеш бурдани ҳисобномаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз) инҳоро дар бар мегирад:
– кушодани ҳисобномаи шахсӣ барои ҳар намуди андоз;
– минбаъд дар ҳисобномаи шахсӣ дарҷ намудани маблағҳои ҳисобкардашуда, иловагӣ ҳисобшуда, пардохтшуда, баҳисобгирифташуда, баргардонидашудаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо;
– бастани ҳисобномаи шахсӣ.
- Маблағи ҳисобкардашудаи андоз маблағи андозе мебошад, ки аз ҷониби шахсони зерин ҳисоб карда шудаааст:
– андозсупоранда (агенти андоз) дар ҳисоботи андоз;
– мақомоти андоз аз рӯи намудҳои алоҳидаи андозҳо аз шахсони воқеӣ, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст;
– мақомоти ваколатдор – тибқи асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.
- Дар Кодекси мазкур таҳти мафҳуми маблағи андози (ӯҳдадории андози) иловагӣ ҳисобшуда ва аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳисобномаҳои шахсии андозсупоранда дохилкардашуда маблағи 64 ҳисобшавандаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо барои давраи андози муайяни андозсупоранда фаҳмида мешавад. Иловагӣ ҳисоб намудани маблағи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо, аз ҷумла зиёд ё кам кардани ӯҳдадорӣ, аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
– аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз ва ҳама гуна дигар маълумоти ба мақомоти андоз маълумшуда;
– тибқи маълумоти мақомоти дигар, натиҷаҳои назорати камералӣ, муоинаи хронометражӣ ё шаклҳои дигари назорати андоз;
– аз рӯи натиҷаҳои баррасии шикояти андозсупоранда (агенти андоз) аз болои огоҳинома дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз ва (ё) қарори мақомоти болоии андоз, ки аз рӯи натиҷаҳои баррасии шикояти андозсупоранда (агенти андоз) қабул шудааст.
- Маблағи ӯҳдадориҳои андози ҳисобшуда, ки барои иҷрои онҳо амалӣ намудани шартҳои махсус зарур мебошад, дар давраи амали чунин шартҳои махсус ҳамчун қарзҳои андози мушкилситон дониста шуда, дар мақомоти андози дахлдор алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад. Шартҳои махсус барои иҷрои чунин ӯҳдадориҳои андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Баҳисобгирии андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои пардохтшуда, баҳисобгирифташуда, баргардонидашуда дар ҳисобномаҳои шахсии андозсупоранда (агенти андоз) дар асоси ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зерин пеш бурда мешавад:
– оид ба пардохти андозҳо, ҷаримаҳо, фоизҳо;
– дар бораи баҳисобгириҳои гузаронидашуда, баргардонидани маблағҳои изофапулии андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо;
– дар бораи баҳисобгириҳои гузаронидашуда, баргардонидани маблағи барзиёди андоз аз арзиши иловашуда, ки баҳисобгирифташуда ҳисобида шудаанд, нисбат ба маблағи ҳисобкардашудаи андоз;
– дар бораи баҳисобгириҳои гузаронидашуда ва (ё) баргардонидани маблағҳои саҳван пардохтшудаи андозҳо;
– оид ба маблағҳои рӯёнидашудаи қарзҳои андоз, ҷаримаҳо, фоизҳо.
- Ҳангоми тағйир ёфтани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории андоз оид ба пардохт намудани андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар ҳисобномаи шахсии андозсупоранда маблағи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳои андоз барои онҳо тағйир дода шудааст, бо дарназардошти мӯҳлати иҷрои он инъикос карда мешавад. Дар давраи тағйирёбии мӯҳлати пардохти андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба андозсупоранда чораҳои ҷавобгарӣ ва чораҳои маҷбуран ситонидан татбиқ карда намешаванд.
- Маблағи фоизҳои дар ҳаҷм ва бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур иловагӣ ҳисобшуда дар ҳисобномаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз) бо нишон додани даврае, ки онҳо иловагӣ ҳисоб шудаанд, инъикос карда мешавад.
- Роҳбари мақомоти андоз ҳуқуқ дорад маблағи андозро ҳисоб карда, пардохти фаврии онро то санае, ки маъмулан андоз супорида мешавад, талаб намояд, агар ин чорабинӣ барои таъмини ситонидани андоз зарур бошад ва иттилооти мушаххас мавҷуд бошад, ки агар пардохти фаврии андоз сурат нагирад, андозсупоранда бо роҳи фирор аз ҳудуди кишвар, супоридани дороиҳо ба шахси дигар ё андешидани дигар чораҳое, ки ба ситонидани андоз монеъ мешаванд, аз андозбандӣ канорагирӣ менамояд.
Моддаи 66. Мӯҳлати даъво
- Мақомоти андоз метавонанд маблағи андози андозсупорандаро ҳисоб намоянд (иловагӣ ҳисоб намоянд), аз нав баррасӣ намоянд (ислоҳ намоянд) ва (ё) маблағи андози ҳисобшударо (иловагӣ хисобшударо, ислоҳшударо) дар давоми 5 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ, ки давраи андози дахлдорро дар бар мегирад, ситонанд.
- Андозсупоранда ҳуқуқ дорад баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағи андозро дар давоми 5 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ талаб намояд.
- Нисбат ба андозсупорандагоне, ки тибқи фасли XVII Кодекси мазкур низоми андозбандии имтиёзнокро истифода мебаранд, мӯҳлати даъво ба мӯҳлати андозбандии имтиёзноки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида дароз карда мешавад.
- Ҷараёни мӯҳлати даъво дар давраи амали мораторияи санҷиши андозҳо, мӯҳлати батаъхиргузории пардохти андозҳо ва иҷрои қисми 5 моддаи 65 Кодекси мазкур боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
БОБИ 11. ПАРДОХТ, ҶАМЪОВАРӢ ВА БАРГАРДОНИДАНИ АНДОЗҲО
Моддаи 67. Шаклҳо ва мӯҳлатҳои пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо
- Андозҳо, чаримаҳо ва фоизҳои тибқи Кодекси мазкур ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда) бояд дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур пардохт карда, тибқи қонунгузорӣ дар бораи буҷети давлатӣ байни буҷетҳои дахлдор аз ҷониби сохторҳои хазинадории мақомоти молияи дахлдор тақсим карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
- Дар деҳот ҷамъоварии андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ метавонад дар шакли нақд аз ҷониби корманди ваколатдоршудаи мақомоти андоз бо мусоидати кормандони мақомоти худидоракунии деҳот амалӣ карда шавад.
- Ҳангоми бо пули нақд гирифтани андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз шахсони воқеӣ дар ду нусхаи шабеҳ ҳуҷҷати дорои ҳисоботи қатъӣ дар бораи пардохти андоз, ки шакл ва тартиби истифодабарии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, пур карда мешавад.
Моддаи 68. Маҳалли пардохти андозҳо ва буҷетҳое, ки андозҳо ба онҳо гузаронида мешаванд
- Андозҳои умумидавлатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ пардохт мешаванд.
- Андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда) бояд дар маҳалҳои зерин пардохт шаванд:
– дар маҳалле, ки дар огоҳиномаи мақомоти андоз оид ба ҳисобкунии (иловагӣ ҳисоб намудани) андоз ва талабот оид ба пардохти андоз зикр шудааст;
– агар огоҳиномаи мақомоти андоз оид ба ҳисобкунии (иловагӣ ҳисоб намудани) андоз зарур набошад, дар маҳалле, ки дар санади дахлдори қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст;
– агар дар санади дахлдори қонунгузории андоз маҳал зикр нашуда бошад, – дар маҳалли зисти андозсупоранда – шахси воқеӣ, дар маҳалли фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ё дар маҳалли бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ (филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ), ё дар маҳалли ҷойгиршавии агенти андоз (филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣрезидент).
- Қонунгузории буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли тақвимии дахлдор метавонад пардохти андозҳои умумидавлатиро (ё қисми онҳоро) ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва (ё) буҷети маҳаллӣ муқаррар намояд.
- Андозсупоранда ҳар сол дар мақомоти андози маҳалли баҳисобгириаш маълумотеро (суратҳисобҳои бонкӣ ва хазинадориеро), ки ба онҳо бояд ин ё он намуди андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба ин ё он буҷет супорида шаванд, аниқ менамояд.
- Новобаста ба муқаррароти қисмҳои 1-3 ҳамин модда, андози даромад ва андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони воқеие, ки дар воҳидҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ кор мекунанд, бояд ба буҷети маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳида бо дарназардошти тақсими маблағҳои ин андозҳо байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд.
Моддаи 69. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохтшуда
- Маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо барои давраи андоз, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 191 Кодекси мазкур, ин фарқи мусбии байни маблағҳои ба буҷет пардохтшуда ва маблағҳои ҳисобшудаи, иловагӣ ҳисобшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба буҷет барои ҳамин давраи андоз мебошад.
- Ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои андозсупоранда бо пули миллӣ аз ҷониби мақомоти андозе гузаронида мешавад, ки тибқи ҳисобномаи шахсии андозсупоранда маблағи барзиёд пардохтшуда дар он мавҷуд мебошад.
- Маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо бояд ҳатман бо тартиби зайл ба ҳисоб гирифта шавад:
– бе аризаи андозсупоранда – ба ҳисоби пардохти фоизҳо ва ҷаримаҳо аз рӯи ҳамин намуди андозҳо ва (ё) қарзҳои андозсупоранда аз рӯи дигар андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки ба ҳамон буҷет ворид мешаванд;
– тибқи аризаи андозсупоранда барои баҳисобгирӣ, ки ҷавобан ба муроҷиати мақомоти андоз гирифта шудааст – бақияи баъди иҷрои амалҳои дар сархати якуми ҳамин қисм номбаршуда бавуҷудомадаро ба ҳисоби ӯҳдадориҳо оид ба пардохтҳои минбаъдаи ҳамон андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба буҷете, ки бояд бақияи бавуҷудомада низ ворид шавад, мегузаронанд.
- Баъди иҷрои амалҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 3 ҳамин модда, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, мақомоти андоз якҷоя бо мақомоти дахлдори молия маблағи зиёдатиро (бақияро) ба андозсупоранда дар мӯҳлати 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи пешниҳоди аризаи хаттии андозсупоранда ба мақомоти андози баҳисобгириаш бармегардонанд.
- Агар маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо мутобиқи қисмҳои 3 ва 6 ҳамин модда ба ҳисоби ӯҳдадориҳои дигар андозҳо гузаронида шаванд, мақомоти андоз бояд дар ин маврид андозсупорандаро дар мӯҳлати 3 рӯз аз санаи гузаронидани баҳисобгирии дар боло пешбинишуда огоҳ намоянд.
- Агар ҳангоми гузаштани (барои гузаштани) молҳо ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо барзиёд пардохт шуда бошанд, мақомоти андоз ҳангоми гирифтани тасдиқномаи пардохти барзиёд аз мақомоти гумруки дахлдор, мутобиқи ариза дар бораи баҳисобгирӣ амали дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишударо анҷом медиҳанд ва дар мӯҳлати 3 рӯз андозсупоранда ва мақомоти гумруки дахлдорро дар бораи амалҳои худ огоҳ менамоянд.
- Дар асоси аризаи андозсупоранда баҳисобгирӣ тибқи қисми 3 ҳамин модда метавонад бо мувофиқаи байни мақомоти дахлдори андоз ва гумрук, инчунин ба ҳисоби пардохт намудани қарзи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки бояд ҳангоми гузаштани молҳо ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шаванд, гузаронида шавад. Баҳисобгирӣ дар ҳолате роҳ дода мешавад, ки агар бақияи андози барзиёд пардохтшуда ва қарз ба ҳамон як буҷет алоқаманд бошанд.
- Бар ивази баргардонидани маблағи барзиёд пардохтшудаи аксиз барои молҳои зераксизӣ, он аз ҳисоби дигар андозҳо, ба истиснои ҳолатҳои қатъ намудани фаъолияти андозсупорандаи истеҳсолкунандаи чунин молҳо, ба ҳисоб гирифта мешавад.
- Агар маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба як буҷет барзиёд пардохт шуда, вале ӯҳдадории андоз ба буҷети дигар тааллуқ дошта бошанд, баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Дастурамал дар бораи анҷом додани баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд, бо дарназардошти ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда, амалӣ гардонида мешаванд.
Моддаи 70. Тағйир додани мӯҳлати пардохти андозҳо
- Таҳти мафҳуми тағйир додани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳои андоз оид ба пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо дар асоси аризаи хаттии андозсупоранда гузаронидани мӯҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба мӯҳлати нисбатан дертар дониста мешавад.
- Тағйир додани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории андоз нисбат ба андозҳои дар манбаи пардохт ситонидашаванда ва андози иҷтимоӣ роҳ дода намешавад.
- Ҳуқуқи иҷрои ӯҳдадории андоз аз рӯи мӯҳлатҳои тағйирдодашуда набояд ба шахси дигар гузашт карда шавад.
- Батаъхиргузорӣ андозсупорандаро аз ҷавобгарӣ дар шакли ҳисоб кардани фоизҳо аз рӯи маблағҳои ба таъхир гузошташудаи маблағи андозҳо озод мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
- Дар давраи батаъхиргузорӣ ҷараёни мӯҳлатҳои даъвои ситонидани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, қатъ мегардад.
- Маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки пардохти онҳо ба таъхир гузошта шудааст, то ба охир расидани давраи батаъхиргузорӣ ҳамчун бақияпулӣ ба ҳисоб намеравад ва нисбат ба ин маблағҳо тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо татбиқ намегарданд.
- Пардохти маблағи ӯҳдадориҳои андози батаъхиргузошташуда дар моҳе, ки баъд аз моҳи давраи батаъхиргузорӣ фаро мерасад, амалӣ гардонида мешавад. Пардохти маблағи ӯҳдадориҳои андози батаъхиргузошташудаи андозсупоранда ӯро аз ӯҳдадории пардохт намудани андозҳои ҷорӣ озод намекунад.
- Батаъхиргузорӣ метавонад ба андозсупоранда ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин пешниҳод карда шавад:
– расидани зарар ба ин андозсупоранда дар натиҷаи офати табиӣ, садамаи техногенӣ ва дигар ҳолатҳои таъсири қувваҳои рафънопазир;
– аз ҷониби ин андозсупоранда анҷом додани фаъолияти ҷорикунонӣ ё инноватсионӣ, аз ҷумла ихтирои технологияҳои нав ё такмил додани технологияҳои истифодашаванда, кор карда баромадани намудҳои нави ашё ё мавод;
– сари вақт аз буҷет маблағгузорӣ нашудани ин андозсупоранда ё сари вақт напардохтани маблағи фармоиши давлатӣ, ки аз ҷониби ин андозсупоранда иҷро шудааст.
- Батаъхиргузории такрории пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо бе пурра пӯшонидани маблағҳои андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои қаблан батаъхиргузошташуда, ба истиснои ҳолатҳои мавҷудияти асосҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 8 ҳамин модда, манъ аст.
- Қарор дар хусуси батаъхиргузорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ишора ба намуди андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки батаъхиргузорӣ нисбат ба онҳо татбиқ шудааст, маблағи онҳо, мӯҳлати пардохти онҳоро дар бар гирад.
- Батаъхиргузорӣ пешниҳод карда намешавад, агар:
– нисбат ба андозсупоранда вобаста ба вайрон кардани қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида бошад;
– бинобар сабаби аз ҷониби андозсупоранда содир гардидани вайронкунии қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба вай оид ба ҳуқуқвайронкунии андоз ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истеҳсолоти парванда пеш бурда шуда истода бошад;
– андозсупоранда ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шуда бошад;
– мавҷуд будани асоси кофие, ки дар ҳолати ҷой доштани ӯҳдадории иҷронашудаи андоз андозсупоранда аз чунин тағйирот истифода бурда, маблағҳои пулии худ ва (ё) дигар молу мулкашро пинҳон менамояд.
- Қарор дар хусуси батаъхиргузорӣ оид ба андозҳои умумидавлатӣ бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
- Қарор дар хусуси батаъхиргузорӣ оид ба андозҳои маҳаллӣ бо пешниҳоди мақомоти дахлдори молия ва андози шаҳр (ноҳия) аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри (ноҳияи) дахлдор қабул карда мешавад.
Моддаи 71. Тартиби пӯшонидани ӯҳдадориҳои андоз
- Ӯҳдадориҳои андоз бо тартиби зерин пӯшонида мешаванд:
– маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда);
– фоизҳои ҳисобшуда;
– ҷаримаҳои ҳисобшуда (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
- Ҳамзамон аз рӯи маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои иловагӣ ҳисобшуда пардохтани ӯҳдадориҳои андоз тибқи пайдарҳамии зерин амалӣ карда мешавад:
– пеш аз ҳама ӯҳдадориҳои андози солҳои гузашта, аз қарзҳои андози нисбатан барвақттар (қарзҳои андози аз соли ҷорӣ дуртар) оғоз гардида, то қарзҳои андози дертар (қарзҳои андози ба соли ҷорӣ наздиктар) равона карда мешавад;
– маблағи боқимонда барои пардохт кардани ӯҳдадориҳои андози соли ҷорӣ пардохт мешаванд (агар онҳо мавҷуд бошанд).
ФАСЛИ V. МАҶБУРАН СИТОНИДАНИ АНДОЗҲО ВА ЧОРАҲОИ ҶАВОБГАРӣ
БОБИ 12. ЧОРАҲОИ ТАЪМИНИ ИҶРОИ ӮҲДАДОРИИ ДАР МӮҲЛАТАШ ИҶРОНАШУДАИ АНДОЗ
Моддаи 72. Чораҳои таъмини иҷрои ӯҳдадории дар мӯҳлаташ иҷронашудаи андоз
- Мақомоти андоз иҷрои ӯҳдадориҳои андози дар мӯҳлати муқарраршуда иҷронакардаи андозсупорандаро бо чораҳои зерини пешбининамудаи ҳамин боб таъмин менамоянд:
– ҳисобкунии фоизҳо ба маблағҳои дар мӯҳлаташ пардохтнашудаи андозҳо;
боздоштани амалиёти хароҷоти суратҳисоби бонкии андозсупоранда дар ташкилотҳои қарзӣ;
– рӯёнидани қарзҳои андоз аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкӣ мавҷудбудаи андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай, инчунин маблағҳои пулии нақди андозсупоранда;
– рӯёнидани қарзи андоз аз ҳисоби ҳабс кардан ва фурӯши молу мулки андозсупоранда.
- Чораҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда татбиқ карда мешаванд:
– бевосита аз ҷониби мақомоти андоз бо тартиби ғайрисудӣ нисбат ба он қарзҳои андозе, ки андозсупоранда эътироф кардааст;
– бо тартиби судӣ нисбат ба қарзҳои андозе, ки дар сархати якуми ҳамин қисм нишон дода нашудаанд.
- Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда дар мӯҳлатҳои муқарраршуда пардохт нагардидани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ва ба вуҷуд омадани қарзи эътирофшудаи андоз, мақомоти андоз:
– андозсупорандаро оид ба зарурати пардохти қарзи андоз дар давоми 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани чунин огоҳинома ва имконпазирии нисбат ба ӯ андешидани тадбирҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда огоҳ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
– хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188)
– ҳангоми иҷро нагардидани талаботи огоҳиномаи дар сархати якуми ҳамин қисм пешбинишуда, нисбат ба андозсупорандае, ки қарзи андоз дорад, мақомоти андоз метавонанд ҳамзамон тамоми чораҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин моддаро татбиқ намоянд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
- Чораҳои маҷбуран рӯёнидани андозҳо вобаста ба боздоштани амалиёти хароҷотии суратҳисобҳои андозсупоранда дар ташкилотҳои қарзӣ, рӯёнидани қарзи андоз аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай мавҷудбуда, инчунин маблағҳои пулии нақди андозсупорандагон метавонанд ба тариқи ғайрисудӣ амалӣ карда шаванд, ба истиснои:
– суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул намебошанд;
– суратҳисобҳои қарзӣ ва суратҳисобҳои махсуси аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ кушодашуда;
– амалиёти хароҷотӣ аз суратҳисобҳои андозсупоранда оид ба пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробаркардашуда, пардохтҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷории андоз ва пӯшонидани қарзи андоз.
- Дар ҳолати ба вуҷуд омадани қарзи эътирофшудаи андоз мақомоти андоз метавонанд қарор қабул намоянд, ки иҷрояш барои ташкилотҳои қарзӣ, бо дарназардошти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қисми 4 ҳамин модда, оид ба боздоштани амалиёти хароҷотӣ тибқи суратҳисобҳои андозсупоранда дар ин ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад. Чораи мазкур, инчунин метавонад ҳангоми мавҷуд будани ақаллан яке аз ҳолатҳои зерин низ татбиқ карда шавад:
– агар андозсупоранда дар мӯҳлати муқарраршуда эъломияи андозро пешниҳод накунад, мақомоти андоз ӯро дар бораи зарурати пешниҳоди он огоҳ карда бошанд ва агар баъди ба охир расидани 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи чунин огоҳӣ эъломияи андоз пешниҳод нашуда бошад;
– роҳ надодани шахсони мансабдори мақомоти андоз барои гузаронидани санҷиши андоз ё дигар шакли назорати андоз, пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои барои санҷиш зарур, ба истиснои ҳолатҳои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба гузаронидани назорати андоз, агар аз рӯзи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани огоҳиномаи мақомоти андоз дар хусуси гузаронидани яке аз шаклҳои назорати андоз ва оид ба имконияти татбиқи чораҳои пешбининамудаи ҳамин модда 10 рӯзи тақвимӣ гузашта бошад.
- Боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои андозсупоранда дар ташкилотҳои қарзӣ барои ситонидани қарзи эътирофшудаи андоз бо дарназардошти талаботи қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда тибқи тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
– қарори роҳбари (ё муовини ваколатдори роҳбари) мақомоти андоз барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ, ки дар он суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, фиристода мешавад;
– ташкилотҳои қарзӣ ӯҳдадоранд қарори дахлдори мақомоти андозро оид ба боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои андозсупоранда иҷро намоянд, инчунин ҳуқуқ надоранд барои ӯ суратҳисобҳои нав кушоянд, аз суратҳисобҳои вай пули нақд диҳанд ва (ё) ба ӯ қарз диҳанд;
– то гирифтани огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз оид ба иҷрои пурраи қарорҳои қаблан қабулнамудаи онҳо дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳо ташкилотҳои қарзӣ ӯҳдадоранд тибқи дархости ин мақоми андоз ҳар моҳ ба мақомоти андозе, ки андозсупоранда дар он ба ҳисоб гирифта шудааст, оид ба амалиёти даромаду хароҷотӣ ва маблағҳои пулии воридшуда (харҷшуда) аз рӯи суратҳисобҳои амалиёташон боздошташудаи андозсупоранда маълумот пешниҳод намоянд. Мақомоти андоз метавонанд дурустии иҷрои талаботи муқаррарнамудаи ҳамин қисм ва (ё) саҳеҳии маълумоти пешниҳодшударо таҳти санҷиш қарор диҳанд.
- Ситонидани қарзи эътирофшудаи андоз аз ҳисоби пулҳои дар суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай дар ташкилотҳои қарзӣ, инчунин воситаҳои пулии нақди андозсупоранда бо дарназардошти маҳдудиятҳои қисми 4 ҳамин модда бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
– фармоишҳои инкассавии дахлдори роҳбари (ё муовини ваколатдори роҳбари) мақомоти андоз, инчунин санадҳои муқоисавии қарзи дебиторӣ (танҳо ҳангоми ситонидани қарз аз ҳисоби дебиторҳои андозсупорандаи қарздор) барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, ирсол мегарданд. Ҳангоми ситонидани маблағҳои дар суратҳисобҳои асъории хориҷӣ ҷойгиршуда, ташкилотҳои қарзӣ ӯҳдадоранд дар давоми ду рӯзи корӣ баъд аз ворид гардидани фармоиши инкассавӣ фурӯши воситаҳои асъории андозсупорандаро амалӣ намуда, маблағҳои пулиро ба буҷети дахлдор гузаронанд. Хароҷоти марбут ба фурӯши асъори хориҷӣ аз ҳисоби андозсупоранда анҷом дода мешаванд;
– ташкилотҳои қарзӣ бо дарназардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда ӯҳдадоранд бидуни аз мақомоти андоз талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 71 Кодекси мазкур фармоишҳои дахлдори инкассавии мақомоти андозро дар бораи ситонидани маблағҳои пулӣ аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он барои пӯшонидани қарзи андоз иҷро намоянд;
– то гирифтани огоҳиномаи хаттӣ аз мақомоти андоз оид ба иҷрои пурраи қарорҳои қаблан қабулнамудаи онҳо дар бораи ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби воситаҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва (ё) аз ҳисоби дебиторҳои он, ташкилотҳои қарзӣ ӯҳдадоранд тибқи дархост ба мақоми андоз оид ба амалиёти даромадию хароҷотӣ ва маблағҳои пулии воридшуда (харҷшуда) аз рӯи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай ҳар моҳ маълумот пешниҳод намоянд. Мақомоти андоз метавонанд дурустии иҷрои талаботи муқаррарнамудаи сархатҳои якум ва дуюми ҳамин қисм ва (ё) саҳеҳии маълумоти пешниҳодшударо таҳти санҷиш қарор диҳанд;
– барои ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби воситаҳои пулии нақди андозсупоранда қарори дахлдори роҳбари (муовини ваколатдори роҳбари) мақоми андоз барои иҷро ба андозсупоранда ирсол карда мешавад. Пас аз гирифтани қарори дахлдор андозсупоранда ӯҳдадор аст воситаҳои пулии нақдашро танҳо барои пӯшонидани қарзи андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 71 Кодекси мазкур, ба истиснои пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробаркардашуда, равон намояд.
- Баъди бартараф намудани асосҳое, ки боиси татбиқи чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо мутобиқи қисмҳои 6,7 ҳамин модда шуда буданд, мақоми андоз дар асоси маълумоти хаттии ташкилотҳои қарзӣ оид ба маблағҳои пулии аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он ситонидашуда ва (ё) санади муқоисавии ӯҳдадориҳои андозии андозсупорандаро бо мақомоти андоз дар мӯҳлати як рӯзи корӣ қарорҳои қаблан қабулшударо иҷрошуда ҳисобида, ҳамзамон ба шахсони дахлдор огоҳинома мефиристанд. Қарорҳои қаблан қабулнамудаи мақомоти андоз барои ташкилотҳои қарзии дахлдор ва андозсупоранда аз рӯзи фиристода шудани огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз оид ба иҷрои онҳо, иҷрошуда ҳисобида мешаванд.
- Барои ситонидани қарзи эътирофшудаи андоз аз ҳисоби фурӯши молу мулки андозсупоранда қарори дахлдори мақомоти андоз оид ба ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурӯш баровардани он барои пӯшонидани қарзи андоз қабул мегардад, ки аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро, ба иҷро расонида мешавад.
- Барои мақсадҳои ҳамин боб суратҳисобҳои муассисаҳои давлатӣ, ки дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба иҷрои буҷет кушода шудаанд, ба суратҳисобҳои бонкӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба иҷрои буҷет бошад, ба ташкилотҳои қарзӣ баробар дониста мешаванд.
- Дар сурате, ки агар андозсупорандае, ки нисбат ба ӯ чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо амалӣ шуда истодаанд, нақшаи воқеии беҳбудии вазъи молиявиро пешниҳод намояд, мақоми андоз ва андозсупоранда метавонанд ба мӯҳлати то 6 моҳи пай дар пайи тақвимӣ оид ба тартиб ва мӯҳлатҳои пардохти қарзи андоз шартнома банданд. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад иловатан шартномаи зикршударо бо андозсупоранда ба мӯҳлати то 6 моҳи пай дар пайи минбаъда дароз намояд. Ҳамзамон иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардида оид ба истифодабарии тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо ба мӯҳлати амали шартнома боздошта мешавад. Мӯҳлати иҷрои шартномаи мазкур ва боздошта шудани қарорҳои қаблан қабулгардидаи мақоми андоз оид ба истифодабарии чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо наметавонад дароз карда шавад.
Моддаи 73. Фоизҳо
- Ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 5 ҳамин модда, агар маблағи андоз, аз ҷумла пардохти ҷорӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт нашуда бошад ва бақияпулӣ ҷой дошта бошад, андозсупоранда (агенти андоз) ӯҳдадор аст аз санаи фаро расидани мӯҳлати пардохт то санаи пардохти бақияпулиҳо фоизҳои дахлдорро пардохт намояд.
- Фоизҳо барои ҳар як рӯзи иҷро нагардидани ӯҳдадории андоз, аз рӯзи якум баъд аз фарорасии мӯҳлати пардохти андоз, бо дарназардошти рӯзи пардохт ҳисоб карда мешаванд.
- Маблағи фоизҳо, новобаста ба татбиқи дигар чораҳои маҷбуран ситонидан, инчунин дигар чораҳои ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.
- Пардохти фоизҳо дар шакли иловапулӣ ба маблағи бақияпулӣ анҷом дода мешавад.
- Фоизҳо ҳисоб карда намешаванд:
– аз рӯи қарзҳои андози соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки нисбат ба онҳо қарор дар хусуси муфлисшавӣ қабул гардидааст – аз рӯзи аз ҷониби суд қабул гардидани парванда оид ба муфлисшавӣ;
– аз рӯи маблағи қарзи андоз – аз санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар хусуси бедарак ғоиб эътироф шудани шахси воқеӣ то лаҳзаи бекор карда шудани он;
– аз рӯи фоизҳо ва маблағи ҷарима;
– аз рӯи қарзи андоз, ки бо роҳи гузаронидани баҳисобгирии маблағи барзиёд пардохтшудаи андоз пӯшонида шуд – аз санаи ҳуҷҷати пардохт барои гузаронидани баҳисобгирӣ;
– аз рӯи маблағи бақияпулӣ оид ба як намуди андозҳо, агар доир ба дигар намуди андозҳо маблағи барзиёд пардохтшуда мавҷуд бошад;
– аз рӯи маблағи қарзҳои мушкилситон – аз санаи қабули қарор оид ба шомил намудан ба чунин қарзҳо (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– аз рӯи маблағи қарзи муҳлати пардохташ тибқи Кодекси мазкур батаъхиргузошташуда – аз санаи қабули санади дахлдор (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– аз рӯи қарзҳои андози шахси воқеие, ки фавтидааст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар ин бора пешниҳод шудааст.
- Агар аз санаи аз ҷониби андозсупоранда додани ариза барои баргардонидани (ба ҳисоб гирифтани) маблағи андози барзиёд пардохтшуда, яъне изофапулӣ, то санаи воқеии баргардонидани (ба ҳисоб гирифтани) маблағи изофапулӣ беш аз 30 рӯзи тақвимӣ гузашта бошад, фоизҳо ба фоидаи андозсупоранда ба маблағи изофапулии андоз бояд аз буҷети дахлдор аз санаи додани ариза барои баргардонидани (ба ҳисоб гирифтани) изофапулӣ то санаи воқеии баргардонидани он пардохт шаванд. Фоизҳо ба андозсупоранда пардохт намешаванд, агар баргардонидани маблағи изофагӣ дар мӯҳлати на бештар аз 30 рӯз аз лаҳзаи аз ҷониби андозсупоранда додани ариза дар мавриди баргардонидани маблағҳои зиёдатии пардохтшуда анҷом дода шавад.
- Дар ҳолати ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшуда ба санаи амалӣ намудани баҳисобгирӣ ё, агар маблағи барзиёд пардохтшуда ё бақияпулӣ ба буҷетҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд, ба санаи гирифтани иҷозат ба баҳисобгирӣ маблағҳо баргардонида ҳисобида мешаванд.
- Фоизҳо аз рӯзи пардохтани қарзи андоз ҳисоб карда намешаванд.
- Фоизҳо дар ҳаҷми 0,05 фоизи маблағи қарзи андоз барои ҳар рӯзи тақвимии мавҷуд будани бақияпулӣ ё изофапулӣ ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
Моддаи 74. Тартиби судии маҷбуран ситонидани қарзи андоз
- Дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи сархати дуюми қисми 2 моддаи 72 Кодекси мазкур, роҳбари (ё муовини ваколатдори роҳбари) мақоми андозе, ки дар онҳо андозсупоранда ба ҳисоб гузошта шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба суди иқтисодӣ ё ба суди маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда оид ба ситонидани қарзи андоз бо роҳи нисбат ба вай татбиқ намудани чораҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 72 Кодекси мазкур муроҷиат намуда, нусхаи аризаи даъвогиро ба андозсупоранда ирсол мекунанд.
- Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ситонидани қарзи андоз аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ мувофиқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда баррасӣ менамояд.
- Суди маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда муроҷиати мақоми андозро дар бораи ситонидани қарзи андози шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошад, дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
- Ҳалномаи суд дар бораи ситонидани қарзи андоз пас аз эътибори қонунӣ пайдо карданаш аз ҷониби мақомоти андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.
Моддаи 75. Ҳабси молу мулк
- Ҳабси молу мулк аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи Кодекси мазкур ва (ё) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” барои таъмини иҷрои ӯҳдадории андоз дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 9 моддаи 65 Кодекси мазкур ё қарзҳои муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 72 Кодекси мазкур, татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367, аз 21.02.2018 № 1511).
- Ҳабс танҳо нисбат ба он молу мулке татбиқ карда мешавад, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои андоз зарур ва кифоя мебошад. Ҳабси молу мулки андозсупоранда аз ба рӯйхатгирии молу мулк, муқаррар кардани тартиби ихтиёрдорӣ кардан, соҳибӣ намудан ва истифода бурдани молу мулки ҳабсшуда, инчунин ба андозсупоранда додани молу мулки ҳабсшуда барои нигоҳдорӣ ё гирифтани он ҷиҳати минбаъд бо мақсади пӯшонидани ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда бегона кардан (фурӯхтан) иборат мебошад.
- Мақомоти гумрук дар асоси огоҳиномаи хаттии мақоми андоз вобаста ба қарор дар бораи ҳабси молу мулки андозсупоранда амалиёти содиротии тамоми молу мулки ҳабсшудаи ин андозсупорандаро ба мӯҳлати дар огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз пешбинигардида бозмедоранд.
- Нотариусҳои давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар шахсони мансабдоре, ки ваколатдоранд амалиёти нотариалиро анҷом диҳанд, инчунин мақомоте, ки ваколат доранд шартномаҳои гарави молу мулкро ба қайд гиранд, дар асоси огоҳиномаи хаттии мақоми андоз вобаста ба қарор дар бораи ҳабси молу мулки андозсупоранда амалиёти нотариалии ҳама гуна шаклҳои бегона кардани (ба дигарон додани) тамоми молу мулки ҳабсшудаи ин андозсупоранда ва гарави онро ба мӯҳлати дар огоҳиномаи хаттии мақоми андоз пешбинигардида бозмедоранд.
- Ҳабси дастгоҳҳо, таҷҳизот, бино, иншоот ва дигар воситаҳои асосии ташкилотҳои давлатӣ манъ мебошад.
- Баҳодиҳии арзиши молу мулки баҳабсгирифташуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои анҷом додани фаъолияти нархгузорӣ иҷозатнома доранд, амалӣ карда мешавад. Хароҷоти вобаста ба нархгузории объекти ҳабсшуда, инчунин ҳаққи хизмати нархгузор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд.
Моддаи 76. Фурӯши молу мулки ҳабсшуда
- Молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда мутобиқи Кодекси мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” фурӯхта мешавад.
- Даромад аз бегона кардани (фурӯши) молу мулки ҳабсшуда барои пӯшонидани қарзҳои андози андозсупоранда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”равона карда мешавад. Бақияи маблағ дар муддати 10 рӯзи корӣ ба андозсупоранда баргардонида мешавад.
Моддаи 77. Муроҷиат ба суд дар бораи муфлис эътироф кардани андозсупоранда
Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда напардохтани маблағи қарзи андоз пас аз татбиқ кардани ҳамаи чораҳои пешбининамудаи моддаи 72 Кодекси мазкур ё мавҷуд набудани воситаҳои пулии андозсупоранда дар суратҳисобҳои бонкӣ ва (ё) молу мулки бозоргузар ва (ё) қарзҳои дебиторӣ ҳангоми мавҷуд будани нишонаҳои муфлисшавӣ, мақомоти андоз ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлис эътироф кардани андозсупоранда ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 78. Аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод оид ба андоз
- Қарзи зерини андози андозсупоранда беэътимод эътироф гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоб бароварда мешавад:
– дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои сеюм-шашуми моддаи 64 Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (садамаҳо), ҳодисаҳои фавқулодда, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046, аз 14.11.2016 № 1367).
- Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат дода мешавад, ки дар ҳолатҳои алоҳида қарзҳои андоз, ҷарима ва фоизҳои андозсупорандаро беэътимод эътироф намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
БОБИ 13. ҶАВОБГАРӢ
Моддаи 79. Ҳуқуқвайронкунии андоз
- Ҳуқуқвайронкунии андоз кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқии андозсупорандагон (агентҳои андоз) ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор эътироф мешаванд, ки ба иҷро нагардидан ё ба таври дахлдор иҷро нагардидани талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати онҳо ба зиммаи мақомоти андоз вогузор шудааст, оварда расонидаанд.
- Аз ҷониби андозсупорандагон (агентҳои андоз), шахсони мансабдори онҳо ва шахсони мансабдори мақоми ваколатдор содир шудани ҳуқуқвайронкунии андоз боиси ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Моддаи 80. Ҳолатҳои истиснокунандаи ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз
- Ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсро дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест:
– аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) иҷро намудани тавзеҳоти хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз;
– аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) мустақилона бартараф карда шудани ҳуқуқвайронкунии андоз то лаҳзаи нисбат ба вай татбиқ намудани шаклҳои назорати андоз, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст.
- Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, ҳангоми мавҷуд будани ҳадди ақал яке аз ҳолатҳои зерин шахсро ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест:
– мавҷуд набудани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии андоз; мавҷуд набудани гуноҳи шахс дар содир шудани ҳуқуқвайронкунии андоз;
– аз ҷониби шахси воқеии дар лаҳзаи содир гардидани кирдор ба синни 16-солагӣ нарасида содир намудани кирдоре, ки дар он нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии андоз мавҷуданд;
– гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарӣ кашидан барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз.
ФАСЛИ VI. ҲАЛЛИ БАҲСҲО
БОБИ 14. ҲАЛЛИ БАҲСҲО
Моддаи 81. Шикоят
- Ҳар як андозсупоранда ҳуқуқ дорад аз болои қарорҳои, санадҳои мақомоти андоз, амал ё беамалии кормандони онҳо шикоят намояд. Санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси мазкур ҳисоб, таҳия ва қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори қонунӣ надоранд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Шикоят аз болои санади мақоми андоз ҳамзамон маънои шикоят аз болои қарорҳои нисбат ба ин санади қабулкардаи мақоми андозро дорад.
- Шикояти андозсупоранда метавонад ба мақоми болоии андоз, мақоми ваколатдори давлатӣ ва (ё) суд пешниҳод карда шавад.
- Шикоятҳои (аризаҳои даъвогии) андозсупоранда, ки ба суд пешниҳод шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.
- Шикояти хаттӣ аз болои санади санҷиши андоз, маблағҳои иловагӣ ҳисобшудаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳои мақомоти андоз метавонад дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани қарори мақоми андоз пешниҳод карда шавад.
- Дар сурати гузаронидани мӯҳлати пешниҳоди шикояти хаттӣ ба мақомоти андоз бо сабабҳои узрнок, ин мӯҳлат метавонад тибқи аризаи шахси шикоятнамуда аз ҷониби мақоми болоии андоз ё мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи мӯҳлати даъво, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, барқарор карда шавад.
- Шикояти андозсупоранда баррасӣ гардида, нисбат ба он қарор қабул карда мешавад ва мақоми андоз оид ба қарори қабулгардида шахси шикоятнамударо дар шакли хаттӣ дар мӯҳлати на бештар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи аз ҷониби мақоми андоз гирифтани шикоят огоҳ менамоянд, агар тағйири мӯҳлат бо иҷрои муқаррароти қисми 8 ҳамин модда вобаста набошад.
- Ҳангоми баррасии шикояти андозсупоранда мақоми андоз ҳуқуқ доранд:
– тибқи тартиби муқаррарнамуда санҷиши андоз, аз ҷумла санҷиши такрории андозро таъин намоянд;
– ба андозсупоранда ва (ё) мақоми андозе, ки санҷиши андозро анҷом додаанд, ҷиҳати пешниҳоди иттилооти иловагӣ ё ин ки баёнот вобаста ба масъалаҳои дар шикоят баёншуда дархост фиристонанд;
– ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин ба мақомоти ваколатдори андози давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои ба ваколати чунин мақомот тааллуқдошта дархост фиристонанд;
– вобаста ба масъалаҳои дар шикоят баёншуда бо андозсупоранда вохӯриҳо гузаронанд.
- Тибқи натиҷаҳои баррасии моҳияти шикоят мақоми болоии андоз қарори асоснок қабул намуда, онро ба андозсупоранда ирсол менамояд ё медиҳад, нусхаи онро ба мақомоти андоз нисбат ба қароре, ки ба он шикоят пешниҳод гардидааст, равон менамояд.
- Бо ҷамъбасти баррасии шикоят мақоми болоии андоз:
– шикоятро қонеъ намекунад;
– қарори нав мебарорад.
- Аз амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда мешавад.
Моддаи 82. Оқибатҳои пешниҳоди ариза (шикоят) нисбат ба ҳисобкунии маблағҳои андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо
- То ба охир расидани баррасии ариза (шикоят) нисбат ба ҳисобкунии маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳо, ки ба мақомоти андоз пешниҳод шудааст, тибқи расмиёти муқаррарнамудаи боби 12 Кодекси мазкур танҳо он қисми ӯҳдадориҳои андоз бояд пардохт ва ситонида шавад, ки аз ҷониби андозсупоранда мавриди баҳс қарор нагирифтааст.
- Боздоштани пардохти маблағи ҳамаи ӯҳдадориҳои андоз ё як қисми он вобаста ба баррасии шикоят андозсупорандаро аз пардохти фоизҳо барои сари вақт нагузаронидани маблағ ба буҷет, аз ҷумла фоизҳое, ки дар давраи аз санаи пешниҳоди шикоят то қабули қарор вобаста ба шикоят ҳисоб шудааст, озод намекунад.
ФАСЛИ VII. МАҚОМОТИ АНДОЗ
БОБИ 15. МАҚОМОТИ АНДОЗ
Моддаи 83. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз
- Вазифаҳои асосии мақомоти андоз инҳо мебошанд:
– таъмини риоя намудани қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра ва сари вақт ворид намудани андозҳо ба буҷет;
– дар доираи ваколатҳои худ иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили маъмурикунонии андозҳо;
– дар доираи ваколатҳои худ таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ;
– муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти андоз (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1297);
– расонидани ёрӣ ба андозсупорандагон оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз.
- Мақомоти андоз фаъолияти худро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти андози дигар давлатҳо амалӣ менамоянд.
Моддаи 84. Вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти андоз
- Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақомоти андоз) аз мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти ҳудудии андоз иборат мебошанд. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи мақоми ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
- Ба мақомоти ҳудудии андоз раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозироти андоз дар шаҳрҳо (ноҳияҳо), нозироти андози андозсупорандагони калон, дигар мақомоти минтақавии андоз, инчунин мақомоти минтақавии мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд.
- Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти ҳудудии андоз системаи ягонаи мутамаркази мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.
- Мақоми ваколатдори давлатӣ ба низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
- Мақомоти ҳудудии андоз бевосита ба таври амудӣ (вертикалӣ) ба мақомоти дахлдори болоии андоз ҳисоботдиҳанда ва тобеъ буда, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тобеъ нестанд.
- Мақомоти андоз шахсони ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисобҳои махсус дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти он дар маҳалҳо, мӯҳр бо акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ ба забони давлатӣ мебошанд.
- Мақомоти андоз дорои рамз мебошанд, инчунин ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони ба натиҷаҳои назаррас ноилгашта аз нишони сарисинагии идоравӣ истифода мебаранд, ки тасвири онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
- Мақомоти андоз дар масъалаҳои таъмини назорати давлатии пардохти пурра ва саривақтии андозҳо дорои тамоми ваколатҳо мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи Кодекси мазкур ситонидани андозҳо ба дигар мақомот вогузор шудааст.
Моддаи 85. Кормандони мақомоти андоз
- Ба вазифаҳои кормандони мақомоти андоз ҳамон шахсоне таъин мешаванд, ки ба талаботи тахассусӣ ҷиҳати ишғоли мансабҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар муқаррар кардаанд, ҷавобгӯ мебошанд. Кормандони мақомоти андоз хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
- Ба кормандони мақомоти андоз мутобиқи тартиби муқарраршуда рутбаи тахассусӣ дода мешавад.
- Рутбаҳои тахассусии кормандони мақомоти андоз аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ ва иловапулиҳои вобаста ба онҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
- Ба кормандони мақомоти андоз либоси махсуси расмӣ ва тибқи рутбаҳояшон нишонҳои фарқкунанда дода мешаванд, ки намунаҳо ва меъёрҳои додани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
- Ба кормандони мақомоти андоз ҷиҳати тасдиқи ваколатҳояшон шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад, ки намунаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
- Кормандони мақомоти андоз мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия мегузаранд.
Моддаи 86. Баҳогузории фаъолияти касбии корманди мақомоти андоз
- Фаъолияти касбии ҳар як корманди мақомоти андоз бояд ҳар сол дар асоси нишондиҳандаҳои умумӣ ва махсус, ки ба қоидаҳои баҳогузории хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат менамоянд, вобаста ба намуди фаъолияти ӯ ба таври воқеӣ (холисона) баҳогузорӣ карда мешавад.
- Нишондиҳандаҳои (ҳисоботи) фаъолияти касбии корманди мақомоти андоз тибқи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ аз ҷониби худи ӯ муайян карда шуда, барои омӯзиш ва баҳогузорӣ ба роҳбари бевоситааш пешниҳод мегарданд. Фаъолияти касбии корманди мақомоти андоз, ки дорои собиқаи камтар аз шаш моҳи корӣ дар мақомоти андоз мебошад, баҳогузорӣ карда намешавад.
- Баҳогузории фаъолияти касбии корманди мақомоти андоз дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби роҳбарияти болоӣ ва (ё) комиссияи аттестатсионӣ тибқи тартиби муқарраршуда ба инобат гирифта мешавад:
– ҳангоми пешбарӣ ба дигар мансаб;
– ҳангоми ҷоизадиҳӣ ва мукофотонӣ;
– ҳангоми татбиқи намудани муҷозоти интизомӣ;
– дар дигар ҳолатҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ муайян намудаанд.
Моддаи 87. Муносибати байниҳамдигарии мақомоти андоз бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ
- Мақомоти андоз фаъолияти худро новобаста ба дигар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ менамоянд. Қарорҳои дар доираи ваколатҳояшон қабулнамудаи мақомоти андоз барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошанд.
- Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд ба мақомоти андоз дар иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини мукаммал ва саривақтии ба буҷет ворид шудани андозҳо мусоидат намоянд. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, дахолати мақомоти зикргардида ба фаъолияти мақомоти андоз манъ аст.
- Мақомоти гумрук, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ӯҳдадоранд мунтазам тибқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти андоз маълумоти барои иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурии дар ихтиёрашон бударо пешниҳод намоянд.
Моддаи 88. Ҳисобот
- Дар ҷараёни шаш моҳи баъди анҷоми ҳар як соли тақвимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар сомонаи расмии худ нашри ҳисоботро оид ба фаъолияти мақомоти андоз таъмин менамояд.
- Ҳисобот оид ба соли тақвимии гузашта бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:
– маблағҳои андозҳои банақшагирифташуда ва воқеан ҷамъовардашуда аз рӯи намудҳои онҳо дар вилоятҳо (шаҳрҳо ва ноҳияҳо);
– маблағҳои қарзҳои андоз аз рӯи намудҳои андозҳо дар вилоятҳо (шаҳрҳо ва ноҳияҳо);
– маълумоти оморӣ оид ба имтиёзҳои додашудаи андозҳо ва батаъхиргузории бақияпулиҳо, аз ҷумла дар давоми соли ҳисоботии тақвимӣ;
– тавсифи мухтасари комёбиҳо ва норасоиҳо дар фаъолияти мақомоти андоз.
- Мақоми ваколатдори давлатӣ дар сомонаи расмии худ рӯйхати андозсупорандагонеро, ки андозҳояшон ҳисоб (иловагӣ ҳисоб) карда шудаанду вале дар ҳаҷми зиёда аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт нашудаанд, бо нишон додани ҳаҷми бақияпулиҳо, ҷойгир намуда, онро мунтазам нав мекунад.
Моддаи 89. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз
- Мақомоти андоз мутобиқи Кодекси мазкур ҳуқуқ доранд:
– дар доираи ваколатҳояшон санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, мустақилона ё дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намоянд;
– назорати андозро амалӣ намоянд;
– ҳамкориҳои байналмилалиро оид ба масъалаҳои андозбандӣ амалӣ намоянд;
– аз андозсупоранда (агенти андоз) талаб намоянд, ки дастрасӣ ба муоинаи иттилооти таъмини барномавии барои автоматизатсиякунонии ҳисоботи муҳосибӣ ва андоз зарур ва (ё) системаи иттилоотии дорои иттилооти ҳуҷҷатҳои аввалияи ҳисоботиро оид ба объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳое, ки ба андозбандӣ алоқаманданд, дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) истифода шудани чунин таъминоти барномавӣ ва (ё) системаи иттилоотӣ, таъмин намояд;
– дар ҷараёни санҷиши андоз тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои андозсупорандаро (агенти андозро), ки аз содир гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гувоҳӣ медиҳанд, дар ҳолати вуҷуд доштани имконияти нобуд сохтан, пинҳон намудан, тағйир додан ё иваз намудани ин ҳуҷҷатҳо, гиранд;
– мутобиқи Кодекси мазкур ҳаҷми ӯҳдадории андозро (бо истифода аз усулҳои баҳодиҳии мустақим ва ғайримустақим, нархҳои бозорӣ ё иттилооти муоинаи хронометражӣ) ҳисоб намоянд;
– дар ҷараёни санҷишҳои андоз санҷиши ҳуҷҷатҳои молиявӣ, китобҳои муҳосибӣ, ҳисоботҳо, сметаҳо, пулҳои нақд, коғазҳои қиматнок ва дигар сарватҳо, ҳисобҳо, эъломияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳоро анҷом диҳанд, оид ба масъалаҳои дар рафти санҷишҳои зикршуда бамиёномада аз шахсони мансабдор ва дигар кормандони ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ иттилоот, баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ гиранд;
– дар рафти санҷиши андоз молу мулкеро, ки объекти андозбандӣ ва (ё) объекти ба андозбандӣ алоқаманд мебошад, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавиаш муоина намоянд, баруйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулки андозсупорандаро (агенти андозро) (ба истиснои биноҳои истиқоматӣ) бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, гузаронанд;
– дар рафти санҷиши андоз биноҳои истеҳсолӣ, савдо, анборҳо ва дигар биноҳои корхонаҳо ва шахсони воқеиро, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавиашон, ки барои гирифтани даромад ё барои нигоҳдории объектҳои андозбандӣ истифода мешаванд, аз назар гузаронанд;
– ба роҳбарон ва дигар кормандони мансабдори ташкилотҳо, инчунин ба шахсони воқеӣ ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои андози ошкоршуда супоришҳо диҳанд, ки барои иҷро ҳатмӣ мебошанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;
– барои ҳуқуқвайронкуниҳои андоз муҷозот ва ҷаримаҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намоянд, оид ба боздошти (бекор намудани) амалиёти иҷозатномаҳо барои иҷрои намудҳои алоҳидаи фаъолият дархост намоянд;
– мутобиқи Кодекси мазкур аз андозсупорандагон, шахсони мансабдори онҳо ва шахсони воқеӣ андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ситонанд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди даъвоҳо ба суд;
– дар ҳолати вайрон намудани қонунгузории андоз намудҳои муқарраршудаи ҷавобгариро татбиқ намоянд;
– аз андозсупоранда (агенти андоз) пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дурустии ҳисоб ва сари вақт пардохти (нигоҳ доштан ва гузаронидани) андозҳо ва вобаста ба ҳисоботи андози тартибдодашудаи андозсупоранда (агенти андоз), инчунин ҳисоботи молиявии андозсупоранда (агенти андоз), аз ҷумла бо замима намудани хулосаи аудиторӣ дар ҳолате, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чунин шахс гузаронидани аудити ҳатмӣ муқаррар шуда бошад, баёноти хаттӣ талаб намоянд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
– тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳоро татбиқ намоянд ва маблағҳои қарзи андозро рӯёнанд;
– ҷиҳати гузаронидани назорати андоз мутахассисон, экспертҳо ва тарҷумонҳоро ҷалб (даъват) намоянд, ки пардохти хизматҳои онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои экспертизаи судӣ амалӣ карда мешавад;
– дар ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии соҳаи андоз, ба сифати шоҳид шахсонеро, ки барояшон ҳолатҳои барои гузаронидани назорати андоз аҳамиятдошта маълуманд, даъват намоянд;
– тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе кам намудани ҳаҷми умумии воридоти андозҳо дар шаҳрҳои (ноҳияҳои) алоҳида ё гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон бо тариқи озмоиш ба мӯҳлати на кам аз 12 моҳи пайи ҳам ояндаи тақвимӣ кам намудани шумораи эъломияҳои пешниҳодшаванда, пардохти андозҳо ба буҷет ва (ё) бо тариқи дигар тартиби пардохти андозҳоро содда намоянд.
- Мақомоти болоии андоз ҳуқуқ доранд қарорҳои мақомоти поёнии андозро дар ҳолати мувофиқ набудани онҳо ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд.
- Мақомоти андоз, инчунин дорои дигар ҳуқуқҳое мебошанд, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Моддаи 90. ӯҳдадориҳои мақомоти андоз
- Мақомоти андоз ӯҳдадоранд:
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандонро риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– дуруст ҳисоб кардан, ба пуррагӣ ва сари вақт ба буҷет пардохт гардидани андозҳоро назорат намоянд, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра ва аниқ риоя намоянд;
– ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро риоя ва ҳимоя намоянд;
– бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, анҷом диҳанд;
– баҳисобгирии пурра ва саривақтии андозсупорандагон, аз ҷумла супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва объектҳои андозбандӣ, баҳисобгирии андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда), пардохтшуда ва бақияпулиҳоро таъмин намоянд;
– дар бораи ба буҷет ворид гардидани андозҳо ҳисобот тартиб диҳанд, оид ба маблағҳои имтиёзҳои додашудаи андоз аз рӯи гурӯҳҳои андозсупорандагон, намудҳои андозҳо ва имтиёзҳо, инчунин минтақаҳо баҳисобгириро ба роҳ монанд ва ҳисобот тартиб диҳанд;
– ҷаримаҳо ва фоизҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намоянд ва сари вақт ситонанд;
– мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати андозро амалӣ намоянд;
– дастурҳои методӣ ва дастурамалҳоро доир ба масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта, инчунин маводу китобчаҳо ва овезаҳо таҳия кунанд, дар воситаҳои ахбори омма оид ба ин масъалаҳо иттилооти машваратӣ ва тавзеҳотӣ нашр намоянд;
– ба андозсупорандагон оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз тибқи мӯҳлатҳо ва ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур огоҳинома супоранд;
– тибқи аризаи андозсупоранда дар мӯҳлати панҷ рӯзи корӣ аз ҳисобномаи шахсии ӯ оид ба вазъи ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ иқтибос пешниҳод намоянд;
– чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андози андозсупорандаро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намоянд;
– нусхаи дуюми санади санҷиши андоз ва қарори дахлдори мақомоти андозро оид ба натиҷаи санҷиши андоз ба андозсупорандагон пешниҳод намоянд;
– баҳисобгирии мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалиро пеш баранд;
– тибқи тартиби муқарраршуда дархостҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти мақомоти андоз қарордошта баррасӣ намоянд;
– ҳар моҳ ба мақомоти молия оид ба маблағҳои андози воқеан ба буҷет дохилшуда маълумот пешниҳод намоянд;
– оид ба вайрон гардидани қонунгузории андоз маълумот ҷамъоварӣ намоянд, таҳлил кунанд, баҳо диҳанд, ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси сар задани чунин ҳолатҳо мешаванд, тавсияҳо пешниҳод намоянд;
– мувофиқи муқаррароти моддаи 69 Кодекси мазкур маблағҳои аз андозҳои ҳисобшуда барзиёд супоридаи андозсупорандагонро ба ҳисоб гиранд ва (ё) ба андозсупорандагон баргардонанд;
– махфияти сирри андозро риоя намоянд;
– оид ба татбиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тавзеҳотиро анҷом диҳанд, бо тартиби муқарраргардида ба андозсупорандагон шаклҳои ҳисоботи андозро пешниҳод кунанд ва тартиби пур кардани онҳоро фаҳмонанд, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳоро, аз ҷумла дар шакли хаттӣ шарҳ диҳанд;
– дар давоми мӯҳлати даъво нигоҳдории ҳисоботи андоз ва дигар ҳуҷҷатҳоро, аз ҷумла нусхаҳои ба андозсупоранда додашудаи ин ҳуҷҷатҳоро (расид ва ғайраро), ки далели иҷрои ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда оид ба пардохти андозҳо ба буҷети давлатӣ мебошанд, инчунин санадҳои санҷиши андоз ва дигар ҳуҷҷатҳоро, ки ба ин андозсупорандаи мушаххас марбутанд, таъмин намоянд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар боло пешбинигардида дар парвандаи шахсии андозсупоранда ҷамъ оварда мешаванд (парвандаи шахсии андозсупорандаро ташкил медиҳанд). Мақомоти андоз парвандаҳои шахсии андозсупорандагонро нисбат ба андозсупорандагон – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони воқеие, ки ӯҳдадоранд мутобиқи Кодекси мазкур эъломияи андозро пешниҳод кунанд, мураттаб месозанд;
– ҳангоми дар рафти санҷиши андоз ошкор гардидани далелҳое, ки дорои аломатҳои ҷиноятҳои вобаста ба саркашӣ аз супоридани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мебошанд, маводро дар давоми 30 рӯзи корӣ пас аз қабули қарор аз рӯи санади санҷиши андоз барои мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ кардан ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ фиристанд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– фаъолияти мақомоти поёнии ҳудудии андоз ва корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои тобеъро назорат намоянд;
– дастрасии андозсупорандагонро ба иттилоот оид ба масъалаҳои ба андозбандии онҳо алоқаманд таъмин намоянд.
- Мақомоти андоз инчунин дигар ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд.
Моддаи 91. Масъулияти кормандони мақомоти андоз
- Кормандони мақомоти андоз барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ, риоя накардани сирри давлатӣ, хизматӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ва бонкии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, сӯиистифода аз мансаби хизматӣ ва дигар амалҳои зиддиҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.
- Зараре, ки ба андозсупоранда дар натиҷаи амалҳои зиддиҳуқуқии кормандони мақомоти андоз расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 92. Бархӯрди манфиатҳо
Ба корманди мақомоти андоз иҷро намудани ӯҳдадориҳои мансабӣ нисбат ба андозсупоранда манъ аст, агар:
– корманди мазкур бо андозсупоранда алоқаи хешу таборӣ дошта бошад;
– нисбат ба корманди мазкур андозсупоранда ё хеши вай манфиати мустақим ё ғайримустақим дошта бошад.
Моддаи 93. Сирри маълумот (сирри андоз)
- Мақомоти андоз, агентҳои андоз ва кормандони онҳо (дар давраи кор ё баъди аз кор озод шудан) вазифадоранд, ки сирри ҳама гуна маълумотро оид ба андозсупорандагон (ба истиснои маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва дигар маълумоти вобаста ба баҳисобгирии андозсупорандагон), ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиашон дастрас намудаанд, пинҳон нигоҳ доранд.
- Мақомоти андоз ва агентҳои андоз ҳуқуқ доранд маълумотро оид ба андозсупоранда тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ танҳо ба шахсони зерин пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046):
– ба дигар кормандони мақомоти андоз бо мақсадҳои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;
– ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсадҳои тибқи қонун санҷиш намудани шахсе, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст ё ҷиноят содир кардааст;
– ба судҳо дар рафти баррасии парванда оид ба муайян намудани ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда ё ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз;
– ба мақомоти андози дигар давлатҳо мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
– ба мақомоти молия дар ҳамон ҳаҷме, ки барои иҷрои қонунгузорӣ оид ба буҷет зарур аст;
– ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои хизмати давлатӣ нисбат ба шахсоне, ки ӯҳдадоранд оид ба даромадҳояшон эъломия пешниҳод намоянд;
– ба мақомоти гумрук барои татбиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба мақоми ваколатдоре, ки мутобиқи Кодекси мазкур барои мақсадҳои амалӣ намудани андозбандӣ дорои ҳуқуқи ситонидани андозҳо мебошад.
- Шахсоне, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда маълумот гирифтаанд, тибқи тартиби муқарраргардида нигоҳ доштани сирри онро таъмин менамоянд.
- Ҳисоботи андоз ва ҳама гуна дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар ҷараёни фаъолияти мақомоти андоз ташкил мешаванд (парвандаҳои шахсии андозсупорандагон, санадҳои санҷишҳои андоз, огоҳиномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои барои амалӣ намудани назорати андоз зарур), наметавонанд ба дигар мақомоти давлатӣ дода шаванд, ба истиснои ҳолатҳои дар сархати дуюми қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда.
- Ҳангоми риоя намудани талаботи қисми 1 ҳамин модда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо тибқи дархости хаттии онҳо дар ҳолати мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбат ба ҳамин андозсупоранда оғоз карда шудааст, метавонанд нусхаҳои асли ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 4 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, дода шаванд.
- Ҳамзамон нусхаҳои ҳуҷҷатҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо додашуда, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудаанд, ба таври ҳатмӣ дар мақомоти андоз нигоҳ дошта мешаванд.
- Ҳангоми қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятии оғозкардашуда бо сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят ё бо дигар асосҳои қонунӣ ё эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд, нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои дар боло пешбинишуда дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қатъ намудани парванда ё эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд бояд ба мақомоти дахлдори андоз баргардонида шаванд.
Моддаи 94. Таъминоти моддӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти андоз
- Кормандони мақомоти андоз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошанд ва таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Талаботи қонунии онҳо дар доираи ваколатҳояшон барои иҷро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошанд.
- Монеъ шудан ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии кормандони мақомоти андоз, таҳқир намудани шаъну шарафи онҳо, таҳдид, муқобилият, зӯроварӣ ва суиқасд ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти хизматиашон боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.
- Ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва молу мулки аъзои оилаи кормандони мақомоти андоз бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.
- Давлат ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти андозро кафолат медиҳад.
- Таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти андоз ва аъзои оилаи онҳо тибқи шартҳо, тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ анҷом дода мешавад.
- Намудҳо ва ҳаҷми таъминоти моддӣ, аз ҷумла намуд ва андозаи маоши кормандони мақомоти андоз тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
- Маблағгузории фаъолияти мақомоти андоз аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.
- Тартиб ва меъёрҳои таъминоти моддию техникии мақомоти андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
- Молу мулки мақомоти андоз моликияти давлатӣ мебошад ва хусусӣ гардонида намешавад.
ҚИСМИ II. ҚИСМИ МАХСУС
ФАСЛИ VШ. АНДОЗ АЗ ДАРОМАД ВА АНДОЗ АЗ ФОИДА
ЗЕРФАСЛИ 1. АНДОЗ АЗ ДАРОМАД
БОБИ 16. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 95. Андозсупорандагон
- Супорандагони андоз аз даромад шахсони воқеӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳо мебошанд, ки объекти андозбандишаванда доранд.
- Дар ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, ӯҳдадорӣ оид ба ситонидани андоз аз даромад дар манбаи пардохт аз ҷониби агенти андоз амалӣ карда мешавад.
Моддаи 96. Объекти андозбандӣ
- Объекти андозбандӣ даромади андозбандишаванда, аз ҷумла, ҳама гуна даромад, ки новобаста ба маҳал ва воситаи пардохт аз ҷониби андозсупорандагони зерин гирифта шудааст, ки барои давраи андоз ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ ва маблағи тарҳҳои пешбининамудаи ҳамин зерфасл муайян карда мешавад:
– барои шахсони воқеие, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) аз манбаъҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– барои шахсони воқеие, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд, аз манбаъҳои дар Чумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда.
- Даромади умумие, ки шахси воқеӣ мегирад, ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешавад:
– даромадҳое, ки дар манбаъҳои пардохт андозбандӣ карда мешаванд;
– даромадҳое, ки дар манбаъҳои пардохт андозбандӣ карда намешаванд.
- Агар муқаррароти Кодекси мазкур имконият надиҳанд, ки даромадҳои гирифташуда бевосита ба даромадҳое мансуб аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз манбаъҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда дониста шаванд, мансуб донистани даромад ба ин ё он манбаъ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 97. Манбаи андоз
- Манбаи андоз аз даромад даромади умумие мебошад, ки шахсони воқеӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳо гирифтаанд, барои давраи андоз ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ ва тарҳҳои пешбининамудаи ҳамин зерфасл муайян карда мешавад.
- Шахси воқеӣ – ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ фаъолият менамояд, супорандаи андоз аз даромади андозбандишавандае мебошад, ки ба муассисаи доимӣ алоқаманд аст ва ҳамчун фарқи байни даромади умумии аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба муассисаи доимӣ ва тарҳҳои марбут ба даромади гирифташуда, ки ҳамин зерфасл пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад.
- Даромади умумии шахси воқеӣ – ғайрирезидент, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр нашудааст, бояд аз манбаи пардохт бе тарҳкунии хароҷот андозбандӣ карда шавад, агар ин дар моддаи 128 Кодекси мазкур пешбинӣ шуда бошад.
- Шахси воқеӣ – ғайрирезидент, ки аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурӯш ё додани молу мулк ва (ё) ҳуқуқҳои молумулкие, ки ба муассисаи доимиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошад, даромад мегирад, нисбат ба даромади умумии чунин намуд бо тарҳи пешбининамудаи ҳамин зерфасл ва марбут ба чунин даромад барои ҳамин давра, супорандаи андоз аз даромад ба ҳисоб меравад. Агар андози дахлдор аз фурӯш ё додани молу мулк ва (ё) ҳуқуқҳои молумулкии шахси воқеӣ – ғайрирезиденти зикршуда пардохт нашуда бошад, шахси ҳуқуқие, ки ғайрирезиденти зикршуда дар он дорои ҳуқуқҳои молумулкӣ буд (мебошад) ё агенти андози вай, ки ба ғайрирезидент даромад мепардозад, ӯҳдадоранд, ки андозро бе тарҳ нигоҳ доранд ва пардохт намоянд.
- Ҳангоми ситонидани андоз аз даромад аз ҷониби корфармо тарҳ кардани хароҷоти марбут ба иҷрои кори кирояи ҳамин корманди кироя аз даромади умумии шахси воқеӣ – корманди кироя роҳ дода намешавад.
- Барои ҳар як намуди даромадҳои шахси воқеӣ, ки нисбат ба онҳо меъёрҳои гуногуни андоз муқаррар шудаанд, манбаи андоз алоҳида муайян карда мешавад.
Моддаи 98. Даромади умумӣ
Ҳамаи намуди даромадҳо, подошпулиҳо ва манфиатҳои шахси воқеӣ, ки дар шакли пулӣ, моддӣ ва ғайримоддӣ ба он пардохт мешаванд, ба истиснои даромадҳо, ки мувофиқи зерфасли мазкур аз андоз аз даромад озод карда шудаанд, ба даромади умумии ҳамин шахси воқеӣ мансубанд, аз ҷумла:
– даромадҳое, ки ҳамчун музди меҳнат гирифта шудаанд;
– даромадҳо аз фаъолияте, ки меҳнати кироя ҳисоб намешавад;
– ҳама гуна даромадҳои дигар.
Моддаи 99. Даромадҳо дар шакли музди меҳнат
- Ҳама гуна пардохтҳо, манфиатҳо ё подошҳо, аз ҷумла дар шакли моддӣ ва ғайримоддӣ, ки ба шахсони воқеӣ пардохт мешавад, новобаста ба шакл ва маҳалли пардохт даромаде ҳисоб мешавад, ки дар шакли музди меҳнат гирифта шудааст, аз ҷумла:
– даромадҳо аз меҳнати кироя;
– даромадҳо аз хизматрасонӣ (иҷрои кор) мутобиқи шартномаи хусусияти граждании ҳуқуқӣ дошта ё бе чунин шартномаҳо, аз ҷумла подошпулиҳо аз шартномаҳои муаллифӣ, ба истиснои шартномаҳое, ки мавзӯи онҳо гузариши ҳуқуқи моликият ё ба дигар шахс додани ҳуқуқи молумулкӣ мебошад;
– даромадҳо аз меҳнати кирояи пешина, ки дар шакли нафақа ё дигар шакл гирифта мешаванд ё даромадҳо аз меҳнати кирояи минбаъда.
- Даромаде, ки андозсупоранда дар шакли музди меҳнат гирифтааст, шаклҳои зерини пардохти аслро (натуралиро) дар бар мегирад:
– пардохти музди меҳнат дар шакли аслӣ (натуралӣ);
– арзиши молу мулке, ки ройгон дода мешавад. Арзиши корҳои (хизматрасониҳои) ройгон иҷрошуда дар ҳаҷми хароҷоте муайян карда мешавад, ки бинобар иҷрои чунин корҳо, хизматрасониҳо сарф шудаанд;
– аз ҷониби корфармо пардохт гардидани арзиши молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки корманд аз шахсони сеюм гирифтааст.
- Барои мақсадҳои қисми 1 ҳамин модда арзиши манфиати андозсупоранда ба маблағҳои зерин бо тарҳи ҳама гуна пардохтҳои худи андозсупоранда барои гирифтани ин манфиат баробар мебошад:
– ҳангоми гирифтани қарз тибқи меъёри фоизи пасттар аз меъёри бозорӣ барои чунин намуди қарзҳо – маблағи баробар ба фоизҳое, ки бояд тибқи меъёри бозорӣ пардохт шаванд;
– ҳангоми фурӯхтан ё ройгон додани молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо – арзиши бозории чунин молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо;
– ҳангоми гирифтани кӯмак барои таҳсили корманд ё шахсони дар таъминоти ӯ қарордошта (ба истиснои барномаҳои тайёрӣ, ки бевосита ба иҷрои ӯҳдадориҳои корманд алоқаманданд) – барои кӯмакгиранда арзиши кӯмаки гирифташуда;
– дар ҳолати ба корманд ҷуброн кардани хароҷоте, ки бевосита ба меҳнати кирояи ӯ алоқаманд нестанд – маблағи ҷуброн;
– ҳангоми бахшидани қарз ё ӯҳдадории корманд дар назди корфармомаблағи қарз ё ӯҳдадории бахшидашуда;
– ҳангоми пардохти подоши суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳаёт ва саломатӣ ва дигар маблағҳои шабеҳ аз ҷониби корфармо – арзиши чунин подоши суғуртавӣ ё маблағҳо барои корфармо;
– дар дигар ҳолатҳо – арзиши бозории манфиат.
- Даромади умумии корманд ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматиро мутобиқи меъёрҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муқарраршуда, инчунин ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматиро аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣғайрирезидент аз ҳисоби маблағҳои шахсони дар боло номбаршуда дар бар намегирад.
- Даромади умумӣ пардохтҳои намояндагӣ ва дигар хароҷоти шабеҳро (барои гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайра), ки шахси воқеӣ гирифтааст, дар бар намегирад.
- Пардохти моддӣ (ғайримоддӣ), арзиши фоидаҳо, пардохтҳо ва хароҷоти корфармо ба фоидаи шахсони воқеӣ, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда номбар шудаанд, маблағи андози аксиз, андоз аз арзиши иловашуда ва ҳама гуна дигар андозеро дар бар мегиранд, ки корфармо бояд вобаста ба аҳди арзишдошта пардохт намояд.
Моддаи 100. Даромадҳои шахси воқеӣ аз фаъолияте, ки ба меҳнати кироя мансуб нест
- Даромадҳои зерин аз фаъолияти ғайрисоҳибкории шахси воқеӣ даромади шахси воқеӣ аз фаъолияте мебошад, ки ба меҳнати кироя мансуб нест:
– даромади фоизҳо;
– суди саҳмияҳо (дивидендҳо);
– даромад аз иҷораи (кирояи) молу мулк ва (ё) афзоиши арзиш аз фурӯши молу мулк;
– роялти;
– маблағи қарзи ба андозсупоранда бахшидаи қарздиҳанда.
- Ба даромадҳои шахси воқеӣ аз фаъолияте, ки ба меҳнати кироя мансуб нест, инчунин ҳама гуна манфиате, ки аз ҷониби он гирифта шудааст ва (ё) дигар даромадҳо, ба истиснои даромад дар шакли музди меҳнат ва (ё) даромад аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ низ мансуб мебошанд.
Моддаи 101. Тасҳеҳи даромади умумии шахси воқеӣ
Даромадҳо дар шакли музди меҳнат, суди саҳмияҳо (дивидендҳо), фоизҳо, бурдҳо, роялти ва дигар даромадҳое, ки шахси воқеӣ гирифтааст ва қаблан аз манбаи пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Кодекси мазкур андозбандӣ шудаанд, бояд аз даромади андозбандишавандаи он, ки дар давраи андозбандӣ гирифта шудааст, хориҷ карда шаванд.
Моддаи 102. Тарҳкуниҳои шахсӣ аз даромадҳои шахсони воқеӣ
- Аз даромади шахси воқеӣ – корманди кироя дар шакли музди меҳнат барои ҳар моҳи тақвимӣ дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳи шахсӣ амалӣ карда мешавад.
- Аз даромад дар шакли музди меҳнати гурӯҳҳои зерини шахсони воқеӣ – кормандони кироя барои ҳар моҳи тақвимӣ дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳи шахсӣ амалӣ карда мешавад:
– қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамонҳои меҳнати сотсиалистӣ, қаҳрамонҳои Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ барои муҳофизати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, аз ҷумлаи
хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо, ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони гурӯҳҳои I ва II (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046);
– шаҳрвандони беморшуда ва мубталои бемории шуоъ, ки дар натиҷаи оқибатҳои садамаҳо дар объектҳои атомӣ рух додааст, шахсони дар рафъи оқибатҳои чунин садамаҳо дар доираи минтақаи ҷудокунӣ иштирокдошта, шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани оқибатҳои садамаҳо дар корҳои баистифодабарӣ ё дигар корҳо дар объектҳои атомӣ иштирок намудаанд.
- Аз даромади шахси воқеӣ – корманди кироя яке аз маблағҳои нисбатан калонтари тарҳи шахсӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда иҷозат дода мешавад.
- Дар ҳолате, ки агар шахси воқеӣ камтар аз шонздаҳ рӯзи тақвимӣ дар давоми моҳ корманди кироя бошад, пас ҳангоми муайян намудани даромади андозбандишавандаи корманд тарҳи шахсӣ мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда анҷом дода намешавад.
- Тарҳи шахсӣ аз даромади андозбандишаванда мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда тибқи даромадҳои гирифташуда танҳо дар як ҷойи кори (асосии) корманд роҳ дода мешавад. Дар ҳолате, ки шахси воқеӣ корманди кироя ва соҳибкори инфиродӣ намебошад, тарҳи шахсӣ, ки қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда муқаррар намудааст, танҳо дар як маҳалли пардохти даромад, ки дар асоси аризаи пешниҳодшудаи ӯ муайян карда мешавад, роҳ дода мешавад.
- Ҳангоми ҳисоб кардани даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ аз даромади ӯ маблағи андози иҷтимоии барои суғурташудагон, ки бо меъёри 1 фоиз нигоҳ дошта шудааст, тарҳ карда мешавад.
- Шахсе, ки даромади шахси воқеиро пардохт менамояд, барои дуруст амалӣ намудани тарҳи шахсӣ ҷавобгар мебошад. Дар ҳолати вайрон намудани талаботи муқаррарнамудаи ҳамин модда, маблағи андози бинобар нодуруст тарҳ кардан ба буҷет вориднашударо ҳамин шахс ҷуброн менамояд.
Моддаи 103. Меъёрҳои андоз аз даромад
- Даромади андозбандишавандаи ҷойи кори асосии шахси воқеӣ аз рӯи меъёрҳои зерин андозбандӣ мешавад, агар ҳамин модда талаботи дигареро муқаррар накарда бошад:
+—-+————————————+————————–ҷ
|р/т |Маблағи даромади андозбандишаванда | Маблағ ва меъёри андоз |
| |(дар як моҳ) | |
+—-+————————————+————————–+
| 1. |На зиёда аз тарҳи шахсӣ |Даромад андозбандӣ |
| | |намешавад (аз андозбандӣ |
| | |озод) |
+—-+————————————+————————–+
| 2. |Зиёда аз миқдори тарҳи шахсӣ |8 фоиз аз маблағи даромади|
| |то 140 сомони |андозбандишавандаи зиёда |
| | |аз тарҳи шахсӣ |
+—-+————————————+————————–+
| 3. |Зиёда аз 140 сомонӣ |Маблағи андози сатри 2 |
| | |ҷамъ 13 фоиз аз маблағи |
| | |даромади андозбандишаван- |
| | |даи зиёда аз 140 сомонӣ |
+—-+————————————+————————–+
- Даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ нагардидааст, бо меъёри 13 фоиз бе татбиқи тарҳҳои пешбининамудаи моддаи 102 Кодекси мазкур, ба истиснои тарҳи андози иҷтимоии пардохтшуда барои шахси суғурташуда, андозбандӣ карда мешавад.
- Даромад дар шакли музди меҳнати андозбандишавандаи шахси воқеӣ – ғайрирезидент бо меъёри 25 фоиз андозбандӣ карда мешавад.
Моддаи 104. Имтиёзҳои андозӣ
Аз намудҳои зерини даромадҳои шахсони воқеӣ андоз аз даромад гирифта намешавад:
1) Даромад аз фаъолияти расмии дипломатӣ (консулӣ) ва фаъолияти ба он баробаркардашудаи шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2) Арзиши молу мулк дар шаклҳои аслӣ (натуралӣ) ва (ё) пулӣ, ки аз шахсони воқеӣ ҳамчун мерос ё тӯҳфа гирифта шудаанд, ба истиснои 94 даромадҳое, ки аз ҳисоби ин молу мулк гирифта шудаанд, аз ҷумла маблағҳое, ки ба ворисони (ворисони ҳуқуқии) муаллифони асарҳои илмӣ, адабӣ, санъат, инчунин барои кашшофӣ, ихтироъкорӣ ва намунаҳои саноатӣ пардохт мешаванд.
3) Арзиши тӯҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда, инчунин ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳо гирифташуда, аз ҷумла дар шакли пулӣ, ки агар:
а) арзиши тӯҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда, ки аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;
б) арзиши ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ гирифташуда, ки аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;
в) арзиши ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гирифташуда, ки аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест.
4) Нафақаҳои давлатӣ ва суғуртавӣ стипендияҳои давлатӣ, ёрдампулиҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳои давлатӣ.
5) Алиментҳо аз шахсоне, ки онро мегиранд, маблағҳое, ки барои супоридани хун, шири модарӣ ва дигар кӯмакҳои ба донорҳо додашаванда.
6) Пардохтҳои якдафъаина ва кӯмаки моддӣ аз ҳисоби буҷет, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешаванд, маблағҳои аз ҷониби корфармо ба шахси воқеӣ – резидент пардохтшавандаи хароҷоти сафарҳои хизматӣ аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда, маблағи ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматии аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ – ғайрирезидент аз ҳисоби маблағҳои ин шахсони дар боло номбаршуда, инчунин кӯмаки башардӯстона (гуманитарӣ) ва кӯмаки эҳсонкорӣ, аз ҷумла ҳангоми офатҳои табиӣ.
7) Афзоиши арзиш ҳангоми фурӯш ё дигар шакли бегона кардани:
а) биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ, ки на кам аз 3 сол ҷойи зисти (истиқомати) асосии андозсупоранда то бегона кардан қарор дошта бошанд;
б) дигар объектҳои ғайриманқул (ба истиснои объектҳои ғайриманқули барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифодашаванда), ки на кам аз 2 сол то санаи бегона кардан дар моликияти андозсупоранда қарор дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
8) Афзоиши арзиш аз фурӯш ё дигар шакли бегона кардани молу мулки манқул, ба истиснои (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046):
а) молу мулке, ки аз ҷониби андозсупоранда барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешавад;
б) воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд ва на камтар аз як сол то санаи бегона кардан дар моликияти андозсупоранда қарор дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046);
в) фурӯхтан, додан, гузашт кардан ва дигар намуди бегонакунии саҳмияҳо ва ҳиссаҳои иштирок дар сармояи оинномавии корхонаҳо (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
г) моликияти қиматноки таърихӣ (антиквариат).
9) Маблағи ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
10) Пардохтҳои суғуртавие, ки тибқи шартномаҳои дорои хусусиятҳои ҷамъшаванда ва баргардонидашаванда дар доираи маблағҳои аз ҷониби шахси воқеӣ ба ҳисоби чунин шартномаҳо пардохтшуда ва пардохтҳои суғуртавие, ки дар натиҷаи фавти шахси суғурташуда гирифта шудаанд.
11) Маблағҳои маош, подошпулиҳо ва дигар маблағҳои пардохтшуда вобаста ба адои хизмат (иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ) ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ, оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъовар, Гвардияи миллӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
12) Бурдҳо аз вомбаргҳои давлатӣ ва лотереяҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст, дар ҳаҷми на зиёда аз 50 сомонӣ ба як вомбарг ё лотерея.
13) Кӯмаки иҷтимоии суроғавӣ, ёрдампулӣ ва ҷубронпулиҳо, ба истиснои пардохтҳо вобаста ба музди меҳнат, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тибқи ҳаҷм ва тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешаванд.
14) Ҷуброни зарари ҷисмонӣ ё дигар намуди зарари ба саломатии корманд вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатиаш ё хизматиаш расонидашуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
15) Арзиши либоси махсус ва (ё) либоси расмӣ ва пойафзол, воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва кӯмаки аввалияи тиббӣ, собун, воситаҳои безараркунанда, шир ё дигар маҳсулоти истеъмолии ба онҳо баробари барои истеъмоли табобатию профилактикӣ додашуда тибқи меъёрҳо ва вобаста ба соҳаҳои фаъолият, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд.
16) Пардохтҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳатмии масъулияти корфармо (аз ҳисоби маблағҳои корфармо) барои расонидани (ҳангоми расонидани) зарар ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ (хизматӣ).
17) Маблағи ҷуброни зарари моддӣ, ки бо қарори суд муқаррар карда шудааст.
ЗЕРФАСЛИ 2. АНДОЗ АЗ ФОИДА
БОБИ 17. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 105. Андозсупорандагон
- Супорандагони андоз аз фоида шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои шахсоне, ки ҷавобгӯи шартҳои низомҳои махсуси андозбандӣ мебошанд) ба ҳисоб мераванд.
- Ҳама гуна субъекти хориҷие, ки шахси воқеӣ намебошад, барои мақсадҳои зерфасли мазкур ба сифати андозсупоранда – корхона баррасӣ мегардад, агар исбот накунад, ки вай мутобиқи моддаи 147 Кодекси мазкур ба сифати иштирокчии соҳибии муштарак баромад мекунад.
Моддаи 106. Объекти андозбандӣ
- Объекти андозбандии андоз аз фоида барои резидент даромади умумӣ мебошад, ки ба маблағи тарҳҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур кам карда мешавад.
- Даромади умумӣ аз даромадҳо, подошпулиҳо ва манфиатҳои андозсупоранда дар шакли пулӣ ва моддӣ (ғайримоддӣ), аз ҷумла тамоми воридоте, ки боиси афзоиши дороиҳои софи андозсупоранда мегардад, ба истиснои воридоте, ки аз андоз аз фоида озод аст, иборат мебошад.
- Объекти андозбандии ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ амалӣ менамояд, даромади умумии он аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муассисаи доимӣ мебошад, ки ба маблағи тарҳҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур нисбат ба чунин даромад кам карда шудааст.
- Намудҳои даромади умумии ғайрирезидент, ки ба муассисаи доимии он алоқаманд нест, агар манбаи даромад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир бошад, дар манбаи даромад бе тарҳи хароҷот тибқи моддаи 128 Кодекси мазкур андозбандӣ мегарданд.
- Ҳангоми аз ҷониби ғайрирезидент гирифтани даромад аз фурӯш ё супурдани молу мулк ва (ё) ҳуқуқҳои молумулкӣ, ки бо муассисаи доимии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошад, объекти андозбандӣ даромади умумии аз ин амалиёт аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба маблағи тарҳҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур кам карда шудааст.
Моддаи 107. Манбаи андоз
- Манбаи андоз ин даромади умумӣ барои давраи андоз мебошад, ки ба маблағи тарҳҳои муқарраркардаи Кодекси мазкур кам карда шудааст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 4 ҳамин модда.
- Даромади умумии резидент аз даромадҳое иборат мебошад, ки ҳамин шахс дар давоми давраи андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он гирифтааст (бояд гирад).
- Даромади умумии ғайрирезидент, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ амалӣ менамояд, аз даромадҳои ба фаъолияти муассисаи доимӣ алоқаманд иборат мебошад, ки ҳамин шахс гирифтааст (бояд гирад).
- Манбаи андози ғайрирезидент аз даромади умумии аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастовардаи ӯ, ки ба муассисаи доимиаш алоқаманд нест, иборат мебошад.
- Барои мақсадҳои андоз аз фоида инҳо даромад ҳисобида намешаванд:
– арзиши молу мулке, ки ба сифати аъзоҳақии саҳмӣ ва (ё) саҳм дар сармояи оинномавии (шарикии) андозсупоранда гирифта шудааст;
– кӯмакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатии фарҳангӣ то 1 январи соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
– маблағи пуле, ки андозсупоранда – эмитент аз паҳнкунии саҳмияҳои баровардааш гирифтааст.
- Барои ҳар як намуди даромадҳое, ки нисбат ба онҳо меъёрҳои гуногуни андоз муқаррар шудаанд, манбаи андоз алоҳида муайян карда мешавад.
Моддаи 108. Тасҳеҳи даромад
- Даромад аз таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо бояд дар ҳолатҳои зерин тасҳеҳ карда шавад:
– пурра ё қисман баргардонидани молҳо, қабул нашудани корҳо ё хизматрасониҳо;
– тағйир ёфтани шартҳои аҳд.
- Тасҳеҳи даромад ҳаҷми даромади умумии чунин давраи андозро, ки дар муддати он молҳо баргардонида шуданд ё шартҳои аҳд тағйир ёфтанд, тағйир медиҳад.
- Мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи фасли XVI Кодекси мазкур тасҳеҳи даромади умумӣ метавонад, инчунин дар ҳолати ба низоми махсуси андозбандӣ гузаштан ва баръакс анҷом дода шавад.
Моддаи 109. Меъёрҳои андоз
- Бо дарназардошти қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда фоидаи андозсупоранда, ки ба маблағи зарари расида бо дарназардошти талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур кам карда шудааст, бояд аз рӯи меъёрҳои зерин андозбандӣ карда шавад:
1) Барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо:
– аз 1-уми январи соли 2013 – 15 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ;
– аз 1-уми январи соли 2015 – 14 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ;
– аз 1-уми январи соли 2017 – 13 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ.
2) Барои дигар намудҳои фаъолият:
– аз 1-уми январи соли 2013 – 25 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ;
– аз 1-уми январи соли 2015 – 24 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ;
– аз 1-уми январи соли 2017 – 23 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ.
- Намудҳои даромади умумии ғайрирезидент, ки дар қисми 4 моддаи 106 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, аз рӯи меъёрҳои пешбининамудаи моддаи 128 Кодекси мазкур андозбандӣ мешаванд.
- Фоидаи ғайрирезидент дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 106 Кодекси мазкур аз рӯи меъёри 25 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ андозбандӣ мешавад.
- Фоидаи тавозунии воқеан бадастовардаи Бонки миллии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ аз рӯи меъёрҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” муқаррар шудаанд, пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
Моддаи 110. Имтиёзҳо
- Аз андоз аз фоида озоданд:
1) Муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ, эҳсонкорӣ, ташкилотҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатии (байналмилалии) ғайритиҷоратӣ, ба истиснои фоидае, ки онҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд. Ҳамзамон чунин муассисаҳо ва ташкилотҳо бояд баҳисобгирии ҷудогонаи фаъолияти асосӣ (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соҳибкориро пеш баранд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
2) Маблағгузарониҳои ройгон, молу мулки ройгон ва грантҳое, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мегиранд ва барои фаъолияти ғайритиҷоратӣ истифода мебаранд, инчунин аъзоҳаққиҳо ва хайрияи ба онҳо дастрасшуда.
3) Корхонаҳо, ба истиснои корхонаҳое, ки ба фаъолияти савдо, миёнаравӣ, таъминотӣ – фурӯш ва захиракунӣ машғуланд, ки дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз:
а) на камтар аз 50 фоизи шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд;
б) на камтар аз 50 фоизи маблағҳои музди меҳнат ва дигар таъминоти моддӣ, аз ҷумла натуралӣ, барои эҳтиёҷоти маъюбон сарф карда шудааст.
4) Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
5) Суди саҳмияҳое (дивидендҳое), ки корхонаҳои резидентӣ аз корхонаҳои резидентӣ мегиранд.
6) Корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда аз санаи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ҳангоми аз ҷониби муассисони онҳо дар мӯҳлати 12 моҳи тақвимии аз санаи бақайдгирии давлатӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои дар поён пешбинигардидаи сармоягузориҳо ба мӯҳлати:
а) 2 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 200 ҳазор доллари ИМА то 500 ҳазор доллари ИМА бошанд;
б) 3 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошанд;
в) 4 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошанд;
г) 5 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошанд.
7) Даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1423);
- Озодкунӣ аз андоз аз фоида (таътили андоз) мутобиқи бандҳои 6) ва 7) қисми 1 ҳамин модда дар ҳолати аз нав ба қайд гирифтани корхона ё азнавташкилдиҳии он, тағйирот дар шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва дигар чунин тағйирот татбиқ карда намешаванд. Имтиёзи мазкур нисбат ба шахсоне, ки низомҳои имтиёзноки андозбандиро истифода мебаранд (ё қаблан истифода мебурданд), татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1423).
- Давраи имтиёзҳо, ки дар банди 6) қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, метавонад дар асоси аризаи андозсупоранда ҳангоми гузариш ба низоми махсуси андозбандӣ ва баръакс давом ёбад.
ЗЕРФАСЛИ 3. ТАРҲҲО БАРОИ МАҚСАДҲОИ АНДОЗ АЗ ФОИДА
БОБИ 18. ТАРҲҲО АЗ ДАРОМАДИ УМУМӢ
Моддаи 111. Тарҳи хароҷоти вобаста ба гирифтани даромад
- Аз даромади умумӣ тамоми хароҷоти тасдиқшудаи воқеан анҷомдодаи марбут ба давраи ҳисоботии бо гирифтани чунин даромад алоқаманд, ки дар Кодекси мазкур ва (ё) дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида, ба Кодекси мазкур мухолифат намекунанд, тарҳ карда мешаванд, аз ҷумла:
– хароҷоти тасдиқшудаи ӯҳдадориҳои андоз бо дарназардошти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи моддаи 123 Кодекси мазкур;
– хароҷоти тасдиқшудаи музди меҳнат, хароҷоти сафарҳои хизматии кормандон дар доираи меъёрҳои муқарраршуда;
– хароҷоти тасдиқшудаи вобаста ба хариди ашёи хом, маводҳо, энергияи воқеан дар давраи андоз истифодашуда, ба истиснои ҳароҷоти вобаста ба сохтмон, харидории воситаҳои асосӣ ва васли онҳо, (аз ҷумла хароҷоти фарқияти манфии қурби асъор ва фоизҳои қарзӣ) инчунин дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур хусусияти асосӣ (капиталӣ) доранд ва хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 112 Кодекси мазкур ва дигар муқаррароти ҳамин боб бояд тарҳ нашаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Тарҳи хароҷот дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои ба таври дахлдор ба расмият даровардашуда, ки хароҷоти воқеии вобаста ба гирифтани чунин даромадро тасдиқ менамоянд, иҷозат дода мешавад.
- Агар ҳамон як хароҷот дар якчанд моддаи хароҷот пешбинӣ шуда бошад, дар ин сурат ҳангоми ҳисоби фоидаи андозбандишаванда ин хароҷот танҳо як маротиба тарҳ карда мешаванд.
- Ҷаримаҳо, фоизҳо (пеняҳо), ноустуворонаҳои таъиншуда ё эътирофшудаи вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ки бояд аз ҳисоби андозсупоранда пардохт шаванд (шудаанд), ба истиснои онҳое, ки бояд ба буҷет ворид гарданд, тарҳ карда мешаванд.
- Андоз аз арзиши иловашуда, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифтани он иҷозат дода намешавад, дар арзиши молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо ба инобат гирифта мешавад.
Моддаи 112. Хароҷоте, ки тарҳ карда намешавад
- Тарҳ нисбат ба хароҷоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест, инчунин хароҷоти вобаста ба хариди мол (кор, хизматрасонӣ) аз соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент фаъолият менамоянд, иҷозат дода намешавад. Тарҳ нисбат ба хароҷоти вобаста ба сохтмон, истифодабарӣ ва нигоҳдории объектҳо, инчунин дигар хароҷоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ (истеҳсолоти асосӣ) алоқаманд нест, сурат намегирад.
- Тарҳҳои пешбининамудаи ҳамин боб иҷозат дода намешавад, агар онҳо ҷавобгӯи талаботи моддаи 111 Кодекси мазкур набошанд.
- Ҳеҷ гуна тарҳ нисбат ба хароҷоти намояндагӣ ва дигар хароҷоти шабеҳ (гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайра) зиёда аз меъёри муайяннамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад.
- Қисми 3 ҳамин модда нисбат ба андозсупорандае, ки фаъолияти соҳибкориаш дорои хусусияти фароғатӣ мебошад, татбиқ намегардад, агар хароҷот дар доираи чунин фаъолият анҷом дода шавад.
- Тарҳи нисбат ба ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравӣ танҳо мувофиқи муқаррароти моддаҳои 115 ва 116 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
- Аз даромади умумии корфармо хароҷот аз ҳисоби корманди кироя вобаста ба фаъолияти меҳнатиаш тарҳ карда намешавад.
- Тарҳ нисбат ба арзиши молу мулки ройгон (хайрия) додашуда, корҳо ва хизматрасониҳои ройгон (эҳсонкорона), ба истиснои ҳолати пешбининамудаи моддаи 113 Кодекси мазкур, анҷом дода намешавад.
- Тарҳ нисбат ба хароҷоти марбут ба мошинҳои сабукрав, ки дар ҳама давра дар ҷараёни давраи андоз дар ихтиёри кормандон ё саҳмдорон (иштирокчиёни андозсупоранда) барои истифодаи шахсӣ қарор дошт, аз ҷумла истифодаи он барои кашондани кормандон ба ҷои кор ва баръакс, анҷом дода намешавад.
- Тарҳ инчунин роҳ дода намешавад нисбати:
– саҳм ба сармояи оинномавӣ (шарикӣ), аъзоҳаққии саҳмӣ, пардохтҳо барои аз меъёр зиёд ба ҳаво партофтани моддаҳои ифлоскунанда, ҳақҳо барои суғуртаи ихтиёрӣ, аъзоҳаққиҳои ихтиёрӣ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мукофотҳо ва тӯҳфаҳо дар вақти гузаронидани маъракаҳои рекламавӣ;
– маблағҳои пулӣ, молу мулк, корҳо, хизматрасониҳое, ки ҳамчун пешпардохт дода шудаанд, молу мулки ба сифати гарав, байъона додашуда;
– тарҳи хароҷоти аз меъёрҳои дар ҳамин боб муқарраршуда барзиёд.
Моддаи 113. Тарҳ барои пардохтҳои эҳсонкорӣ
- Тарҳи пардохтҳо барои ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ дар ҳаҷми воқеии маблағҳои пардохтшуда, аммо на бештар аз 10 фоизи фоидаи андозбандишавандае, ки бе дарназардошти маблағҳои мутобиқи ин модда тарҳшуда, муайяншаванда иҷозат дода мешавад.
- Ҳангоми анҷом додани пардохтҳои эҳсонкорӣ дар шакли молу мулк маблағи воқеии пардохтҳои эҳсонкорӣ, хурдтарини яке аз ин ду бузургиҳо – арзиши бозории молу мулк ё арзиши аслии он ба ҳисоб меравад.
Моддаи 114. Маҳдудияти тарҳҳо нисбат ба фоизҳо
- Агар дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳаҷми дар асл пардохтшудаи фоизҳо барои ҳар як қарз тарҳ карда мешавад, аммо ба андозаи на бештар аз маблағи секаратаи фоизҳои бо истифодаи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобшуда (бояд ҳисоб карда шавад), ки дар давраи андоз амал мекунад. 101 Ҳамин муқаррарот нисбат ба фоизҳои супоридашаванда тибқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) низ татбиқ мегардад.
- Фоизҳои қарзҳое, ки бинобар харидорӣ намудан ва (ё) сохтани воситаҳои асосии истеҳлокшаванда пардохт мешаванд ё ба хароҷоте вобастаанд, ки ба тағйирёбии арзиши то ба истифода додани онҳо таъсир мерасонанд, аз даромади умумии солона тарҳ карда намешаванд, вале арзиши чунин воситаҳои асосиро зиёд менамоянд.
- Нисбат ба корхона, агар зиёда аз 25 фоизи ҳисса дар сармояи оинномавиаш (шарикиаш) мустақим ё ғайримустақим ба ғайрирезидентҳо ё шахсони ҳуқуқии аз андоз аз фоида озод тааллуқ дошта бошад, доир ба ҳар як қарзи дар доираи давраи андоз истифодашуда фоизҳои пардохтшуда мувофиқи қисми 1 ҳамин модда тарҳ карда мешаванд, аммо ҳамзамон маблағи ниҳоии фоизҳое, ки мувофиқи қисми 1 ҳамин модда метавонанд тарҳ шавад, бо маблағи зерин маҳдуд мегардад:
– ҳама гуна даромади фоизии чунин корхона;
– ҷамъи 50 фоизи бузургие, ки дар натиҷаи кам кардани даромади умумии (ғайр аз даромади фоизии) ин корхона ба тарҳҳои мутобиқи боби мазкур иҷозатшуда, ба истиснои тарҳҳо нисбат ба фоизҳо ҳосил шудааст.
Моддаи 115. Тарҳҳо нисбат ба қарзҳои беэътимод (шубҳанок)
- Андозсупорандагон нисбат ба қарзҳои беэътимоди (шубҳаноки) вобаста ба таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба тарҳ ҳуқуқ доранд, агар даромади марбут ба онҳо қаблан ба даромади умумие, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ гирифта шудааст, дохил карда шуда бошад.
- Тарҳ нисбат ба қарзи беэътимод (шубҳанок) ҳангоми аз дафтарҳои муҳосибавии андозсупоранда чун қарзи беарзиш аз ҳисоб баровардани он иҷозат дода мешавад.
- Бонкҳо, ширкатҳои қарзӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ба тарҳи 90 фоизи ҳиссаҷудокуниҳо ба захира барои пӯшонидани талафҳои эҳтимолӣ доир ба қарзҳо (минбаъд – захира) мувофиқи қоидаҳои ташаккули ин захира ва таснифи қарзҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ба истиснои қарзҳои стандартӣ, қарзҳое, ки барои мақсадҳои лизинг ё таъминоти бегарав, қарзҳои ба фоидаи тарафҳои бо ҳам алоқаманд ё ин ки тибқи ӯҳдадориҳои тарафҳои бо ҳам алоқаманд ба шахсони сеюм дода шудаанд.
- Ҳиссаҷудокуниҳо аз рӯи қарзҳое, ки дар захира зиёда аз 2 сол пас аз анҷом ёфтани мӯҳлати пешбининамудаи шартномаи қарзӣ нигоҳ дошта шудаанд, ба даромади бонкҳо, ширкатҳои қарзӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурди зикршуда дохил карда мешаванд.
- Захираҳои ташкилшаванда доир ба қарзҳои беэътимод (шубҳанок) наметавонанд, ки аз 10 фоизи даромади дар давраи ҳисоботӣ бадастовардашуда зиёд бошанд.
- Дастурамал оид ба муайян намудани маблағи тарҳи иҷозатшударо аз даромади умумӣ барои мақсадҳои қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳамин модда мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 116. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғурта
Шахси ҳуқуқие, ки ба фаъолияти суғуртавӣ машғул аст, ҳуқуқ дорад тарҳи ҳиссаҷудокуниҳоро ба фондҳои захиравии суғуртавӣ мувофиқи тартиб ва меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, анҷом диҳад.
Моддаи 117. Тарҳҳо нисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ
- Тарҳ нисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструктории вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ба истиснои хароҷот барои харидани воситаҳои асосӣ, васли онҳо ва дигар хароҷоти хусусияти асосидошта (капиталӣ) анҷом дода мешавад. Асос барои тарҳи чунин хароҷот супоришҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, санади корҳои иҷрошуда ва санадҳои қабули зинаҳои иҷрошудаи чунин корҳо ба ҳисоб мераванд.
- Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда нисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва (ё) таҷрибавию конструкторӣ дар ташкилотҳое, ки ин намудҳои фаъолиятро ба сифати иҷрочӣ (пудратчӣ ё зерпудратчӣ) анҷом медиҳанд, паҳн намешаванд. Ҳароҷоти зикршуда ҳамчун хароҷот барои амалӣ намудани фаъолияти ин ташкилотҳо, ки барои гирифтани фоида (даромад) равона шудааст, ҳисобида мешавад.
Моддаи 118. Тарҳи маблағҳои ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ ва дигар тарҳҳо аз рӯи воситаҳои асосии истеҳлокшаванда
- Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддие, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, бояд мувофиқи муқаррароти ҳамин модда тарҳ карда шавад. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддие, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд (дар фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ истифода мешаванд), ҳисоб ва тарҳ карда намешавад.
- Ба дороиҳое, ки бояд истеҳлок шаванд, инҳо мансуб нестанд:
– замин, чорво, асарҳои санъат, захираҳои молию моддӣ, аз ҷумла объектҳои сохтмонашон нотамом ва таҷҳизоти васлнашуда, инчунин молу мулке, ки арзишаш ҳангоми муайян намудани манбаи андозбандишавандаи соли равон пурра тарҳ карда мешавад ва дигар дороиҳое, ки истеҳлок намешаванд;
– воситаҳои асосие, ки ройгон гирифта шудаанд;
– воситаҳои асосие, ки арзишашон пештар пурра тарҳ шуда буд;
– воситаҳои асосии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла воситаҳои асосие, ки онҳо барои гирифтани даромад истифода мебаранд.
- Воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ба гурӯҳҳои дорои меъёрҳои зерини истеҳлокӣ тақсим мешаванд:
+——-+——————————————+—————-ҷ
| Гурӯҳ | Намуди молу мулк |Меъёри истеҳлок |
| | | (бо фоиз) |
+——-+——————————————+—————-+
| 1. | Техникаи автотрактории роҳсозӣ; асбобу | 20 |
| | анҷом ва лавозимоти махсус; | |
| | мошинаҳои электронии ҳисоббарор, | |
| | дастгоҳҳо ва воситаҳои маҳаллии | |
| | коркарди маълумот | |
+——-+——————————————+—————-+
| 2. | Автомобилҳои боркаш, автобусҳо, | 15 |
| | автомобилҳои махсус ва ядакҳо; | |
| | мошинаҳо ва таҷҳизот барои тамоми | |
| | соҳаҳои саноат, истеҳсолоти рехтагарӣ; | |
| | таҷҳизоти оҳангарию прессҳо; | |
| | таҷҳизоти сохтмон; мошинаҳо ва | |
| | таҷҳизоти кишоварзӣ; автомобилҳои | |
| | сабукрав; мебели идора. | |
+——-+——————————————+—————-+
| 3. | Мошинаҳо ва таҷҳизоти қуввадиҳанда; | 8 |
| | таҷҳизоти техникӣ, таҷҳизоти турбинӣ, | |
| | муҳаррикҳои электрикӣ ва генераторҳои | |
| | дизелӣ; воситаҳои интиқоли барқ; | |
| | таҷҳизоти электронӣ ва воситаҳои алоқа; | |
| | хатҳои қубур | |
+——-+——————————————+—————-+
| 4. | Биноҳо, иншоот ва иморатҳо, воситаҳои | 7 |
| | нақлиёти роҳи оҳан, баҳрӣ, дарёӣ ва | |
| | ҳавоӣ | |
+——-+——————————————+—————-+
| 5. | Дороиҳои истеҳлокшавандае, ки ба дигар | 10 |
| | гурӯҳҳо мансуб нестанд | |
+——-+——————————————+—————-+
- Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба ҳар гурӯҳи воситаҳои асосӣ (минбаъд – гурӯҳ) бо роҳи татбиқи меъёри истеҳлокӣ дар қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда, нисбат ба тавозуни арзишии гурӯҳ дар охири соли тақвимӣ ҳисоб карда мешавад. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ нисбат ба воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддии дар давоми соли тақвимӣ воридшуда (хориҷшуда) аз моҳи тақвимии пас аз истифодаи воқеии (аз истифода баровардани воқеии) онҳо анҷом дода (қатъ карда) мешавад.
- Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосии гурӯҳи 4 на аз рӯи гурӯҳбандӣ, балки барои ҳар як воситаи асосӣ дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад.
- Тавозуни арзишии гурӯҳ дар охири соли тақвимӣ ба маблағе баробар аст, ки бо тариқи зайл муайян карда мешавад (вале бояд аз сифр кам (манфӣ) набошад):
– тавозуни арзишии гурӯҳ дар охири соли гузашта бо дарназардошти тарҳи маблағҳои истеҳлокӣ барои соли гузашта, инчунин маблағе, ки дар қисмҳои 8 ва 9 ҳамин модда пешбинӣ шудааст;
– ҷамъи арзиши воситаҳои асосӣ мутобиқи қисми 1 ҳамин модда ва моддаи 153 Кодекси мазкур (бе дарназардошти зиёдшавии арзиши дороиҳо дар натиҷаи азнавнархгузорӣ), ки дар давоми соли тақвимӣ ба гурӯҳ ҷамъ мешавад, бо дарназардошти маблағи дар қисми 4 ҳамин модда ва қисми 2 моддаи 119 Кодекси мазкур нишондодашуда (дар қисми хароҷот барои таъмире, ки барои тарҳ роҳ дода намешаванд);
– тарҳи маблағе, ки дар давоми соли тақвимӣ аз фурӯши воситаҳои асосӣ гирифта шудааст, ки дар асоси нархи фурӯш муқаррар карда мешавад, бо дарназардошти талаботи муқаррарнамудаи қисми 4 ҳамин модда.
- Агар тавозуни арзишии гурӯҳи муайяни воситаҳои асосӣ дар охири соли тақвимӣ аз сифр кам бошад, андозсупоранда бояд бузургии мутлақи чунин тавозуни арзиширо ҳамчун даромад ба даромади умумӣ ҳамроҳ намояд ва тавозуни арзиши чунин гурӯҳи воситаҳои асосиро ба сифр баробар кунад. Бузургии манфии тавозуни арзишии гурӯҳи муайяни воситаҳои асосӣ маънои онро дорад, ки дар давоми соли тақвимӣ маблағи аз фурӯши воситаҳои асосии ин гурӯҳ бадастомада аз маблағи (бузургии) тавозуни арзишии ин гурӯҳи воситаҳои асосӣ дар охири соли гузашта бо тарҳи истеҳлок барои соли гузашта бо дарназардошти (зам кардани) арзиши воситаҳои асосие, ки ба гурӯҳ дар давоми соли тақвимӣ илова карда шудаанд, зиёд мебошад.
- Агар тавозуни арзишии гурӯҳ дар охири сол камтар аз 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд, маблағи тавозуни арзишии гурӯҳ бояд тарҳ карда шавад.
- Агар тамоми воситаҳои асосии гурӯҳ фурӯхта, дода ё барҳам дода шуда бошанд, тавозуни арзишии гурӯҳ дар охири соли тақвимӣ бо дарназардошти муқаррароти қисми 4 ҳамин модда бояд тарҳ карда шавад.
10 Арзиши воситаҳои асосии барои иҷораи молиявӣ (лизинг) додашуда (аз рӯи иҷораи молиявӣ (лизинг) гирифташуда) дар тавозуни арзишии гурӯҳи дахлдори иҷорагир ҳисоб карда мешавад.
- Барои иҷорадеҳ маблағи асосие, ки барои воситаҳои асосии ба иҷораи молиявӣ (лизинг) додашуда ба ӯ пардохт шудааст, ҳамчун маблағе баррасӣ мегардад, ки ҳангоми фурӯши чунин воситаҳои асосӣ барои мақсадҳои сархати сеюми қисми 6 ҳамин модда гирифта шудааст, агар воситаҳои асосӣ ба тавозуни арзишии гурӯҳ то интиқоли онҳо ба иҷораи молиявӣ (лизинг) дохил карда шуда бошанд. Барои иҷорагир маблағи асосие, ки он ба иҷорадеҳ мепардозад, ҳамчун нархи хариди воситаҳои асосӣ баррасӣ мегардад.
Моддаи 119. Тарҳҳо нисбат ба хароҷоти таъмири воситаҳои асосии истеҳлокшаванда
- Тарҳи маблағ нисбат ба ҳар як гурӯҳ оид ба хароҷоти таъмири воситаи асосии шомили гурӯҳи мазкур дар ҳаҷми воқеии маблағҳои чунин таъмир, вале на бештар аз 10 фоизи тавозуни арзишии гурӯҳ дар охири соли тақвимӣ иҷозат дода мешавад.
- Маблағи воқеии хароҷоти таъмир зиёда аз 10 фоизи тавозуни арзишии гурӯҳ ба афзоиши тавозуни арзишии ҳамин гурӯҳ дохил карда мешавад.
Моддаи 120. Тарҳи хароҷот нисбат ба саҳмҳои суғуртавӣ
Саҳмҳои суғуртавӣ, ки суғуртакунандагон дар асоси шартномаҳои суғуртаи ҳатмӣ мепардозанд, ба истиснои саҳмҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳои дорои хусусияти ҷамъшаванда ва баргардонидашаванда, бояд тарҳ карда шаванд.
Моддаи 121. Хароҷот барои корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва корҳои омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ
- Хароҷот барои корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ ҳамчун маблағгузорӣ ба воситаҳои асосие, ки гурӯҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд, баррасӣ мегардад ва бояд аз даромади умумӣ мутобиқи моддаи 118 Кодекси мазкур дар намуди ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ тибқи меъёри истеҳлоки воситаҳои асосии гурӯҳи 2 тарҳ карда шавад.
- Ҳамин модда ҳамчунин нисбат ба хароҷоти андозсупоранда барои дороиҳои ғайримоддии вобаста ба гирифтани ҳуқуқ барои иҷрои корҳои ҷустуҷӯию геологӣ, коркард ё истифодаи захираҳои табиӣ татбиқ мегардад.
Моддаи 122. Хароҷот барои дороиҳои ғайримоддӣ
- Ба дороиҳои ғайримоддӣ хароҷот барои объектҳои ғайримоддӣ (объектҳои моликияти ғайримоддӣ ба монанди иҷозатнома, патенти ихтироотӣ, тамғаи савдо, ҳуқуқи муаллифӣ, шартнома оид ба истифодаи номи шахси ҳуқуқӣ, таъминоти барномавӣ ва ғайра), ки дар давоми на камтар аз дувоздаҳ моҳ истифода мегарданд, дохил мешаванд, агар мӯҳлати истифодабарии хизматии онҳо маҳдуд бошад.
- Хароҷот барои ба даст овардани (истеҳсол кардани) дороиҳои ғайримоддӣ ҳамчун маблағгузорӣ ба воситаҳои асосие, ки гурӯҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд, ба назар гирифта мешавад ва бояд мутобиқи моддаи 118 Кодекси мазкур аз даромади умумӣ дар намуди ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ тибқи меъёри истеҳлоки воситаҳои асосии гурӯҳи 5 тарҳ карда шавад.
- Ба арзиши дороиҳои ғайримоддии истеҳлокшаванда хароҷот барои ба даст овардан ё истеҳсол кардани онҳо дохил карда намешавад, агар онҳо ҳангоми ҳисоби фоидаи андозбандишавандаи андозсупоранда аллакай тарҳ шуда бошанд.
- Ҳамин модда нисбат ба дороиҳои ғайримоддие, ки дар моддаи 121 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, татбиқ намегардад.
Моддаи 123. Маҳдудияти тарҳ нисбат ба андозҳо ва ҷаримаҳо
Тарҳҳо оид ба андозҳо ва ҷаримаҳо нисбат ба инҳо иҷозат дода намешаванд:
– андоз аз даромад ва андоз аз фоидае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар давлатҳои дигар супорида шудааст;
– ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ё буҷети дигар давлат пардохт шудаанд (бояд пардохт шаванд).
Моддаи 124. Ба давраи дигар гузаронидани зарар, зарар ҳангоми фурӯш ё супоридани молу мулк
- Барзиёдии тарҳҳои имконпазири андозсупоранда нисбат ба даромади умумӣ (зарар аз фаъолияти соҳибкорӣ) ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз ҳисоби фоидаи то андозбандишавии давраҳои минбаъда пӯшонида мешавад.
- Зараре, ки аз фурӯш ё супоридани молу мулк (ба истиснои молу мулке, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад ё молу мулке, ки фоидаи фурӯш ё супоридани онҳо аз андоз озод аст) расонида мешавад, аз ҳисоби фоидаи фурӯш ё супоридани чунин молу мулки дигар ҷуброн мегардад.
- Агар ҷуброни зарари дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда дар ҳамон сол имконнопазир бошад, он ба давраи минбаъдаи то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз ҳисоби фоидаи аз фурӯш ё супоридани дигар чунин молу мулк гирифташуда ҷуброн мегардад. Зарарҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда набояд аз даромади умумӣ барои мақсадҳои андоз аз фоида тарҳ карда шаванд.
ЗЕРФАСЛИ 4. СИТОНИДАНИ АНДОЗ ДАР МАНБАИ ПАРДОХТ
БОБИ 19. СИТОНИДАНИ АНДОЗ ДАР МАНБАИ ПАРДОХТ
Моддаи 125. Тартиби ситонидани андоз дар манбаи пардохт
- Шахсони (агентҳои андози) зерин вазифадоранд, ки андозро аз манбаъҳои пардохт ситонанд:
– шахсони ҳуқуқӣ, инчунин воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки ба шахсони воқеии кироякори худ дар шакли музди меҳнат даромад медиҳанд (бояд диҳанд);
– шахсони ҳуқуқӣ, инчунин воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки барои хизматрасонӣ (иҷрои кор) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеие, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта нашудаанд, дар асоси шартномаҳои хусусияти граждании ҳуқуқидошта ё бе чунин шартномаҳо, ба истиснои шартномаҳои граждании ҳуқуқие, ки мавзӯи онҳо гузаштани ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқҳои дигари ашёӣ (ҳуқуқҳои молумулкӣ) мебошад, барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) даромад пардохт менамоянд;
– шахсони ҳуқуқӣ, инчунин воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки ба шахсони воқеӣ нафақа, стипендия ва кӯмакпулӣ медиҳанд, ба истиснои нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳои давлатӣ;
– резидентҳое, ки суди саҳмияҳо ва фоизҳоро пардохт менамоянд;
– шахсони ҳуқуқӣ – резидентҳое, ки қисми саҳмияи (ҳиссаи иштироки) ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдоштаашон фурӯхта (бегона карда) шудааст, инчунин агентҳои ваколатдори ғайрирезидентҳо, ки молу мулки (саҳмияҳои, ҳиссаи иштироки) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуддоштаи чунин ғайрирезидентҳоро фурӯхтаанд (бегона кардаанд) ё додаанд, агар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз аз ҷониби худи ғайрирезидентҳо пас аз фурӯш (бегонакуни) ё додани молу мулки зикршуда пешниҳод нашуда бошанд;
– шахсоне, ки пардохтҳои дар моддаи 128 Кодекси мазкур пешбинишударо анҷом медиҳанд;
– шахсоне, ки бурдҳоро оид ба вомбаргҳо, лотереяҳо, оид ба натиҷаҳои озмунҳо, мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳо мукофотҳо (бурдҳо, тӯҳфаҳо) медиҳанд.
- Шахсе, ки даромади дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишударо пардохт менамояд, барои ситонидан ва ба буҷет гузаронидани андоз ҷавобгар мебошад. Агар маблағи андоз сари вақт ба буҷет гузаронида нашавад, шахси даромад пардохткунанда ӯҳдадор аст маблағи андози нигоҳдоштанашуда ва ба буҷет гузарониданашударо, инчунин ҷаримаҳо ва фоизҳои дахлдорро аз ҳисоби худ ба буҷет гузаронад.
- Шахсоне, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозро аз манбаи пардохт меситонанд (ҳисоб мекунанд), аз ҷумла шахсоне, ки барои пардохти музди меҳнат аз ташкилотҳои қарзӣ маблағ мегиранд, вазифадоранд:
– андозҳои ситонидашударо (ҳисобшударо), аз ҷумла андози иҷтимоиро ба буҷет ҳамзамон бо гирифтани маблағҳо барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат, дар дигар ҳолатҳо – дар давоми 5 рӯзи корӣ баъди ба охир расидани моҳе, ки дар он пардохтҳо (маблағҳо) супорида шуда буданд, гузаронанд;
– ҳангоми пардохти даромад дар шакли музди меҳнат, бо дархости шахсони воқеие, ки даромад мегиранд, дар давоми 5 рӯзи корӣ ба онҳо, бо зикри насаб, ном ва номи падар, рақами мушаххаси андозсупоранда, маблағ ва намуди даромад ва андозҳои ситонидашуда (агар андоз нигоҳ дошта шавад) маълумотнома диҳанд;
– бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда даромад мегиранд (гирифтаанд), ба онҳо дар давоми 5 рӯзи корӣ бо зикри рақами мушаххаси андозсупоранда, номи (насаб, ном ва номи падари) шахс, маблағи умумии даромад ва маблағи умумии андози дар соли ҳисоботӣ ситонидашуда маълумотнома фиристонанд (пешниҳод кунанд).
- Ба ташкилотҳои қарзӣ додани маблағҳои пули нақд барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупорандагон (агентҳои андоз) гузарондани маблағи андоз аз даромад ва андози иҷтимоие, ки ба маблағи воситаҳои пули нақди дар боло пешбинигардида алоқаманд аст, манъ аст.
- Нигоҳ доштани андоз аз даромад ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ аз даромадҳои аз буҷет маблағгузоришавандаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо баробаркардашуда ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа фаъолият менамоянд, ба таври марказонидашуда то санаи 15 моҳе, ки пас аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, бо тартибе, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян кардаанд, анҷом дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
Моддаи 126. Ситонидани андоз аз суди саҳмияҳо дар манбаи пардохт
- Суди саҳмияҳое, ки корхонаҳои резидентӣ мепардозанд, ба истиснои суди саҳмияҳои (пардохтҳои ғайриандозии) корхонаҳое, ки тибқи санади меъёрии ҳуқуқии дигар аз фоидаи соф ба буҷети давлатӣ пардохт шуда, андозбандӣ мегардад, пардохт мешаванд, бояд аз манбаи пардохт тибқи меъёри 12 фоиза андозбандӣ шаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188, аз 14.11.2016 № 1367).
- Суди саҳмияҳое, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозбандӣ мегарданд, ба даромади умумии шахси гирандаи он дохил карда намешавад ва минбаъд андозбандӣ намегардад.
Моддаи 127. Ситонидани андоз аз фоизҳо дар манбаи пардохт
- Фоизҳое, ки резидент ё муассисаи доимии ғайрирезидент медиҳад ё аз номи чунин муассиса дода мешаванд, аз манбаи пардохт тибқи меъёри 12 фоиза аз маблағи додашаванда андозбандӣ мегарданд, агар даромад аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда.
- Фоизҳое, ки ба ташкилотҳои қарзии резидентӣ, мақомоти молия, м ширкатҳои резидентии иҷораи молиявӣ (лизингӣ), аз ҷумла тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) пардохт мешаванд, дар манбаи пардохт андозбандӣ намегарданд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Фоизҳое, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозбандӣ шудаанд, ба даромади умумии гирандаи онҳо – шахси воқеӣ дохил намешаванд ва дар оянда, баъди пардохти онҳо ба ин шахс, андозбандӣ намегарданд.
- Шахси ҳуқуқӣ – резидент, ки фоидаи он бояд андозбандӣ гардад, ҳангоми гирифтани фоизҳои мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозбандишуда, тамоми маблағи даромади фоизиро бе тарҳи андози ситонидашуда ба даромади умумии худ дохил менамояд ва ҳуқуқ дорад ин андози аз манбаи пардохт нигоҳдошташударо, ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи нигаҳдошти андоз дар манбаи пардохт, ба ҳисоб гирад.
Моддаи 128. Ситонидани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо дар манбаи пардохт
- Даромади ғайрирезидент аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муассисаи доимии ҳамин ғайрирезидент дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут намебошад, аз манбаи пардохт ҳамчун даромади умумӣ, бе тарҳи хароҷот (ба истиснои тарҳи андоз аз арзиши иловашуда дар ҳолати андозбандӣ мутобиқи моддаи 177 Кодекси мазкур) бояд тибқи меъёрҳои муайяннамудаи қисми 6 ҳамин модда андозбандӣ гардад. “Инчунин бо тартиби мазкур андозбандии даромадҳои ғайрирезидент аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Кодекси мазкур ба муассисаи доимии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут буда, сари вақт анҷом наёфта, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз пешниҳод нашудааст, дар манбаи пардохт амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Таҳти мафҳуми пардохти даромад супоридани пул дар шакли нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ, коғазҳои қиматнок, молҳо, дигар молу мулк, додани манфиат, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо фаҳмида мешаванд.
- Пардохтҳо ба манфиати ғайрирезидентҳо мутобиқи қисми 1 ҳамин модда, вобаста ба таҳвили молҳо ҳангоми амалиёти тиҷорати хориҷӣ (вобаста ба воридоти молҳо) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манбаи пардохт бояд андозбандӣ нагарданд.
- Андозбандии даромадҳои ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, сарфи назар аз ихтиёрдории ин ғайрирезидент нисбат ба даромадҳои худ ба манфиати шахсони сеюм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) воҳидҳои алоҳидаи худ (шахсони дигар) дар дигар давлатҳо, дар манбаи пардохт анҷом дода мешавад.
- Андоз аз даромади ғайрирезидент аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакл ва маҳалли пардохти даромад ситонида мешавад.
- Бо дарназардошти муқаррароти ҳамин модда даромадҳои ғайрирезидент аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муассисаи доимии ин ғайрирезидент дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошанд, бояд дар манбаи пардохт ҳамчун даромади умумӣ, бе тарҳи хароҷот (ба истиснои дар ҳолати андозбандӣ тарҳи андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи моддаи 177 Кодекси мазкур) тибқи меъёрҳои зайл андозбандӣ шаванд:
– суди саҳмияҳо – мутобиқи моддаи 126 Кодекси мазкур;
– фоизҳо – мутобиқи моддаи 127 Кодекси мазкур;
– саҳмҳои суғуртавие, ки мутобиқи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунии таваккалҳо аз тарафи резидент пардохт мешавандтибқи меъёри 6 фоиза;
– маблағҳое, ки барои хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиётӣ ҳангоми алоқа ё ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо аз тарафи резидент пардохт мешаванд, ба истиснои маблағҳо барои фрахти баҳрӣ – тибқи меъёри 5 фоиза, маблағҳо барои фрахти баҳрӣ – тибқи меъёри 6 фоиза (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046);
– даромадҳо дар шакли музди меҳнат, ки моддаи 99 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст ва аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакл ва маҳалли пардохти даромадҳо пардохт мешаванд,тибқи меъёри дар қисми 3 моддаи 103 Кодекси мазкур пешбинигардида;
– даромадҳои дигар, ки дар сархатҳои якум – панҷуми ҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд – тибқи меъёри 15 фоиза.
- Барои мақсадҳои ҳамин модда маблағҳои пардохтшудаи муассисаи доимии ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз номи чунин муассиса пардохтшуда ҳамчун маблағҳои супоридаи корхонаи резидентӣ баррасӣ мегарданд.
- Ташкилотҳое, ки новобаста ба маҳалли пардохт ба ғайрирезидентҳои дар татбиқи созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) бе таъсиси муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироккунанда даромад пардохт менамоянд, ӯҳдадоранд ба сифати агентҳои андоз аз манбаи пардохт андозро нигоҳ доранд ва ба буҷет пардохт намоянд. Дар ҳолати риоя накардани талаботи мазкур, андоз аз ҳисоби ташкилотҳои зикршуда ситонида мешавад.
ЗЕРФАСЛИ 5. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ОИД БА АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
БОБИ 20. АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 129. Андозбандии фоидаи софи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ
Илова ба андоз аз фоида муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, аз фоидаи софи ин муассисаи доимӣ тибқи меъёри 15 фоиз андозбандӣ мешавад.
Моддаи 130. Баҳисобгирии андози хориҷӣ
- Маблағи андоз аз даромад ё андоз аз фоида, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шудаанд, ҳангоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтани чунин андозҳо, дар сурати тасдиқ шудани пардохти андоз берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, ба ҳисоб гирифта мешавад.
- Ҳаҷми баҳисобгирӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, набояд аз маблағи андозе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чунин даромад ё фоида тибқи меъёрҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳисоб карда шудааст, зиёд бошад.
Моддаи 131. Даромаде, ки дар мамлакатҳои дорои андозбандии имтиёзнок гирифта шудааст
- Агар резидент мустақиман ё ғайримустақим дорои зиёда аз 10 фоизи фонди оинномавӣ ё зиёда аз 10 фоизи саҳмияҳо бо ҳуқуқи овози корхонаи хориҷӣ бошад, ки дар навбати худ дар мамлакати дорои андозбандии имтиёзнок даромад мегирад, як қисми чунин даромад, ки ба резидент тааллуқ дорад, ба даромади (фоидаи) андозбандишавандаи вай (резидент) дохил карда мешавад.
- Давлати хориҷӣ давлати дорои андозбандии имтиёзнок ҳисобида мешавад, агар:
– меъёри андоз дар он нисбат ба меъёри мувофиқи Кодекси мазкур муқарраршуда, 30 фоиз кам бошад;
– дар он қонунҳо дар бораи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти молиявӣ ё маълумот дар бораи ширкатҳо амал мекунанд, ки имконият медиҳанд сирри соҳиби воқеии молу мулк ё гирандаи даромад (фоида) махфӣ нигоҳ дошта шавад.
БОБИ 21. МУҚАРРАРОТИ МАХСУС ДОИР БА САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 132. Тартиби татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар хусуси бартараф намудани андозбандии дукарата ва пешгирии саркашиҳо аз пардохтани андозҳо аз даромадҳо ва молу мулк (сармоя) тибқи дастурамале амалӣ карда мешавад, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ бо дарназардошти талаботи боби мазкур тасдиқ мекунад.
Моддаи 133. Тартиби пардохти андоз аз даромадҳои ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси таъсиси муассисаи доимӣ намешавад
- Тартиби пардохти андозе, ки ҳамин модда пешбинӣ намудааст, нисбат ба даромади ғайрирезидент аз фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси таъсис додани муассисаи доимӣ намегардад, тибқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешавад, ба истиснои даромадҳое, ки дар моддаҳои 134-137 Кодекси мазкур зикр шудаанд.
- Ғайрирезиденти дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад, ҳуқуқ дорад тартиби пардохти андози пешбининамудаи ҳамин моддаро амалӣ намояд. Дар ҳолати татбиқ накардани муқаррароти ҳамин модда агенти андоз ӯҳдадор аст андозро аз манбаи пардохт нигоҳ дорад ва тибқи тартиби муқаррароти умумӣ ба буҷети давлатӣ пардохт намояд.
- Ғайрирезиденте, ки аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад ва хоҳиш дорад муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалиро дар хусуси бартараф намудани андозбандии дукарата истифода барад, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ӯҳдадор аст ба мақоми дахлдори андоз тибқи тартиби муқарраргардида нусхаи аслии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентиашро барои соли дахлдори тақвимӣ ва ариза оид ба татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ пешниҳод намояд.
- Агенти андоз дар лаҳзаи ба ғайрирезидент пардохт намудани даромад ӯҳдадор аст аз манбаи пардохт андозро тибқи меъёри муайяннамудаи моддаи 128 Кодекси мазкур нигоҳ дорад ва ба мақомоти дахлдори андоз иттилоот пешниҳод намояд.
- Мақомоти андоз дар давоми 15 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи гирифтани иттилооти пешниҳоднамудаи агенти андоз ҳуҷҷатҳои зарурии ғайрирезидентро омӯхта, ӯҳдадоранд дар ҳамон мӯҳлат қарори худро ба агенти андоз хабар диҳанд. Дар ҳолати зарурати гирифтани иттилооти иловагӣ дар бораи ғайрирезидент аз мақоми андози давлати дигар, мӯҳлати қабули қарори мусбӣ ё манфии мақомоти андоз метавонад дароз карда шавад.
- Ҳангоми гирифтани қарори мусбии мақомоти андоз барои баргардонидани андози нигоҳдошташуда, агенти андоз маблағи андози нигоҳдошташударо ба ғайрирезидент месупорад (мепардозад).
- Дар ҳолати розӣ набудан бо қарори манфии мақомоти андоз, ғайрирезидент ҳуқуқ дорад дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гирифтани чунин қарор ба мақоми ваколатдори давлатӣ (дар ҳолати зарурат, бо ҷалб намудани мақоми ваколатдори мамлакати резидентиаш) бо ариза дар хусуси такроран баррасӣ кардани масъалаи вобаста ба қонунан дуруст будани татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ муроҷиат ва ҳамзамон мақомоти андоз ва агенти андозро дар хусуси шикояти қарори онҳо огоҳ намояд.
- Ҳангоми аз ҷониби мақомоти андоз қабул гардидани қарори манфӣ аз рӯи ариза ва дар ҳолати аз ҷониби агенти андоз дар мӯҳлати 10 рӯз аз ғайрирезидент нагирифтани огоҳии дар қисми 7 ҳамин модда муқарраршуда оид ба норозӣ будан бо қарори мақомоти андоз, агенти андоз ӯҳдадор аст маблағи нигоҳдошташудаи андозро ба буҷет гузаронад.
- Дар ҳолати аз ҷониби ғайрирезидент ё агенти андоз иҷро нагардидани талаботи ҳамин модда, ӯҳдадорӣ оид ба гузаронидани андози аз манбаи пардохт нигоҳдошташуда ба буҷет ва муҷозоти ҷаримавӣ барои дар вақташ нагузаронидани андоз ба зиммаи агенти андоз гузошта мешавад.
- Мақомоти андоз ӯҳдадоранд баҳисобгирии маблағҳои зеринро баранд:
– маблағҳои даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки агентҳои андоз ба ғайрирезидентҳо пардохт намудаанд (барои пардохт пешбинӣ намудаанд), новобаста ба маҳалли пардохт ва маблағи андози нигоҳдошташуда;
– маблағҳои андозҳои ба ғайрирезидентҳои дорои ҳуқуқ ба татбиқи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пардохткардашуда (баргардонидашуда);
– маблағҳои андозҳоеро, ки агентҳои андоз аз даромадҳои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштаанд ва ба буҷет гузаронидаанд.
Моддаи 134. Тартиби татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии даромадҳо аз расонидани хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046)
- Даромадҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезиденти дорои ҳуқуқ барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ гирифта мешавад, бояд бе пешниҳоди ариза оид ба татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ дар асоси ҳуҷҷате, ки резидент будани ӯро тасдиқ мекунад, аз андозбандӣ озод карда шавад, агар ин шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба чунин фаъолият муассисаи доимӣ дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Ҳамзамон чунин шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент ӯҳдадор аст баҳисобгирии алоҳидаи маблағи даромадҳоро аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ (ки бояд мутобиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ андозбандӣ нашаванд) ва аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (андозбандишаванда) таъмин намуда, ин даромадҳоро дар эъломияи андоз аз фоида дарҷ намояд. Маблағи умумии фоидаи андозбандишаванда (даромади андозбандишаванда) дар эъломияи дар боло пешбинишуда ба маблағи фоидаи андозбандишавандае (даромади андозбандишавандае), ки дар асоси баҳисобгирии алоҳида ҳисоб карда шуда, мутобиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ бояд аз андозбандӣ озод гардад, кам карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Дар сурати татбиқи ғайриқонунии муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба буҷет гардидааст, ғайрирезидент мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
- Даромади шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент, ки воситаҳои нақлиётро дар боркашонии байналмилалие, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бе таъсиси муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад ва ҳуқуқи татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалиро дорад, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 133 Кодекси мазкур аз андозбандӣ озод карда шавад.
Моддаи 135. Тартиби татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо, роялти
- Агенти андоз ҳуқуқ дорад дар лаҳзаи пардохти даромад ба ғайрирезидент дар шакли суди саҳмияҳо, фоизҳо, роялти муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалии дахлдорро бе пешниҳоди ариза аз ҷониби ғайрирезидент ҷиҳати татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ татбиқ намояд, агар чунин ғайрирезидент гирандаи охирини даромад буда, барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ ҳуқуқ дошта бошад.
- Агенти андоз ӯҳдадор аст дар ҳисоби андоз дар манбаи пардохт, ки ба мақомоти андоз пешниҳод мешавад, маблағи даромади супоридашуда (ҳисобшуда) ва (ё) андозҳои мутобиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ ситонидашуда, меъёрҳои андоз, номи санади ҳуқуқии байналмилалӣ ва иттилоотро аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентии ғайрирезидент дарҷ намояд.
- Дар сурати татбиқи ғайриқонунии муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба буҷет гардидааст, агенти андоз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 136. Тартиби татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии фоидаи соф ҳангоми фаъолият тавассути муассисаи доимӣ
- Ғайрирезидент ҳуқуқ дорад муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалиро нисбат ба андозбандии фоидаи соф ҳангоми фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ бе пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ амалӣ намояд, агар чунин ғайрирезидент гирандаи охирини фоидаи соф ва дорои ҳуқуқи татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии дахлдори байналмилалӣ бошад.
- Шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент дар эъломия оид ба андоз аз фоида ӯҳдадор аст меъёри андоз, маблағи андоз аз фоидаи соф ва номи санади ҳуқуқии байналмилалиро, ки дар асоси он меъёри дахлдори андоз татбиқ шудааст, зикр намояд.
- Дар сурати татбиқи ғайриқонунии муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба буҷет гардидааст, андозсупоранда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 137. Тартиби татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии дигар даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ғайрирезиденте, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 134- 136 Кодекси мазкур пешбинишуда, ҳуқуқ дорад то ба он пардохт гардидани даромад оид ба татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии агенти андоз ариза пешниҳод намояд.
- Мақомоти андоз дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аризаро баррасӣ намуда, дар ҳолати дуруст будани маълумоти дар ариза зикргардида аризаи пешниҳодшударо тасдиқ менамоянд.
- Дар ҳолати ғайриқонунӣ татбиқ гардидани муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ, мақомоти андоз ба ғайрирезидент раддияи асоснок (қарори манфӣ) пешниҳод менамоянд.
- Дар ҳолати розӣ нашудан бо қарори манфии мақомоти андоз, ғайрирезидент ҳуқуқ дорад ба мақоми ваколатдори давлатӣ (ҳангоми зарурат бо ҷалби мақомоти салоҳиятдори мамлакати резидентӣ) бо ариза ҷиҳати баррасии такрории масъалаи қонунӣ будани татбиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ муроҷиат намояд.
Моддаи 138. Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ
Мақомоти андоз аризаро барои татбиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мавриди иҷрои талаботи зерин қабул менамоянд:
1) Бо ариза дар як вақт пешниҳод намудани:
а) нусхаи қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) барои иҷрои корҳо (хизматрасониҳо) ё барои дигар мақсадҳо;
б) нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
в) шарҳи маблағи даромадҳо аз хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046);
г) санади корҳои иҷрошуда – ҳангоми аз ҷониби ғайрирезидент ба иҷро расидани намудҳои гуногуни корҳо, санади қабули истифодабарии объект – ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, ҳисобнома ё дигар ҳуҷҷати пардохт, ки гирифтани даромадро аз хизматрасонӣ тасдиқ менамояд.
2) Аз ҷониби агенти андоз пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ, ки маблағи ҳисобшуда ва (ё) пардохтшудаи даромадҳо ва андозҳои нигоҳдошташударо тасдиқ менамоянд.
3) Тасдиқи резидент будани аризадиҳанда аз ҷониби мақоми салоҳиятдор ё ваколатдори давлати аризадиҳандае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он санади ҳуқуқии байналмилалӣ бастааст (бо замимаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ).
4) Ҳуҷҷате, ки резидентии ғайрирезидентро тасдиқ мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шавад ё ба он апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1244).
Моддаи 139. Маълумотнома оид ба маблағҳои андозҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда
Бо талаби ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, мақомоти андоз аз рӯи шакл ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба маблағҳои даромадҳои аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда ва андозҳои дар давраи андозбандӣ ситонидашуда маълумотнома пешниҳод менамоянд.
ЗЕРФАСЛИ 6. БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗ
БОБИ 22. ҚОИДАҲОИ БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗ
Моддаи 140. Тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷот
- Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, бо дарназардошти талаботи моддаи 48 Кодекси мазкур даромади (фоидаи) андозбандишаванда бо ислоҳоти зарурӣ барои риояи муқаррароти Кодекси мазкур бояд тибқи ҳамон усули баҳисобгирие ҳисоб карда шавад, ки андозсупоранда дар ҳисоботи муҳосибавӣ истифода мебарад.
- Вобаста ба низоми андозбандии истифодашаванда андозсупоранда метавонад бо мақсади андозбандӣ баҳисобгириро тибқи усули кассавӣ ё тибқи усули ҳисобу замкунӣ ба роҳ монад, ба шарте ки, агар андозсупоранда дар давоми соли тақвимӣ ҳамон як усулро истифода барад.
- Дар сурати тағйир ёфтани усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, тағйирёбӣ дар баҳисобгирии даромад, хароҷот ва дигар унсурҳое, ки ба маблағи андоз таъсир мерасонанд, бояд дар соли тағйир додани усули баҳисобгирӣ дохил карда шаванд, то ки ҳеҷ яке аз ин унсурҳо сарфи назар нагардад ё дубора ба ҳисоб гирифта нашавад.
- Нисбат ба супорандагони андоз аз арзиши иловашуда даромаду хароҷот бе андоз аз арзиши иловашуда ҳисоб карда мешавад, ба истиснои хароҷоте, ки нисбат ба он ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода намешавад.
Моддаи 141. Принсипҳои баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо тибқи усули кассавӣ
Андозсупорандае, ки баҳисобгириро бо усули кассавӣ пеш мебарад, бояд мутобиқи моддаҳои 142 ва 143 Кодекси мазкур даромадро дар санаи гирифтани он ҳисоб карда, тарҳи хароҷотро дар санаи амалӣ намудани он анҷом диҳад.
Моддаи 142. Лаҳзаи гирифтани даромад дар ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ
- Агар андозсупоранда маблағҳои пулӣ гирад, пас лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи гирифтани маблағҳои пулии нақд ва ҳангоми пардохти ғайринақдӣ бошад, лаҳзаи ворид гардидани маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби бонкии ӯ ё дигар суратҳисобе ба ҳисоб меравад, ки ӯ ихтиёрдорӣ карда метавонад ё ҳуқуқи аз он гирифтани маблағҳои мазкурро дорад.
- Агар ҳисоббаробаркунӣ барои дастрас намудани молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо дар давоми зиёда аз 6 моҳи тақвимӣ бо усули кассавӣ анҷом дода нашавад, новобаста ба муқаррароти қисми 1 ҳамин модда, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳисоббаробаркунӣ дар моҳи пурраи тақвимии охирон анҷомдодашуда ҳисобида мешавад.
- Дар сурати бекор кардан ё пӯшонидани ӯҳдадории молиявии андозсупоранда, аз ҷумла ҳангоми баҳисобгирии байниҳамдигарӣ, лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи бекор кардан ё пӯшонидани ӯҳдадорӣ ба ҳисоб меравад.
Моддаи 143. Лаҳзаи хароҷот намудан дар баъзе ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ
- Лаҳзаи хароҷот намудан, агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, лаҳзаи аз тарафи андозсупоранда воқеан анҷом додани хароҷот ба ҳисоб меравад.
- Агар андозсупоранда маблағҳои пулӣ супорад, лаҳзаи хароҷот намудан лаҳзаи пардохти маблағҳои пули нақд, ҳангоми пардохти ғайринақдӣ бошад, ин лаҳза лаҳзаи аз тарафи бонк гирифтани супоришномаи андозсупоранда дар бораи гузаронидани маблағҳои пулӣ (дар ҳолате, ки дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда маблағҳои кофӣ мавҷуд бошанд) дониста мешавад.
- Ҳангоми бекор кардан ё пӯшонидани ӯҳдадории молиявӣ дар назди андозсупоранда, аз ҷумла ҳангоми баҳисобгирии байниҳамдигарӣ, лаҳзаи хароҷот намудан лаҳзаи бекор кардан ё пӯшонидани ӯҳдадории молиявӣ дониста мешавад.
- Ҳангоми пардохтани фоизҳо тибқи ӯҳдадории қарзӣ ё додани маблағ барои иҷораи молу мулк, агар мӯҳлати ӯҳдадорӣ ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, маблағи фоизҳои пардохтшуда (пардохти иҷора), ки амалан барои давраи андоз нигоҳ дошта мешавад, маблағи фоизҳое (пардохти иҷорае) мебошад, ки бояд дар ин давра супорида шавад.
Моддаи 144. Принсипҳои баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷот ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ
Андозсупорандае, ки тибқи усули ҳисобу замкунӣ баҳисобгириро пеш мебарад, бояд даромаду хароҷотро мутобиқи моддаҳои 145 ва 146 Кодекси мазкур мутаносибан аз лаҳзаи гирифтани ҳуқуқ ба даромад ё пайдо шудани ӯҳдадории пардохт, сарфи назар аз вақти воқеии гирифтани даромад ё иҷрои пардохт, ба ҳисоб гирад.
Моддаи 145. Лаҳзаи гирифтани даромад ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ
- Ҳуқуқи гирифтани даромад ҳангоме пайдошуда ба ҳисоб меравад, ки агар маблағи дахлдор бояд ҳатман ба андозсупоранда пардохт шавад ё андозсупоранда тамоми ӯҳдадориҳояшро тибқи аҳд ё шартнома иҷро карда бошад.
- Агар андозсупоранда корро иҷро кунад ё хизмат расонад, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи иҷрои ниҳоии кор ё хизматрасонии дар аҳд ё шартнома пешбинишуда бадастовардашуда ба ҳисоб меравад. Агар аҳд ё шартнома иҷрои кор ё хизматрасониро марҳала ба марҳала пешбинӣ намояд, ҳуқуқи гирифтани даромад дар ҳар марҳала дар лаҳзаи ниҳоии иҷрои кор ё хизматрасонии ин марҳала пайдо мешавад, агар моддаи 148 Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
- Агар андозсупоранда даромад гирад ё барои гирифтани даромад дар шакли фоиз ё даромад барои ба иҷора додани молу мулк ҳуқуқ дошта бошад, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи ба охир расидани мӯҳлати ӯҳдадории қарз ё шартномаи иҷора бадастовардашуда ҳисоб мешавад. Агар мӯҳлати ӯҳдадории қарз ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, даромад ба ин давраҳои андоз мувофиқи тартиби ҳисобу замкунии он тақсим карда мешавад.
Моддаи 146. Лаҳзаи хароҷот ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ
- Лаҳзаи хароҷоти вобаста ба аҳд (шартнома) лаҳзаи иҷрои ҳамаи шартҳои зайл ҳисобида мешавад, ба шарте, ки агар ҳамин модда муқаррароти дигареро пешбинӣ накарда бошад:
– ҳангоми аз тарафи андозсупоранда бечуну чаро эътироф шудани ӯҳдадории молиявӣ;
– ҳангоми арзёбии ба қадри кофӣ дақиқи ҳаҷми ӯҳдадории молиявӣ;
– агар ҳамаи тарафҳои дар аҳд ё шартнома иштирокдошта тибқи аҳд ё шартнома ӯҳдадориҳояшонро воқеан иҷро карда бошанд ва маблағҳои дахлдор бояд ҳатман пардохт шаванд.
- Вобаста ба шартҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда ӯҳдадории молиявӣ маънои ӯҳдадориеро дорад, ки андозсупоранда мутобиқи аҳд (шартнома) қабул кардааст ва тарафи дигари дар аҳд (шартнома) иштирокдошта бо мақсади иҷрои он вазифадор аст, ки даромади дахлдорро дар шакли пулӣ ё шакли дигар ба андозсупоранда пешниҳод намояд.
- Ҳангоми пардохти фоизҳо тибқи ӯҳдадории қарз ё пардохт барои молу мулки ба иҷора гирифташуда лаҳзаи хароҷот намудан лаҳзаи ба охир расидани мӯҳлати ӯҳдадории қарз ё шартномаи иҷора ҳисобида мешавад. Агар мӯҳлати ӯҳдадории қарз ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, хароҷот ба ин давраҳои андоз мувофиқи тартиби ҳисобу замкунии он тақсим карда мешавад.
Моддаи 147. Соҳибии муштарак
Дар мавриди созишномаи хаттӣ дар бораи соҳибии муштараки молу мулк ё якҷоя анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё созишномаи дигари хаттӣ, ки на камтар аз ду соҳибро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунад, онҳо мувофиқи ҳиссаи иштирокашон андозбандӣ карда мешаванд.
Моддаи 148. Даромадҳо ва тарҳҳо аз рӯи қарордодҳои дарозмӯҳлат
- Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда истифода бурдани баҳисобгирӣ тибқи усули ҳисобу замкунӣ, даромадҳо ва тарҳҳои марбут ба қарордодҳои дарозмуддат барои ҳар як соли тақвимӣ мутобиқи ҳаҷми иҷрои воқеии онҳо нишон дода мешаванд.
- Ҳаҷми иҷрои қарордод тавассути муқоисаи хароҷоти дар давоми соли тақвимӣ суратгирифта бо хароҷоти умумии баҳогузории тибқи чунин қарордод пешбинишуда муайян мегардад.
- Таҳти мафҳуми “қарордоди дарозмуддат” қарордод барои истеҳсол, насб ё сохтмон ё хизматрасонии вобаста фаҳмида мешавад, ки дар доираи соли тақвимӣ, ки дар он кори дар қарордод пешбинишуда оғоз гардида, ба охир расонида нашудааст, ба истиснои қарордодҳое, ки тибқи арзёбӣ бояд дар доираи 6 моҳи аз санаи оғози корҳои мувофиқи қарордод пешбинигардида ба анҷом расонида шаванд.
Моддаи 149. Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ
- Баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ бо мақсадҳои андозбандӣ танҳо тибқи муқаррароти амалкунанда оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳисобгирии муҳосиботӣ таҳия гардидааст, ба анҷом расонида мешавад.
- Ҳангоми баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ андозсупоранда вазифадор аст, ки арзиши молҳои истеҳсолнамуда ё харидаашро, ки мутаносибан дар асоси хароҷоти истеҳсолӣ (арзиши аслӣ) ё нархи хариди онҳо муайян карда мешавад, дар ҳисоботи андоз нишон диҳад. Аз ҷумла, андозсупоранда вазифадор аст ба арзиши ин молҳо хароҷоти нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳоро ҳамроҳ кунад.
- Ҳангоми ба ҳисоб гирифтани захираҳои молию моддӣ андозсупоранда ҳақ дорад, ки арзиши мол ё маҳсулоти нуқсондор, ботинан кӯҳнашуда ё аз мӯд баромадаро, ки бо ҳамин сабаб ё бо сабабҳои шабеҳ бо нархи зиёдтар аз хароҷоти барои истеҳсоли (нархи хариди) онҳо сарфшуда фурӯхтан мумкин нест, дар асоси нархе, ки онҳоро фурӯхтан мумкин аст, баҳо диҳад.
- Нисбат ба молҳое, ки андозсупоранда оид ба онҳо баҳисобгирии инфиродӣ пеш намебарад, ӯ метавонад барои баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ яке аз се усули зеринро истифода барад:
– усули ФИФО, ки мутобиқи он дар давраи ҳисоботӣ сараввал молҳои дар аввали давраи ҳисоботӣ ба захираҳои молию моддӣ дохилгардида ва сипас молҳое, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ истеҳсол (харида) шудаанд, мувофиқи навбати истеҳсолашон (харидашон) фурӯхташуда (истифодашуда) ҳисоб карда мешаванд;
– усули ЛИФО, ки мутобиқи он дар давраи ҳисоботӣ сараввал молҳое, ки охирин истеҳсол (харид) шудаанд, фурӯхташуда (истифодашуда) ҳисоб карда мешаванд;
– усули баҳо додан тибқи арзиши аслии миёна.
Моддаи 150. Баҳисобгирӣ ҳангоми иҷораи молиявӣ (лизинг)
- Дар ҳолатҳое, ки иҷорадеҳ то оғози иҷораи молиявӣ (лизинг) соҳиби молу мулки моддии истеҳлокшаванда мебошад, аҳд ҳамчун фурӯши молу мулк аз тарафи иҷорадеҳ ва харидани он аз ҷониби иҷорагир дониста мешавад.
- Молу мулки моддии истеҳлокшавандае, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба иҷора дода мешаванд, дар давраи амали шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) бояд дар тавозуни иҷорагир ба ҳисоб гирифта шаванд, ки ин ба иҷорагир (лизинггиранда) ҳуқуқ медиҳад тарҳҳоро вобаста ба мавзӯи лизинг (аз ҷумла истеҳлок ва хароҷоти таъмир) амалӣ намояд.
Моддаи 151. Тарҳҳои ҷуброншаванда ва ихтисори захираҳо
- Агар маблағи хароҷот, зарар ва қарзҳои шубҳаноки пештар тарҳшуда ҷуброн гардад, маблағи гирифташуда даромади он давраи андозбандие ҳисоб карда мешавад, ки дар он ҷуброн анҷом дода шудааст.
- Агар захираҳое, ки нисбат ба онҳо пештар мутобиқи моддаҳои 115 ва 116 Кодекси мазкур тарҳ сурат гирифта шудааст, ихтисор шаванд, маблағи чунин ихтисор ба даромад дохил карда мешавад.
Моддаи 152. Фоида ва зарар ҳангоми фурӯш ё супоридани дороиҳо
- Фоида аз фурӯш ё супоридани дороиҳо фарқи мусбии байни маблағҳои аз фурӯш ё супоридани дороиҳо бадастомада ва арзиши дороиҳо мебошад, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур муайян карда мешавад. Ҳангоми дар асоси ройгон ё бо нархҳои тахфифӣ супоридани дороиҳо фоидаи шахсе, ки дороиҳоро медиҳад, ҳамчун фарқи мусбии байни нархи бозории молу мулки ба ҳамин тарз супоридашаванда ва арзиши он, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур муқаррар мегардад, муайян карда мешавад.
- Зарари аз фурӯш ё супоридани дороиҳо расонидашуда фарқи манфии байни маблағҳои аз фурӯш ё супоридани дороиҳо воридгардида ва арзиши дороиҳо мебошад, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
- Қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбат ба дороиҳои тибқи гурӯҳҳо истеҳлокшаванда, инчунин нисбат ба захираҳои молию моддӣ татбиқ намегарданд.
Моддаи 153. Арзиши дороиҳо
- Ба арзиши дороиҳо хароҷот барои харид, истеҳсол, сохтмон, васл ва насби онҳо, инчунин дигар хароҷоте, ки арзиши онҳоро зиёд мекунад, ба истиснои азнавнархгузории воситаҳои асосӣ ва хароҷот, ки нисбат ба онҳо андозсупоранда барои тарҳ ҳуқуқ дорад, дохил карда мешаванд.
- Агар танҳо як қисми дороиҳо фурӯхта ё дода шаванд, пас арзиши дороиҳо дар лаҳзаи фурӯш ё додан байни қисмҳои боқимонда ва қисмҳои фурӯхта ё додашуда тақсим карда мешавад.
Моддаи 154. Эътироф накардани фоида ё зарар
- Дар ҳолатҳои зайл ҳеҷ гуна фоида ё зарар ҳангоми муайян кардани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ба эътибор гирифта намешавад:
– доду гирифти дороиҳо байни зану шавҳар;
– доду гирифти дороиҳо байни собиқ ҳамсарон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ;
– нохост нобуд кардани дороӣ ё бегона кардани он бо сармоягузории такрории воридот (масалан, ҷубронпулии суғуртавии гирифташуда ҳангоми нохост нобуд сохтани дороӣ) ба дороии шабеҳи он ё дар дороии дорои ҳамон хусусият то ба охир расидани соли дуюми баъди соле, ки дороӣ нобуд ё бегона карда шудааст.
- Арзиши дороии ивазшаванда, ки дар сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, бо дарназардошти (дар сатҳи) арзиши дороии ивазкардашуда дар лаҳзаи нобуд ё бегона кардани он ба афзоиши арзиши дороии ивазшаванда ба фарқи мусбии байни хароҷоти андозсупоранда барои сармоягузории такрорӣ ва бузургии воридот мутобиқи сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
- Арзиши дороии дар натиҷаи аҳд (шартнома) бадастомада, ки ҳангоми он фоида мувофиқи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда барои мақсадҳои андозбандӣ ба ҳисоб гирифта намешавад, аз арзиши дороӣ барои тарафи супорандаи он дар санаи аҳд иборат мебошад.
- Ҳамин модда нисбат ба дороиҳое, ки аз рӯи гурӯҳҳо истеҳлок мешаванд, татбиқ намегардад, ба истиснои сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда, ки онҳо ҳангоме татбиқ мегарданд, ки ҳамаи дороиҳои гурӯҳ дар як вақт дода шаванд.
ЗЕРФАСЛИ 7. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ
БОБИ 23. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ
Моддаи 155. Давраи андоз
- Давраи андоз аз даромад барои даромадҳои дар шакли музди меҳнати аз ҷониби шахсони воқеӣ гирифташуда, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт ситонида шудааст, моҳи тақвимӣ мебошад, агар тартиби дигар дар Кодекси мазкур пешбинӣ нагардида бошад.
- Давраи андоз аз даромад барои даромадҳои шахсони воқеие, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида намешавад, соли тақвимӣ мебошад, агар боби мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
- Давраи андоз аз фоида соли тақвимӣ мебошад. Ҳамзамон пешниҳоди ҳисобҳои пардохтҳои ҷории андоз аз фоида ва пардохти онҳо дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 156-158 Кодекси мазкур амалӣ мешавад.
Моддаи 156. Пешниҳоди эъломия
- Эъломияи ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои дар шакли музди меҳнати шахсони воқеӣ, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт ситонида мешавад, аз ҷумла аз ҷониби воҳиди алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад.
- Эъломияи ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои шахсони воқеӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои дипломатӣ, консулии давлатҳои хориҷӣ ва ба онҳо баробаркардашудаи намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад. Иттилоот дар бораи шахсони воқеии дар боло пешбинишуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди семоҳаи гузашта фаро мерасад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Ҳисоби ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа фаъолият менамоянд, ҳар семоҳа аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад ва дар ҳамин мӯҳлат андозҳо ситонида мешаванд.
- Андозсупорандагони зерин эъломияро оид ба андоз аз даромад аз даромадҳои дигар шахсони воқеие, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ намешаванд ва (ё) эъломияро оид ба андоз аз фоида то 1-уми апрели баъди соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз месупоранд:
– резидентҳо – супорандагони андоз аз фоида;
– шахсони воқеӣ – резидентҳои дорои даромад, ки дар манбаи пардохти воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ намешаванд, ба истиснои шахсоне, ки андозҳоро мутобиқи фасли XVI Кодекси мазкур пардохт менамоянд;
– шахсони воқеӣ – резидентҳое, ки дар суратҳисобҳояшон дар бонкҳои хориҷии воқеъ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулӣ доранд, инчунин онҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд;
– шахсони воқеие, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вазифаи пешниҳоди эъломия оид ба андоз аз даромад гузошта шудааст. Тартиб, мӯҳлатҳои пешниҳод, инчунин шакли эъломияро, ки ин шахсон пешниҳод мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1546);
– дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ – ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромаде мегиранд, ки бояд андозбандӣ карда шавад, аммо дар манбаи пардохт андозбандӣ намешавад.
- Ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ комиссияи барҳамдиҳӣ ё андозсупоранда фавран дар ин бора ба мақоми андоз огоҳиномаи хаттӣ мефиристад. Комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор аст, ки эъломияи андозро ба мақомоти дахлдори андоз пешниҳод намояд.
- Шахси воқеие, ки аз вай пешниҳод кардани эъломияи андоз талаб карда намешавад, метавонад бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бо талаби аз нав ҳисоб кардани андоз ва баргардонидани маблағи барзиёд супоридааш эъломия пешниҳод кунад.
- Ҳисобҳо оид ба пардохти маблағҳои ҷорӣ (пешпардохт) аз рӯи андоз аз фоида, инчунин маълумот дар бораи шахсоне, ки андозашон дар манбаи пардохт нигоҳ дошта шудааст, тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо дарназардошти талаботи қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 157 Кодекси мазкур ҳар моҳ (ҳар семоҳа) то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешаванд, ки баъди моҳи (семоҳаи) ҳисоботӣ фаро мерасад.
- Эъломияи андоз аз фоида то 1-уми апрели баъди соли ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
- Эъломияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фоидаи воқеии ба буҷети давлатӣ пардохтшаванда, ки шакли он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, то 1 августи соле, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
Моддаи 157. Пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз
- Супорандагони андоз аз фоида, ба истиснои шахсоне, ки мутобиқи фасли XVI Кодекси мазкур андозбандӣ мешаванд, вазифадоранд пардохти ҷории ҳармоҳаро (ҳар семоҳаро) ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи (семоҳаи) ҳисоботӣ фаро мерасад, анҷом диҳанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Супорандагони андоз аз фоида, ба истиснои шахсоне, ки дар баҳисобгирии нозироти андози андозсупорандагони калон мебошанд ва шахсоне, ки маблағи андоз аз фоидаи онҳо барои соли гузаштаи тақвимӣ аз маблағи муайяннамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ зиёд мебошад, вазифадоранд ҳар семоҳа пардохти ҷориро ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, анҷом диҳанд.
- Маблағи ҳар пардохти ҷории моҳона (семоҳа) дар давраи 12-моҳа, ки ҳар 15-уми апрел оғоз меёбад, наметавонад аз ҳар як маблағҳои зерин камтар бошад:
– аз дувоздаҳ як қисми (аз чор як қисми) маблағи андоз аз фоида барои соли гузаштаи андоз (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– 1 фоизи даромади умумии моҳи (семоҳаи) ҳисоботӣ.
- Пардохтҳои ҷории андоз аз фоида ба маблағи ин андози барои соли тақвимӣ пардохтшаванда ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳама гуна пардохтҳои барзиёди ҷории андоз аз фоида дар муқоиса бо ӯҳдадорӣ доир ба ин андоз барои соли тақвимӣ ба ҳисоби ӯҳдадориҳо оид ба дигар андозҳо гирифта мешаванд ё ба андозсупоранда баргардонида мешаванд.
- Пардохтҳои ҷорӣ аз рӯи андоз аз фоида пардохтҳои ҳатмӣ буда, барои сари вақт напардохтани онҳо фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.
Моддаи 158. Пардохти андозҳо ва муқаррароти маъмурӣ
- Супорандагони андоз аз даромад андозро дар маҳалли баҳисобгириашон дар мӯҳлатҳои барои пешниҳод намудани эъломияҳои андоз муқарраршуда пардохт менамоянд.
- Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби кор дар ташкилотҳои дипломатию консулгарии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, вазифадоранд аз даромадҳои худ мустақилона андози даромадро дар мӯҳлатҳои барои пешниҳоди эъломия муқарраршуда супоранд.
- Тақсим кардани маблағи пардохтҳои ҷории андоз аз фоида, инчунин маблағҳои андозе, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ гузаронида шаванд, аз ҷониби корхона байни буҷетҳои маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона, инчунин дар маҳалли ҷойгиршавии ҳар як воҳиди алоҳидаи он бо дарназардошти ҳиссаи хароҷот барои пардохти музди меҳнате, ки ба воҳиди асосии корхона ва ба ҳар як воҳиди алоҳидаи корхона дар хароҷоти умумии музди меҳнат дар корхона (воҳиди асосии корхона дар якҷоягӣ бо ҳамаи воҳидҳои алоҳидаи корхона) тааллуқ дорад, мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона сурат мегирад. Ҳиссаҳои хароҷоти барои пардохти музди меҳнат дар ҳамин қисм пешбинигардида бо дарназардошти нишондиҳандаҳои воқеии хароҷот барои музди меҳнати воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои алоҳидаи он мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона барои охири давраи ҳисоботӣ муайян карда мешаванд.
- Ҳисоб кардани маблағи пардохтҳои ҷории андоз аз фоида, инчунин маблағҳои андозе, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ дар маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва ҳар кадом воҳиди алоҳидаи он пардохт шаванд, аз ҷониби корхона мустақилона анҷом дода мешавад. Маълумотро дар бораи маблағҳои пардохтҳои ҷории андоз аз фоида, инчунин дар бораи маблағҳои аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ ҳисобкардашуда корхона ба воҳидҳои алоҳидаи худ, инчунин ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии худ ва маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳида на дертар аз мӯҳлати барои амалӣ намудани пардохтҳои ҷорӣ мутобиқи моддаи 157 Кодекси мазкур муқарраргардида ва барои пешниҳоди эъломия аз рӯи андоз аз фоида мутобиқи моддаи 156 Кодекси мазкур дастрас менамояд.
- Корхона маблағи пешпардохтҳо ва маблағи андозеро, ки аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ ҳисоб карда шудааст, ба буҷети маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои алоҳидаи он тавассути воҳиди асосии корхона ё тариқи ҳар воҳиди алоҳидаи на дертар аз мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳамин модда ва моддаи 157 Кодекси мазкур месупорад.
- Супорандагони андоз аз фоида ҳисоби ниҳоӣ анҷом медиҳанд ва андозро дар маҳалли баҳисобгириашон на дертар аз 10-уми апрели соли баъди соли тақвимии ҳисоботӣ фарорасанда пардохт менамоянд.
- Бонки миллии Тоҷикистон андоз аз фоидаро на дертар аз 1 августи соле, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, месупорад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
- Назорати пардохти андоз аз фоида ва андоз аз даромад аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
- Дастурамалҳо оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз фоида ва андоз аз даромад, инчунин шаклҳои эъломияҳо ва ҳисобҳои дахлдор аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
ФАСЛИ IX. АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА
БОБИ 24. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 159. Мафҳуми андоз аз арзиши иловашуда
Андоз аз арзиши иловашуда ҳамчун андози ғайримустақим бояд дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот, муомилоти молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо пардохт шавад.
БОБИ 25. АНДОЗСУПОРАНДАГОН
Моддаи 160. Андозсупорандагон
- Супорандаи андоз аз арзиши иловашуда шахсе мебошад, ки тибқи моддаи 161 Кодекси мазкур ӯҳдадор аст ариза дода, ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад.
- Шахсе, ки ӯҳдадор аст ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад, аз аввали давраи ҳисоботие, ки баъди давраи ба миён омадани ӯҳдадории бақайдгирӣ фаро мерасад, оид ба андоз аз арзиши иловашуда андозсупоранда мебошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Ба ғайр аз шахсоне, ки тибқи қисми 1 ҳамин модда супорандагони андоз аз арзиши иловашуда мебошанд, ҳамаи шахсоне, ки воридоти андозбандишавандаи молҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, оид ба чунин воридот супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ҳисобида мешаванд.
- Шахси ғайрирезидент, ки бидуни қайд барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба иҷрои корҳо ва хизматрасоние машғул аст, ки бояд мувофиқи моддаи 177 Кодекси мазкур андозбандӣ шаванд, оид ба чунин кору хизматрасониҳо супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошад.
Моддаи 161. Талабот оид ба додани ариза барои бақайдгирӣ
- Шахси машғули фаъолияти соҳибкорӣ, ки даромади умумиаш дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ аз ҳадди даромади як миллион сомонӣ зиёд шудааст, ӯҳдадор аст дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ ба андозбандӣ тибқи низоми умумӣ гузарад ва ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии худ ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда якҷоя бо ариза барои гузаштан ба андозбандӣ тибқи низоми умумӣ ариза диҳад. Ҳадди даромад барои бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба шахсоне, ки дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, татбиқ намегардад ва шахсони мазкур ӯҳдадоранд на дертар аз 15 рӯзи тақвимӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ аризаро пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Агар даромади умумии ғайрирезидент дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ аз таҳвили молҳои, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои зерин (ба истиснои воридоти молҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муассисаи доимии ин ғайрирезидент алоқаманд нест, аз ҳадди як миллион сомонӣ бештар бошад, зимнан гирандагони ин молҳо (кору хизматрасонӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорандагони андоз аз арзиши иловашуда намебошанд, ӯ ӯҳдадор аст бо мақсади бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ариза диҳад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367):
– корҳо (хизматрасониҳо) дар амал аз ҷониби шахсе иҷро шудаанд, ки ҳангоми иҷрои ин корҳо (хизматрасониҳо) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур дошт, новобаста ба он, ки ин корҳо (хизматрасониҳо) аз ҷониби шахсони воқеии кироякор ё ташкилотҳои (пудратчиёни) ғайрирезидент иҷро шуда бошанд;
– корҳои (хизматрасониҳои) иҷрошуда бевосита бо молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда алоқаманд бошанд;
– ба мизоҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизматрасониҳои алоқаи барқӣ, пахши радио ва телевизионӣ расонида шуда бошад;
– ба зангҳои телефонии аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда хизмат расонад ва (ё) шахси пардохткунандаи чунин зангҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур дошта бошад;
– хизматрасониҳои суғуртавии таваккалҳо ва (ё) молу мулки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ба истиснои хизматрасониҳои суғуртавии ҳаёт, анҷом дода шуда бошанд.
- Вориси ҳуқуқии андозсупорандае, ки фаъолияти андозсупорандаро давом медиҳад, ӯҳдадор аст ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми 10 рӯзи баъди ба даст овардани ҳуқуқ ариза диҳад.
- Шахсоне, ки дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, аз санаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадоранд бо мақсади бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ариза диҳанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
Моддаи 162. Бақайдгирӣ
- Ариза ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
- Ҳангоми додани ариза ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда мақомоти андоз вазифадоранд чунин шахсро дар феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта, дар давоми 10 рӯзи баъди супоридани ариза ба ӯ дар хусуси аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуданаш шаҳодатнома диҳанд ва дар он номи пурра (насаб, ном ва номи падар), суроғаи ҳуқуқӣ (маҳалли истиқомат) ва маълумоти дигар дар бораи андозсупоранда, санаи додани шаҳодатнома, санае, ки аз он бақайдгирӣ эътибор пайдо мекунад ва рақами мушаххаси андозсупорандаро зикр намоянд.
- Варақаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда варақаи ҳисоботии қатъӣ мебошад ва он ба андозсупоранда ройгон дода мешавад.
- Шаҳодатномаи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашударо андозсупоранда бо худ нигоҳ медорад ва ҳангоми бекор шудани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда онро бояд ба мақомоти андози дахлдор баргардонад.
- Шакли варақа, тартиби супоридан ва гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
- Бақайдгирӣ дар яке аз санаҳои зерин, вобаста ба он ки кадоме аз ин санаҳо пештар фаро мерасад, эътибор пайдо мекунад:
– ҳангоми бақайдгирии ҳатмӣ вобаста ба ҳаҷми даромади умумӣ -аз рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он даромади умумии андозсупоранда аз ҳадди даромад зиёд шудааст (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– шахсоне, ки дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, – аз санаи бақайдгирии давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– нисбат ба вориси ҳуқуқӣ – аз лаҳзаи ба даст овардани ҳуқуқ.
- Мақомоти андоз вазифадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашударо, ки он дар бораи ҳамаи шахсони барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бақайдгирифташуда маълумоти муфассалро дар бар мегирад, кушоянд ва пеш баранд.
- Агар шахс ӯҳдадор бошад, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад ва ӯ барои бақайдгирӣ сари вақт ариза надода бошад, мақомоти андоз бо ташаббуси худ андозсупорандаро ба қайд гирифта, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ӯро ба ҷавобгарӣ кашида, ба вай ҳуҷҷатҳои дахлдор мефиристанд.
Моддаи 163. Бекор кардани бақайдгирӣ
- Андозсупоранда вазифадор аст ҷиҳати бекор кардани бақайдгирӣ бо мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бо ариза муроҷиат намояд, агар 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ соли гузаштаи тақвимӣ даромади умумии андозсупорандае, ки низоми умумии андозбандиро истифода менамояд, аз як миллион сомонӣ кам шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– пас аз гузариши охирин ба низоми умумии андозбандӣ 36 моҳи тақвимӣ гузашта бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Бекор кардани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда аз рӯзи якуми давраи андозбандӣ, ки баъди давраи аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудаш ариза барои бекор кардани бақайдгирӣ фаро мерасад, ҳамзамон бо гузаштан ба низоми махсуси андозбандӣ эътибор пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Дар сурати барҳам дода шудани шахси ҳуқуқӣ (қатъ гардидани фаъолияти муассисаи доимии ғайрирезидент), ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошад, чунин шахс бояд аз рӯзи аз феҳристи андозсупорандагон хориҷ шуданаш аз қайди андоз аз арзиши иловашуда (яъне бекор кардани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба ин шахс эътибор пайдо мекунад) бароварда шавад.
- Агар бақайдгирии шахс барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бекор карда шавад, мақомоти андоз ӯҳдадоранд номи (насаб, ном ва номи падари) шахс ва дигар маълумотро дар бораи вай аз феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда хориҷ намоянд, инчунин шаҳодатномаи додашударо дар бораи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз ӯ гиранд.
- Бекор намудани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи Кодекси мазкур мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.
БОБИ 26. ОБЪЕКТҲОИ АНДОЗБАНДӢ
Моддаи 164. Объектҳои андозбандӣ
- Объектҳои андозбандии андоз аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда мебошанд.
- Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо, ба истиснои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳое, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод буда, дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода мешаванд, агар онҳо мутобиқи моддаҳои 175 ва 176 Кодекси мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрошаванда эътироф гарданд, амалиёти андозбандишаванда мебошанд. Амалиёти андозбандишаванда мутобиқи моддаи 176 Кодекси мазкур хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашударо дар бар намегирад.
- Агар андозсупоранда молҳоро (корҳоро, хизматрасониҳоро) бо пардохти андоз аз арзиши иловашуда харад ва маблағи дахлдорро ба ҳисоб гирад (ё ҳуқуқи ба ҳисоб гирифтанро дошта бошад), истифодаи чунин молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) ё натиҷаи истифодаи молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) барои фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ амалиёти андозбандишаванда ҳисобида мешавад.
- Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳои андозсупоранда ба кормандони худ ва ҳар шахси дигаре, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошанд, аз ҷумла ройгон, амалиёти андозбандишаванда мебошад.
- Сарфи назар аз муқаррароти дигари ҳамин модда, таҳвили молҳо аз тарафи супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои истифодабарии меъёри пасткардашуда, ки ин молҳоро дар натиҷаи амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда харидааст, аммо мутобиқи моддаи 183 Кодекси мазкур ҳангоми харидани ин молҳо барои баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда ҳуқуқ надошт, ҳамчун амалиёти андозбандишаванда ҳисобида намешавад. Агар ҳангоми харидани молҳо баҳисобгирӣ қисман иҷозат нашуда бошад, дар ин сурат андозаи амалиёти андозбандишаванда мутаносибан ба ҳиссаи баҳисобгирии иҷозатнашуда кам карда мешавад.
- Арзиши бастаҳое (зарфҳое), ки бояд тибқи шарт ва мӯҳлатҳои муқарраркардаи шартномаи (қарордоди) таҳвили молҳо баргардонида шаванд, ба истиснои ҳолатҳои фурӯши чакана, ба маблағи андозбандишаванда дохил карда намешавад. Чаканафурӯшон метавонанд ҳаҷми амалиёти андозбандишавандаро ба маблағе, ки онҳо ба сифати ҳақки ҷуброни баргардонидани бастаҳо (зарфҳо) ба мизоҷон пардохтанд, кам кунанд.
- Агар бақайдгирии андозсупоранда бекор карда шавад, молҳои дар лаҳзаи бекоркунӣ дар ихтиёри он қарордошта, ба истиснои истифодаи меъёри пасткардашуда, ҳамчун дар доираи амалиёти андозбандишаванда дар ин лаҳза таҳвилшуда баррасӣ мегарданд.
- Маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки то бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба бақияи молҳои харидашуда, ки пештар ҳангоми андозбандӣ аз даромади андозбандишаванда тарҳ карда нашуда буданд, ҳангоми истифодаи меъёри стандартӣ пас аз бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ба ҳисоб гирифта мешаванд.
- Дар ҳолати истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо аз ашё ва маводи фармоишгар, ҳангоме, ки соҳиби ашё, мавод ва маҳсулоти коркард худи фармоишгар мемонад, амалиёти андозбандишаванда барои коркардкунанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) хизматрасониҳо (корҳо) оид ба коркарди ашё ва мавод барои молҳо (кору хизматрасониҳо) ба ҳисоб меравад.
- Молҳо ва воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда (ба истиснои молҳое, ки мутобиқи моддаи 169 Кодекси мазкур аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд), ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар эъломия зикр шаванд, воридоти андозбандишаванда ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 165. Фурӯш ё супоридани корхона
- Аз тарафи як супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба дигар супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар доираи як амалиёт фурӯхтан ё супоридани корхона дар маҷмӯъ чун комплекси молумулкӣ ё воҳиди мустақилан амалкунандаи корхона амалиёти андозбандишаванда ҳисоб карда намешавад.
- Дар мавриди қисми 1 ҳамин модда харидор ё гиранда ҳамон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшандаи дар фасли мазкур пешбинишударо қабул менамояд, ки ба корхонаи фурӯхта ё додашуда ё воҳиди мустақилона амалкунандаи корхона вобаста мебошанд.
- Ҳамин модда танҳо ҳангоме татбиқ мегардад, ки агар тарафҳои фурӯшанда (супоранда) ва харидор (гиранда) дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимии баъди фурӯш (супоридан) мақомоти андозро дар бораи қарор оид ба татбиқи муқаррароти ҳамин модда ба таври хаттӣ огоҳ намоянд.
БОБИ 27. МАНБАИ АНДОЗ
Моддаи 166. Арзиши амалиёти андозбандишаванда
- Арзиши амалиёти андозбандишаванда дар асоси маблағе (арзише, аз ҷумла дар шакли аслӣ (натуралӣ), ки андозсупоранда аз мизоҷ ё аз ҳар шахси дигар мегирад ё ҳуқуқи гирифтанро дорад, аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва (ё) дигар пардохтҳо, вале бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда, муайян мегардад.
- Агар андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда молҳо, корҳо ё хизматрасониҳоро дастрас намояд ё ҳуқуқи гирифтани онҳоро дошта бошад, арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин молҳо, корҳо ва хизматрасониҳоро (аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё дигар пардохтҳоро) дар бар мегирад, вале бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда.
- Дар ҳолате, ки агар андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда ҳеҷ сарвате нагирад ё ҳуқуқи гирифтанро надошта бошад, арзиши амалиёти андозбандишаванда ба арзиши бозории молҳои таҳвилшуда, корҳои иҷрошуда ё хизматҳои расонидаи андозсупоранда дар рафти чунин амалиёти андозбандишаванда (аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва дигар пардохтҳо) баробар аст, вале бидуни андоз аз арзиши иловашуда.
- Дар сурати бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истеъмол ё истифода бурдани молҳо (корҳо ё хизматрасониҳо) тибқи қисми 3 моддаи 164 Кодекси мазкур, инчунин ҳангоми таҳвили молҳо (иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо) ба ҳама гуна шахсон, инчунин кормандони худ мувофиқи қисми 4 моддаи 164 Кодекси мазкур, арзиши амалиёти андозбандишаванда ба нархи бозории ин молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо (аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва дигар пардохтҳо) баробар аст, вале бидуни андоз аз арзиши иловашуда.
- Ҳангоми таҳвили мол бо шарти пардохти ба мӯҳлатҳо ҷудошуда арзиши амалиёти андозбандишаванда мутобиқи қисми 1 ҳамин модда бо дарназардошти тамоми маблағҳои пардохтшаванда мувофиқи ҷадвали пардохти ба мӯҳлатҳо ҷудошуда, ки дар шартнома муқаррар шудааст, муайян карда мешавад.
- Ҳангоми фурӯши (бегона кардани) молу мулки ба гарав гузошташуда арзиши чунин амалиёти андозбандишавандаи гаравдиҳанда бо дарназардошти арзиши бозории молу мулки ба гарав гузошташудаи фурӯхташаванда (бегонашаванда) бидуни илова намудани андоз аз арзиши иловашуда ба арзиши молу мулки (молҳои) ба гарав гузошташуда муайян мегардад.
- Арзиши амалиёти андозбандишавандаи молҳои воридшуда наметавонад аз арзиши воридоти андозбандишаванда кам бошад. Ҳангоми вуҷуд доштани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридшуда, чунин фарқияти манфӣ барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
Моддаи 167. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда
- Ҳамин модда нисбат ба амалиёти андозбандишавандаи андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин татбиқ мегардад:
– бекор кардани амалиёт ё тағйир ёфтани хусусияти он;
– тағйир ёфтани арзиши амалиёти андозбандишаванда;
– тағйир ёфтани ҷуброни мувофиқашуда барои амалиёт бо сабаби пастшавии нарх ва бо ҳар гуна сабабҳои дигар;
– турра ё қисман баргардонидани молҳо ба андозсупоранда (қабул накардани корҳо ё хизматрасониҳои анҷомдодаи андозсупоранда);
– тарҳи карзҳои беэътимод (шубҳанок) мувофиқи моддаи 115 Кодекси мазкур.
- Агар андозсупоранда дар натиҷаи яке аз сабабҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда ҳисобнома – фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда пешниҳод кунад, ки дар он маблағи андоз аз арзиши иловашуда нодуруст нишон дода шуда бошад ё дар эъломияи андоз аз арзиши иловашуда маблағи андоз аз арзиши иловашударо нодуруст зикр карда бошад, пас мувофиқи қисми 2 моддаи 182 ва қисми 8 моддаи 183 Кодекси мазкур тасҳеҳ гузаронида мешавад.
- Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда дар асоси ҳисобномафактураи иловагӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки фаро расидани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишударо баъди содир гардидани амалиёти ибтидоии андозбандишаванда тасдиқ менамоянд, гузаронида мешавад.
Моддаи 168. Арзиши воридоти андозбандишаванда
Арзиши воридоти андозбандишаванда арзиши гумрукии молҳо, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, инчунин ҷамъи маблағи боҷи гумрукӣ ва андозҳое мебошад, ки ҳангоми воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд супорида шаванд, аммо бидуни андоз аз арзиши иловашуда.
БОБИ 28. ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗ
Моддаи 169. Озод кардан аз андоз
- Озод кардан аз андоз аз арзиши иловашуда маънои онро дорад, ки таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашуда амалиёти андозбандишаванда намебошанд ва арзиши онҳо аз ҷониби андозсупоранда ба амалиёти андозбандишаванда дохил карда намешавад, воридоти аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашуда бошад, ба арзиши воридоти андозбандишаванда дохил карда намешавад. Ҳамзамон, мутаносибан арзиши чунин таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо ва чунин воридоти молҳо барои аз ҷониби андозсупоранда тибқи моддаи 181 Кодекси мазкур ҳисоб кардани андоз аз арзиши иловашуда асос шуда наметавонад.
- Таҳвили молҳо (ба ғайр аз содироти молҳо), иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд:
1) Фурӯш, супоридан ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ба ғайр аз:
а) фурӯш ё супоридани бинои меҳмонхонаҳо ё манзилгоҳ барои истироҳаткунандагон;
б) фурӯш ё супоридани биноҳои истиқоматии нави сохташуда;
в) фурӯш ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ки барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешавад, ба истиснои фурӯш ё супоридан мутобиқи моддаи 165 Кодекси мазкур.
2) Хизматрасониҳои алоҳидаи молиявӣ бар ивази подошпулӣ, ки номгӯи онҳоро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд, аз ҷумла молу мулки моддии истеҳлокшаванда тибқи амалиёти иҷораи молиявӣ (лизинг) (аз ҷумла ҳавопаймоҳо), ки мутобиқи моддаи 15 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад, ба истиснои молу мулки ғайриманқул, автомашинаҳои сабукрав ва мебел.
3) Таҳвили пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок.
4) Хизматрасониҳои динӣ ва маросимӣ аз ҷониби иттиҳодияи динӣ (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
5) Хизматрасонии тиббии муассисаҳои давлатӣ, ба истиснои хизматрасониҳои косметологӣ, дандонпизишкӣ ва санаторию курортӣ.
6) Хизматрасониҳои зерини муассисаҳои давлатии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар соҳаи маориф (дар ҳолати мавҷуд будани иҷозатнома, агар он зарур бошад):
а) таҳсилоти томактабӣ;
б) таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;
в) таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ;
г) таҳсилоти олии касбӣ;
д) таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
е) таҳсилоти иловагӣ ва махсус.
7) Ройгон супоридани (даст кашидан аз) молҳо ба манфиати давлат, таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба сифати кӯмаки башардӯстона.
8) Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳое, ки бевосита аз ҷониби муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё корхонаҳои давлатие, ки ба системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, истеҳсол намудаанд (иҷро кардаанд, хизмат расонидаанд).
9) Таҳвили маҳсулоти махсуси истифодаи инфиродӣ барои маъюбон мувофиқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
10) Таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯи онҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
11) Таҳвили (фурӯши) маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯи онҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Таҳвили металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентрати металлҳо, маъданҳои молӣ, оҳанпораи металлҳои сиёҳ ва ранга, металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда, аз ҷумла барои содирот, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
- Намудҳои зерини воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд:
– воридоти пули миллӣ ва (ё) асъори ҳориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;
– воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;
– воридоти молҳое, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти молҳо ба сифати кӯмаки башардӯстона, воридоти молҳое, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешаванд;
– воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) барои ташаккул ё пурра кардани фонди (сармояи) оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ба шарте ки ин молу мулк мустақиман дар истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода шуда, ба категорияи молҳои зераксизӣ мансуб набошад. Дар сурати барҳамдиҳии чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашудан, ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, андоз аз арзиши иловашуда, ки мутобиқи ҳамин сархат пардохта нашудааст, ба буҷет бе амалисозии баҳисобгирӣ мутобиқи моддаи 183 Кодекси мазкур ситонида мешавад, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– воридоти дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ мувофиқи номгӯи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– воридоти молҳое, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ (қарзӣ) амалӣ мешаванд;
– воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим давлатӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046, аз 18.03.2015 № 1188);
– воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ). Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй, миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1423);
– воридоти молҳо (ба истиснои молҳои зераксизӣ) тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита истеҳсолкунандагон барои истеҳсоли алюминийи аввалия анҷом медиҳанд;
– воридоти алюминийи аввалия (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта, инчунин арзиши хизматрасонии таъмир ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046, аз 14.11.2016 № 1367);
– воридоти маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
– воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагие, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва (ё) ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511); аз 20.06.2019 № 1620)
– воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, ки тартиб ва номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1599).
- Воридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 аз пардохти 50 фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
Моддаи 170. Андозбандии ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046)
- Хизматрасониҳои нақлиётӣ ё дигар хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои бевосита марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ва мусофирон, инчунин таҳвили сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва дигар маводи истеъмолӣ, ки ба дохили киштии ҳавоии худӣ ва (ё) хориҷӣ барои истеъмол ҳангоми парвозҳои байналмилалӣ бор карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Таҳти мафҳуми ҳамлу нақли байналмилалӣ кашондани бор ва мусофирон фаҳмида мешавад, ки маҳалли ҳаракат ё маҳалли таъиноти онҳо (яке аз ин маҳалҳо) берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
- Барои мақсадҳои ҳамин модда ба корҳо ва хизматрасониҳое, ки бинобар ҳамлу нақли байналмилалӣ анҷом дода мешаванд, инҳо дохил мешаванд:
– корҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ (боркашонӣ, ҳамлу нақл), борбардорӣ, борфарорӣ, азнавборкунӣ, ирсоли молҳое, ки аз (ба) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, инчунин молҳое, ки тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи транзит интиқол дода мешаванд;
– корҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ вобаста ба интиқоли почта, мусофирон, бағоҷ аз (ба) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои даромадҳо аз хизматрасониҳои вобаста ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссия, супориш ё дигар шартномаҳои шабеҳ, новобаста ба шакли бастани онҳо;
– хизматрасонии техникӣ, тиҷоратӣ, аэронавигатсионӣ, фурудгоҳии хатсайрҳои байналмилалии ҳавоӣ, ба истиснои даромадҳо аз хизматрасониҳо оид ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссия, супориш ё дигар шартномаҳои шабеҳ, новобаста ба шакли бастани онҳо.
- Дар ҳолати иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои дар сархати якуми қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми риояи шартҳои зерин татбиқ мегардад:
– мавҷудияти шартнома (қарордод) оид ба иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки бевосита бо таҳвилкунандаи молҳо баста шудааст;
– ба расмият даровардани боркашонӣ бо ҳуҷҷатҳои ягонаи байналмилалии боркашонӣ;
– нисбат ба борҳои транзитӣ – мавҷудияти эъломияи боркашонии гумрукии молҳое, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, таҳти низоми транзит ба расмият дароварда шудаанд.
- Дар ҳолати иҷро намудани корҳо ва хизматрасониҳои дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда дар сурати риоя намудани шартҳои зерин татбиқ мегардад:
– мавҷуд будани шартнома (қарордод) оид ба иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки бевосита бо қабулкунандаи (фармоишгари) корҳо, хизматрасониҳои номбаршуда баста шудааст;
– барасмиятдарории боркашонӣ бо ҳуҷҷатҳои ягонаи байналмилалӣ.
- Интиқол ва хизматрасонии борфиристониҳои транзитие, ки дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 171 Кодекси мазкур зикр шудаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
- Ҳамин модда нисбат ба давлатҳое, ки оид ба хизматрасонии нақлиётӣ ё дигар хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои мустақиман вобаста ба боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми андозбандӣ бо андоз аз арзиши иловашударо истифода мебаранд, татбиқ намегардад.
Моддаи 171. Хусусиятҳои андозбандӣ ҳангоми интиқоли молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ҳангоми воридоти молҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба низоми гумрукии интихобшуда ва риояи шартҳои он андозбандӣ тибқи тартиби зайл сурат мегирад:
– ҳангоми таҳти низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод қарор додани молҳо андоз дар ҳаҷми пурра пардохт мешавад;
– ҳангоми таҳти низоми гумрукии воридоти такрорӣ қарор додани молҳо андозсупоранда маблағҳои андозҳоеро, ки ӯ аз пардохти онҳо озод шуда буд ё вобаста ба содироти молҳо мутобиқи Кодекси мазкур онҳо ба ӯ баргардонида шуда буданд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозад;
– ҳангоми таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ, анбори гумрукӣ, содироти такрорӣ (реэкспорт), савдои бебоҷ, коркард таҳти назорати гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, нобудкунӣ ва даст кашидан аз молҳо ба манфиати давлат, интиқоли захираҳо ва таҳти низомҳои гумрукии махсус қарор додани молҳо андоз супорида намешавад;
– ҳангоми дар ҳудуди гумрукӣ таҳти низоми гумрукии коркард қарор додани молҳои воридшуда, онҳо мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо шартан пурра озод карда мешаванд;
– ҳангоми таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор додани молҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон озодкунӣ аз пардохти андоз пурра ё қисман анҷом дода мешавад;
– ҳангоми ворид намудани маҳсулоти коркарди молҳое, ки таҳти низоми гумрукии коркард берун аз ҳудуди гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон озодкунӣ аз пардохти андоз пурра ё қисман анҷом дода мешавад;
– ҳангоми таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод қарор додани молҳо андоз аз арзиши гумрукии маҳсулоти коркард пардохт мешавад.
- Ҳангоми содироти молҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мувофиқи тартиби зерин амалӣ мегардад:
– дар сурати таҳти низоми гумрукии содирот берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани молҳо андоз пардохт намешавад ё маблағҳои пардохтшудаи андоз мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур аз ҷониби мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида (ба ҳисоб гирифта) мешавад. Тартиби мазкур инчунин нисбат ба баровардани молҳо берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи низоми гумрукии содирот нисбат ба он молҳое, ки дар лаҳзаи содирот таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, анбори озод ё минтақаи озоди гумрукӣ қарор доранд, истифода бурда мешавад;
– ҳангоми содироти молҳои ҳориҷии таҳти низоми гумрукии содироти такрорӣ (реэкспорт) қарордодашуда маблағи андозҳои ҳангоми воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда (бо сабаби гузаштани мӯҳлати ҳатмии мувофиқи қонунгузории гумрук муайяншудаи баровардани молҳои ҳориҷии таҳти низоми содироти гумрукӣ қарордошта) мувофиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозсупоранда баргардонида мешавад;
– ҳангоми содироти молҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи низомҳои дигари гумрукӣ дар муқоиса бо низомҳои дар сархатҳои якум ва дуюми ҳамин қисм пешбинигардида озод кардан аз пардохти андоз ва (ё) баргардонидани маблағҳои пардохтшудаи андоз анҷом дода намешавад, агар қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
- Ҳангоми тавассути сарҳади гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқол гардидани молҳои барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари соҳибкорӣ пешбининагардида метавонад тартиби соддакардашуда ё имтиёзноки пардохти андоз истифода гардад. Ҳамзамон арзиши молҳои харидашудаи барои истифодаи шахсӣ пешбинишуда набояд аз маблағи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад. Маблағи зиёдатӣ мувофиқи тартиби умумии муқарраршуда (беимтиёз) таҳти андозбандӣ қарор мегирад. Нисбат ба чунин амалиёт татбиқ кардани низоми соддакардашуда ё имтиёзноки андозбандӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
- Андозсупоранда ҳангоми риоя накардани шартҳои низоми гумрукии интихобкардааш дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андоз, инчунин фоизҳои ба ин маблағ ҳисобшударо мепардозад.
Моддаи 172. Андозбандии содироти молҳо
- Содироти молҳо, ба ғайр аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентрати металлҳо, оҳанпораи металлҳои сиёҳ ва ранга, металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, молҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда бо андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи меъёри сифр андозбандӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
- Ҳангоми тасдиқ нашудани содироти молҳо мутобиқи моддаи 173 Кодекси мазкур дар ҷараёни 90 рӯзи тақвимӣ аз санаи сабти мақоми гумруке, ки рухсати молҳоро таҳти низоми гумрукии содирот анҷом додааст ва ё ҳангоми баровардани молҳо таҳти низоми гумрукии содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи даврагӣ – аз санаи қайди мақоми гумрук, ки барасмиятдарории гумрукиро анҷом додааст, таҳвили ин молҳо бояд аз арзиши иловашуда аз рӯи меъёри мусбии дар қисмҳои 1-3 моддаи 181 Кодекси мазкур пешбинишуда андозбандӣ гардад.
Моддаи 173. Тасдиқи содироти молҳо
- Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо инҳо мебошанд:
– шартномаи (қарордоди) таҳвили молҳои содиршаванда;
– эъломияи гумрукии бор бо қайди мақоми гумруке, ки иҷозати молҳоро таҳти низоми гумрукии содирот анҷом додааст ва ҳангоми содироти молҳо таҳти низоми гумрукии содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи даврӣ эъломияи пурраи гумрукии бор бо қайди мақоми гумруке, ки барасмиятдарории гумрукиро анҷом додааст;
– нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи мол бо қайди мақоми гумруки дар гузаргоҳи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида. Дар ҳолати таҳти низоми гумрукии содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ, инчунин санади қабул ва супоридани молҳо низ пешниҳод карда мешавад;
– ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва иқтибос аз бонк (нусхаи иқтибос), ки воридоти воқеии даромади асъорро аз таҳвили молҳо ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ӯ дар бонкҳои дар хориҷа воқеъбуда, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамоянд.
- Дар ҳолате, ки агар шартнома (қарордод) ҳисобкуниро бо маблағҳои нақдии пулӣ пешбинӣ карда бошад, андозсупоранда иқтибоси бонкро (нусхаи иқтибосро), ки ба суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ӯ дар бонкҳои дар хориҷа воқеъбуда, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, гузаронидани маблағҳои бадастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ – харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунанд, пешниҳод менамояд.
- Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ доир ба ивазкунии молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳоро, хизматрасониҳоро) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд, инчунин ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.
- Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳуҷҷатҳои дар қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда пешбинишуда, инчунин нусхаи эъломияи гумрукии бор мебошанд, ки дар кишвари воридоти молҳои аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми содирот баровардашуда ба расмият дароварда шудаанд. Мутобиқи санади ҳуқуқии байналмилалӣ мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад тартиби дигари тасдиқи содироти молҳоро ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муқаррар намояд.
- Ҳангоми содироти минбаъдаи молҳое, ки қаблан берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ бароварда шудаанд ё маҳсулоти коркарди онҳо, тасдиқи содирот мутобиқи қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 ҳамин модда, инчунин дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин анҷом дода мешавад:
– эъломияи гумрукии бор, ки мутобиқи он низоми коркард ба низоми содирот тағйир дода мешавад;
– эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми коркарди молҳо берун аз ҳудуди гумрукӣ ба расмият дароварда шудааст;
– нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки ҳангоми воридоти бор ба ҳудуди давлати ҳориҷӣ таҳти низоми коркарди молҳо дар ҳудуди гумрукӣ (коркарди молҳо таҳти назорати гумрукӣ) ба расмият дароварда шуда, мақоми гумруки ин барасмиятдарориро анҷомдода тасдиқ кардааст;
– нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми гумрукии содирот ҳангоми баровардани молҳо ё маҳсулоти коркарди онҳо аз ҳудуди давлати коркарди мол ба расмият дароварда щудааст ва онро мақоми гумруки барасмиятдароварда тасдиқ кардааст.
- Бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо ба мақоми андози маҳалли бақайдгирӣ дар давоми 120 рӯзи тақвимӣ аз санаи қайди мақоми гумрукии дар сархати дуюми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда андозсупоранда ҳуқуқ дорад андози мутобиқи қисми 2 моддаи 172 Кодекси мазкур ҳисобшударо баргашта гирад. Дар акси ҳол, андозсупоранда барои баргашта гирифтани андозе, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 172 Кодекси мазкур пардохт шудааст, ҳуқуқ надорад.
БОБИ 29. ВАҚТ ВА МАҲАЛЛИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛИЁТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА ВА ҚОИДАҲОИ МАХСУС
Моддаи 174. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда
- Амалиёти андозбандишаванда ҳангоми пешниҳод кардани ҳисобнома – фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо нисбат ба ҳамин амалиёт ҷой дорад, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накунад.
- Агар ҳисобнома – фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо то ё дар лаҳзаи (рӯзи) амалӣ шудани амалиёти андозбандишаванда пешниҳод карда нашавад, қисми 1 ҳамин модда татбиқ намегардад ва амалиёти андозбандишаванда дар ҳолатҳои зерин ҷой дорад:
– дар лаҳзаи қабул, фурӯхтан ё супоридани молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо;
– дар ҳолати таҳвили молҳое, ки ҳамлу нақли молҳоро дар назар дорад, дар лаҳзаи боркунӣ.
- Ҳангоме, ки пардохтпулӣ барои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо то фарорасии мӯҳлати дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда гирифта шуда бошад, пас агар ҳисобнома – фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо дар давоми панҷ рӯзи баъди пардохт пешниҳод карда нашавад, қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда татбиқ карда намешаванд ва амалиёти андозбандишаванда ҳангоми гирифтани пардохтпулӣ ҷой дорад.
- Барои мақсадҳои қисми 3 ҳамин модда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, агар барои амалиёти андозбандишаванда ду ва ё зиёда аз он пардохтпулӣ гирифта шуда бошад, пас ҳар як пардохтпулии гирифташуда ҳамчун пардохт барои амалиёти алоҳида ба андозаи маблағи пардохт анҷомдодашаванда баррасӣ карда мешавад.
- Агар хизматрасониҳо мунтазам ё доимӣ анҷом дода шаванд, пас хизматрасониҳо ҳамчун ҳар дафъаина дар лаҳзаи пешниҳоди ҳисобнома барои пардохт вобаста ба ҳар қисми ин амалиёт иҷрошаванда ё агар пардохт барои хизматрасонӣ пештар гирифта шуда бошад, ҳамчун дар лаҳзаи гирифтани пардохт барои ҳар яке аз қисмҳои амалиёт иҷрошуда баррасӣ карда мешавад. Дар ҳар ҳолат новобаста ба дигар муқаррароти ҳамин модда барои мақсадҳои ҳамин қисм ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо (ҳисобнома барои пардохт) бояд барои ҳар моҳ на дертар аз рӯзи 10-уми моҳе, ки бевосита баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда шавад. Агар ҳисобномафактура (ҳисобнома барои пардохт) дар мӯҳлати зикршуда пешниҳод нагардад, чунин шуморида мешавад, ки хизматрасонӣ дар рӯзи охирини моҳи ҳисоботӣ сурат мегирад.
- Ҳангоми татбиқи қисми 3 моддаи 164 Кодекси мазкур лаҳзаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи оғози истифодабарӣ ё истеъмоли молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо дониста мешавад.
- Дар ҳолати дар қисми 4 моддаи 164 Кодекси мазкур пешбинишуда лаҳзаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ ба кормандон ва дигар шахсон мебошад.
- Лаҳзаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили қувваи барқ, гармӣ, газ ё об мувофиқи қоидаҳои нисбат ба хизматрасонӣ дар асоси мунтазам ё доимӣ амалкунанда муайян карда мешавад.
- Барои мақсадҳои ҳамин боб, новобаста ба муқаррароти қисми 3 ҳамин модда, лаҳзаи муайян намудани манбаи андоз ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ яке аз санаҳои пештарини зерин ба ҳисоб меравад:
– санаи гирифтани (ба даст овардани ҳуқуқ барои гирифтани) пардохти ҷорӣ аз фармоишгар;
– санаи қисман (пурра) иҷро намудани корҳои сохтмонии дар баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои андозсупоранда қайдгардида.
Моддаи 175. Маҳалли таҳвили мол
- Агар шартҳои таҳвили мол ҳамлу нақли молро пешбинӣ намоянд, таҳвили мол дар маҳалли саршавии ҳамлу нақли молҳо ба амал бароварда мешавад. Дар дигар ҳолатҳо таҳвили мол дар маҳалли супоридани он анҷом дода мешавад.
- Таҳвили қувваи барқ, гармӣ ва газ дар ҷойи гирифтани молҳо ба амалбароварда ҳисоб мешавад. Дар ҳолати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани чунин молҳо таҳвил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда ба ҳисоб меравад.
Моддаи 176. Маҳалли иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо
- Барои мақсадҳои ҳамин фасл маҳалли иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо инҳо мебошанд:
1) Маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул, агар корҳо (хизматрасониҳо) бевосита бо ин молу мулк алоқаманд бошанд. Барои мақсадҳои фасли мазкур хизматрасониҳои алоқаи барқӣ (аз ҷумла, пайвастшавии шабакавӣ, иҷораи канал, интиқол ва қабули трафик ва (ё) интернет, пахши байналмилалии барномаҳои телевизион ва радио), ки анҷом додани онҳо бо молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошад, дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқули зикргардида амалигардида ҳисобида мешаванд.
2) Маҳалли иҷрои амалии корҳо (хизматрасониҳо), агар онҳо бо молу мулки манқул алоқаманд бошанд.
3) Маҳалли иҷрои амалии хизматрасониҳо, агар онҳо дар соҳаҳои фарҳанг, фароғат, илм, санъат, маориф (таълим), тарбияи ҷисмонӣ, реклама, истироҳат ва варзиш, пешниҳоди кормандон ё дар соҳаи дигари фаъолияти шабеҳ расонида шаванд.
4) Маҳалли воқеии анҷом додани ҳамлу нақл, агар корҳо (хизматрасониҳо) бо ин ҳамлу нақл алоқаманд бошанд. Барои мақсадҳои моддаи 170 Кодекси мазкур чунин амалиёти вобаста ба иҷрои корҳо ё хизматрасониҳои андозсупоранда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда ба ҳисоб меравад.
5) Маҳалли ҷойгиршавии харидори хизматрасониҳо (корҳо), ки ин хизматрасониҳо (корҳо) бештар бо он алоқаманд мебошанд. Муқаррароти мазкур нисбат ба хизматрасониҳои зерин татбиқ карда мешаванд:
а) ба моликият додан ё гузашт кардани патентҳо, иҷозатномаҳо, тамғаҳои савдо, ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои дигари шабеҳ;
б) гузаронидани машваратҳо, расонидани хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, аудиторӣ, муҳандисӣ-техникӣ (инжинирингӣ), дизайнерӣ, маркетингӣ, адвокатӣ, муҳосибавӣ, муҳандисӣ, инчунин хизматрасониҳои коркарди маълумот (ба истиснои паҳнкунии маҳсули воситаҳои ахбори омма) ва хизматрасониҳои дигари шабеҳ;
в) ба иҷора додани молу мулки манқул (ба истиснои воситаҳои нақлиёт);
г) хизматрасониҳо оид ба ташкили саёҳат.
б) Маҳалли анҷом додани фаъолияти соҳибкории шахси иҷрокунандаи корҳо ё хизматрасониҳое, ки дар бандҳои 1) – 5) ҳамин қисм зикр нагардидаанд.
- Ҳангоми истифодаи қисми 1 ҳамин модда маҳалли иҷрои корҳо ё хизматрасониҳои дар зиёда аз як банди қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида, аз рӯи тартиби ин бандҳо якум муайян карда мешавад.
Моддаи 177. Андозбандии бозгашт
- Агар шахсе, ки резидент намебошад ва барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, барои агенти андози дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат расонад ё корҳоро иҷро кунад, пас барои мақсадҳои ҳамин фасл чунин иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо мувофиқи ҳамин модда андозбандӣ мешавад.
- Барои мақсадҳои ҳамин модда агенти андоз андозсупорандаташкилот ё соҳибкори инфиродии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда мебошад.
- Дар сурати татбиқ намудани қисми 1 ҳамин модда, агенти андоз аз маблағе, ки бояд ба ғайрирезидент пардохт шавад, андоз мегирад. Маблағи андоз бо роҳи татбиқи меъёри муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 181 Кодекси мазкур нисбат ба маблағе, ки бояд баъди нигоҳ доштани андоз ба ғайрирезидент пардохт шавад, муайян мегардад.
- Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуда бошад, андози нигоҳдошташуда бояд ба буҷет супорида шавад ва ба эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои моҳе, ки дар он амалиёт сурат гирифтааст, чун маблағи пардохтшаванда (чун маблағи ҳисобу замшуда) дохил карда шавад.
- Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашуда бошад, вай ӯҳдадор аст, ки андози нигоҳдошташударо дар давоми панҷ рӯз аз рӯзи пардохт ба ғайрирезидент ба буҷет супорад ва эъломияро оид ба маблағи андоз аз арзиши иловашудаи ба ҷои ғайрирезидент ҳисоб ва пардохтшуда то рӯзи 15-уми моҳе, ки пас аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод кунад.
Моддаи 178. Вақти воридот
Вақти воридоти молҳо ва воситаҳои нақлиёт мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 179. Амалиётҳои омехта
- Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо, ки нисбат ба таҳвили асосии молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо хусусияти ёридиҳанда доранд, ҳамчун қисми таҳвили асосии молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо баррасӣ мешаванд.
- Амалиёти андозбандишавандае, ки унсурҳои мустақилро дар бар гирифта, як ё якчандтои онҳо таҳвили алоҳидаи молҳо, хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодшударо пешбинӣ менамоянд, ҳамчун амали иборат аз амалиётҳои алоҳида баррасӣ мешаванд. Амалиёти аз андоз аз арзиши иловашуда озоде, ки унсурҳои мустақилро дар бар гирифта, як ё якчандтои онҳо таҳвили алоҳидаи молҳо, хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандишавандаро пешбинӣ мекунанд, ҳамчун амали иборат аз амалиётҳои алоҳида баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 180. Амалиёте, ки агент анҷом медиҳад
- Агар дар қисмҳои 2-3 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо аз тарафи шахсе, ки агенти (шахси бовариноки) шахси дигар (ваколатдиҳанда) мебошад, бо супориш ё аз номи ин шахси дигар (ваколатдиҳанда) анҷом дода мешаванд, амалиёти иҷронамудаи шахси ваколатдиҳанда ба ҳисоб меравад.
- Қисми 1 ҳамин модда нисбат ба хизматрасониҳои агент ба шахси ваколатдиҳанда татбиқ карда намешавад.
- Қисми 1 ҳамин модда нисбат ба таҳвили молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби агенти резидентии шахсе, ки резидент набуда, ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, татбиқ намегардад. Дар ин ҳолат барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда таҳвил аз тарафи агент анҷомшаванда ба ҳисоб меравад.
БОБИ 30. ТАРТИБИ ҲИСОБКУНӢ ВА ПАРДОХТИ АНДОЗ
Моддаи 181. Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он
- Меъёри андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои содирот ва истифодаи меъёри пасткардашуда, агар ҳамин модда тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, 18 фоизи муомилоти андозбандишаванда ва (ё) 18 фоизи воридоти андозбандишавандаро (минбаъд – меъёри стандартӣ) ташкил медиҳад. Бо меъёри сифр амалиётҳои андозбандишавандаи дар моддаи 172 Кодекси мазкур пешбинишуда андозбандӣ карда мешаванд.
- То 31 декабри соли 2023 амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ бо меъёри 7 фоиз ва барои хизматрасонии таълимӣ бо меъёри 5 фоиз (минбаъд – меъёри пасткардашуда), ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, инчунин содироти андозбандишаванда, бе баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда андозбандӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1644).
- Андозсупорандагони дар қисми 2 ҳамин модда пешбинигардида дар ҳолати анҷом додани воридоти андозбандишаванда таҳвили минбаъдаи молҳои воридшударо бо меъёри 18 фоиз андозбандӣ карда, ҳуқуқ доранд тибқи моддаи 183 Кодекси мазкур андоз аз арзиши иловашудаи ҳангоми воридот пардохт намудаашонро ба ҳисоб гиранд. Ҳангоми ба дигар мол табдил додани молҳои дар натиҷаи воридоти андозбандишаванда ва амалиёти андозбандишаванда харидоришуда, ҳиссаи таҳвили минбаъдаи чунин моли дигар мутаносибан ба вазни қиёсии молҳои воридшуда дар ҳаҷми умумии харид бо меъёри стандартӣ андозбандӣ гардида, ҳиссаи боқимондаи таҳвили чунин моли дигар бо меъёри пасткардашуда андозбандӣ карда мешавад. Андозсупорандагони мазкур ӯҳдадоранд, ки тибқи талаботи моддаи 49 Кодекси мазкур баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандиро (муомилоти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишавандаро) аз рӯи ин намудҳои фаъолият амалӣ намоянд.
- Муомилоти андозбандишаванда аз арзиши умумии амалиёти андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ иборат мебошад.
- Маблағи андози аз муомилоти андозбандишаванда ҳисобшуда ҳамчун ҳосили зарби арзиши муомилоти андозбандишаванда ба меъёри дахлдори андоз мутобиқи қисмҳои 1 ва (ё) 2 ҳамин модда муайян карда мешавад.
- Маблағи андози аз воридоти андозбандишаванда ҳисобшуда ҳамчун ҳосили зарби арзиши воридоти андозбандишаванда мувофиқи моддаи 168 Кодекси мазкур ба меъёри дахлдори андоз мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
- Ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда аз муомилоти андозбандишаванда маънои иҷро намудани амалҳои пешбининамудаи қисмҳои 5 ва (ё) 6 ҳамин моддаро дорад.
Моддаи 182. Андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз муомилоти андозбандишаванда ба буҷет пардохт шавад
- Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд мувофиқи моддаи 174 Кодекси мазкур аз муомилоти андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет пардохт шавад, ҳамчун фарқи байни маблағи андоз, ки мутобиқи моддаи 181 Кодекси мазкур аз муомилоти андозбандишаванда ҳисоб шудааст, бо дарназардошти (иловаи) маблағи андоз, ки тибқи қисми 4 моддаи 177 Кодекси мазкур ҳисоб шудааст ва маблағи андоз, ки мутобиқи моддаи 183 Кодекси мазкур барои ба ҳисоб гирифтан иҷозат дода шудааст, муайян мегардад.
- Дар ҳолатҳои дар моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинишуда, вақте ки андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшаванда нисбат ба маблағи воқеан нишондодаи андозсупоранда дар ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ё дар эъломия оид ба андоз аз арзиши иловашуда зиёд аст, маблағи зиёдатӣ ҳамчун андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшавандаи давраи ҳисоботӣ, ки дар он ҳолати дар моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинишуда ба миён омадааст, баррасӣ гардида, ба маблағи андози мувофиқи қисми 1 ҳамин модда дар давраи ҳисоботӣ пардохтшаванда илова мегардад.
Моддаи 183. Андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми муайян намудани пардохтҳо ба буҷет дар ҳолати истифодаи меъёри стандартӣ ба ҳисоб гирифта мешавад
- Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми истифодаи меъёри стандартӣ маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташаванда маблағи андозе мебошад, ки андозсупоранда тибқи ҳисобнома – фактураҳои оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои ба вай пешниҳодшуда, бо дарназардошти талаботи қисми 4 ҳамин модда ва фаро расидани вақти амалиёти андозбандишавандаи воридоти молҳо дар давоми давраи ҳисоботӣ тибқи моддаи 178 Кодекси мазкур ва амалиётҳои андозбандишаванда, ки таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳоро пешбинӣ намуда, тибқи моддаи 174 Кодекси мазкур дар давраи ҳисоботӣ иҷрошуда ҳисобида мешаванд, бояд пардохт намояд (пардохт кардааст). Ҳамзамон, баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар молҳо, корҳо ё хизматрасониҳои дар ҳамин қисм пешбинишуда барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкории андозсупоранда истифода шаванд ё бояд истифода гарданд, ҳатто агар ин молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо ба хароҷоти истеҳсолӣ дохил карда нашаванд. Барои ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда оид ба воридоти молҳо чунин андоз аз арзиши иловашуда бояд воқеан ба буҷет пардохт шавад.
- Маблағҳои андоз аз арзиши иловашудаи дар ҳолати истифодабарии меъёри стандартӣ, ки тибқи қисми 1 ҳамин модда ба ҳисоб гирифташаванда дониста шудаанд, инҳо мебошанд:
– маблағи андозе, ки бояд ба таҳвилкунандагон тибқи ҳисобномафактураҳои ба номи (номгӯи) андозсупоранда пешниҳодшуда бо ҷудо кардани андоз аз арзиши иловашуда пардохт шавад;
– маблағи андозе, ки дар эъломияи гумрукии бор мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашуда нишон дода, мувофиқи тартиби муқарраршуда ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шудааст ва мутобиқи шартҳои низоми гумрукӣ бояд баргардонида нашавад;
– маблағи андози дар чиптаи роҳкиро пешбинишуда, ки дар нақлиёти роҳи оҳан ё ҳавоӣ дода мешавад;
– маблағи андозе, ки дар ҳуҷҷатҳои аз ҷониби таҳвилкунандагони хизматҳои коммуналӣ истифодашаванда зикр шудааст ва ҳисоббаробаркунии онҳо тавассути бонкҳо анҷом дода мешавад.
- Андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин модда дар ҳамон давраи андозбандӣ, ки молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) гирифта шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешавад.
- Дар мавриди андоз аз арзиши иловашудае, ки андозсупоранда тибқи ҳисобнома – фактураҳои ба вай пешниҳодшудаи андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти мол ва амалиёти андозбандишаванда, ки қисман барои фаъолияти соҳибкории андозсупоранда ва қисман барои дигар мақсадҳо пешбинӣ шудааст, бояд пардохт намояд (пардохт кардааст), ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда дар асоси вазни қиёсии истифодабарии онҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода мешавад (агар муайян намудани вазни қиёсии мақсадҳои истифодабарии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) ба воситаи воридот ва дар доираи дигар амалиёти андозбандишаванда харидашуда бевосита дар давоми давраи андоз, ки онҳо гирифта шудаанд, имконпазир бошад).
- Дар ҳолатҳои зерин ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашудае, ки пардохт шудааст (бояд пардохт шавад), иҷозат дода намешавад:
– автомобилҳои сабукрав, ба истиснои фурӯш ва ба иҷора додани онҳо аз ҷониби шахсе, ки фурӯш ва ба иҷора додани автомобилҳо барои ӯ намуди асосии фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад;
– хароҷоти фароғат ё намояндагӣ, хароҷот барои мақсадҳои эҳсонкорӣ ва ё иҷтимоӣ;
– ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, ки дар онҳо маблағи андоз аз арзиши иловашудаи аз амалиётҳои андозбандишавандаи мазкур ситонидашаванда дар ин ҳисобномафактураҳо мутобиқи моддаи 186 Кодекси мазкур ба маблағи алоҳида ҷудо карда (нишон дода) нашудааст;
– хароҷот барои корҳои иктишофи геологӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ;
– хароҷот барои харид, истеҳсол, сохтмон, насб ва васлкунӣ, инчунин барои барқарор намудани (таъмири) воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ва дороиҳои ғайримоддии истеҳлокшаванда, новобаста аз маблағи хароҷот;
– хароҷот аз рӯи молҳое (кор, хизматрасоние), ки аз шахсони бинобар беасос пешниҳод намудани ҳисобнома-факутураҳои андози арзиши иловашуда андозсупорандагони бемасъулият эътирофгардида харидорӣ шудаааст;
– тамоми хароҷот дар ҳолати истифодаи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои хароҷоти вобаста ба воридоти андозбандишаванда барои шахсони дар қисми 2 моддаи 181 Кодекси мазкур пешбинигардида.
- Дар ҳолате, ки агар андозсупорандаи истифодабарандаи меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишаванда ва амалиёти аз андоз аз арзиши иловашуда озод дошта бошад, барои ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки мутобиқи моддаи 185 Кодекси мазкур муайян шудааст, қабул карда мешавад. Агар андозсупоранда танҳо амалиёти озод дошта бошад, ба ҳисоб гирифтан иҷозат дода намешавад. Қисми 4 ҳамин модда қабл аз истифодаи ҳамин қисм бо дарназардошти муқаррароти моддаи 184 Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
- Дар ҳолатҳои дар моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинигардида, вақте ки дар ҳолати истифодабарии меъёри стандартӣ андоз аз арзиши иловашудаи дар ҳисобнома – фактура ё эъломияи андоз аз арзиши иловашуда зикргардида нисбат ба андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд андозсупоранда пардозад, зиёд бошад, ба андозсупоранда ба ҳисоб гирифтани маблағи зиёдатӣ дар давраи ҳисоботӣ, ки дар он ҳолати дар қисми 1 моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинишуда ҷой дошт, иҷозат дода мешавад (яъне кам кардани ӯҳдадориҳои андозсупоранда оид ба андоз ба ҳаҷми маблағи зиёдатӣ иҷозат дода мешавад).
- Дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки моддаи 261 Кодекси мазкур муқаррар кардааст, баҳисобгирии маблағи андоз аз фурӯши алюминийи аввалия дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Новобаста ба муқаррароти қисми 1 ҳамин модда ба ҳисоби пардохти андоз аз арзиши иловашуда маблағи воқеии аз ҷониби андозсупоранда барои гирифтани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи моддаи 186 Кодекси мазкур пардохтшуда ба ҳисоб гирифта мешавад (ба истиснои истифодабарандаи меъёри пасткард ашуда).
Моддаи 184. Тасҳеҳи маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ба ҳисоб гирифта мешаванд
- Андоз аз арзиши иловашудае, ки қаблан ба ҳисоб гирифта шуда буд, бояд дар ҳолатҳои зерин аз маблағҳои баҳисобгирифташавандаи минбаъдаи андоз аз арзиши иловашуда хориҷ карда шавад:
– оид ба молҳое (корҳо, хизматрасониҳое), ки на ба мақсадҳои муомилоти андозбандишаванда истифода шудаанд;
– оид ба молҳо, аз ҷумла воситаҳои асосӣ, ҳангоми вайрон ва гум шудани онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулодда рух додаанд). Вайрон, гум шудани молҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда бояд бо хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ки дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимии баъди санаи рух додани ҳолатҳои фавқулодда таҳия ва ба мақоми дахлдори андоз на дертар аз мӯҳлати пешбинигардида пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шавад. Дар айни замон нисбат ба молҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда талаботи мазкур дар он ҳолат истифода бурда мешавад, ки андозсупоранда имконияти супоридани андозро барои молҳои амалан воридшуда бевосита дар лаҳзаи воридшавии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи моддаи 363 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон надошта, нисбат ба молҳои воридшуда расмиёт ва (ё) низомҳои пешбиникунандаи насупоридани пардохтҳои гумрукиро истифода бурдааст ва молҳои воридшуда дар давраи таҳти расмиёт ва (ё) низомҳои дар боло пешбинигардида қарор доштанашон вайрон ва нобуд шуда бошанд;
– дар ҳолати риоя накардани муқаррароти пешбининамудаи моддаи 186 Кодекси мазкур.
- Барои мақсадҳои Кодекси мазкур вайрон шудани мол (молу мулк) маънои бад шудани ҳама ё баъзе сифатҳои (хусусиятҳои) алоҳидаи молро (молу мулкро) дорад, ки дар натиҷаи он моли (молу мулки) мазкур барои мақсадҳои муомилоти андозбандишаванда истифода шуда наметавонад. Таҳти мафҳуми гум шудани мол (молу мулк) ҳодисае фаҳмида мешавад, ки дар натиҷаи он нобудшавӣ ва (ё) гумшавии мол (молу мулк) рух додааст. Дар ҳудуди меъёрҳои камшавии табиӣ муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нест шудани моли (молу мулки) андозсупоранда маънои гум шуданро надорад.
- Ҳангоми тағйирёбии арзиши молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) қабулшуда дар ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинигардида, бо тарзи дахлдор тасҳеҳи маблағи андоз аз арзиши иловашудаи қаблан баҳисобгирифташуда анҷом дода мешавад.
- Тасҳеҳи маблағҳои андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташуда дар ҳамон давраи андозбандие гузаронида мешавад, ки дар он ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда пешбинигардида рух додаанд.
- Новобаста ба муқаррароти қисмҳои 1-4 ҳамин модда, андозсупорандаи истифодабарандаи меъёри стандартӣ ӯҳдадор аст то 1-уми апрели ҳар сол тасҳеҳи андоз аз арзиши иловашударо барои тамоми давраи соли тақвимии гузашта гузаронад.
Моддаи 185. Тартиби ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми амалиёти аз андози арзиши иловашуда озодшуда ва истифодабарии меъёри стандартӣ
- Дар мавриди молҳое (корҳо, хизматрасониҳое), ки барои мақсадҳои амалиёти озодкардашуда истифода мешаванд, андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд ба таҳвилкунандагон ва оид ба воридот пардохт шавад, ба ҳисоб гирифта намешавад.
- Ҳангоми амалиёти андозбандишаванда ва озодкардашуда маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд ба ҳисоб гирифта шавад, бо усули мутаносибӣ дар давраи андоз муайян карда мешавад.
- Бо усули мутаносибӣ маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд ҳангоми истифодаи меъёри стандартӣ ба ҳисоб гирифта шавад, дар асоси вазни қиёсии амалиёти андозбандишаванда дар маблағи умумии амалиёт муайян карда мешавад.
Моддаи 186. Ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо
- Агар дар қисмҳои 11, 13 ва 14 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, шахси ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда бақайдгирифташуда ва ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохилнашуда, ки амалиёти андозбандишавандаро иҷро менамояд, аз рӯзи амалӣ гардидани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ӯҳдадор аст ба қабулкунандаи молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро пешниҳод намояд. Шахсе, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашудааст ё ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳуҷҷатест, ки мутобиқи моддаи 183 Кодекси мазкур барои ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми истифодаи меъёри стандартӣ асос мебошад ва дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия гардида, дорои маълумоти зерин мебошад:
– номгӯи (насаб, ном ва номи падар, суроғаи) андозсупоранда ва харидор (фармоишгар), инчунин номи тиҷоратии андозсупоранда, агар он аз номи ҳуқуқӣ фарқ кунад;
– рақами мушаххаси андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);
– рақам ва санаи додани шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашудаи андозсупоранда (таҳвилкунанда);
– номи молҳои ҳамлунақлкардашуда, интиқолшуда, корҳо ё хизматрасониҳои иҷрошуда;
– маблағи амалиёти андозбандишаванда;
– маблағи андози аксиз аз молҳо ва хизматрасониҳои зераксизӣ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки аз ин амалиёти андозбандишаванда гирифта мешавад;
– санаи додани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо;
– рақами тартибии ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо.
- Ҳисобнома-фактура дар шакли электронӣ тартиб дода шуда (навишта шуда), ба гиранда (харидор, фармоишгар)-и молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) – супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ ва ба шахсони дигар, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошанд (ба истиснои фурӯши чакана), ҳисобномафактураи содда дар шакли электронӣ ва нусхаи чопии он дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Нусхаҳои чопии ҳисобнома-фактураҳои гирифташуда танҳо аз ҷониби шахсоне, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд ба эъломияи андоз аз арзиши иловашуда замима карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои дар шакли электронӣ тартибдодашуда (навишташуда) дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои навишташудаи андозсупоранда ва ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои дар шакли электронӣ гирифташуда дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои гирифташудаи андозрупоранда ба қайд гирифта мешаванд. Нусхаҳои чопии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои дар шакли электронӣ навишташуда ва гирифташуда дар ҳуҷҷатҳои муҳосибавии андозсупоранда нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Шакл ва тартиби пешбурди китобҳои дар қисми 5 ҳамин модда пешбинигардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд. Китобҳои дар боло зикргардида аз ҷониби андозсупоранда дар ҳомилҳои электронӣ ва коғазӣ пеш бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо (аз ҷумла, ҳисобнома-фактураи содда) дорои силсила ва рақами дахлдор буда, аз ҷониби андозсупоранда бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли электронӣ тартиб дода (навишта) мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Андозсупоранда ӯҳдадор аст на дертар аз санаи амалӣ шудани амалиёти андозбандишаванда (таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро ба харидори мол (фармоишгари корҳо, хизматрасониҳо) пешниҳод намояд. Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо бо имзои электронии шахсӣ мансабдори барои ин кор ваколатдори таҳвилдиҳанда тасдиқ карда мешавад. Андозсупорандагоне, ки таҳвили қувваи барқ, об ва газ, хизматрасонии алоқа, хизматрасонии коммуналӣ, ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, хизматрасонии нақлиётӣ-экспедиторӣ ва амалиёти бонкии бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандишавандаро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз рӯи ҷамъбасти давраи андоз дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 5 моддаи 174 Кодекси мазкур ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро тартиб диҳанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда дар ҳисобнома-фактура оид ба ҳар як номгӯи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) алоҳида нишон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо танҳо ҳангоми иҷрои амалиётҳои андозбандишаванда пешниҳод карда мешаванд. Агар таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва (ё) хизматрасониҳо мувофиқи муқаррароти ҳамин фасл аз андоз аз арзиши иловашуда озод бошанд, ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо пешниҳод карда намешаванд.
- Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ба амалиёти содиротӣ бояд инҳоро дар бар гирифта бошад:
– сабт дар бораи он, ки ҳисобнома-фактура ба амалиёти содиротӣ тааллуқ дорад;
– мамлакат ва маҳалли таъиноти содирот;
– меъёри татбиқшавандаи андоз аз арзиши иловашуда ба амалиёти содиротӣ.
- Дар ҳолатҳои зерин тартиб додани ҳисобнома-фактураҳо талаб карда намешавад:
– ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ ба аҳолӣ (аз ҷумла таҳвили нерӯи барқ, нерӯи гармӣ, об, гази табиӣ ва дигар хизматрасониҳо), хизматрасониҳои алоқа ба аҳолӣ тавассути бонкҳо бо истифодаи ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ, ки барои баҳисобгирии муҳосиботӣ асос мебошанд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– бо чиптаи роҳкиро ба расмият даровардани ҳамлу нақли мусофирон;
– ҳангоми таҳвили молҳое (иҷрои корҳое, хизматрасониҳое), ки аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.
- Ҳангоми таҳвили чаканаи молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо ба харидорони ниҳоие, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда нестанд, бар ивази ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо расид (квитансия) (ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ тавассути ташкилоти қарзӣ) ё чиптаи мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд) дода мешавад. Барои мақсадҳои қисми мазкур фурӯши чакана ҳамчун таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ бо нархи бозорӣ дониста мешавад, ки барои истифодаи шахсӣ, манзилӣ ё истеъмолӣ таъин гардидааст (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Дастурамал оид ба тартиби истифодаи ҳисобномаҳо-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Моддаи 187. Тартиб додани ҳисобнома-фактураҳои иловагӣ ҳангоми тасҳеҳи муомилоти андозбандишаванда
- Ҳангоми тасҳеҳи ҳаҷми муомилоти андозбандишаванда ҳисобнома-фактураи иловагӣ тартиб дода шуда, инҳо зикр карда мешаванд:
– рақами тартибӣ ва санаи тартиб додани ҳисобнома-фактураи иловагӣ;
– рақами тартибӣ ва санаи тартиб додани ҳисобнома-фактурае, ки ба он ҳисобнома-фактураи иловагӣ тартиб дода мешавад (тааллуқ дорад);
– ном, суроға ва рақами мушаххаси андозсупорандаи таҳвилкунанда ва қабулкунандаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо);
– ҳаҷми тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда;
– маблағи андоз аз арзиши иловашуда.
- Ҳисобнома-фактураи иловагӣ аз ҷониби таҳвилкунандаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тартиб дода шуда, аз тарафи қабулкунандаи чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 188. Қоидаҳои махсус
Андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми хизматрасонии агентҳои сайёҳӣ, хизматрасонии суғуртавӣ, фурӯши комиссионӣ, фурӯши молҳои нигоҳдошташуда (қисман истифодашуда) ва дигар намудҳои фаъолият, ки ҳангоми амалӣ намудани онҳо мутобиқи фасли мазкур мустақиман (бевосита) муайян кардани манбаи андоз ва унсурҳои дигари андозбандӣ душвор аст, метавонад мувофиқи тартиби дигари муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт карда шавад.
БОБИ 31. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ ВА ХОТИМАВӢ
Моддаи 189. Пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда
- Ҳар як андозсупоранда ӯҳдадор аст:
– ба мақомоти андози дахлдор дар бораи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ эъломия пешниҳод намояд;
– ба мақомоти андози дахлдор то 15-уми апрел эъломияи иловагӣ (тасҳеҳшуда) оид ба фаъолият дар соли гузашта бо нишон додани хароҷот ва бақияи ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо пешниҳод кунад;
– барои ҳар як давраи ҳисоботӣ дар мӯҳлати на дертар аз мӯҳлати барои пешниҳод намудани эъломияи андоз аз арзиши иловашуда муқарраргардида ба буҷет андозро пардохт намояд.
- Агар дар ҳамин фасл тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбат ба шахсе, ки танҳо ҳангоми воридоти молҳо андозсупоранда мебошад, татбиқ намегарданд.
- Агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, андоз аз арзиши иловашударо оид ба воридоти андозбандишаванда мақомоти гумрук мутобиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мекунанд ва меситонанд.
- Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд
Моддаи 190. Давраи андоз
Давраи андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда моҳи тақвимӣ мебошад.
Моддаи 191. Амалиёт бо буҷет дар ҳолати зиёд будани маблағи андози баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи андозе, ки барои давраи ҳисоботӣ ҳисоб карда шудааст
- Нисбат ба андозсупорандае, ки на камтар аз 70 фоизи муомилоти андозбандишавандааш дар давраи ҳисоботии андоз бояд аз рӯи меъёри сифр андозбандӣ шавад, барзиёдии маблағи андози баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобкардашуда дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти молия якҷоя бо мақомоти андоз дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи андозсупоранда дар бораи баргардонидани маблағи зиёдатӣ, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардааст, аз буҷети дахлдор баргардонда мешавад.
- Маблағи зиёдатии андози баҳисобгирифташуда нисбат ба маблағи ҳисобкардашудаи андоз дар давраи ҳисоботӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин баргардонида мешавад:
– эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои давраи андоз, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод шудааст;
– ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи моддаи 173 Кодекси мазкур барои тасдиқ намудани содироти молҳо лозиманд;
– хулосаи мақомоти андоз, ки аз рӯи санади санҷиши мавзӯии андози гузаронидашуда дар хусуси тасдиқи ҳаққонӣ будани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод мегардад, тартиб дода шудааст.
- Андоз аз арзиши иловашуда бо роҳи пай дар пай иҷро намудани амалҳои зерин баргардонида мешавад:
– ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоби пардохти қарзи андози ҷойдоштаи ин супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи дигар андозҳо, аз ҷумла қарзи андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз;
– баҳисобгирӣ ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд ҳангоми воридоти молҳо супорида шавад;
– ба суратҳисоби бонкии супорандаи андоз аз арзиши иловашуда гузарондани пулҳое, ки баъди иҷрои амалҳои пешбиникардаи сархатҳои якум ва дуюми ҳамин қисм боқӣ мондаанд.
- Нисбат ба дигар андозсупорандагоне, ки бо қисми 1 ҳамин модда фаро гирифта нашудаанд, маблағи зиёдатии андози баҳисобгирифташуда, нисбат ба маблағи андози барои давраи ҳисоботӣ ҳисобшуда ба 3 давраи минбаъдаи андоз гузаронида мешавад ва ба ҳисоби ӯҳдадориҳои оид ба андоз барои ин давраҳо, инчунин ба ҳисоби пардохти қарздории супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи дигар андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз гузаронида мешавад. Ҳама гуна бақияи зиёдатӣ дар давоми 30 рӯзи баъди гузаштани ин 3 давраи андоз аз буҷет баргардонида мешавад.
- Дар ҳама ҳолатҳо, агар аз ҷониби мақомоти андоз ошкор шавад, ки маблағҳои муайян ба андозсупоранда иштибоҳан баргардонда шудаанд, мақомоти андоз метавонад талаб намояд, ки чунин маблағҳо мувофиқи тартиби барои ҷамъоварии андозҳо муқарраршуда баргардонида шаванд.
- Тартиби баргардонидани маблағи зиёдатии андози баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи ҳисоботӣ бо дарназардошти муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 192. Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳои (корҳо, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (татбиқи) лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидашаванда
- Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (татбиқи) лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд дар ин модда – созишномаҳо) харидашаванда дар асоси аризаи грантгиранда (қарзгиранда) ё шахси ваколатдори он ба унвони таҳвилкунандаи молҳо (кор, хизматрасониҳо) сурат мегирад, агар дар як вақт шартҳои зерин риоя гарданд:
– таҳвили молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донисташуда амалӣ гардида бошад;
– молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) танҳо бо мақсадҳои дар созишномаҳои мазкур муқарраргардида харида шаванд;
– таҳвили молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) мутобиқи шартномае (қарордоде) амалӣ гардида бошад, ки бевосита бо грантгиранда (қарзгиранда) ё шахси ваколатдоркардаи он ҷиҳати татбиқи лоиҳа ба имзо расонида шуда бошад.
- Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳо маблағгузоришаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 193. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд
- Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудае, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, инчунин аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (минбаъд дар ҳамин модданамояндагиҳо), ба шарте амалӣ мегардад, ки агар чунин баргардонидан дар асоси дутарафа (мутақобила) санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пешбинӣ карда бошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад.
- Андоз аз арзиши иловашуда, ки намояндагиҳо ба таҳвилкунандагони молҳои (корҳо, хизматрасониҳои) барои истифодаи расмии ин намояндагиҳо, инчунин истифодаи шахсии аъзои ҳайати кормандони дипломатӣ, маъмурию техникӣ ва хизматрасони онҳо, аз ҷумла аъзои оилаи бо онҳо истиқоматдошта пешбинигардида пардохтанд, дар сурате, ки чунин баргардонӣ дар санади ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар шуда бошад, баргардонида мешавад.
- Баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳо тибқи хулосаи раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, дар асоси ведомостҳои (феҳристҳои) ҷамъбастие, ки аз ҷониби ин намояндагиҳо тартиб дода мешаванд ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда (ҳисобномафактураҳо, чекҳо ва ғ.), ки далели супоридани андоз аз арзиши иловашуда мебошанд, амалӣ карда мешавад.
- Ведомостҳои (феҳристҳои) ҷамъбастӣ дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тайёр карда шуда, аз ҷониби намояндагиҳо ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи мубодилаи ёддоштҳо оид ба риоя намудани принсипи мутақобила ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳо оид ба андозҳои ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) мувофиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Баъди тасдиқ шудан ведомостҳои (феҳристҳои) ҷамъбастӣ ба мақоми андозе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои баргардонидани маблағҳо муайян менамояд, пешниҳод карда мешаванд.
- Агар дар ҳуҷҷатҳои ба ведомостҳои (феҳристҳои) ҷамъбастӣ замимашаванда маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар сатри алоҳида ҷудо нашуда бошад, ҳуқуқ барои гирифтани маблағи баргардонидаи андоз аз арзиши иловашуда танҳо ҳангоми аз ҷониби таҳвилгари молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тасдиқ намудани дохилшавии андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисобнома-фактура имконпазир аст.
- Маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳо аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи мақомоти андози дахлдор дар давоми 30 рӯзи тақвимии баъди ведомостҳои ҷамъбастиро (феҳристҳоро) аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани мақоми ваколатдори давлатӣ баргардонида мешавад. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз буҷет баргардонида шавад, ба суратҳисобҳои дахлдори намояндагиҳо гузаронида мешавад.
- Тартиби баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳо бо дарназардошти муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
ФАСЛИ X. АКСИЗҲО
БОБИ 32. АКСИЗҲО
Моддаи 194. Мафҳуми аксизҳо
Аксиз (андози аксиз) андози ғайримустақим мебошад, ки ба нархи фурӯши молҳои (хизматрасониҳои) зераксизӣ дохил карда мешавад.
Моддаи 195. Андозсупорандагон
- Андозсупорандагон (супорандагони аксизҳо) шахсоне, аз ҷумла воҳидҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, ки амалиётҳои андозбандишавандаро анҷом медиҳанд.
- Супорандагони аксизҳо мутобиқи ҳамин боб инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷие мебошанд, ки амалиёти андозбандишавандаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
- Дар мавриди молҳои зераксизие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ашёи хоми таҳвилкардаи (ашёи хоми барои коркард додашудаи) фармоишгар истеҳсол мешаванд, супорандаи аксизҳо молистеҳсолкунандае мебошад, ки ӯҳдадор аст ба фармоишгар молҳои зераксизии аз ашёи хоми он истеҳсолкардаашро (маҳсулоти тайёрро) бо нархи фурӯше, ки мутобиқи Кодекси мазкур аксизро дар бар мегирад, супорад, чуноне ки ин ашёи хоми додашуда ашёи хоми молистеҳсолкунанда бошад.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
Моддаи 196. Объекти андозбандӣ
Объекти андозбандӣ амалиёти андозбандишаванда бо молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизии зерин мебошанд:
1) Аз ҳудуди корхона (макони истеҳсолот) берун баровардани молҳои зераксизие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудаанд, аз ҷумла:
а) таҳвили молҳои зераксизӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки андози аксиз барои ин молҳо пешакӣ пардохт шудааст;
б) супоридани молҳои зераксизӣ барои коркард дар асоси ашёи фармоишгар ба дигар шахс;
в) таҳвили (супоридани) молҳои зераксизие, ки маҳсули коркард аз ашёи хом ва (ё) маводи барои коркард додашуда, аз ҷумла ашёи хом ва (ё) маводи зераксизии барои коркард додашуда мебошад;
г) ба фонди (сармояи) оинномавии субъекти соҳибкорӣ дохил намудани молҳои зераксизӣ;
д) истифодаи молҳои зераксизӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунии молӣ ва ҳангоми пардохт дар шакли аслӣ (натуралӣ);
е) фиристодани молҳои зераксизӣ аз ҷониби истеҳсолкунанда ба воҳидҳои алоҳидаи худ;
ж) фурӯши миқдори озмунии молҳои зераксизӣ ҳангоми гузаронидани расмиёти муфлисшавии андозсупоранда, агар аз рӯи молҳои мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аксиз пардохт нашуда бошад.
2) Воридоти молҳои зераксизӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории гумрукӣ.
3) Фурӯши молҳои зераксизии мусодирашуда, бесоҳиб, тибқи ҳуқуқи мерос ба давлат гузашта ва ройгон ба моликияти давлат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда, агар аз рӯи молҳои зикргардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан аксиз пардохт нашуда бошад.
4) Истифодаи молҳои зераксизӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худ ва (ё) барои истеҳсоли молҳои дигари зераксизӣ.
5) Ҷамъкунии (комплекткунии) молҳои зераксизии дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи 197 Кодекси мазкур муайяншуда ва бегонакунии онҳо.
6) Вайроншавӣ, нобудшавии молҳои зераксизӣ.
7) Расонидани намудҳои алоҳидаи хизмат дар соҳаи алоқаи барқӣ (новобаста ба намуд ва шакли дар иҷозатномаҳо барои хизматрасонии алоқаи барқӣ қайдгардида), ки дар қисми 2 моддаи 197 Кодекси мазкур муайян шудаанд.
Моддаи 197. Номгӯи молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ
- Молҳои зераксизӣ инҳо мебошанд:
– ҳамаи намудҳои спирт, нӯшокиҳои беспирт ва спиртдор;
– тамокуи коркардшуда, маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку ва маҳсулоти тамоку;
– сӯзишвории минералӣ, ҳама намудҳои нафти хом ва маҳсулоти коркарди он, моддаҳои битуминозӣ, мумҳои минералӣ, гази моеъ;
– шина ва покришкаҳои пневматикии резинии нав, шина ва покришкаҳои пневматикии резинии барқароршуда ё пештар истифодашуда; шина ва покришкаҳои яклухт ё нимпневматикӣ, протекторҳои шинагӣ ва тасмаҳои ҳошиядори резинӣ;
– автомобилҳои сабукрав ва ҳама гуна воситаҳои нақлиёти муҳаррикдоре, ки барои кашонидани одамон пешбинӣ шудаанд;
– маҳсулоти тайёри қолинии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1546);
– маснуот барои интиқол додан ё борпечонии молҳо аз пластмасса: пӯк, сарпӯш, каллапӯш ва дигар воситаҳои маҳкамкунии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда (Қонуни ҶТ аз 3.08.2018 № 1546);
– маҳсулоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин қисмҳои онҳо аз металлҳои қиматбаҳо ва (ё) бо металлҳои қиматбаҳо рӯйпӯшкардашуда.
- Намудҳои фаъолияти зераксизӣ инҳо мебошанд:
– хизматрасонии алоқаи сайёри истифодаи умуми ҳамаи стандартҳо (хизматрасонии алоқаи кандуии мобилӣ);
– хизматрасонӣ оид ба интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва IP-телефонӣ), аз ҷумла тавассути шабакаҳои операторон;
– хизматрасонии хадамоти телематикӣ;
– хизматрасонии алоқаҳои телефонии байналмилалӣ (байнишаҳрӣ) тавассути шабакаҳои операторҳо.
Моддаи 198. Манбаи андоз
- Манбаи андоз оид ба андози аксиз нисбат ба моли андозбандишаванда инҳо мебошанд:
– ҳаҷми воқеии молҳои зераксизӣ;
– маблағи амалиёти андозбандишавандаи дар асоси нархи фурӯши чаканаи молҳои зераксизӣ муайяншаванда, бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо;
– маблағи амалиёти андозбандишавандаи ба арзиши гумрукӣ ё нишондиҳандаи ҳаҷми воқеии моли зераксизӣ асосёфта, ки мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, муайян карда мешавад;
– маблағи амалиёти андозбандишавандае, ки дар асоси нархи чаканаи мол бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо – ҳангоми аз ҷониби молистеҳсолкунандаи молҳои зераксизӣ ба сифати пардохт дар шакли аслӣ (натуралӣ), тӯҳфа додани молҳои зераксизӣ, ҳангоми ба моликияти гаравгиранда додани молҳои ба гарав мондашуда ё амалиёти мубодила, инчунин дар асоси ройгон додани молҳои зераксизӣ.
- Нархҳои мутобиқи сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда барои ҳисоб намудани ӯҳдадориҳои андозӣ оид ба аксизҳо муайяншаванда аз нархҳои чаканаи амалкунанда паст буда наметавонанд.
- Дар ҳолате ки мутбиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 200 Кодекси мазкур барои намудҳои гуногуни спирт, нӯшокиҳои беспирт ва спиртдор меъёрҳои гуногуни аксиз муқаррар шавад, манбаи андоз барои амалиётҳои бо меъёрҳои гуногун андозбандишаванда алоҳида муайян карда мешавад.
- Нархи бастаҳо, ба ғайр аз бастаҳои баргардондашаванда, ҳангоми муайян намудани маблағи амалиёти андозбандишаванда ба инобат гирифта мешавад.
- Муқаррароти қисмҳои 1-3 ҳамин модда, новобаста ба он ки мол аз ашёи хоми шахсӣ ё аз ашёи хоми барои коркард додашуда истеҳсол шудааст, татбиқ карда мешаванд.
- Манбаи андоз барои андозсупорандагоне, ки намудҳои алоҳидаи хизматрасониҳоро дар соҳаи алоқаи барқӣ анҷом медиҳанд, маблағи подошпулии барои анҷом додани хизматрасониҳои пешбинигардида гирифташуда (гирифташаванда) бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо мебошад.
- Ҳангоми вайрон, гум шудани молҳои зераксизии истеҳсолшуда ва (ё) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда аксиз дар ҳаҷми пурра аз миқдори молҳои зераксизии вайроншуда ва (ё) гумшуда пардохт мешавад, ба истиснои мавридҳои дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи сархати дуюми қисми 1 моддаи 184 Кодекси мазкур тасдиқшуда ба миён омадаанд. Ҳамзамон, нисбат ба молҳои зераксизии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда муқаррароти мазкур дар он ҳолат татбиқ мешаванд, ки андозсупоранда имконияти супоридани аксизро барои молҳои зераксизии амалан воридшуда бевосита дар лаҳзаи воридшавии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи моддаи 363 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон надошта, нисбат ба молҳои зераксизии воридшуда расмиёт ва (ё) низомҳои пешбиникунандаи насупоридани пардохтҳои гумрукиро истифода бурда, вайрон, гум шудани молҳои зераксизии воридшуда дар давраи таҳти амали расмиёт ва низомҳои зикршуда қарор доштанашон рух дода бошад.
- Барои мақсадҳои ҳамин модда таҳти мафҳуми вайрон, гум шудани маҳсулоти зераксизӣ ҳодисаҳои дар қисми 2 моддаи 184 Кодекси мазкур пешбинигардида фаҳмида мешаванд.
Моддаи 199. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда
- Вақти (санаи) анҷом додани амалиёти андозбандишаванда нисбат ба молҳои зераксизии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва (ё) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда вақти (санаи) таҳвили (додани) молҳои зераксизӣ мебошад, аз ҷумла:
– вақти (санаи) баровардани (таҳвили, фурӯши) молҳо берун аз корхона (макони истеҳсолот);
– вақти (санаи) ба пудратчӣ (коркардкунанда) додани молҳои барои коркард додашаванда, ки молҳои зераксизӣ мебошанд;
– вақти (санаи) ба фармоишгар (шахси муайяннамудаи фармоишгар) додани молҳои зераксизӣ барои коркард ё молҳои аз ашёи хоми барои коркард додашудаи молҳои зераксизӣ истеҳсолшуда;
– вақти (санаи) додани молҳои зераксизӣ ҳангоми истифодаи онҳо барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худӣ;
– вақти (санаи) тартиб додани санад дар хусуси аз ҳисоб баровардани маҳсулоти зераксизии вайроншуда ё вақти (санаи) қабули қарор оид ба истифодаи минбаъдаи он дар раванди истеҳсолот дар ҳолати вайроншавии молҳои зераксизӣ;
– вақти (санаи) гумшавии маҳсулоти зераксизӣ ҳангоми гумшавии маҳсулоти зераксизӣ;
– вақти (санаи) ба фонди оинномавӣ (сармоявӣ) дохил кардани молҳои зераксизии субъекти соҳибкорӣ;
– вақти (санаи) додани (боркунии) молҳои зераксизӣ ҳангоми пардохти аслӣ (натуралӣ);
– вақти (санаи) фурӯши молҳои зераксизии мусодирашуда, бесоҳиб, тибқи ҳуқуқи мерос ба давлат гузашташуда ва ройгон ба моликияти давлат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда, агар аз рӯи молҳои нишондодашуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан аксиз пардохт нашуда бошад;
– вақти (санаи) фурӯши миқдори озмунии молҳои зераксизӣ, агар аз рӯи молҳои зикргардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аксиз пардохт нашуда бошад;
– вақти (санаи) ҷамъкунии (комплекткунии) молҳои зераксизие, ки дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи 197 Кодекси мазкур муайяншуда;
– вақти (санаи) амалӣ намудани воридот мутобиқи қонунгузории гумрук.
- Нисбат ба намудҳои фаъолияти зераксизӣ – хизматрасониҳои алоҳидаи алоқаи барқии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашаванда вақти (санаи) анҷом додани амалиёти андозбандишаванда вақти (санаи) муайяннамудаи қисми 5 моддаи 174 Кодекси мазкур ба ҳисоб меравад.
Моддаи 200. Меъёрҳои андоз
- Меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муқаррар карда мешаванд.
- Меъёрҳои аксизҳо метавонанд бо фоизҳо (адвалорӣ) ба арзиши молҳои зераксизӣ ва (ё) бо маблағи устувор (мутлақ) ба воҳиди ченаки молҳои зераксизӣ дар ифодаи натуралӣ муқаррар карда шаванд.
- Меъёрҳои аксизҳо барои маҳсулоти спиртдор вобаста ба ҳаҷми спирти беоби дар таркибаш мавҷудбуда (садфоиза) тасдиқ карда мешаванд.
- Меъёри аксиз барои намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳаҷми 5 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
Моддаи 201. Озодкунӣ
- Аз супоридани аксиз озод мебошанд:
– нӯшокиҳои спиртдор, ки шахси воқеӣ мувофиқи номгӯй ва дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеъмоли худӣ истеҳсол мекунад;
– ворид намудани ду литр нӯшокии спиртӣ, ду баста (400 дона) сигор, маснуоти заргарӣ ба миқдори 4 адад (бо арзиши на зиёда аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) аз тарафи шахси воқеӣ барои истеъмоли (истифодаи) худӣ, инчунин сӯзишвории автомобил мувофиқи ғунҷоиши зарфи сӯзишвории автомобил барои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути автомобил ворид мешаванд;
– молҳое, ки ба тариқи транзит тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд;
– воридоти муваққатии молҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои молҳое, ки барои содироти такрорӣ (реэкспорт) пешбинӣ шудаанд;
– молҳои зераксизӣ, ба ғайр аз маҳсулоти спиртдор ва тамоку, ки дар доираи кӯмаки башардӯстона ворид мешаванд, инчунин молҳои воридшаванда барои беподош додан ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо ва барои беподош додан ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда;
– содироти молҳои зераксизӣ, агар чунин содирот ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 202 Кодекси мазкур бошад;
– воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 аз пардохти 50 фоизи меъёри муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Озодкунӣ аз аксизҳои дар сархатҳои сеюм – шашуми қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида танҳо дар ҳолатҳое татбиқ мешавад, ки шартҳои озодкунӣ аз боҷи гумрукӣ дар низомҳои дахлдор мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шаванд. Дар ин ҳолатҳо, агар барои мақсади ситонидани боҷи гумрукӣ воридот таҳти низоми баргардонидани боҷи гумрукӣ қарор гирад ё супоридани боҷи гумрукӣ дар ҳолати вайрон намудани шарти озодкунӣ талаб карда шавад, ҳамин низом нисбат ба ситонидани аксиз татбиқ мегардад.
Моддаи 202. Тасдиқи содироти молҳои зераксизӣ
- Ҳангоми содироти молҳои зераксизӣ барои тасдиқи асоснокии озодкунӣ мутобиқи моддаи 201 Кодекси мазкур аз ҷониби андозсупоранда дар давоми 120 рӯзи тақвимӣ аз санаи қайди мақоми гумруке, ки баровардани молҳои зераксизиро бо низоми содирот амалӣ намудааст, ба мақомоти андози маҳалли бақайдгириаш ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– шартнома (қарордод) оид ба таҳвили молҳои зераксизии содиршаванда;
– эъломияи гумрукии бор ё нусхаи он, ки мақомоти гумрук тасдиқ кардааст, бо қайди мақоми гумруке, ки молҳои зераксизиро бо низоми содирот баровардааст, дар мавриди баровардани молҳои зераксизӣ таҳти низоми содирот тавассути шабакаи қубурҳои магистралӣ ё ин ки бо истифодаи расмиёти барасмиятдарории нопурраи эъломияи даврагӣ бошад, эъломияи гумрукии пурраи бор бо қайди мақоми гумруке, ки барасмиятдарории гумрукиро анҷом додааст;
– нусхаи ҳуҷҷатҳои бо мол фиристодашаванда бо қайди мақоми гумруке, ки дар гузаргоҳи ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, дар мавриди баровардани молҳои зераксизӣ таҳти низоми содирот тавассути шабакаи қубурҳои магистралӣ бошад, санади қабулу супоридани молҳо пешниҳод карда мешавад;
– ҳуҷҷатҳои пардохт ва иқтибоси бонк (нусхаи иқтибос), ки воридоти воқеии даромади асъорро аз таҳвили молҳои зераксизӣ ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ӯ дар бонкҳои хориҷӣ тасдиқ менамоянд.
- Агар дар шартнома (қарордод) ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд пешбинӣ шуда бошад, андозсупоранда иқтибоси бонк (нусхаи иқтибос), ки ба суратҳисоби дар бонки ватанӣ ва (ё) ба суратҳисобҳои дар бонкҳои дар хориҷа кушодаи ӯ гузаронидани маблағҳои бадастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ – харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.
- Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ оид ба мубодилаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳо, хизматрасониҳоро) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.
- Ҳангоми тасдиқ нашудани содироти молҳои зераксизӣ мувофиқи қисмҳои 1-3 ҳамин модда чунин содирот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин фасл барои андозбандии таҳвили молҳои зераксизӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аксизбандӣ карда шавад.
- Ҳангоми ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳои зераксизӣ дар давоми 180 рӯзи тақвимӣ аз санаи қайди дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардидаи мақоми гумрук андозсупоранда барои баҳисобгирӣ ё баргардонида гирифтани андози мутобиқи қисми 4 ҳамин модда пардохтшуда, ба истиснои фоизҳои ҳисобшуда, хуқуқ дорад. Дар акси ҳол андозсупоранда ҳуқуқи баҳисобгирӣ ё баргардонидани андози мутобиқи қисми 4 ҳамин модда пардохтшударо надорад.
Моддаи 203. Ба ҳисоб гирифтани аксиз
- Супорандаи аксиз ҳуқуқ дорад маблағи аксизи ба буҷет пардохтшавандаро ба маблағи аксизе, ки ҳангоми харид (гирифтан) ё ҳангоми воридоти молҳои зераксизӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шудаанд, кам кунад, агар молҳои зикргардида ба сифати ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ истифода шуда бошанд.
- Супорандаи аксиз барои хизматрасониҳои зераксизӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар қисмати хизматрасониҳои интернетӣ ҳуқуқ дорад маблағи аксизи ҳангоми хариди (гирифтани) чунин хизматрасониҳо пардохтшударо бо усули мутаносибӣ кам кунад, агар хизматрасониҳои зикргардида аз ҷониби андозсупоранда барои хизматрасониҳои зераксизии алоқаи барқӣ истифода шуда бошанд.
- Мутобиқи қисми 1 ҳамин модда тарҳкунӣ ба маблағи аксизи ба миқдори ашёи хоми воқеан дар давраи андоз барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ истифодашуда, ки дар асоси меъёрҳои барориши маҳсулоти зераксизӣ аз ашёи хоми зераксизӣ ба амал бароварда мешавад.
- Муқаррароти қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда ҳангоми супоридани молҳои зераксизие, ки аз ашёи хоми зераксизии барои коркард додашуда истеҳсол шудаанд, ба шарти тасдиқи супоридани аксиз аз ҷониби соҳиби ашёи хоми зераксизии барои коркард додашуда, татбиқ мегарданд.
- Аз ҷониби супорандагони аксиз ба ҳисоб гирифтани (ё мутобиқи моддаи 69 Кодекси мазкур баргардонидани) аксизе, ки барои молҳои зераксизии аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсадҳои тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фармасевтӣ ҳангоми истеҳсоли доруворӣ мувофиқи тартиб ва бо меъёри муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда супорида шудааст, иҷозат дода мешавад.
- Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани аксиз мутобиқи ҳамин модда танҳо дар мавриди пешниҳод намудани ҳисобнома-фактура, ки супоридани аксизро ҳангоми харидани молҳои зераксизӣ (ашёи хом) тасдиқ менамояд ё ба шарте, ки супоридани аксиз аз ҷониби соҳиби молҳои (ашёи хоми) зераксизии барои коркард додашуда тасдиқ шавад, ё дар ҳолати воридоти ашёи хом ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор, иҷозат дода мешавад. Номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки супоридани аксизро тасдиқ мекунанд, мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
- Мутобиқи ҳамин модда ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андоз нисбат ба маблағи аксизе ба амал бароварда мешавад, ки бо дарназардошти ҳаҷми (миқдори, арзиши) дар асл дар давраи андоз истифодашудаи молҳои (ашёи хоми) зераксизии барои истеҳсоли дигар молҳои зераксизӣ бо мақсадҳои тиббӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, инчунин аз ҷониби корхонаҳои фармасевтӣ ҳангоми истеҳсоли дорувории тиббӣ харидашуда (додашуда) муайян шудааст.
Моддаи 204. Давраи андоз
Давраи андози аксиз моҳи тақвимӣ мебошад.
Моддаи 205. Пардохти аксизҳо
- Ҳангоми истеҳсоли молҳои зераксизӣ аксизҳо бояд аз амалиёти андозбандишаванда на дертар аз санаи 10-уми моҳи минбаъдаи баъди моҳи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда супорида шаванд.
- Андозсупоранда ҳуқуқ надорад молҳои зераксизиро аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ бе супоридани андози аксизии ин молҳо берун барорад.
- Ҳангоми воридоти молҳо аксиз аз ҷониби мақомоти гумрук мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумрук ситонида мешавад.
- Пардохти аксиз ба буҷет барои хизматрасониҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ на дертар аз санаи 10-уми моҳи минбаъдаи баъди моҳи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда амалӣ мешавад.
Моддаи 206. Назорати андози маҳсулоти зераксизии спиртдор, бе спирт ва тамоку
- Назорати андозии баҳисобгирии ҳаҷми истеҳсол (рехтан), нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ берун баровардани маҳсулоти зераксизии спиртдор, бе спирт ва (ё) тамоку, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, бо дарназардошти ҳамин модда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
- Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку таҳти низоми иҷозат барои муомилоти озод аз ҷониби мақомоти гумрук танҳо баъди пешакӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба чунин маҳсулот гузоштани тамғаҳои аксизӣ иҷозат дода мешавад.
- Ба маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку гузоштани тамғаҳои аксизӣ аз ҷониби шахси воридкунандаи чунин маҳсулот таъмин карда мешавад. Барои ба маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамокуи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда гузоштани тамғаҳои аксизӣ ин маҳсулот бояд мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анборҳои нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир ё таҳти низоми анбори гумрукӣ эъломия карда шавад.
- Барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку таҳти низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод метавонад бо қисмҳои алоҳида мутаносибан ба маблағи супоридашудаи боҷи гумрукӣ ва андозҳое, ки қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат гирад.
Моддаи 207. Маҳалли супоридани аксиз
- Пардохти аксиз барои молҳои зераксизӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинигардида, дар маҳалли бақайдгирии супорандаи аксиз амалӣ карда мешавад.
- Супорандагони андози аксиз аз рӯи молҳои зераксизӣ, ки дорои воҳидҳои алоҳида мебошанд, андози аксизро дар маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳида, ки истеҳсоли молҳои зераксизиро анҷом медиҳанд, месупоранд.
- Аксиз барои намудҳои алоҳидаи хизматрасониҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ бояд ба буҷет дар маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда (новобаста ба мавҷудияти воҳидҳои алоҳида) супорида шавад.
Моддаи 208. Пешниҳоди эъломия
- Супорандагони аксиз эъломияҳои андозро бо замима намудани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои қабулшуда ва (ё) ирсолшуда мувофиқи тартиб ва дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз санаи 10- уми моҳе, ки баъд аз давраи ҳисоботии андоз фаро мерасад, пешниҳод менамоянд.
- Супорандагони аксиз аз рӯи молҳои зераксизӣ дорои воҳидҳои алоҳида ҳамзамон бо эъломия ҳисобҳои аксиз барои воҳидҳои алоҳидаро пешниҳод менамоянд.
- Эъломия оид ба пардохти аксизҳо барои хизматрасониҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ на дертар аз санаи 10-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботии андоз ба мақомоти андозе, ки андозсупоранда дар он ба ҳисоб гузошта шудааст, пешниҳод карда мешавад.
- Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани аксизҳо, инчунин шаклҳои эъломияҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 209. Баргардонидани аксиз ҳангоми содироти такрории (реэкспорт) молҳо
- Дар ҳолати содироти такрории (реэкспорти) молҳо аксиз ҳангоми воридоти молҳо супорида шуда, баъдан аз ҷониби мақомоти молия, ки ба онҳо ҳангоми воридоти молҳо аксиз супорида шуда буд, якҷоя бо мақомоти дахлдори гумрук мутобиқи ҳаҷми воқеии содироти такрорӣ (реэкспорт) баргардонида мешавад. Баргардонидани маблағ мувофиқи тартиби муқарраргардида дар давоми 30 рӯзи баъди пешниҳод намудани аризаи хаттии андозсупоранда анҷом дода мешавад.
- Қисми 1 ҳамин модда нисбат ба молҳое, ки воридоти онҳо мутобиқи сархати панҷуми қисми 1 моддаи 201 Кодекси мазкур аз аксиз озод аст, татбиқ намегардад.
Моддаи 210. Тамғаҳои аксиз
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи молҳои зераксизии ватанӣ ва воридотиро, ки бояд тамғаҳои аксизӣ гузошта шаванд, муқаррар менамояд. Фурӯши чунин молҳои зераксизӣ бе тамғаҳои аксизӣ манъ аст. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд чунин молҳои зераксизиро, ки бе тамғаҳои аксизӣ ба фурӯш бароварда шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира намоянд.
- Тамғаҳои аксизӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ буда, дорои дараҷаи муайяни муҳофизат мебошанд. Тартиби таҳия ва муомилоти онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Тартиби гузоштани тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти зераксизӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
- Истеҳсолкунандагон ва шахсон – воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ ҷавобгар мебошанд.
- Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ҳангоми вайрон шудан ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ аксиз дар ҳаҷми навъҳои пешниҳодшудаи молҳои зераксизӣ пардохт мешавад.
- Ҳисоби аксизи тамғаҳои аксизии вайронгардида ё гумшуда (аз ҷумла дуздидашуда), ки барои тамғагузории молҳои зераксизӣ мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, бо дарназардошти меъёрҳои муқарраргардида, ки нисбат ба воҳиди ҳаҷми зарфи (зарф, бастаи) дар тамға зикргардида истифода мегарданд, анҷом дода мешавад.
- Ҳангоми дар тамға мавҷуд набудани ишора ба ҳаҷми воҳиди зарф (зарф, баста), ҳисоби аксиз аз рӯи тамғаҳои аксизии гум ё вайроншуда бо дарназардошти ҳаҷми нисбатан калони воҳиди зарф (зарф, баста), ки ба он рехтани (печонидани, бастубанди) молҳои зераксизӣ дар ҷараёни давраи андозе, ки пеш аз давраи вайрон шудан ё гум шудани тамғаҳои аксиз сурат гирифтааст, муайян карда мешавад.
- Ҳангоми вайрон шудан, гум шудани тамғаҳои аксизӣ дар ҳолатҳои зайл аксиз пардохт намешавад:
– вайрон шудан ё гум кардани тамғаҳои аксизӣ дар натиҷаи рух додани ҳолатҳои фавқулодда, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи сархати дуюми қисми 1 моддаи 184 Кодекси мазкур тасдиқ гардидаанд;
– тамғаҳои аксизии вайроншуда, ки аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси санади аз ҳисоб баровардан ҷиҳати нобудсозӣ қабул гардидаанд.
Моддаи 211. Ҳисобнома-фактураҳо
Андозсупорандае, ки таҳвил ва (ё) воридоти молҳои зераксизиро амалӣ менамояд, ӯҳдадор аст мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 186 ва 187 Кодекси мазкур ба қабулкунандагони молҳои зераксизӣ ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро тартиб дода (навишта), супорад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
ФАСЛИ XI. АНДОЗИ ИҶТИМОӣ
БОБИ 33. АНДОЗИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 212. Андозсупорандагон
- Супорандагони андози иҷтимоӣ инҳо мебошанд:
– шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо ва соҳибкорони инфиродӣ – корфармоён, ки ба шахсони воқеӣ-резидентҳои бо онҳо дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ё бе шартнома ҳамчун коргарони кироя кор мекунанд, музди меҳнат, подошпулӣ ва манфиатҳои дигар медиҳанд;
– шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба шахсони воқеӣрезидентҳои ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтанашуда дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти граждании ҳуқуқӣ ё бе шартнома ҳаққи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи хизматҳои расонидашударо (корҳои иҷрошударо) ҷуброн менамоянд;
– шахсони воқеии дар сархатҳои якум ва дуюми ҳамин қисм пешбинигардида, ки пардохт гирифтаанд;
– шахсони воқеие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд, аз ҷумла онҳое, ки ба сифати аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият мекунанд.
- Агар андозсупоранда дар як вақт ба якчанд категорияҳои андозсупорандагони дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида мансуб бошад, ӯ доир ба ҳар як ҳолат андозро ҳисоб ва пардохт менамояд.
- Минбаъд дар ҳамин боб супорандагони дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда суғуртакунандагон, супорандагони дар сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда -суғурташудагон, супорандагони дар сархати чоруми қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаҳамзамон шахсони суғуртакунанда ва суғурташаванда номида мешаванд.
- Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд ҳуқуқ доранд ба мақомоти андози маҳалли зисташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи хаттӣ муроҷиат намуда, ихтиёран супорандаи андози иҷтимоӣ шаванд ва онро дар ҳаҷм ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.
Моддаи 213. Объекти андозбандӣ
- Барои андозсупорандагони дар сархатҳои якум ва сеюми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида объекти андозбандӣ инҳо мебошанд:
– музди меҳнат, подошпулӣ ва даромадҳои дигари мутобиқи моддаи 99 Кодекси мазкур муайяншаванда, ки аз ҷониби андозсупоранда ба манфиати кормандони кироя пардохт мешаванд;
– пардохтҳо, подошпулӣ ва ҳар гуна даромад ба манфиати шахси воқеӣ пардохтшванда, ки дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур нишон дода нашудааст.
- Барои андозсупорандагони дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида объекти андозбандӣ музди меҳнат, подошпулӣ ва манфиатҳои дигар мутобиқи шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ва граждании ҳуқуқӣ оид ба иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, аз ҷумла пардохт ва подошпулӣ мутобиқи шартномаҳои муаллифӣ мебошад, ки андозсупорандагон ба манфиати шахсони воқеие мепардозанд, ки соҳибкорони инфиродӣ намебошанд.
- Барои андозсупорандагони дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида объекти андозбандӣ даромади умумӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
- Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда инҳо ба объекти андозбандӣ дохил намешаванд:
– маблағҳое, ки дар доираи шартномаҳои граждании ҳуқуқӣ, ки мавзӯи онҳо гузариши ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи молӣ ба молу мулк (ҳуқуқи молу мулкӣ) мебошад, инчунин шартномаҳои марбут ба додани ҳуқуқи истифодаи молу мулк (ҳуқуқи молу мулкӣ) пардохт шудаанд;
– маблағҳое, ки дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии бо филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқӣ-резидентҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта басташуда ба манфиати шахсони воқеие пардохт мешаванд, ки шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд мебошанд;
– маблағҳое, ки ба манфиати шахсони воқеӣ – шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ бо сабаби аз ҷониби онҳо анҷом додани фаъолият берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои басташудаи хусусияти граждании ҳуқуқидошта, ки матлаби онҳо иҷрои кор, расонидани хизмат мебошад, пардохт шудаанд.
Моддаи 214. Манбаи андоз
1.Манбаи андози андозсупорандагон-корфармоёни дар сархати якуми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида, ҳамчун маблағи музди меҳнат, подошпулӣ ва манфиатҳои дигаре муайян карда мешаванд, ки корфармоён барои давраи андоз ба шахсони воқеӣ мепардозанд.
- Манбаи андози андозсупорандагони дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида ҳамчун маблағи пардохтҳо, подошпулиҳо ва манфиатҳое муайян карда мешаванд, ки бе тарҳкунӣ ба шахсони воқеӣ дар давраи андоз ҷуброн карда мешаванд.
- Манбаи андози андозсупорандагон-шахсони воқеии дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида ҳамчун маблағи музди меҳнат, пардохтҳо, подошпулӣ ва манфиатҳои дигаре муайян карда мешаванд, ки онҳо бе тарҳкунӣ дар давраи андоз мегиранд.
- Ҳангоми муайянкунии манбаи андоз ҳама гуна пардохтҳо ва подошпулиҳо, аз ҷумла подошпулиҳои муаллифӣ, ки ҳамчун объекти андозбандӣ муайян шудаанд, аз ҷумла пардохти пурра ё ҷузъии молҳои (корҳо, хизматрасониҳо, ҳуқуқҳои молумулкӣ ё ҳуқуқҳои дигари) барои шахсони воқеӣ муқарраргардида, ба истиснои имтиёзҳои дар моддаи 215 Кодекси мазкур муайяншуда ба ҳисоб гирифта мешаванд.
- Барои шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки ба намояндигиҳои дипломатӣ, консулии давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ӯҳдадориҳои худро ба сифати андозсупорандагон иҷро намекунанд, дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ва (ё) граждании ҳуқуқӣ кор иҷро мекунанд ва хизмат мерасонанд, манбаи андоз ҳамчун маблағи музди меҳнат, пардохтҳо ва дигар подошпулиҳое, ки дар давраи андоз мегиранд, муайян карда мешавад. Маълумот дар бораи даромади ин шахсони воқеӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи сипаришуда фаро мерасад, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Манбаи андози соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла аъзои хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқии дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинигардида ҳамчун даромади умумӣ бе тарҳкунӣ муайян карда мешавад, ки чунин андозсупоранда дар давраи андоз дар шакли пулӣ ва (ё) аслӣ (натуралӣ) аз фаъолияти соҳибкорӣ гирифтааст.
- Ҳангоми ҳисобкунии манбаи андози пардохтҳо ва дигар подошпулиҳо дар шакли аслӣ (натуралӣ) дар шакли молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) арзиши чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дар рӯзи супоридани онҳо (ҳисобкунӣ) дар асоси нархҳои (тарифҳои) бозории онҳо, ҳангоми танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) ба чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) бошад, дар асоси нархҳои чаканаи танзимшавандаи давлатӣ истифода мешаванд.
Моддаи 215. Озодкунӣ
Аз супоридани андоз озод карда мешаванд:
– даромади шахсони воқеие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, барои намояндагиҳои дипломатӣ ва (ё) консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа корҳоро иҷро мекунанд ва хизмат мерасонанд;
– даромади шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ аз кироякорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– даромадҳое, ки аз андоз аз даромад мутобиқи моддаи 104 Кодекси мазкур озод карда мешаванд.
Моддаи 216. Меъёрҳои андоз
- Агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, аз рӯи андози иҷтимоие, ки ба буҷет гузаронида мешавад, барои суғуртакунандагон меъёри 25 фоиза ва барои суғурташудагон 1 фоиза татбиқ карда мешаванд.
- Барои шахсони воқеии фаъолияти соҳибкории инфиродиро тибқи патент анҷомдиҳанда, аз ҷумла аъзои хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ андозаи ҳадди ақали андози иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Барои соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома амалкунанда меъёри андози иҷтимоӣ ба сифати шахсони суғурташуда ба 1,0 фоизи манбаи андоз, вале на камтар аз андозаи ҳадди баландтарини (бо назардошти коэффитсиенти минтақавии) андози иҷтимоӣ барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда муқарраршуда, новобаста ба андозаи даромади гирифташуда, баробар мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба намояндагиҳои дипломатии (консулии) давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд ва хизмат мерасонанд ва андози иҷтимоиро пардохт менамоянд, меъёри андози иҷтимоӣ ба сифати суғуртакунандагон дар ҳаҷми 25 фоиз ва ба сифати суғурташудагон 1 фоиз муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини нафақаи соҳибкорони инфиродӣ, аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахсони ҳуқуқӣ нестанд ва шахсони дар қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ гардида маблағи умумии андози иҷтимоии мутобиқи муқаррароти боби мазкур пардохтшуда 20 фоизи даромадеро ташкил медиҳад, ки барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони воқеии дар боло нишондодашуда гирифта шудааст (эъломия шудааст). Дар ҳолати нокифоя будани собиқаи суғурта, маблағи умумии андози иҷтимоии барои тамоми давраи суғуртаи воқеии иҷтимоӣ пардохтшуда барои даврае амалигашта маҳсуб мешавад, ки он на камтар аз собиқаи ҳадди ақали суғуртавии барои таъин намудани нафақаҳо ва шаклҳои дигари таъминоти иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ муқарраршуда мебошад.
Моддаи 217. Давраи андоз
Давраи андози иҷтимоӣ моҳи тақвимӣ мебошад, агар дар моддаи 218 Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 218. Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохтани андоз
- Маблағи андози иҷтимоӣ, ки ба буҷет бояд гузаронда шавад бо роҳи зарб задани манбаи андозбандӣ ба меъёрҳои дахлдори андоз муайян карда мешавад, агар дар боби мазкур тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
- Андози иҷтимоӣ дар ҳолатҳои дар сархатҳои якум – сеюми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинишуда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 125 Кодекси мазкур то санаи 15-уми моҳе, ки пас аз давраи андозӣ фаро мерасад, ба буҷет гузаронда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Андози иҷтимоиро ба ҷои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар хизмати давлатӣ қарор доранд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ҳамчун корфармо то санаи 15-уми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ҳисоб пешниҳод намуда, дар ҳамин мӯҳлат андозро меситонад.
- Соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент фаъолият мекунанд, андози иҷтимоиро ҳамзамон бо гузаронидани маблағ ба буҷет барои патент месупоранд. Соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунанд, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 2 моддаи 216 Кодекси мазкур зикр шудаанд барои давраи андоз то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз давраи ҳисоботӣ фаро мерасад, эъломияи андозро пешниҳод намуда, дар ҳамин мӯҳлат маблағи андозро пардохт менамоянд.
- Андозсупорандагон-шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунандаи дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 212 Кодекси мазкур пешбинӣ гардида эъломияи ягонаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии худ ҳармоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намуда, дар ҳамин мӯҳлат маблағи андозҳоро пардохт менамоянд.
- Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ ҳар нимсолаи тақвимӣ то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз нимсолаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгириашон нисбат ба аъзои ин хоҷагиҳо дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ эъломияи андози иҷтимоӣ пешниҳод намуда, дар ҳамин мӯҳлат маблағи андозҳоро пардохт менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 3 моддаи 216 Кодекси мазкур зикр шудаанд, ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ эъломияи ягонаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад пешниҳод намуда, дар ҳамин мӯҳлат пардохти андозҳоро таъмин менамоянд.
- Назорати пардохти андози иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
- Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ, шаклҳои эъломияҳои (ҳисобҳои) андоз аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
ФАСЛИ ХП. АНДОЗҲО БАРОИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӣ
БОБИ 34. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 219. Муносибатҳое, ки ҳамин фасл танзим менамояд
- Андозҳо барои захираҳои табиӣ дар ҳолати истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ дар доираи қарордодҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва (ё) истифодабарии об барои истеҳсоли нерӯи барқ пардохт мешаванд.
- Ҳангоми истифодабарии захираҳои табиӣ истифодабарандагони онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамоянд.
- Фасли мазкур тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминиро ҳангоми гузаронидани амалиёт оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, инчунин роялти барои оби барои истеҳсоли нерӯи барқ истифодашаванда муқаррар мекунад.
- Хусусиятҳои иҷрои ӯҳдадориҳои андоз оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, ки дар доираи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот анҷом дода мешаванд, дар фасли XVII Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд.
- Андозҳо барои захираҳои табиӣ инҳоро дар бар мегиранд:
– андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ (бонуси обунавӣ, бонуси кашфи тиҷоратӣ, роялти барои истихроҷ);
– роялти барои об.
- Тамоми намудҳои бонусҳо ва роялти барои захираҳои табиӣ барои мақсадҳои андоз аз фоида аз даромади умумӣ тарҳ карда мешаванд.
- Назорати пардохти андозҳоро барои захираҳои табиӣ мақомоти андоз анҷом медиҳанд.
- Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо барои захираҳои табиӣ, инчунин шаклҳои эъломияҳои андоз (ҳисобҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
БОБИ 35. АНДОЗҲО АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ
§ 1.Муқаррароти умумӣ
Моддаи 220. Муқаррароти асосӣ
- Дар боби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
– истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ -шахсоне, ки новобаста ба доштани иҷозатнома (иҷозат), корҳои геологӣ ва (ё) истихроҷи маъданҳои фоиданокро анҷом медиҳанд;
– кон – қисми қитъаи сарватҳои зеризаминие, ки анбӯҳи табиии маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;
– маъдани фоиданок – моддаҳои табиии минералӣ дар ҳолатҳои сахт, моеъ ва (ё) газмонанди (аз ҷумла обҳои зеризаминӣ ва лойҳои табобатӣ), ки дар сарватҳои зеризаминӣ ҷой дошта, барои истифодаи истеҳсолӣ ва (ё) истеъмолӣ короям мебошанд;
– истихроҷ – маҷмӯи корҳое, ки бо берун баровардани маъданҳои фоиданок аз сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла аз зуҳуроти минералии техногенӣ алоқаманд мебошанд;
– коркарди ашёи хоми минералӣ – корҳои марбут ба ҳосил намудани маъданҳои фоиданок аз ашёи хоми минералӣ;
– кашфи тиҷоратӣ – захираҳои маъданҳои фоиданоки дар ҳудуди қарордодии истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ кашфгардида, ки аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои маъданҳои фоиданок тасдиқ гардидаанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ барои истихроҷ самаранок мебошанд;
– бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ – андозҳои устувори яккаратае мебошанд, ки истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ба истиснои корхонаҳои давлатие, ки корҳои омӯзиши геологии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро анҷом медиҳанд, бояд пардохт намоянд;
– роялти барои истихроҷ – андози доимии аз ҷониби андозсупоранда (истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ) ҳангоми истихроҷи маъданҳои фоиданок пардохтшаванда.
- Пардохти андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ истифодабарандаи сарватҳои зеризаминиро аз пардохти андозҳои дигари муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, инчунин аз иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ барои анҷоми намудҳои дигари фаъолият (ки бо истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ алоқаманд нестанд) мутобиқи қонунгузории андози дар санаи ба миён омадани чунин ӯҳдадориҳо (бо истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ алоқаманд набуда) амалкунанда озод намекунад.
- Ғайрирезидент метавонад истифодабарии сарватҳои зеризаминиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шахси ҳуқуқии таъсисдодааш ё филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ ба амал барорад.
- Андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби шахсони зерин супорида намешаванд:
– шахсони воқеӣ барои маъданҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминие, ки дар қитъаҳои замини ба онҳо барои истифода вобасташуда истихроҷ менамоянд, агар чунин маъданҳои фоиданоки истихроҷшаванда барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда нашаванд;
– истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва муассисаҳои давлатие, ки обҳои зеризаминиро барои эҳтиёҷоти хоҷагидории худ ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ истихроҷ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ барои истихроҷи зимнии обҳои зеризаминӣ ҳангоми баргашта пур кардани ин обҳо барои нигоҳдории фишори қишри замин;
– шахсоне, ки обҳои зеризаминии дренажии дар тавозуни давлатии маъданҳои фоиданок ба назар гирифтанашавандаро ҳангоми коркарди конҳои маъданҳои фоиданок, сохтмон ва истифодаи иншооти зеризаминӣ, истифодабарии заминҳои поёноби ботлоқшуда истихроҷ менамоянд.
Моддаи 221. Муқаррар намудани низоми андоз дар қарордодҳои оид ба истифодаи сарватҳои зеризамин
- Шартҳои пардохти андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ (минбаъд дар фасли мазкур – низоми андозбандӣ), ки барои ҳар як истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ мутобиқи Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд, дар қарордоди истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ (минбаъд дар фасли мазкур – қарордоди) байни истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ва мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд дар фасли мазкур – мақоми салоҳиятдор) дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басташаванда муайян карда мешаванд.
- Қарордод байни истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ва мақоми салоҳиятдор, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад, дар мӯҳлати на дертар аз 3 моҳи тақвимии пас аз гирифтани иҷозатнома (иҷозат) баста мешавад.
- Истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бе бастани қарордод иҷозат дода намешавад. Ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бе бастани қарордод андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ (бонусҳо ва роялти барои истихроҷ) барои ҳамаи давраи чунин фаъолият бояд бо меъёри 2-каратаи меъёрҳое, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, пардохт карда шуда, минбаъд истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Низоми андозе, ки дар қарордод муқаррар карда мешавад, бояд ба талаботи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи бастани (имзо намудани) қарордод мувофиқат намояд.
- Ворид намудани масъалаҳои вобаста ба супоридани андозҳо ба иҷозатномаҳо ва дигар асноде, ки бо истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ алоқаманд мебошанд, ба истиснои қарордодҳо оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, манъ аст.
- Дар ҳолате ки истифодаи сарватҳои зеризаминиро бо як қарордод якчанд андозсупорандагон амалӣ менамоянд, низоми андозбандии дар қарордод муқарраршуда барои ҳамаи онҳо ягона мебошад. Дар баробари ин, аз рӯи фаъолияти дар доираи чунин қарордод иҷрошаванда андозсупорандагон барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун андозсупорандаи ягона ҳисоб ёфта, онҳо ӯҳдадор мебошанд баҳисобгирии ягонаи муштаракро пеш баранд ва ҳамаи андозҳо барои истифодабарии сарватҳои зеризаминии дар қарордод муқарраршударо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.
- Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ӯҳдадор аст баҳисобгирии алоҳидаро барои ҳисоб кардани ӯҳдадориҳои андоз мутобиқи низоми андозбандии пешбининамудаи қарордод ва ҳисоб кардани ӯҳдадориҳои андоз оид ба фаъолияте, ки аз доираи чунин қарордод берун аст (аз ҷумла бо истифодаи сарватҳои зеризаминӣ алоқаманд набуда), амалӣ намояд.
- Муқаррароти қисми 7 ҳамин модда дар мавриди баҳисобгирии алоҳида дар ҳолатҳое, ки истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар баробари фаъолият тибқи қарордоди истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ ва (ё) обҳои зеризаминӣ фаъолиятеро анҷом медиҳанд, ки аз доираи чунин қарордодҳо берун аст (ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ вобаста нест) татбиқ намегарданд.
- Ҳангоми бо мақсади соҳибкорӣ коркард намудани маъданҳои фоиданоки ҳамроҳ ва қанданиҳои дигари дар қарордод зикрнагардида истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ доир ба онҳо то ворид намудани тағйирот ба қарордод пардохти андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминиро бо меъёри 3-карата мувофиқи муқаррароти боби мазкур анҷом медиҳанд.
§ 2 Бонуси обунавӣ
Моддаи 222. Муқаррароти умумӣ
- Бонуси обунавӣ андози устувори яккаратаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди муайяннамудаи иҷозатнома (иҷозат) мебошад.
Моддаи 223. Андозсупорандагон
1.Бонуси обунавӣ аз ҷониби шахсе пардохт мешавад, ки дар озмун барои гирифтани ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ғолиб омадааст ё ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминиро дар асоси музокироти мустақим тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст, инчунин шахсе, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида яке аз иҷозатномаҳои (иҷозатҳои) зеринро гирифтааст:
– иҷозатнома (иҷозат) барои омӯзиши геологӣ;
– иҷозатнома (иҷозат) барои истихроҷи маъданҳои фоиданок.
- Муқаррароти сархати дуюми қисми 1 ҳамин модда ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки дар асоси ҳуқуқи истисноӣ барои истихроҷ вобаста ба кашфи тиҷоратӣ дар доираи иҷозатнома (иҷозат) барои омӯзиш дар ҳудуди дахлдор қарордод бастаанд, татбиқ намешавад.
Моддаи 224. Андозаи бонуси обунавӣ
- Андозаи бонуси обунавӣ мувофиқи қоидаҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар қарордоди истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ инъикос карда мешавад.
- Доир ба конҳои ҷудогонаи маъданҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад андозаи дигари бонуси обунавиро муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
Моддаи 225. Мӯҳлати пардохти бонуси обунавӣ
- Бонуси обунавӣ дар мӯҳлатҳои зерин пардохт мешавад, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188):
– панҷоҳ фоизи маблағи муқарраршуда дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ барои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;
– панҷоҳ фоизи маблағи муқарраршудаи боқимонда на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи эътибор пайдо кардани қарордод дар бораи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ.
- Бонуси обунавӣ доир ба маъданҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминӣ ба буҷети маҳалли ҷойгиршавии кон пардохт мешавад.
- Доир ба конҳои ҷудогонаи маъданҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати дигари пардохти бонуси обунавиро муқаррар намояд.
Моддаи 226. Эъломияи андоз
Эъломияи бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандаи сарватҳои зеризаминии ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон дар мӯҳлате, ки барои пардохти бонуси мазкур муқаррар шудааст, пешниҳод карда мешавад.
§ 3. Бонуси кашфи тиҷоратӣ
Моддаи 227. Муқаррароти умумӣ
- Бонуси кашфи тиҷоратӣ андози устувори яккаратаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ барои кашф ва бақайдгирии конҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ барои истихроҷ муносиб, инчунин гирифтани ҳуқуқи истихроҷ дар ҳудуде мебошад, ки дар иҷозатнома (иҷозат) муайян шудааст.
- Бонуси кашфи тиҷоратиро истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар асоси иҷозатномаҳои (иҷозати) зерин фаъолияткунанда пардохт менамоянд:
1) Барои истихроҷи маъданҳои фоиданок дар ҳолатҳои зерин:
а) барои ҳар як кашфи тиҷоратии маъданҳои фоиданок дар ҳудуди қарордодие, ки қаблан аз ҷониби ҳамин истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди дахлдор дар доираи иҷозатнома (иҷозат) барои иктишоф эълон шудааст;
б) барои кашф дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳо, ки боиси зиёдшавии ҳаҷми истихроҷи захираҳои маъданҳои фоиданоки дар ибтидо аз ҷониби мақоми давлатии барои ин мақсадҳо ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мегардад;
в) барои ҳар як кашфи тиҷоратии дигар маъданҳои фоиданоки дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳои захираҳои истихроҷшавандае, ки аз ҷониби мақоми давлатии барои ин мақсадҳо ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.
2) Барои иктишоф ва истихроҷи якҷоя нисбат ба ҳар як кашфи тиҷоратии маъданҳои фоиданок дар ҳудуди қарордодӣ, аз ҷумла барои кашф дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳо, ки боиси зиёдшавии захираҳои маъданҳои фоиданоки истихроҷшавандаи дар ибтидо аз ҷониби мақоми давлатии барои ин мақсадҳо ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мегардад.
- Доир ба иҷозатномаҳо (иҷозатҳо) барои гузаронидани иктишофи конҳои маъданҳои фоиданок, ки истихроҷи минбаъдаи онро пешбинӣ намекунад, бонуси кашфи тиҷоратӣ пардохт намешавад.
Моддаи 228. Андозсупорандагон
- Андозсупорандагони бонуси кашфи тиҷоратӣ ин истифодабарандагони сарватҳои зеризаминие мебошанд, ки дар бораи кашфи тиҷоратии маъданҳои фоиданок дар ҳудуди қарордодӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ дар доираи иҷозатномаи (иҷозати) барои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ гирифташуда эълон кардаанд.
Моддаи 229. Андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ
- Андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар қарордоди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дарҷ карда мешавад.
- Барои конҳои ҷудогонаи маъданҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад андозаи дигари бонуси кашфи тиҷоратиро муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511)..
Моддаи 230. Мӯҳлати пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ
- Бонуси кашфи тиҷоратӣ ба буҷет на дертар аз 90 рӯз аз санаи додани иҷозатнома (иҷозат) барои истихроҷи маъданҳои фоиданок ё аз рӯзи аз ҷониби мақоми давлатии барои ин мақсадҳо ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани ҳаҷми захираҳои маъданҳои фоиданоки ба таври иловагӣ истихроҷшаванда ё аз санаи аз ҷониби мақоми давлатии мазкур тасдиқ намудани ҳаҷми захираҳои истихроҷшавандаи маъданҳои фоиданок пардохт мешавад.
- Бонуси кашфи тиҷоратии маъданҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминӣ дар маҳалли ҷойгиршавии кон пардохт мешавад.
- Доир ба конҳои ҷудогонаи маъданҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати дигари пардохти бонуси кашфи тиҷоратиро муқаррар намояд.
Моддаи 231. Эъломияи андоз
Эъломия оид ба бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон дар мӯҳлате, ки барои пардохти бонуси мазкур муқаррар шудааст, пешниҳод карда мешавад.
§ 4.Роялти барои истихроҷ
Моддаи 232. Муқаррароти умумӣ
Роялти барои истихроҷ андозе мебошад, ки истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз рӯи ҳар як намуди маъданҳои фоиданоки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷшаванда, новобаста ба он, ки онҳо ба харидорон (қабулкунандагон) таҳвил (бор карда фиристода) шудаанд ё барои эҳтиёҷоти худӣ истифода гардидаанд, алоҳида месупорад.
Моддаи 233. Андозсупорандагон
Супорандагони роялти барои истихроҷ истифодабарандагони сарватҳои зеризаминие мебошанд, ки дар доираи ҳар як иҷозатномаи (иҷозати) барои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ додашуда чунин амалҳоро анҷом медиҳанд:
– истихроҷи маъданҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои фоиданок аз зуҳуроти минералии техногенӣ;
– коркарди маъданҳои фоиданок бо ҳосил кардани ҷузъҳои фоиданок аз таркиби онҳо.
Моддаи 234. Объекти андозбандӣ
- Объекти андозбандӣ маъданҳои фоиданоки зерин мебошанд:
– аз конҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи сарватҳои зеризаминии ба андозсупоранда ҷудошуда истихроҷшаванда;
– аз партовҳо (талафот) ҳосилкардашуда, агар барои чунин ҳосилкунӣ иҷозатномаи (иҷозати) алоҳида дода шавад.
- Объекти роялти барои истихроҷ доир ба ҳар намуди маҳсулоти тайёр алоҳида муқаррар карда мешавад.
3.Объекти андозбандӣ барои карбогидратҳо инҳо мебошанд:
– карбогидратҳои истихроҷшудаи коркарди аввалияро гузашта, аз ҷумла маъданҳои фоиданоки ҳамроҳ ва ҷузъҳои фоиданоки он;
– ҷузъҳои фоиданок, ки дар ҷараёни коркарди карбогидратҳо ба даст оварда, ҳамчун маҳсулоти тайёр ҳангоми истихроҷ ва коркарди қаблӣ дар таркиби маъданҳои фоиданоки коркардшаванда андозбандӣ нашудаанд.
- Объекти роялти барои истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла аз зуҳуроти минералии техногенӣ мебошад.
- Объекти роялти барои истихроҷи ҷисмҳои сахти маъданҳои фоиданок инҳо мебошанд:
– ҷисмҳои сахти маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда ва (ё) ҳосилшуда, аз ҷумла аз зуҳуроти минералии техногенӣ;
– маъданҳои фоиданоки дар ҷараёни коркард ҳосилнамудаи корхонаҳои коркардкунанда.
- Объектҳои роялти барои истихроҷ чунин истихроҷро дар бар мегиранд:
1) Худи маъданҳои фоиданок:
а) нафт, гази табиӣ ва конденсати газ;
б) ангишт ва варақсанги сӯзанда;
в) маъданҳои молӣ;
г) обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла аз коркарди аввалия гузашта;
д) абрақ, асбест, ашёи хом барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон;
е) ашёи хоми ғайримаъдан барои металлургия.
2) Металлҳои қиматбаҳо ва (ё) металлҳои софи химиявӣ дар қум, маъданҳо, консентратҳо.
3) Консентрати металлҳои сиёҳ, ранга, нодир ва радиоактивӣ, ашёи хоми кимиёвии кӯҳӣ.
4) Сангҳои қиматбаҳо, ашёи хоми сангҳои ороишӣ ва пйезооптикии аз коркарди аввалия гузашта.
5) Маъданҳои фоиданоки дигар, аз ҷумла ашёи хоми минералии аз коркарди аввалия гузашта.
Моддаи 235. Манбаи андоз
1.Манбаи андози роялти барои истихроҷ дар давраи андоз ин арзише мебошад, ки дар асоси нархи таҳвил ё дар ҳолати мавҷуд набудани таҳвил дар асоси арзиши аслии маҳсулоти молии якуми аз маъданҳои фоиданок истихроҷшуда дар натиҷаи коркарди аввалия (полоиш, тозакунӣ) ҳосилшуда бе андоз аз арзиши иловашуда муайян карда мешавад.
- Манбаи андоз барои навъҳои алоҳидаи маъданҳои фоиданок ҳамчун миқдори маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда бо ифодаи аслӣ муайян карда мешавад.
- Манбаи андоз доир ба ҳар як намуди маъданҳои фоиданок, аз ҷумла барои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маъданҳои фоиданоки маъмулӣ ва маъданҳои фоиданоки дигар дар шакли софи химиявӣ муайян карда мешавад.
- Арзиши металлҳои қиматбаҳо (тилло, нуқра ва платина) ва дигар металлҳои дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар асоси нархи миёнаи таҳвили чунин металлҳо, ки дар давраи андоз дар биржаи металлҳои Лондон ва биржаи металлҳои қиматбаҳои Лондон ташаккул ёфтааст, ҳисоб карда мешавад.
- Арзиши навъҳои алоҳидаи маъданҳои фоиданоки маъмули дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар асоси нархи миёнаи сметавии захираҳои асосии сохтмонии муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои сохтмон ва меъморӣ муайян карда мешавад.
- Агар дар қисмҳои дигари ҳамин модда муқаррароти дигаре ҷой надошта бошанд, арзиши маъданҳои фоиданоки дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар асоси нархи миёнаи таҳвили ин маъданҳои фоиданок ё маҳсули якуми молии аз маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда ҳосилшуда, ки дар биржаи байналмилалӣ (минтақавӣ) дар давраи андоз ташаккул ёфтааст ё бо тартиби дигари аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ муқарраршаванда муайян карда мешавад.
- Дар сурати дар давраи андоз маъданҳои фоиданоки истихроҷшударо таҳвил накардани андозсупоранда ва маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда ва (ё) маҳсулоти якуми молии аз ин маъданҳои фоиданок ҳосилшударо пурра барои эҳтиёҷоти худ истифода кардани андозсупоранда, арзиши маъданҳои фоиданоки дар давраи андоз истихроҷшуда дар асоси арзиши аслии воқеии истихроҷ ва (ё) коркарди аввалия (полоиш, тозакунӣ), ки ба ин маъданҳои фоиданок тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ рост меояд, 20 фоиз зиёд карда шуда, муайян карда мешавад. Дар баробари ин ба арзиши аслии маъданҳои фоиданоки истихроҷкарда хароҷоти моддӣ, хароҷоти музди меҳнат, маблағҳои ҳисобшудаи истеҳлок, хароҷот барои таъмир, хароҷоти азхудкунии захираҳои табиӣ ва хароҷоти дигар дохил карда мешаванд.
- Баҳодиҳии арзиши сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда дар асоси баҳодиҳии ибтидоии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо анҷом дода мешавад.
- Ҳангоми истихроҷи якчанд намудҳои маъданҳои фоиданок роялти барои истихроҷ аз рӯи ҳар намуди маъданҳои фоиданок алоҳида ҳисоб ва пардохт карда мешавад.
Моддаи 236. Меъёрҳои роялти барои истихроҷ
- Меъёрҳои роялти барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмул ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
+—+——————————————————-+——–ҷ
| № | Номгӯи маъданҳои фоиданоки маъмул |Меъёрҳо |
| | |(бо % аз|
| | |манбаи |
| | |андоз) |
+—+——————————————————-+——–+
|1. |Рег (ба ғайр аз реги қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати |10 |
| |чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ) | |
+—+——————————————————-+——–+
|2. |Реги қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати чиниворию фаянсӣ| 7 |
| |ва сементбарорӣ | |
+—+——————————————————-+——–+
|3. |Омехтаи регу шағал |10 |
+—+——————————————————-+——–+
|4. |Гил (ба ғайр аз гили оташбардор, мушкилгудоз, | 6 |
| |қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва | |
| |сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, | |
| |кислотабардор ва каолин (сафедгил)) | |
+—+——————————————————-+——–+
|5. |Гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати | 5 |
| |чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, | |
| |бентонитӣ, кислотабардор ва каолин (сафедгил) | |
+—+——————————————————-+——–+
|6. |Гилхок (ба ғайр аз гилхоки саноати сементбарорӣ) | 6 |
+—+——————————————————-+——–+
|7. |Гилхок барои саноати сементбарорӣ | 5 |
+—+——————————————————-+——–+
|8. |Санги бинокорӣ | 5 |
+—+——————————————————-+——–+
|9. |Регсанг (ба ғайр аз битуминоз, рӯйбаст, динас ва барои | 7 |
| |саноати шишабарорӣ) | |
+—+——————————————————-+——–+
|10.|Регсанги битуминоз, рӯйбаст, динас ва барои саноати | 4 |
| |шишабарорӣ | |
+—+——————————————————-+——–+
|11.|Бӯр | 5 |
+—+——————————————————-+——–+
|12.|Квартсит (ба ғайр аз бӯтахишт, флюсӣ, рӯйбаст, оҳандор | 6 |
| |барои истеҳсоли карбиди силитсий, силитсийи булӯрини | |
| |хӯлаи оҳан) | |
+—+——————————————————-+——–+
|13.|Квартсити буттахишт, флюсӣ, рӯйбаст, оҳандор барои | 5 |
| |истеҳсоли карбиди силитсий, силитсийи булӯрини | |
| |хӯлаи оҳан | |
+—+——————————————————-+——–+
|14.|Доломит (ба ғайр аз битумнок ва барои саноати | 6 |
| |сементбарорӣ) | |
+—+——————————————————-+——–+
|15.|Доломити битумнок ва барои саноати сементбарорӣ | 5 |
+—+——————————————————-+——–+
|16.|Мергел (ба ғайр аз битумнок ва барои саноати | 7 |
| |сементбарорӣ) | |
+—+——————————————————-+——–+
|17.|Мергели битумнок ва барои саноати сементбарорӣ | 5 |
+—+——————————————————-+——–+
|18.|Оҳаксанг (ба ғайр аз битумнок, рӯйбаст, хока барои | 6 |
| |саноати сементбарорӣ, металлургӣ, кимиёвӣ, шишабарорӣ, | |
| |селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин | |
| |барои истеҳсоли гилхок) | |
+—+——————————————————-+——–+
|19.|Оҳаксанги битумнок, рӯйбаст, хока барои саноати | 5 |
| |сементбарорӣ,металлургӣ, кимиёвӣ,шишабарорӣ, | |
| |селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин | |
| |барои истеҳсоли гилхок | |
+—+——————————————————-+——–+
|20.|Оҳаксанги ковок (ба ғайр аз оҳаксанги рӯйбаст ва | |
| |ороишӣ) | 6 |
+—+——————————————————-+——–+
|21.|Мармар ва оҳаксанги ковоки рӯйбаст ва ороишӣ | 5 |
+—+——————————————————-+——–+
|22.|Варақсанг (ба ғайр аз варақсанги сӯзанда ва бомпӯшӣ) | 6 |
+—+——————————————————-+——–+
|23.|Варақсанги сӯзанда ва бомпӯшӣ | 5 |
+—+——————————————————-+——–+
|24.|Аргиллитҳо ва алевролитҳо | 5 |
+—+——————————————————-+——–+
|25.|Ҷинсҳои магмаӣ, вулқонӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ (ба ғайр| 6 |
| |аз ҷинсҳои рӯйбаст, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи | |
| |оташбардор ва кислотабардор, сангрезӣ ва пахтаи | |
| |минералӣ, ба ғайр аз маводе, ки барои истифода дар | |
| |саноати сементбарорӣ муносибанд) | |
+—+——————————————————-+——–+
|26.|Ҷинсҳои магмавӣ, вулқонӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ, | 5 |
| |рӯйбаст, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбардор ва | |
| |кислотабардор, сангрезӣ ва пахтаи минералӣ, инчунин | |
| |барои истифода дар саноати сементбарорӣ муносиб | |
+—+——————————————————-+——–+
|27.|Гаҷ | 5 |
+—+——————————————————-+——–+
- Меъёрҳои роялти барои истихроҷи обҳои зеризаминиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
- Меъёрҳои роялти барои истихроҷи маъданҳои фоиданок, ба истиснои онҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
+—+——————————————————+———ҷ
|№ |Номгӯи маъданҳои фоиданок |Меъёрҳо |
| | |(бо фоиз |
| | |аз манбаи|
| | |андоз) |
+—+——————————————————+———+
|1. |Нафт, конденсати газ ва гази табиӣ | 6 |
+—+——————————————————+———+
|2. |Ангишт ва торф | 4 |
+—+——————————————————+———+
|3. |Металлҳои сиёҳ (оҳан, манган, хром, ванадий) | 4 |
+—+——————————————————+———+
|4. |Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, руҳ, қалъагӣ, | 6 |
| |никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, висмут, кадмий,| |
| |алюминий, стронсий, титан, сирконий, литий, волфрам, | |
| |тантал, ниобий ва ғайра) | |
+—+——————————————————+———+
|5. |Маъданҳои фоиданоки пошхӯрда | 9 |
+—+——————————————————+———+
|6. |Металлҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо) | 6 |
+—+——————————————————+———+
|7. |Сангҳои қиматбаҳо | 8 |
+—+——————————————————+———+
|8. |Сангҳои ранга (зинатӣ) ва/ё ашёи хоми пйезооптикӣ | 8 |
+—+——————————————————+———+
|9. |Ашёи хоми радиоактивӣ | 5 |
+—+——————————————————+———+
|10.|Ашёи хоми кӯҳии кимиёвӣ ва обҳои гарм | 5 |
+—+——————————————————+———+
|11.|Ашёи хоми маъдани кӯҳӣ (консентрат) ва/ё ашёи хоми | |
| Жғайримаъданӣ барои металлургия | 5 |
+—+——————————————————+———+
|12.|Дигар маъданҳои фоиданоке, ки дар ҳамин ҷадвал, | 3 |
| |инчунин дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нишон дода | |
| |нашудаанд | |
+—+——————————————————+———+
|13.|Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, руҳ, қалъагӣ, | 0,5 |
| |никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, висмут, кадмий,| |
| |алюминий, стронсий, титан, сирконий, литий, волфрам, | |
| |тантал, ниобий ва ғайра), металлҳои асил (тилло, | |
| |нуқра, платиноидҳо), ки аз партовҳои корхонаҳои | |
| |саноати кӯҳӣ истихроҷ мегарданд | |
+—+——————————————————+———+
- Андозаи роялти барои истихроҷи ҳамаи намудҳои маъданҳои фоиданок, ки бояд ба буҷет пардохт шавад, ҳамчун ҳосили зарби арзиши (ҳаҷми) ҳар як намуди маъданҳои фоиданоки истихроҷнамудаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар давраи андоз ба меъёрҳои дахлдори роялти муайян карда мешавад.
Моддаи 237. Тартиби муқаррар намудан ва пардохти роялти барои истихроҷ дар шакли молӣ (натуралӣ)
- Ҳангоми бастани созишномаи иловагӣ байни истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ва мақоми салоҳиятдор дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ пардохти роялти барои истихроҷ метавонад дар шакли аслӣ (натуралӣ) гузаронида шавад.
- Маблағи (арзиши) шакли аслии (натуралии) пардохти роялти барои истихроҷ бояд ба шакли пулии пардохти мазкур баробар бошад.
- Ҳангоми муқаррар намудани шакли аслии (натуралии) пардохти роялти барои истихроҷ дар созишномаи иловагӣ ҳатман зикр карда мешаванд:
– қабулкунандае, ки аз номи давлат қисми маҳсулоти ба роялти мувофиқро қабул мекунад (минбаъд дар фасли мазкур – қабулкунанда);
– ҳаҷм ва нархи маъданҳои фоиданоки супоридашаванда;
– маҳал ва шартҳои таҳвили маъданҳои фоиданок.
- Дар созишномаи иловагӣ мӯҳлати аз ҷониби истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ супоридани маҳсулот ба ҳисоби роялти барои истихроҷ бояд ба мӯҳлати муқарраршудаи пардохти он дар шакли пулӣ мувофиқат намояд. Дар айни замон истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар мӯҳлати на дертар аз мӯҳлати пардохти шакли пулии роялти барои истихроҷ маҳсулотро ба қабулкунандае, ки дар қарордоди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ муқаррар шудааст, месупорад.
- Қабулкунанда дар мӯҳлати муқарраршуда маблағи баробари роялти барои истихроҷ дар шакли пулиро ба буҷет мегузаронад, инчунин аз ҷониби истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ сари вақт ва пурра ба вай супоридани ҳаҷми дахлдори маҳсулотро дар шакли аслӣ (натуралӣ) мустақилона назорат менамояд.
- Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ва қабулкунанда аз рӯи шакл ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон оид ба супоридани роялти барои истихроҷ дар шакли аслӣ (натуралӣ) дар мӯҳлати муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамоянд.
- Қабулкунанда барои сари вақт ва пурра ба буҷет гузаронидани маблағҳои пулии пардохти роялти барои истихроҷ (тибқи ҳисобҳои истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ), инчунин барои маҳсулоти қабулкардааш мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
Моддаи 238. Тартиби пардохти роялти барои истихроҷ
- Давраи андоз (ҳисоботӣ) оид ба муайян ва пардохт кардани роялти барои истихроҷ моҳи тақвимӣ мебошад.
- Эъломияи (ҳисоби) роялти барои истихроҷ аз ҷониби истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз рӯи шакл ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии кон то санаи 15-уми моҳе, ки пас аз давраи ҳисоботии андозӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.
- Роялти барои истихроҷи тамоми намудҳои маъданҳои фоиданок дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи 15-уми моҳе, ки пас аз давраи ҳисоботӣ фаро мерасад, пардохт мешавад.
БОБИ 36. РОЯЛТИ БАРОИ ОБ
Моддаи 239. Андозсупорандагон
Супорандагони роялти барои об (минбаъд дар ҳамин боб -андозсупорандагон) шахсоне эътироф мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обро барои истеҳсоли нерӯи барқ истифода мебаранд.
Моддаи 240. Объекти андозбандӣ
Объекти андозбандии роялти барои об истифодаи объектҳои обӣ бо мақсади истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқии обӣ эътироф мешавад.
Моддаи 241. Манбаи андоз
- Манбаи андоз ҳамчун миқдори дар давраи ҳисоботӣ истеҳсолшудаи нерӯи барқ бе дарназардошти талаф ҳангоми интиқоли (таҳвили) минбаъдаи он муайян карда мешавад.
- Манбаи андоз аз ҷониби андозсупоранда нисбат ба ҳар як объекти обӣ алоҳида муайян карда мешавад.
Моддаи 242. Озодкунӣ
Истифодаи объектҳои обӣ барои мақсадҳои истеҳсоли нерӯи барқ ҳангоми аз 1000 киловатт бештар набудани иқтидори объектҳои нерӯи барқ истеҳсолкунанда аз пардохти роялти барои об озод карда мешавад.
Моддаи 243. Давраи андоз
Доир ба роялти барои об давраи андоз моҳи тақвимӣ эътироф мешавад.
Моддаи 244. Меъёри андоз
Меъёри роялти барои об ҳангоми истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои истеҳсоли нерӯи барқ ба андозаи 0,06 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар 1000 киловатт/соат нерӯи барқи истеҳсолшуда ба ҳолати охири давраи андоз муқаррар карда мешавад.
Моддаи 245. Тартиби ҳисоб кардани роялти барои об
- Андозсупоранда маблағи роялти барои обро мустақилона ҳисоб менамояд.
- Маблағи роялти барои об аз рӯи натиҷаи ҳар як давраи андоз ҳамчун ҳосили зарби манбаи андоз ба меъёри андоз ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 246. Мӯҳлати пардохти роялти барои об
Маблағи роялти барои об бояд ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз давраи андоз фаро мерасад, пардохт шавад.
Моддаи 247. Эъломияи андоз
Эъломияи андоз аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии он дар мӯҳлати барои пардохти андоз муқарраршуда пешниҳод карда мешавад.
ФАСЛИ XIII. АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
БОБИ 37. АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
Моддаи 248. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард шахсоне мебошанд, ки низоми умумии андозбандиро истифода мебаранд ва дорои объекти андозбандӣ мебошанд.
Моддаи 249. Объекти андозбандӣ
- Агар дар қисми 2 ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, объекти андозбандӣ инҳо мебошанд:
– маблағи ҳамаи хароҷоти воқеии дар давраи ҳисоботии андоз барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) дар ҳаҷми пурра анҷомдодаи (анҷом додашавандаи) андозсупоранда. Хароҷот барои сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур хусусияти капиталӣ дошта, бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рӯи воситаҳои асосӣ тибқи моддаи 118 Кодекси мазкур тарҳ карда шаванд, объекти андозбандӣ эътироф намешаванд;
– 70 фоизи даромади умумии дар давраи ҳисоботии андоз гирифташудаи (гирифташаванда) андозсупоранда, агар маблағи воқеан харҷшуда (харҷшаванда) аз 70 фоизи даромади умумӣ зиёд набошад.
- Ба объекти андозбандӣ инҳо дохил карда намешаванд:
– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди ҳисобшуда (ба буҷет пардохтшуда);
– андозҳое, ки ҳангоми ҳисобкунии андози фоида мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур ба арзиши аслии молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дохил намешаванд;
– хароҷоти шахсоне, ки бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ё ҳалли масъалаҳои дигари иҷтимоӣ иншооти заруриро бунёд намуда, ба таври ройгон ба моликияти мақомоти дахлдори давлатӣ месупоранд.
Моддаи 250. Имтиёзҳои андоз
Бо ин андоз инҳо андозбандӣ карда намешаванд:
– муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ мабалғгузорӣ мешаванд, ба истиснои фаъолияти андозбандишаванда барои хизматрасониҳои пулакӣ;
– иттиҳодияҳо ва иттиҳодияҳои динӣ, ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ ба истиснои хароҷот ва даромадҳои марбут ба фаъолияти соҳибкории онҳо (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
Моддаи 251. Манбаи андоз
- Бо дарназардошти дигар қисмҳои ҳамин модда манбаи андози аз объекти андозбандӣ бароянда бо роҳи ҷамъ намудани ҳамаи маблағҳое, ки андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми пурра харҷ кардааст (бояд харҷ кунад), ҳисоб карда мешавад, аз ҷумла:
– хароҷот дар шакли пулӣ ва шакли молӣ барои молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо, ба истиснои пардохтҳо оид ба хароҷот барои сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 153 Кодекси мазкур хусусияти капиталӣ дошта, бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рӯи воситаҳои асосӣ тарҳ карда шаванд;
– хароҷоти дигаре, ки дар сархати якуми ҳамин қисм нишон дода нашудаанд, аз ҷумла хароҷоти коргарони кироя (хароҷоти фонди музди меҳнат).
- Агар хароҷоти кардашуда (кардашаванда) аз 70 фоизи даромади умумӣ зиёд набошад, он гоҳ манбаи андоз баробари 70 фоизи даромади умумӣ аз ҳамаи намудҳои фаъолият бо тарҳ намудани пардохтҳо (ҳисобкуниҳо) барои молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), ки қаблан ба манбаи андозбандии давраҳои андози гузашта дохил шудаанд, дониста мешавад.
- Барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯш арзиши (нархи) пардохтшудаи (пардохтшавандаи) молҳое, ки минбаъд бояд таҳвил (аз нав фурӯхта) шаванд, ҳамчун пардохт (ҳиссаҷудокунӣ) баррасӣ гардида, бояд ба манбаи андозбандӣ дохил карда шавад.
- Ба манбаи андоз инҳо дохил карда намешаванд:
– қарзҳои додашавандаи ташкилотҳои қарзӣ;
– арзиши молу мулки ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ додашуда;
– маблағҳои пулӣ ва (ё) молу мулки ройгон ба манфиати давлат додашуда.
- Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда дар як вақт анҷом додани фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминоту фурӯш, инчунин фаъолияти дигар манбаи андоз аз рӯи ҳар намуди чунин фаъолият алоҳида ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 252. Меъёри андоз
Меъёри андоз ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
– аз 1-уми январи соли 2013 ба андозаи 0,5 фоиз барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминоту фурӯш ва ба андозаи 2 фоиз барои дигар намудҳои фаъолият;
– аз 1-уми январи соли 2015 ба андозаи 0,25 фоиз барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминоту фурӯш ва ба андозаи 1 фоиз барои дигар намудҳои фаъолият;
– аз 31 декабри соли 2020 андоз бекор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз аз 21.02.2018 № 1510).
Моддаи 253. Давраи андоз
Давраи андоз моҳи тақвимӣ мебошад.
Моддаи 254. Тартиб ва мӯҳлати пардохти андоз
- Эъломияи андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз давраи ҳисоботии андоз фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.
- Пардохти андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард то санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз давраи ҳисоботии андоз фаро мерасад, анҷом дода мешавад.
- Назорати пардохти андоз аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
- Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, инчунин шакли эъломияҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
ФАСЛИ XIV. АНДОЗ АЗ ФУРӮШ (АЛЮМИНИЙИ АВВАЛИЯ)
(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367)
БОБИ 38. АНДОЗ АЗ ФУРӮШ (АЛЮМИНИЙИ АВВАЛИЯ)
(Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367)
Моддаи 255. Муқаррароти умумӣ
- Дар боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
1) Молҳои андозбандишаванда – алюминийи аввалия (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
2) Амалиёти зерини андозбандишаванда (минбаъд барои мақсадҳои ҳамин боб-фурӯш):
а) таҳвили молҳои андозбандишаванда;
б) воридоти молҳои андозбандишаванда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) содироти молҳои андозбандишаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) коркарди мустақилонаи молҳои андозбандишаванда аз ҷониби истеҳсолкунанда, додани онҳо барои коркард, ба гарав ва (ё) ба сифати ашёи хом барои коркард;
г) таҳвили (фурӯши) молҳои андозбандишаванда тибқи шартномаҳои фючерсӣ (форвардӣ) ё дигар намудҳои додани (бегона кардани) молҳои андозбандишаванда;
д) ба шахси дигар додани молҳои андозбандишавандае, ки натиҷаи хизматрасониҳо оид ба истеҳсоли молҳои андозбандишаванда мутобиқи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
- Андоз аз фурӯши алюминийи аввалия (минбаъд -андоз аз фурӯш) ҳангоми анҷом додани амалиёти андозбандишаванда пардохт мешавад, дар айни замон ҳангоми анҷом додани амалиёти мазкур, ба истиснои амалиёти андозбандишавандаи дар зербанди д) банди 2) қисми 1 ҳамин модда муайяншуда, андоз аз арзиши иловашуда ситонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
Моддаи 256. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз фурӯш шахсоне мебошанд, ки объекти андозбандӣ доранд.
Моддаи 257. Объекти андозбандӣ
- Объекти андозбандӣ анҷом додани амалиёти андозбандишаванда бо молҳои андозбандишаванда мебошад.
- Намудҳои дигари молҳои андозбандишавандае, ки бо истифодаи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ истеҳсол гардида, бо андози фурӯш андозбандӣ мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 258. Манбаи андоз
- Манбаи андоз арзиши молҳои андозбандишаванда мебошад, агар дар қисмҳои 2-4 ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Ҳангоми ҳисоб намудани манбаи андоз арзиши воҳиди моли андозбандишаванда бо дарназардошти сифат, намуд ва навъ, дар асоси нархҳои дар санаи содир гардидани амалиёти андозбандишаванда дар биржаи металлҳои рангаи Лондон ташаккулёфта муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Андозсупорандагоне, ки бо харида фурӯхтани молҳои андозбандишаванда машғуланд, андоз аз фурӯшро дар шакли фарқи байни маблағи андозе, ки дар асоси нархҳои барои андозбандӣ истифодашаванда дар санаи фурӯши молҳои андозбандишаванда ба харидорон ҳисобкардашуда ва нархҳо дар санаи хариди онҳо аз таҳвилкунандагони худ ҳисоб карда шудаанд, пардохт менамоянд.
- Манбаи андоз барои молҳои андозбандишавандае, ки бо истифодаи низоми гумрукии барориш барои муомилоти озод ворид карда мешаванд, мутобиқи қонунгузории гумрук дар асоси нархҳои муайяннамудаи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
- Манбаи андоз барои молҳои андозбандишавандае, ки бо истифодаи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ истеҳсол шудаанд, арзиши (ҳаҷми) маҳсулоти коркарди бо дарназардошти нархҳои мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайяншуда мебошад.
Моддаи 259. Меъёри андоз
- Меъёри андоз аз фурӯш барои алюминийи аввалия нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 258 Кодекси мазкур ба андозаи 3 фоиз муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Меъёри андоз барои фурӯш нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисми 4 моддаи 258 Кодекси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 260. Тартиби ҳисобкунӣ ва мӯҳлати пардохти андоз
- Маблағи андози пардохтшавандаро андозсупорандагон дар асоси арзиши (ҳаҷми) молҳои андозбандишаванда ва меъёри андоз мустақилона ҳисоб мекунанд. Дар ҳуҷҷатҳои пардохти андоз намуди амалиёти андозбандишаванда зикр карда мешавад.
- Ҳангоми харида фурӯхтани молҳои андозбандишаванда андоз аз фурӯш бо дарназардошти нархи молҳои андозбандишаванда дар санаи харид (гирифтан), дар санаи фурӯш (интиқол) ва ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда муайян карда мешавад.
- Ҳангоми дар рӯзи фурӯш (супоридан) мавҷуд набудани маълумот дар бораи нархи биржавӣ, андоз дар асоси маълумоти мавҷудаи охирон оид ба нархи биржавии моли андозбандишаванда дар санаи наздиктарини рӯзи фурӯш ҳисоб карда мешавад. Маблағи андоз аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми ворид гаштани маълумот оид ба нархи моли андозбандишавандаи фурӯхташуда дар санаи фурӯш тасҳеҳ карда мешавад.
- Андоз то таҳвили (интиқоли) моли андозбандишаванда ё дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯзи баъди ворид шудани маблағ ба суратҳисоби андозсупоранда дар бонк ё ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд ба хазинаи ӯ воридшуда, ҳангоми дигар амалиётҳои андозбандӣ бошад, то лаҳзаи бор кардан, таҳвил ё интиқоли молҳои андозбандишаванда пардохт мешавад. Шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти андозбандишаванда молҳои андозбандишавандаро харидаанд, ӯҳдадоранд, ки дар мӯҳлати 10 рӯз нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андозро ба нозироти андози андозсупорандагони калон пешниҳод кунанд. Дар ҳолати вуҷуд надоштани ҳуҷҷатҳои мазкур, ин шахсон ӯҳдадоранд маблағи пурраи андозро аз ҳисоби худ пардохт намоянд.
- Ҳангоми аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба берун содир кардани моли андозбандишаванда то гузаштани сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз рӯи нархҳои дар лаҳзаи содирот амалкунанда пардохт мешавад. Барасмиятдарории гумрукии содироти молҳои андозбандишаванда ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тасдиқномаи нозироти андози андозсупорандагони калон доир ба пардохти андоз аз фурӯш амалӣ карда мешавад.
- Ҳисоб намудани андоз барои амалиёти андозбандишаванда ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани алюминийи аввалия бо истифодаи низоми гумрукии барориш ба муомилоти озод бо дарназардошти талаботи боби мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Эъломияи андоз аз фурӯш дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ҳисобҳо) дар бораи пардохти андоз нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 258 Кодекси мазкур ба мақомоти дахлдори андоз аз ҷониби андозсупоранда дар мӯҳлатҳои барои пардохти андоз муқарраргардида пешниҳод карда мешавад.
- Эъломияи андоз аз фурӯш дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ҳисобҳо) дар бораи пардохти андоз нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисми 4 моддаи 258 Кодекси мазкур аз ҷониби таҳвилкунанда ба мақомоти дахлдори андоз на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
Моддаи 261. Ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурӯш ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми таҳвили маҳсули коркарди онҳо ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Дар ҳолати ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намудани молҳое, ки маҳсули коркарди молҳои андозбандишаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, баҳисобгирии маблағҳои пардохтшудаи андоз аз фурӯш нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 258 Кодекси мазкур ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода мешавад.
- Ҳангоми таҳвили маҳсулоти коркарди молҳои андозбандишаванда ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирӣ дар асоси қисми 1 ҳамин модда мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаи 185 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
- Ҳангоми содироти маҳсули коркард ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурӯш ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд пардохт шавад, анҷом дода намешавад.
- Агар фарқи байни андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз рӯи таҳвили маҳсулоти коркард ба бозори дохилӣ пардохт шавад ва маблағи дахлдори андоз аз фурӯш манфӣ бошад, ҷуброни (баргардонидани) маблағ аз фурӯш аз буҷет анҷом дода намешавад. Фарқи мусбии байни маблағҳои дар боло пешбинигардида бояд ба буҷет пардохт шавад.
- Дастурамал дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз фурӯш, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
- Назорати пардохти андоз аз фурӯш аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.
ФАСЛИ XV. АНДОЗҲОИ МАҲАЛЛӣ
БОБИ 39. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 262. Муқаррароти умумӣ
- Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр (ноҳия) дар ҳудуди худ андозҳои маҳаллиро, ки дар моддаи 6 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, муқаррар менамоянд.
- Нисбат ба андозҳои маҳаллӣ муқаррароти қисми умумии Кодекси мазкур татбиқ мегарданд.
- Қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр (ноҳия) оид ба андозҳои маҳаллӣ бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқат намоянд ва дар нашрияҳои даврии дастраси омма дар ҳудуди дахлдор расман интишор карда шаванд.
БОБИ 40. АНДОЗ АЗ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Моддаи 263. Андозсупорандагон
Андозсупорандагон шахсоне мебошанд, ки соҳиб ва (ё) истифодабарандаи воситаҳои нақлиёти дорои объекти андозбандианд.
Моддаи 264. Объекти андозбандӣ
- Объектҳои андозбандӣ воситаҳои нақлиёт, мошинаҳо ва механизмҳои худгард, воситаҳои шинокунанда ва локомотивҳои дар роҳи оҳан истифодашаванда мебошанд, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд ва (ё) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шуда, номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
- Объектҳои андозбандӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар соҳаҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, мудофиа, кишоварзӣ ва (ё) мақомоти дигари давлатӣ (минбаъд дар ин боб – мақомоти ваколатдор) ба ҳисоб гузошта мешаванд.
- Нагузаронидани бақайдгирии давлатӣ ва (ё) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта нашудани воситаҳои нақлиёт, инчунин вайрон ё бо дигар сабабҳо истифода нагардидани воситаҳои техникӣ, ки аз қайди дар боло пешбинигардида гузаштаанд (ба ҳисоб гирифта шудаанд) барои аз ҷониби соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт напардохтани маблағи андози пардохтшаванда асос шуда наметавонад.
- Аз ҳайати объекти андозбандӣ хориҷ намудани воситаҳои нақлиёт баъд аз хориҷ кардан аз қайди давлатӣ ва (ё) аз ҳисоб баровардан мувофиқи тартиб ва бо асосҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба анҷом расонида мешавад.
- Объектҳои андозбандӣ бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори дар қисми 2 ҳамин модда муайяншуда на зиёда аз 1 маротиба дар 5 соли тақвимӣ инвентаризатсияи ҳуҷҷатӣ карда шаванд.
Моддаи 265. Манбаи андоз
Барои воситаи нақлиёти худгард иқтидори муҳаррик, ки бо воҳидҳои қувваи асп ифода ёфтааст, манбаи андоз ба ҳисоб меравад.
Моддаи 266. Меъёрҳои андоз
- Меъёрҳои андоз барои воситаҳои нақлиёт ва (ё) мошинҳо ва механизмҳои худгард барои як сол ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд (ба ҳисоби 1 қувваи аспи иқтидори муҳаррик):
ниг. ба ҷадвал (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367)
- Меъёрҳои андоз аз рӯи намудҳои воситаҳои нақлиёт, мошин вамеханизмҳои худгард ҳарсола то 1 феврали соли тақвимӣ дар сомонаи электронии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 267. Озодкунӣ
Аз андозбандӣ озод карда мешаванд:
– тракторҳои дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда, комбайнҳои муҳаррикдори ғалладаравӣ ва махсус, аз ҷумла комбайнҳои пахтачинӣ;
– автобусҳо ва троллейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум барои мусофиркашонӣ дар шаҳрҳо истифода мебаранд;
– воситаҳои нақлиёти тиббии махсус;
– воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
– як автомобили (мотоколяскаи) ба маъюб тааллуқдоштаи бо даст идорашаванда;
– нақлиёти саноатии роҳи оҳан (ба истиснои локомотивҳо);
– як автомобил, новобаста ба иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни барҳамдиҳии оқибатҳои фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил мебошад ва дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешавад.
Моддаи 268. Тартиби супоридани андоз
- Андоз бояд ба буҷети дахлдори маҳаллии маҳалли бақайдгирии (баҳисобгирии) воситаҳои нақлиёт на дертар аз мӯҳлати гузаштани бақайдгирӣ, аз нав бақайдгирӣ ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти автомобилӣ пардохт шавад. Мӯҳлати муоинаи ҳарсолаи техникии воситаҳои нақлиётро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Риоя накардани мӯҳлати супоридани андоз барои ҳисоб намудани фоизҳо мувофиқи тартиб ва дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси мазкур асос мебошад. Ҳангоми аз нав ба қайд гирифтани воситаи нақлиёт, агар соҳиби пештараи он барои соли мазкури тақвимӣ андозро пардохта бошад, андоз супорида намешавад.
- Бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар хусуси супоридани андоз барои соли ҷорӣ бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва муоинаи техникӣ гузаронида намешавад. Андозсупоранда ҳуқуқ надорад бе пардохти андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт барои соли ҷорӣ воситаи нақлиётро истифода барад.
- Дар сурати набудани ҳуҷҷат дар хусуси гузаштани муоинаи ҳарсолаи техникӣ мақомоти ваколатдор бояд аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳуҷҷати супоридани андозро талаб намоянд.
- Ҳисоби маблағи андозе, ки бояд барои соли ҷорӣ пардохт шавад, шахсони ҳуқуқӣ ба мақоми андози маҳалли бақайдгирии худ то 1-уми апрели соли ҷорӣ пешниҳод менамоянд. Шакли ҳисоб оид ба маблағи ҳисобшудаи андоз аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Ҳар сол то 1-уми апрели соле, ки баъд аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, мақомоти ваколатдор аз рӯи шакл ва мувофиқи тартиби дар мувофиқа бо ин мақомоти ваколатдор муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи воситаҳои нақлиёте, ки ба санаи 31-уми декабри соли ҳисоботӣ дар ин мақомот ба қайди давлатӣ гузошта шудаанд (ба ҳисоб гирифта шудаанд), шумораи воситаҳои нақлиёте, ки аз муоинаи ҳарсолаи техникӣ гузаштаанд ва маблағи андози дар соли ҳисоботӣ супоридашуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод менамояд.
- Назорати пардохти андозро мақомоти ваколатдор амалӣ менамоянд. Назорати умумии пардохти пурра ва саривақтии андоз аз воситаҳои нақлиётро мақомоти андоз амалӣ менамоянд.
- Дастурамал дар бораи ҳисобкунӣ ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, инчунин шаклҳои ҳисобкунии андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
БОБИ 41. АНДОЗҲО АЗ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ
§ 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 269. Муқаррароти асосӣ
- Дар фасли мазкур андозҳои зерин аз молу мулки ғайриманқули барои истифодаи (ихтиёрдории) қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқул пардохтшаванда муқаррар карда мешаванд:
– андози замин;
– андоз барои объектҳои ғайриманқул.
- Барои мақсадҳои фасли мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
– молу мулки ғайриманқул – қитъаҳои замин, объектҳои ғайриманқул;
– қитъаҳои замин – заминҳое, ки барои истифода дода шудаанд ё амалан дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ё бе онҳо истифода мешаванд;
– объектҳои ғайриманқул – биноҳо, иморатҳо ва молу мулки дигари ба замин мустаҳкам насбгардида, яъне объектҳое, ки ҷойивазкуниашон бе расонидани зарари моддӣ ба онҳо ғайриимкон аст.
§ 2. Муқаррароти марбут ба андози замин
Моддаи 270. Андозсупорандагон
- Андози заминро заминистифодабарандагон, ки қитъаҳои замин ба онҳо барои истифодаи якумраи меросӣ, бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё ба иҷора дода шудаанд, ё заминистифодабарандагони воқеан қитъаҳои заминро истифодабаранда, ба истиснои заминистифодабарандагоне, ки шартҳои низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро иҷро мекунанд, пардохт менамоянд.
- Супорандагони андози замин инчунин инҳо мебошанд:
– истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба низоми умумии андозбандӣ гузаштаанд ва (ё) истифодабарандагони заминҳое, ки бо андози ягона андозбандӣ намешаванд;
– шахсони истифодабарандаи низоми махсус ё имтиёзноки андоз, агар дар асоси чунин низомҳо озодкунӣ аз андози замин пешбинӣ нагардида бошад.
- Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие, ки шартҳои низомҳои махсуси андозро қонеъ мегардонанд ва агар баъди гузариши охирин ба низоми умумии андозбандӣ 3 соли тақвимӣ гузашта бошад, ӯҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи фасли XVI Кодекси мазкур ба пардохти андози ягона ё пардохти андоз бо шакли соддакардашуда гузаранд.
Моддаи 271. Объекти андозбандӣ
- Объекти андозбандии андози замин заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои берун аз маҳалҳои аҳолинишин бо дарназардошти сифат, баҳои кадастрии замин, таъиноти истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологии қитъаи замин мебошанд, ки мансубияти онҳоро қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
- Асос барои муайян намудани андози замин бо дарназардошти муқаррароти қисми 1 ҳамин модда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замини (ҳуҷҷатҳои кадастри замини) заминистифодабаранда ё истифодабарии воқеии замин мебошад. Агар масоҳати замини амалан истифодашаванда назар ба масоҳати замини мутобиқи ҳуҷҷатҳои кадастри замини андозсупоранда зиёд бошад, барои мақсадҳои андозбандӣ масоҳати замини амалан истифодашаванда қабул карда мешавад.
- Маблағи андози замин ба натиҷаи фаъолияти хоҷагидории истифодабарандаи замин вобаста набуда, дар шакли пардохтҳои устувор барои воҳиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешавад.
- Супорандагони андози замин дигар андозҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт менамоянд.
Моддаи 272. Манбаи андоз
- Манбаи андоз барои ҳисоб намудани андози замин масоҳати қитъаи замини дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замини истифодабарандаи замин пешбинигардида ё масоҳати қитъаи замине, ки ӯ амалан истифода мекунад (дар ихтиёр дорад), ба истиснои заминҳои аз пардохти андоз озодшуда, мебошад.
- Ба масоҳати андозбандишаванда ҳамаи заминҳои вобасташуда, аз ҷумла заминҳои зери биноҳо, иншоот, қитъаҳои замине, ки барои нигоҳдории онҳо заруранд, объектҳои минтақаҳои санитарии муҳофизатӣ, минтақаҳои техникӣ ва ғайра дохил мешаванд.
- Барои воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ манбаи андоз масоҳати қитъаи замине мебошад, ки ба ин филиал (намояндагӣ) дар шаҳри (ноҳияи) дахлдор вобаста шудааст.
Моддаи 273. Меъёрҳои андози замин
- Меъёрҳои андоз аз як гектари замин дар миқёси вилоятҳо ва шаҳрҳо (ноҳияҳо) бо дарназардошти минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, аз ҷумла заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои зери ҷангалзор ва буттазорҳои маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои истифодаи кишоварзӣ ҳар 5 сол бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
- Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар сол меъёрҳои андози заминро мутобиқи сатҳи таваррум дар соли гузаштаи андоз, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор муайян карда мешавад, индексатсия намуда, меъёрҳои индексатсияшудаи андози заминро барои соли ҷории тақвимӣ дар сомонаи расмии электронии худ ҷойгир мекунад.
- Заминҳо барои сохтмони манзили истиқоматии шахсони воқеӣ дар маҳалҳои аҳолинишин бояд мувофиқи тартиби зайл андозбандӣ гарданд:
1) Масоҳати ҳар як қитъаи замине, ки ба истифодабарандаи замин тибқи ҳуҷҷати алоҳидаи (мустақили) тасдиқкунанда вобаста карда шудааст, ба истиснои ҳолате, ки ин қитъаҳои замин ҳамҳудуд мебошанд, бо мақсади андозбандӣ алоҳида баррасӣ мегардад. Ҳангоми андозбандӣ масоҳати қитъаҳои замини ҳамҳудуд, ки ба як андозсупоранда дар асоси ҳуҷҷатҳои мухталифи (якчанд ҳуҷҷатҳои) муайянкунандаи ҳуқуқ вобаста карда шудаанд, ҷамъ карда шуда, ин қитъаҳои ҳамҳудуди замин чун як қитъаи замин баррасӣ мегарданд.
2) Ҳисоб намудани маблағи андози замин мувофиқи тартиби зайл вобаста ба ҳаҷми қитъаи замин, ки ба истифодабарандаи замин вобаста карда шудааст, анҷом дода мешавад:
а) то 800 метри мураббаъ – тибқи меъёрҳои муқарраргардида;
б) зиёда аз 800 метри мураббаъ то 2000 метри мураббаъ – маблағи андоз, ки тибқи зербанди а) ҳамин банд ҳисоб шудааст, ҷамъи маблағи бо дарназардошти меъёри 2-каратаи андоз ҳисобшуда, барои майдоне, ки аз 800 метри мураббаъ зиёд аст;
в) беш аз 2000 метри мураббаъ – маблағи андозе, ки тибқи зербанди
б) ҳамин банд ҳисоб карда шудааст, ҷамъи маблағи бо дарназардошти меъёри 5-каратаи андоз ҳисобшуда барои майдоне, ки аз 2000 метри мураббаъ зиёд аст.
- Ҳангоми андозбандии масоҳати ҳар як қитъаи замине, ки ба истифодабарандаи замин тибқи ҳуҷҷати алоҳидаи (мустақили) тасдиқкунанда вобаста карда шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин қитъаҳои замин ҳамҳудуд мебошанд, алоҳида баррасӣ мегардад. Ҳангоми андозбандӣ масоҳати қитъаҳои замини ҳамҳудуд, ки ба як заминистифодабаранда дар асоси ҳуҷҷатҳои мухталифи (якчанд ҳуҷҷатҳои) муайянкунандаи ҳуқуқ вобаста карда шудаанд, ҷамъ карда шуда, ин қитъаҳои ҳамҳудуди замин чун як қитъаи замин баррасӣ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
Моддаи 274. Имтиёзҳо оид ба андози замин
- Аз андози замин инҳо озод мебошанд:
– ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дендрологӣ, ботаникӣ мутобиқи номгӯи чунин ташкилотҳо ва масоҳати ҳудудҳои онҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;
– заминҳое, ки муассисаҳои давлатӣ барои татбиқи мақсад, вазифа ва амалҳои дар ҳуҷҷатҳои таъсисии чунин муассисаҳо дарҷгардида, истифода мебаранд, ба истиснои заминҳое, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ дода (истифода) шудаанд;
– замини ташкилотҳое, ки дар онҳо биноҳои истифодабарандаи онҳо воқеъ гардида, аз ҷониби давлат ҳамчун ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ ҳифз карда мешаванд, тибқи номгӯи ташкилотҳо ва мутобиқи андозаи замине, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
– заминҳои барои истифода гирифташуда, ки мутобиқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ вайроншуда (рекултиватсия талабкунанда) эътироф шудаанд ва заминҳое, ки дар зинаи азхудкунии кишоварзӣ мебошанд дар давоми 5 сол баъди гирифтани (оғози азхудкунии) чунин заминҳо;
– заминҳое, ки таҳти хати мушоҳида дар тӯли сарҳади давлатӣ қарор дошта ба мақсадҳои дигар истифода намешаванд;
– заминҳои истифодаи умумии маҳалҳои аҳолинишин ва хоҷагиҳои коммуналӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои динӣ, қабристонҳо, агар дар чунин заминҳо фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода нашавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– заминҳои захираи озоди давлатӣ, инчунин заминҳое, ки дар зери пиряхҳо, ярчҳо, дарёҳо ва кӯлҳо воқеъ мебошанд, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;
– заминҳои ташкилотҳое, ки на камтар аз 50 фоизи кормандони онҳоро маъюбон ташкил медиҳанд;
– заминҳои таҳти роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва роҳи оҳан, инчунин заминҳои таҳти объектҳои давлатии интиқоли барқ, обтаъминкунӣ ва иншооти обии давлатӣ қарордошта, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;
– заминҳое, ки барои таъмини мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷойгиркунии онҳо ва масоҳати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;
– як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замине, ки барои сохтмони манзил ба ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҷудо гардидаанд;
– қитъаҳои замини наздиҳавлигие, ки ба муҳоҷирони аз дигар ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зисти доимӣ ба ноҳияҳои муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омада ҷудо карда шудаанд, дар давоми 3 сол баъд аз ҷудо намудани чунин заминҳо;
– қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба муаллимони дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва духтурони дар муассисаҳои тиббии деҳот коркунанда ҷудо карда шудаанд, дар давраи кори онҳо дар чунин муассисаҳо;
– заминҳое, ки бевосита барои мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтҳои ороишӣ ва мевадиҳанда аз ҷониби ташкилотҳои илмӣ, хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва илмию озмоишӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии самтҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал тибқи масоҳати замин ва мутобиқи номгӯи истифодабарандагони замин, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, истифода мегарданд;
– қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил дар ҳолати мавҷуд набудани аъзои оилаи қобили меҳнат ба ҳамаи гурӯҳи маъюбони бекор ҷудо карда шудаанд;
– замини чарогоҳҳо, алафзорҳо, бешаҳо ва дигар заминҳои қаблан дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода нашаванда, ки барои бунёди боғҳо ва токзорҳо истифода мешаванд, – дар давоми 5 сол аз соли оғози бунёди ин боғҳо ва токзорҳо.
- Барои истифодаи имтиёзҳои андозии дар ҳамин модда пешбинишуда андозсупоранда ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии қитъаи замин ҳуҷҷатҳои дахлдори муайянкунандаи ҳуқуқро пешниҳод менамояд.
§ 3. Муқаррароти вобаста ба андоз аз объектҳои ғайриманқул
Моддаи 275. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз объектҳои ғайриманқул соҳибони (истифодабарандагони) объектҳои ғайриманқул, ки объекти андозбандӣ мебошанд, ба шумор мераванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
Моддаи 276. Объекти андозбандӣ
- Объектҳои андозбандӣ иморатҳо, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳо, бӯстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморатҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда, инчунин объектҳои сохтмонашон нотамом аз лаҳзаи зиндагонӣ кардан, истифода бурдан (минбаъд – объектҳои ғайриманқул) мебошанд.
- Ба объектҳои ғайриманқул инчунин контейнерҳо, систернаҳо, дӯконҳо, шипангҳо (навесҳо), вагонҳо дохил мешаванд, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода шуда, дар давоми на камтар аз 3 моҳ дар ҳар соли тақвимӣ дар маҳалли амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бе ҳаракат ҷойгир карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
Моддаи 277. Манбаи андоз
- Манбаи андоз масоҳати умумии ишғолнамудаи объекти ғайриманқул, аз ҷумла масоҳати ҳар як ошёнаи бинои бисёрошёна мебошад.
- Барои таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳо, ки баландии онҳо ба ҳисоби миёна зиёда аз 2 метр мебошад, ҳамчун манбаи андоз 50 фоизи масоҳати ишғолнамудаи онҳо гирифта мешавад. Ба манбаи андоз таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда намешаванд, дохил намегарданд.
- Барои биноҳои ёрирасони шахсони воқеӣ (гаражҳо, саройҳо ва дигар биноҳои ёридиҳанда), ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд, ба сифати манбаи андоз 50 фоизи масоҳати ишғолнамудаи онҳо гирифта мешавад.
- Андозаи (ҳаҷми) объектҳои ғайриманқул дар асоси ҳуҷҷатҳои техникии дахлдор ё дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба чунин объектҳо муайян карда мешавад. Андозаи (ҳаҷми) объектҳои ғайриманқул инчунин тавассути аз берун чен кардан ё дар ҳолати имконнопазир будани ченкунии берунӣ, аз рӯи масоҳати умумии муфиди манзили дохилии объект, ки ба коэффисиенти 1,25 зиёд карда шудааст, аз ҷониби мақомоти андоз бо иштироки андозсупоранда муайян карда мешавад.
Моддаи 278. Имтиёзҳо
Бо андоз аз объекти ғайриманқул инҳо андозбандӣ намегарданд:
– муассисаҳои давлатие, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ мешаванд, нисбат ба объектҳои ғайриманқули давлатие, ки бевосита аз ҷониби чунин муассисаҳо барои татбиқи вазифаҳои оинномавии худ истифода бурда мешаванд;
– шахсони ҳуқуқӣ, ки 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медиҳанд, нисбат ба объектҳои ғайриманқуле, ки бевосита аз ҷониби чунин шахсон барои иҷро намудани вазифаҳои оинномавии худ истифода бурда мешаванд;
– объектҳои ғайриманқул дар шакли як хонаи истиқоматӣ ва дигар биноҳои дар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ё як қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷойдошта ва ё як ҳуҷрае, ки дар онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, маъюбони гурӯҳҳои I ва II ба қайд гирифта шудаанд;
– объектҳои ғайриманқули иттиҳодияҳои динӣ, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– масоҳати объектҳои ғайриманқули давлатӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба иҷора дода шуда, иҷорапулии онҳо дар ҳаҷми пурра ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.
Моддаи 279. Меъёри андоз
- Меъёри андоз аз объектҳои ғайриманқул вобаста ба масоҳати ишғолнамудаи объектҳои ғайриманқул ва мақсади истифодабарии он бо фоиз аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Меъёри андоз тибқи андозаҳои зерин мукаррар карда мешавад:
– барои объектҳои ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашаванда, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо то 90 метри мураббаъ – ба андозаи 3 фоиз (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046);
– барои масоҳати боқимондаи объектҳои ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашаванда, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо зиёда аз 90 метри мураббаъ – ба андозаи 4 фоиз (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046);
– барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашаванда то 250 метри мураббаъба андозаи 12,75 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
– барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашавандаи масоҳати боқимондаашон зиёда аз 250 метри мураббаъ – ба андозаи 15 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
– барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани дигар намуди фаъолият истифодашаванда то 200 метри мураббаъ – ба андозаи 9 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
– барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани дигар намуди фаъолият истифодашавандаи масоҳати боқимондаашон зиёда аз 200 метри мураббаъ – ба андозаи 12 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
- Коэффитсиентҳои зерини минтақавӣ андозаи пардохти андоз аз объекти молу мулки ғайриманқулро ба танзм медароранд:
+———+——————————————–+————-+
|Гурӯҳҳо | Номгӯи шаҳрҳо ва ноҳияҳо |Коэффисентҳои|
| | | минтақавӣ |
+———+——————————————–+————-+
| 1. |ҳудуди шаҳри Душанбе | 1,0 |
+———+——————————————–+————-+
| 2. |ҳудуди шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва | |
| |Кӯлоб | 0,8 |
+———+——————————————–+————-+
| 3. |ҳудуди шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, | 0,55 |
| |Табошар, Истаравшан, Исфара, Конибодом, | |
| |Панҷакент, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун, Норак,| |
| |Сарбанд ва Хоруғ | |
+———+——————————————–+————-+
| 4. |ҳудуди дигар шаҳракҳо ва марказҳои,ки дар | |
| |маъмурии ноҳияҳое гурӯҳҳои 1, 2 ва 3 нишон
дода нашудаанд | 0,4 |
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188)
+———+——————————————–+————-+
| 5. |ҳудуди деҳоти мансуб ба | 0,3 |
| |ноҳияҳои (шаҳрҳои) Истаравшан, Қайроққум, | |
| |Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, | |
| |Спитамен, Ҷаббор Расулов, Панҷакент, Ваҳдат,| |
| |Рӯдакӣ, Турсунзода,Шаҳринав, Ҳисор, Ёвон, | |
| |Восеъ, Данғара, Кӯлоб,Фархор,Ҳамадонӣ, | |
| |Мӯъминобод, Норак, Вахш, Қубодиён, | |
| Қумсангир, Носири Хусрав, Панҷ, Сарбанд, | |
| |Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл ва | |
| |Шаҳритус | |
| |(Конуни ЧТ аз 28.12.2013 № 1046) | |
+———+——————————————–+————-+
| 6. |ҳудуди деҳоти мансуб ба | |
| |ноҳияҳои (шаҳрҳои) Ашт, Зафаробод, | 0,15 |
| |Мастчоҳ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, | |
| |Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Варзоб, Файзобод, | |
| |Тавилдара, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Шӯрообод | |
| |(Конуни ЧТ аз 28.12.2013 № 1046) | |
+———+——————————————–+————-+
| 7. |ҳудуди деҳоти мансуб ба | 0,09 |
| |ноҳияҳои (шаҳрҳои) Ғончӣ, Айнӣ, Кӯҳистони | |
| |Мастчоҳ, Шаҳристон, Нуробод, Рашт, Роғун, | |
| |Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон, | |
| |Хоруғ ва Шуғнон | |
| |(Конуни ЧТ аз 28.12.2013 № 1046) | |
+———+——————————————–+————-+
- Аз рӯи объектҳои ғайриманқуле, ки дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ ва истироҳат ҷойгир мебошанд, меъёрҳои андоз ба андоза 2-каратаи меъёрҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Барои андозбандии таҳхонаҳо ва болохонаҳо, инчунин барои биноҳои (ҳуҷраҳои) ёрирасон меъёрҳои дар қисми 2 ҳамин модда муқарраршуда истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
§ 4. Муқаррароти умумӣ дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046)
Моддаи 280. Тартиби умумии ҳисоб ва пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул
- Ҳисоб намудани андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) бо роҳи зарб задани манбаи андоз ба меъёрҳои дахлдори андоз оид ба ҳар як объекти андозбандӣ алоҳида сурат мегирад.
- Андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз моҳи минбаъдаи моҳе, ки дар он андозсупоранда ҳуқуқи истифодаи (ё ихтиёрдории) объектиандозбандиро ба даст овардааст (гирифтааст), ҳисоб карда мешавад ((Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Ҳангоми қатъ гаштани ҳуқуқи истифодаи (ё ихтиёрдории) объекти андозбандӣ андозҳо аз молу мулки ғайриманқул барои миқдори воқеии моҳҳои истифода (ё ихтиёрдорӣ) намудани объекти андозбандӣ, аз ҷумла моҳи қатъ гаштани ҳуқуқҳои пешбинигардида ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Ҳангоми дар давоми соли тақвимӣ гузаронидани заминҳо (маҳалли аҳолинишин) аз як категирияи замин (маҳалли аҳолинишин) ба категорияи дигар, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул барои соли ҷорӣ аз андозсупорандагон мувофиқи меъёрҳои қаблан барои чунин заминҳои маҳалли аҳолинишин (гурӯҳи заминҳо) муқарраргардида, дар соли оянда бошад, тибқи меъёрҳои барои категорияи нави заминҳо (маҳалли аҳолинишин) муқарраргардида, ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Ҳангоми барҳам додани маҳалли аҳолинишин ва дохил намудани ҳудуди он ба таркиби дигар маҳалли аҳолинишин дар ҳудуди маҳалли аҳолинишини барҳамхӯрда меъёри нави андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз 1-уми январи соли минбаъдаи соле, ки дар он барҳамдиҳӣ ба вуқӯъ омадааст, татбиқ мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
Моддаи 281. Тартиби пешниҳоди ҳисоби андоз
- Андозсупорандагон, ба истиснои шахсони воқеие, ки молу мулки ғайриманқули андозбандишавандаро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд, ҳар сол на дертар аз 1-уми марти соли ҷорӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқули худ ҳисоби маблағи андозҳо аз молу мулки ғайриманқулро (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои молу мулк), ки бояд дар соли ҷорӣ супоранд, пешниҳод менамоянд. Шакл ва тартиби пешниҳоди ҳисоботи номбурдаро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
- Ҳисоби маблағҳои андозҳои пардохтшаванда аз молу мулки ғайриманқули (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) шахсони воқеӣ, ки онро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд, аз ҷониби мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқул амалӣ карда мешавад. Шахсони воқеии пешбинигардида оид ба маблағҳои ҳисобшудаи андоз аз молу мулки ғайриманқул бояд дар мӯҳлати на дертар аз 1-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андози дахлдор огоҳонида шаванд. Шакл ва тартиби огоҳинидани шахсони номбаршуда оид ба маблағҳои андозҳои молу мулки ғайриманқулро мақоми ваколатдори андоз муқаррар менамояд.
- Агар бо ягон сабаб огоҳинома оид ба маблағҳои андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ба шахси воқеие, ки чунин молу мулкро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебарад, нарасида бошад, чунин шахси воқеӣ ӯҳдадор аст ҳисобҳои андозҳоро аз мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии ин молу мулк гирад ва (ё) мустақилона маблағҳои андозҳои пардохтшавандаро дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур супорад.
- Оид ба қитъаҳои замини аз нав ҷудокардашуда (ба даст овардашуда, гирифташуда) ва (ё) объектҳои молу мулки ғайриманқули шахсоне, ки дар қисми 1 ҳамин модда муайян шудаанд, ҳисоби андозҳо бояд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ҷудокунӣ (бадастоварӣ, гирифтан) пешниҳод карда шавад.
Моддаи 282. Мӯҳлати пардохтҳо
- Маблағи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) барои соли ҷории андоз аз ҷониби андозсупорандагон, ба истиснои шахсони воқеие, ки чунин молу мулки ғайриманқулро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд, дар мӯҳлатҳои зерин супорида мешавад:
– барои ба объектҳои ғайриманқули (қитъаҳои заминҳо ва (ё) объектҳои ғайриманқули) дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгиршуда – на дертар аз 15-уми феврал (бо тартиби пешпардохт), 15-уми май, 15-уми август ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз, 75 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона;
– барои ба объектҳои ғайриманқули (қитъаҳои заминҳо ва (ё) объектҳои ғайриманқули) берун аз маҳалҳои аҳолинишин ҷойгиршуда – на дертар аз 15-уми феврал (бо тартиби пешпардохт), 15-уми май, 15-уми август ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 15 фоиз, 35 фоиз, 60 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона.
- Аз ҷониби шахсони воқеие, ки молу мулки ғайриманқули андозбандишавандаро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд маблағи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) барои соли ҷории андоз дар мӯҳлатҳои на дертар аз 15-уми июн, 15-уми август ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 33 фоиз, 66 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона супорида мешавад.
- Андозсупоранда ӯҳдадор аст пардохтҳои андоз аз молу мулки ғайриманқулро дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда иҷро намояд. Ҳангоми дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби андозсупоранда иҷро нагардидани пардохтҳо аз рӯи ҳар яке аз андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз ҷониби мақоми андоз барои батаъхиргузории пардохт фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.
- Андозсупоранда ҳуқуқ дорад дар ҳар давраи соли ҷории андоз қисми боқимондаи пардохтнашудаи маблағи ҳар як андоз аз молу мулки ғайриманқулро бо як пардохт пеш аз мӯҳлат супорад.
- Новобаста аз муқаррароти қисмҳои 1-4 ҳамин модда, андозсупоранда метавонад мутобиқи аризаи хаттӣ, ки ҳамчун ҳисоботи андоз ба ҳисоб меравад, маблағи пурраи андозҳои молу мулки ғайриманқулро дар мӯҳлати якуми пардохти муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ё 2 ҳамин модда супорад.
- Назорати супоридани андозҳо аз молу мулки ғайриманқулро мақомоти андоз амалӣ менамоянд.
- Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, инчунин шаклҳои эъломияҳоро (ҳисоботҳоро) мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
ФАСЛИ XVI. НИЗОМҲОИ МАХСУСИ АНДОЗБАНДӣ
БОБИ 42. НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ ШАХСОНИ ВОҚЕИЕ, КИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРИРО ТИБҚИ ПАТЕНТ Ё ШАҲОДАТНОМА АМАЛӢ МЕНАМОЯНД
§ 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 283. Муқаррароти умумӣ
- Низоми андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент амалӣ менамоянд, низоми махсуси андозбандӣ мебошад, ки дар асоси он соҳибони патент ӯҳдадоранд андозҳои муқаррарнамударо ба андозаи устувор новобаста ба даромади бадастомада пардохт намоянд. Андозбандии даромадҳои шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи шаҳодатнома амалӣ менамоянд, дар асоси низомҳои андозбандии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ гардонида мешавад.
- Даромади шахси воқеие, ки дар амал фаъолияти соҳибкориро анҷом дода, аз қайди давлатӣ нагузаштааст, мутобиқи фасли мазкур андозбандӣ мегардад.
- Истифода бурдани низоми махсуси андозбандии муқаррарнамудаи ҳамин боб нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ манъ аст, агар чунин истифодабарӣ асосан барои кам намудани ӯҳдадориҳои андози соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) шахсони истифодабарандаи хизматрасонии онҳо равона карда шуда бошад, аз ҷумла:
– агар соҳибкори инфиродии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда асосан ба як шахс хизмат расонад ва (ё) даромадҳоро аз як манбаъ гирад ва (ё) аз ҷониби ӯ иҷро намудани нишонаҳои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошад;
– агар интихоби таҳвилкунандаи молҳо, иҷрокунандаи кор ва ё хизматрасонӣ асосан ба истифодабарии низоми андозбандии муқаррарнамудаи ҳамин боб вобаста бошад.
- Андозбандии даромадҳои фаъолияти соҳибкории инфиродии шахсони воқеӣ – ғайрирезидентон мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти меъёри андоз аз даромади муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 103 ва дигар муқаррароти Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
§ 2. Андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда
Моддаи 284. Муқаррароти асосии андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда
- Шахсони воқеӣ – резидентон ва ғайрирезидентон, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ тибқи патент бақайд гирифта шудаанд, аз низоми андозбандии шахсони воқеии фаъолияти соҳибкори инфиродиро тибқи патент амаликунанда (минбаъд – низоми патентӣ), истифода мебаранд, агар ҳамзамон шартҳои зерин иҷро гардида бошад:
– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии онҳо ба сифати соҳибкори инфиродӣ патент мебошад;
– маблағи пешбининамудаи низоми патентии андозҳо аз ҷониби соҳибкор пешакӣ (бо тариқи пешпардохт) барои давраҳои пурраи дахлдори фаъолияти соҳибкорӣ пардохт шудааст;
– фаъолияти соҳибкори инфиродӣ бевосита аз ҷониби шахси воқеӣ бо истифодаи молу мулки мавҷуда, аммо бе кирояи қувваи корӣ ва бе амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ иҷро карда мешавад;
– намудҳои амалишавандаи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва андозаи устувори маблағи андозҳои аз ҷониби андозсупоранда пардохтшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
– дар соли тақвимӣ даромади умумии истифодабарандаи низоми патентӣ наметавонад аз 100 ҳазор сомонӣ бештар бошад (минбаъд – ҳадди даромад барои низоми патентӣ).
- Истифодабарии низоми патентӣ дар чунин ҳолатҳо иҷозат дода намешавад:
– иҷро нагардидани ақаллан яке аз шартҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида;
– аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ истифода гардидани ягон намуди дигари низомҳои андозбандии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур;
– дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 283 Кодекси мазкур.
- Дар ҳолате, ки фаъолияти соҳибкори инфиродӣ – дорандаи патент сархатҳои дуюм – панҷуми қисми 1 ҳамин моддаро қонеъ гардонида натавонад, чунин соҳибкори инфиродӣ ҳуқуқи истифодаи низоми патентиро гум мекунад ва ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба қатъ намудани бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкори инфиродӣ тибқи патент ариза диҳад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Истифодаи низоми патентӣ соҳибкори инфиродиро аз инҳо озод менамояд:
– аз пардохти андозҳо аз даромадҳо аз фаъолияти соҳибкории инфиродии ӯ, ки дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 6 Кодекси мазкур муқаррар шудаанд, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоии бевосита ба арзиши (нархи) патент дохилшаванда;
– аз пешниҳоди ҳисоботи андоз (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046);
– истифодабарии мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
- Дигар андозҳое, ки барои шахсони воқеӣ муқаррар гардидаанд, аз ҷониби истифодабарандагони низоми патентӣ мутобиқи Кодекси мазкур пардохт карда мешаванд.
- ӯҳдадории андози шахси воқеие, ки низоми патентиро интихоб намудааст, то расман бекор кардани қайди давлатӣ давом мекунад.
Моддаи 285. Андозсупорандагон ва баҳисобгирии онҳо
- Андозсупорандагон шахсони воқеӣ-резидентон ва ғайрирезидентон эътироф карда мешаванд, ки ба шартҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 284 Кодекси мазкур ҷавобгӯ мебошанд.
- Андозсупорандагони низоми патентиро истифодабаранда ӯҳдадоранд дар мақоми андози маҳалли амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб гузошта шаванд. Дар ҳолати иваз намудани маҳалли фаъолият бо тартиби муқарраргардида парвандаи шахсии андозсупоранда ва бақияи варақаи ҳисоббаробаркунии он ба мақоми андози дахлдор дода мешавад.
- Гузариш аз низоми патентӣ ба низоми дигари андозбандӣ, инчунин гузариши баръакс мувофиқи тартиби муқарраргардида баъд аз иҷро намудани расмиёти бақайдгирии давлатӣ амалӣ карда мешавад.
- ӯҳдадории андози шахси воқеии тибқи патент фаъолияткунанда аз санаи якуми моҳе, ки баъд аз моҳи қатъ намудани бақайдгирии давлатии чунин соҳибкори инфиродӣ фаро мерасад, хотима меёбад.
Моддаи 286. Маблағи андоз
Меъёрҳои андозҳои соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент фаъолият менамоянд, аз рӯи намудҳои алоҳидаи фаъолият бо дарназардошти хусусияти минтақавӣ мутобиқи боби мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайн карда мешавад.
Моддаи 287. Давраи андоз
Давраи андоз моҳи тақвимӣ эътироф карда мешавад.
Моддаи 288. Тартиби супоридани андозҳо
- Супоридани андозҳо аз рӯи низоми патентӣ аз ҷониби андозсупоранда мустақилона бо тариқи пешпардохт барои як ё якчанд моҳи минбаъдаи пай дар пай ба суратҳисобҳои бонкии буҷети маҳаллӣ дар маҳалли фаъолияти андозсупоранда амалӣ карда мешавад.
- Нусхаҳои ҳуҷҷатҳои бонкии андозсупоранда доир ба маблағҳои супоридашудаи андозҳо барои соли тақвимии гузашта ба мақомоти андози маҳалли фаъолияти андозсупоранда на дертар аз 1-уми марти соле, ки баъд аз соли ҳисоботии тақвимӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Назорати андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.
§ 3. Принсипҳои умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда
Моддаи 289. Принсипҳои умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда
- Даромади умумии солонаи шахсони воқеӣ – резидентон ва ғайрирезидентон, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома бақайд гирифта шудаанд (минбаъд – соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда), аз ҳамаи намудҳои фаъолияти амалишавандаи онҳо наметавонад аз як миллион сомонӣ зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда вобаста ба намуди фаъолият ва даромади гирифтаашон мувофиқи тартиби муқарраргардида низомҳои зерини махсуси андозро истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046):
– низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;
– низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
– низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ.
- Соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки дар як вақт 2 низоми махсуси андозбандии дар қисми 2 ҳамин модда пешбинигардидаро истифода мебаранд, ӯҳдадоранд мувофиқи тартиби муқарраргардида баҳисобгирии алоҳидаи даромадҳо, хароҷот ва амалиёти хоҷагидории анҷомшавандаро оид ба ҳар як низоми махсуси андози истифодашаванда пеш баранд.
- Низомҳои махсуси андоз аз ҷониби соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар ҳолате истифода мешаванд, ки агар даромад ва фаъолияти онҳо ба шартҳои чунин низомҳои махсуси андоз ҷавобгӯ бошанд.
- Агар ҳамин боб тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, аз ҷониби соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда андозҳои дигар дар асоси Кодекси мазкур пардохт карда мешаванд.
- Соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда аз иҷрои ӯҳдадориҳои агенти андоз, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, озод намебошанд.
- Намудҳои фаъолияте, ки соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда анҷом дода метавонанд ва қоидаҳои андозбандии онҳо мутобиқи боби мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
- Назорати андозбандии соҳибкорони тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.
БОБИ 43. НИЗОМИ СОДДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДӢ БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРД
Моддаи 290. Муқаррароти умумӣ
- Низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд (минбаъд – андози низоми соддакардашуда) низоми махсуси андоз мебошад, ки мутобиқи он субъектҳои соҳибкории хурд андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё андоз аз даромад барои соҳибкорони инфиродиро бо тартиби соддакардашуда пардохт менамоянд.
- Агар дар боби мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, субъектҳои соҳибкории хурде, ки даромади умумии бо усули кассавӣ ҳисобшудаи онҳо дар соли пешинаи тақвимӣ (бе дарназардошти андози аксизӣ, андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминийи аввалия)) аз 500 як миллион сомонӣ зиёд намебошад (минбаъд – ҳадди даромад) аз андози низоми соддакардашуда истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Гузариш ба андози низоми соддакардашуда ё баргаштан ба низоми умумии андозбандӣ аз ҷониби андозсупорандагон бо тартиби пешбининамудаи ҳамин боб амалӣ карда мешавад.
- Супорандаи андози низоми соддакардашуда супорандаи чунин андозҳо ба ҳисоб намеравад:
– андоз аз фоида, ба истиснои даромадҳое, ки аз онҳо андоз дар манбаи пардохт ситонида мешавад;
– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
– андоз аз даромад аз даромадҳои бевоситаи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ба истиснои даромадҳое, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ карда мешаванд;
– андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми воридоти молҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андоз аз арзиши иловашудаи ғайрирезидент, ки дар манбаи пардохт ситонида мешавад.
- Агар дар ҳамин боб тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дигар андозҳо аз ҷониби супорандагони андози низоми соддакардашуда дар асоси Кодекси мазкур пардохт карда мешаванд.
- Шахсоне, ки андози низоми соддакардашударо истифода менамоянд, аз иҷрои ӯҳдадориҳои агенти андози пешбининамудаи Кодекси мазкур озод намебошанд.
Моддаи 291. Андозсупорандагон
- Инҳо супорандагони андози низоми соддакардашуда эътироф мешаванд:
– шахсоне, ки фаъолияти соҳибкории онҳо дар соли ҷории тақвимӣ оғоз ёфтааст, новобаста аз воқеияти барасмиятдарории бақайдгирии давлатии ин шахсон;
– шахсоне, ки ба шартҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 290 Кодекси мазкур ва сархати якуми қисми 3 ҳамин модда ҷавобгӯ мебошанд.
- Андози низоми соддакардашуда нисбат ба андозсупорандагони зерин татбиқ намегардад:
– шахсони воқеие, ки ба сифати соҳибкорони инфиродӣ тибқи патент ба қайд гирифта шудаанд ва нисбат ба даромадҳо аз чунин фаъолияти соҳибкорӣ бо андозҳои низоми патент андозбандӣ мешаванд;
– фондҳои инвеститсионӣ, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилоти суғуртавӣ ва қарзӣ, ташкилоти маблағгузории хурд, ломбардҳо, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, таҳвилкунандагони алюминийи аввалия, истеҳсолкунандагони маҳсулоти зераксизӣ, ташкилоти миёнаравӣ (дар асоси шартномаҳои комиссия, супориш ва шартномаҳои миёнаравии дигар амалкунанда). Субъектҳои мазкур, ки низомҳои махсуси андозбандиро истифода мебаранд, ӯҳдадоранд аз санаи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба низоми умумии андозбандӣ гузашта, ҳамчун супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– шахсони истифодакунандаи низоми соддакардашудаи андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ба истиснои даромадҳое, ки андозбандии онҳо дар доираи низоми соддакардашудаи андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба танзим дароварда нашудааст (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188);
– шахсони истифодабарандаи низоми соддакардашудаи андозбандии субъектҳои бизнеси бозӣ, ба истиснои даромадҳое, ки ба бизнеси бозӣ тааллуқ надоранд.
- Гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба андози низоми соддакардашуда, инчунин гузариши баръакс бо чунин тартиб амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367):
– агар аз рӯйи натиҷаҳои дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пайдар паии) тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи низоми умумии андоз аз ҳадди даромад кам бошад ва агар баъди гузариши охирон аз системаи соддакардашудаи андоз ба низоми умумии андоз 36 моҳи тақвимӣ гузашта бошад, андозсупорандаи мазкур ӯҳдадор аст дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ ба таври хаттӣ мақомоти андози маҳалли баҳисобгириашро оид ба ҳаҷми даромади худ хабардор созад ва доир ба гузариш ба андози низоми соддакардашуда ариза диҳад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– агар дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи андози низоми соддакардашуда (бо дарназардошти даромадҳои дигаре, ки дар ҳолати истифодабарии низомҳои дигари андозбандӣ ба даст омадаанд) аз ҳадди даромад зиёд бошад, андозсупорандаи мазкур ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ бо тариқи хаттӣ мақомоти андози маҳалли баҳисобгириашро оид ба ҳаҷми даромади умумии худ хабардор созад ва доир ба гузариш ба низоми умумии андоз ариза диҳад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367);
– дар ҳолати аз ҷониби худи андозсупоранда иҷро нагардидани талаботи сархатҳои якум ё дуюми ҳамин қисм, мақомоти дахлдори андоз гузариши чунин андозсупорандаро ба дигар низоми андозбандӣ таъмин карда, дар ин хусус ин андозсупорандаро хабардор месозад, инчунин ӯро барои сари вақт ба дигар низоми андозбандӣ нагузаштан мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ мекашад.
Моддаи 292. Объекти андозбандӣ
- Объекти андозбандии андози низоми соддакардашуда даромади умумӣ, аз ҷумла даромад аз таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо, инчунин даромади дигари бадастомада мебошад, ба истиснои даромадҳое, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ карда шудаанд.
- Даромади умумии супорандаи андози низоми соддакардашуда бо усули кассавӣ муайян карда мешавад.
- Даромади умумии дар давраи ҳисоботӣ бадастовардаи шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияти худро тавассути филиал ва (ё) намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, дар асоси даромадҳои он, ки аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудаанд, муайян карда мешавад.
- Барои мақсадҳои ҳамин боб санаи гирифтани даромади андозсупоранда рӯзи ворид гардидани маблағ ба суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ ва (ё) хазина (касса), гирифтани дигар молу мулк (корҳо, хизматрасониҳо) ва (ё) ҳуқуқи молумулкӣ, инчунин пардохти маблағ ба андозсупоранда ба тариқи дигар (усули кассавӣ) эътироф карда мешавад.
Моддаи 293. Манбаи андоз
- Манбаи андоз оид ба андози низоми соддакардашуда ифодаи пулии даромади умумии дар давраи андоз гирифташуда эътироф карда мешавад.
- Даромади умумӣ бо усули кассавӣ ҳисоб карда шуда, андози аксизӣ ва андоз аз фурӯшро (алюминийи аввалияро) дар бар намегирад. Дар ҳолати дар мӯҳлати зиёда аз 6 моҳи амалӣ нагардидани ҳисоббаробаркуниҳо барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) аз ҷониби андозсупоранда таҳвилшуда, барои мақсадҳои ҳисоб намудани андози низоми соддакардашуда молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) зикргардида ба андозсупоранда пардохтшуда ҳисобида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Андозсупорандагони истифодакунандаи андози низоми соддакардашуда ӯҳдадоранд барои мақсадҳои муайян намудани манбаи андоз баҳисобгирии муҳосибии даромади умумиашонро пеш баранд.
- Андозсупорандагон метавонанд низоми соддакардашудаи баҳисобгирии муҳосибии аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ муқарраршударо истифода намоянд.
Моддаи 294. Имтиёзҳо
- Имтиёзҳои пешбининамудаи моддаи 110 Кодекси мазкур барои мақсадҳои боби мазкур татбиқ карда мешаванд.
- Озодкунӣ аз пардохти андози низоми соддакардашуда андозсупорандаро аз пешниҳод намудани эъломияи андоз доир ба даромадҳои озодкардашуда барои ҳар нимсолаи соли тақвимӣ бо шакли тасдиқкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз санаи 20-уми моҳе, ки баъд аз нимсолаи хисоботӣ фаро мерасад, озод намекунад.
- Кӯмакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатии фарҳангӣ то 1 январи соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд, ба даромади умумии онҳо дохил намегарданд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1188).
Моддаи 295. Давраи андоз
Давраи андоз семоҳа эътироф карда мешавад.
Моддаи 296. Меъёрҳои андоз
Меъёри андози низоми соддакардашуда ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
– барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо – 5 фоиз;
– барои намудҳои дигари фаъолият – 6 фоиз.
Моддаи 297. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми соддакардашуда
- Андози низоми соддакардашуда ҳамчун ҳосили зарби манбаи андози дахлдор ба меъёри андоз ҳисоб карда мешавад.
- Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда амалӣ гардидани якчанд намудҳои фаъолият, баҳисобгирии даромади умумӣ барои ин намудҳои фаъолият, инчунин ҳисоб намудани маблағҳои андози дахлдор ҷудогона бурда мешавад.
- Андозсупорандагоне, ки то гузариш ба андози низоми соддакардашуда ҳангоми ҳисоб намудани андозҳо аз рӯи низоми умумии андозбандӣ усули ҳисобу замкуниро истифода мебурданд, дар вақти пардохти андози низоми соддакардашуда қоидаҳои зеринро иҷро менамоянд:
– маблағҳои пулии то гузариш ба андози низоми соддакардашуда ба ҳисоби пардохт тибқи шартномаҳое, ки андозсупоранда иҷрои онҳоро баъд аз гузариш ба андози низоми соддакардашуда амалӣ менамояд, гирифташуда ба манбаи андози низоми соддакардашуда дохил карда мешаванд;
– маблағҳои пулие, ки баъд аз гузариш ба андози низоми соддакардашуда гирифта шудаанд, агар мувофиқи қоидаҳои баҳисобгирии андоз бо усули ҳисобу замкунӣ маблағҳои пешбинигардида ҳангоми ҳисоб намудани манбаи андоз доир ба низоми умумии андозбандӣ ба даромадҳо илова шуда бошанд, ба манбаи андоз дохил карда намешаванд.
- Ба таркиби даромадҳои супорандаи андози низоми соддакардашуда ҳангоми гузариш ба низоми умумии андозбандӣ даромадҳои аз таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ҳуқуқҳои молумулкӣ) дар давраи истифодаи андози низоми соддакардашуда, ки пардохти (пардохти ҷузъии) онҳо то санаи гузариш ба низоми умумии андозбандӣ амалӣ нашудааст, дохил карда мешаванд.
- Даромадҳои дар қисми 4 ҳамин модда пешбинигардида даромадҳои давраи охирини андоз то гузариш ба ҳисоб намудани манбаи андоз аз рӯи низоми умумии андозбандӣ эътироф карда мешаванд.
- Ҳангоми гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба андози низоми соддакардашуда ва гузариши баръакс, андозсупорандагон дар мавриди андоз аз арзиши иловашуда қоидаҳои зеринро иҷро менамоянд:
– ҳангоми гузариш ба андози низоми соддакардашуда маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки то чунин гузариш аз маблағи ба ҳисоби таҳвили минбаъдаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дар давраи пас аз гузариш ба андози низоми соддакардашуда пардохтшуда (қисман пардохтшуда) ҳисоб ва ба буҷет пардохт шудаанд, дар давраи охирини андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифта мешавад;
– ҳангоми гузариш ба низоми умумии андозбандӣ маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки супорандагони андози низоми соддакардашуда барои бақияи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) харидааш супоридааст, аз ҷониби ин андозсупоранда дар давраи якуми андоз пас аз гузариш ба низоми умуми андозбандӣ доир ба андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифта мешаванд.
- Маблағи ҳисобшудаи андози низоми соддакардашуда супорида мешавад ва эъломияи андоз бо шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз давраи андоз фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.
- Пардохти андози низоми соддакардашуда ба буҷети маҳаллӣ дар маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда анҷом дода мешавад.
- Назорати пардохти андози низоми соддакардашударо мақомоти андоз амалӣ менамоянд.
- Дастурамал дар бораи ҳисоб кардан ва супоридани андози низоми соддакардашуда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
БОБИ 44. НИЗОМИ СОДДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ (АНДОЗИ ЯГОНА)
Моддаи 298. Муқаррароти умумӣ
- Низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (минбаъд – андози ягона) низоми махсус барои андозбандии субъектҳое мебошад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бе коркарди минбаъда амалӣ менамоянд. Андози ягона аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие истифода карда мешавад, ки барои онҳо замин воситаи асосии фаъолияти соҳибкорӣ (минбаъд – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ) мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, супорандаи андози ягона дар қисми фаъолияте, ки бо андози ягона андозбандӣ мешавад, аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешавад:
– андоз аз фоида (андози низоми соддакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд), ба истиснои даромадҳои дар манбаи пардохт андозбандишаванда;
– андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми воридоти молҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад ва (ё) дар ҳолати анҷом ёфтани амалиётҳои дар манбаи пардохт андозбандишаванда;
– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
– андози замин.
- Аз андози даромад даромадҳои вобаста ба фаъолияти кишоварзӣ бадастовардаи аъзои хоҷагии деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияткунанда, ки супорандаи андози ягона мебошад, озод карда мешавад.
- Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти ғайрикишоварзӣ нисбат ба чунин фаъолият истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ – супорандагони андози ягона иловатан супорандагони андози низоми соддакардашуда мешаванд (ё дар ҳолати аз ҳадди даромад зиёд гардидани даромади умумӣ – андозҳо тибқи низоми умумии андозбандӣ) ва баҳисобгирии алоҳидаи даромаду хароҷотро аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ пеш мебаранд.
- Супорандагони андози ягона дигар андозҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт менамоянд.
- Супорандагони андози ягона аз иҷрои вазифаҳои агенти андоз, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, озод карда намешаванд.
- Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба шартҳои низоми умумии андозбандӣ ҷавобгӯ мебошанд, метавонанд ихтиёран бо тартиби муқарраргардида супорандаи андози замин ва дигар андозҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур шаванд.
Моддаи 299. Андозсупорандагон
- Супорандагони андози ягона истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие эътироф карда мешаванд, ки ба шартҳои қисми 1 моддаи 298 Кодекси мазкур мувофиқат менамоянд.
- Барои мақсадҳои ҳамин боб ба маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаи ибтидоии (маҳсули) парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, ки таҳти коркарди минбаъда қарор нагирифтааст, дохил мешавад.
- Ҳуқуқи гузариш ба пардохти (мондан ҳамчун супорандаи) андози ягонаро инҳо надоранд:
– андозсупорандагоне, ки ба истеҳсоли молҳои зераксизӣ машғуланд;
– андозсупорандагоне, ки дар бизнеси бозӣ фаъолият менамоянд;
– муассисаҳои давлатӣ;
– андозсупорандагоне, ки низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурдро (барои фаъолияти асосиаш) истифода менамоянд;
– андозсупорандагоне, ки низомҳои имтиёзноки андозро истифода менамоянд.
- Гузариш аз низоми умумии андоз ба пардохти андози ягона, инчунин гузариши баръакс аз 1-уми январи соли тақвимӣ бо чунин тартиб амалӣ карда мешавад:
– истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо андози ягона андозбандӣ карда шуда, даромади умумии онҳо ба талаботи низоми умумии андозбандӣ ҷавобгӯ мебошад, ҳуқуқ доранд на дертар аз 10-уми январи соли тақвимӣ ба мақомоти дахлдори андоз оид ба гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ариза диҳанд;
– истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки даромади умумии онҳо ба талаботи низоми умумии андозбандӣ ҷавобгӯ намебошад, агар пас аз гузариши онҳо ба низоми умумии андозбандӣ на камтар аз 3 соли тақвимӣ гузашта бошад, ӯҳдадоранд на дертар аз 10-уми январи соли тақвимӣ ба мақомоти дахлдори андоз оид ба гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба пардохти андози ягона ариза диҳанд.
- То гузариш ба низоми дигари андозбандӣ андозсупоранда ӯҳдадор аст ҳисоббаробаркунии ӯҳдадориҳои андозро аз рӯи низоми андозбандии қаблӣ анҷом диҳад.
Моддаи 300. Объекти андозбандӣ ва манбаи андоз
- Объекти андозбандии андози ягона қитъаи замини истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ба истиснои заминҳои аз андози ягона озод.
- Манбаи андоз масоҳати қитъаи замини ҷудокардашуда (истифодашаванда) мебошад.
- ӯҳдадории андоз оид ба андози ягона аз натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ надошта, дар шакли пардохт барои масоҳати замини вобасташуда муқаррар карда мешавад.
- Даромади умумии супорандаи андози ягона барои соли тақвимии гузашта дар асоси усули кассавӣ бо ҳамон тартиби барои супорандагони андози низоми соддакардашуда муқарраршуда муайян карда мешавад.
- Ҳангоми гузариш аз андози ягона ба низоми умумии андозбандӣ ва гузариши баръакси он қоидаҳои гузариш барои супорандагони андози низоми соддакардашудае, ки дар моддаи 297 Кодекси мазкур муқаррар шудаанд, истифода бурда мешаванд.
- Супорандагони андози ягона, ки оид ба навъҳои алоҳидаи даромадҳо ва фаъолият низомҳои дигари андозро истифода мекунанд, ҳисоби даромадҳо ва хароҷотро дар асоси чунин низомҳои андозбандӣ алоҳида пеш мебаранд.
- Андозсупорандагон ӯҳдадоранд баҳисобгирии андозии худро, ки барои ҳисоб намудани даромади умумӣ дар соли тақвимӣ зарур аст, дар асоси маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ пеш баранд. Андозсупорандагон метавонанд баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотро барои мақсадҳои андозбандӣ дар китоби даромадҳо ва хароҷоти субъектҳои соҳибкории хурд – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки шакл ва тартиби пур кардани он аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд, пеш баранд.
Моддаи 301. Имтиёзҳои андоз
Аз андози ягона инҳо озод карда мешаванд:
– ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ мутобиқи номгӯи чунин ташкилотҳо ва масоҳати ҳудудҳои онҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, агар чунин заминҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода нашаванд;
– дар давоми 5 соли тақвимӣ баъд аз додан заминҳои вайроншуда (рекултиватсия талабкунанда) ва заминҳои дар марҳилаи азхудкунии кишоварзӣ қарордошта, ки мутобиқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба заминсозӣ бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ эътироф карда шудаанд;
– заминҳое, ки таҳти хатти мушоҳида дар тӯли сарҳади давлатӣ қарор дошта, барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд;
– заминҳои захираи озоди давлатӣ, агар чунин заминҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода нашаванд;
– дар давоми 5 соли тақвимӣ баъд аз додан заминҳои чарогоҳҳо, алафзорҳо, бешаҳо ва дигар заминҳое, ки қаблан дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода нашудаанд ва дар онҳо боғҳо ва токзорҳо бунёд карда шудаанд. Доир ба майдони воқеии боғҳо ва токзорҳои дар чунин заминҳо бунёдгардида андозсупоранда ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи анҷом ёфтани чунин корҳо иттилоот медиҳад. Дар ҳолати сари вақт пешниҳод нагардидани иттилооти мазкур чунин заминҳо ҳамчун заминҳои бо дарахтони бисёрсола бандбуда, бе пешниҳоди давраи 5-солаи имтиёзноки дар боло пешбинигардида андозбандӣ карда мешаванд.
Моддаи 302. Меъёрҳои андози ягона
- Меъёрҳои андози ягона дар минтақаҳои кадастрӣ бо дарназардошти ноҳияҳои кӯҳӣ аз ҳар як гектар замин барои соли тақвимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои заминсозӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар 5 сол муқаррар карда мешаванд.
- Меъёрҳои андози ягона барои дигар заминҳо, ки дар қисми 1 ҳамин модда муайян нашудаанд, ба меъёрҳои заминҳои дахлдори бо андози замин андозбандишаванда баробар карда мешаванд.
- Оид ба заминҳои кишти обӣ, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона дар ҳаҷми нисфи меъёри мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайянгардида муқаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масоҳати заминҳое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози маҳалли бақайдгириаш то 1-уми июни соли тақвимӣ (ҳисоботӣ) пешниҳод менамояд.
- Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар сол индексатсияи меъёрҳои андози ягона ва андози заминро мутобиқи сатҳи таваррум дар соли гузаштаи тақвимӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор муайян гардидааст, анҷом дода, меъёрҳои индексатсияшудаи андози ягона ва андози заминро барои соли ҷорӣ дар сомонаи электронии расмии худ ҷойгир мекунад.
Моддаи 303. Давраи андоз
Давраи андози ягона ин соли тақвимӣ мебошад.
Моддаи 304. Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз
- Ҳар сол то 1-уми марти соли ҷорӣ истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба мақомоти андози маҳалли чойгиршавии заминҳои худ эъломияи андози ягона барои соли ҷории тақвимиро дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
- Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки маҳсулоти ғайрикишоварзӣ истеҳсол менамоянд, нисбат ба чунин маҳсулот андозҳоро пардохт мекунанд ва ҳисоботи андозро ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии худ дар шакл, бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи низоми дахлдори андозбандӣ пешниҳод менамоянд.
Моддаи 305. Мӯҳлат, андоза ва тартиби пардохти андоз
- Андози ягона барои соли ҷории андоз дар маҳалли ҷойгиршавии заминҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар мӯҳлатҳо ва бо андозаҳои зерин (бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол) пардохт карда мешавад:
– на дертар аз 10-уми март ба андозаи на камтар аз 15 фоизи маблағи солонаи андоз;
– на дертар аз 10-уми июн ба андозаи на камтар аз 30 фоизи маблағи солонаи андоз;
– на дертар аз 10-уми сентябр ба андозаи на камтар аз 50 фоизи маблағи солонаи андоз;
– на дертар аз 10-уми декабр ба андозаи на камтар аз 100 фоизи маблағи солонаи андоз.
- Маблағи пурраи андози ягона метавонад аз ҷониби андозсупоранда бо як пардохт пеш аз мӯҳлат пардохт шавад.
- Андозсупоранда метавонад маблағи пурраи андози ягонаро тибқи аризаи хаттӣ, ки ҳисоботи андоз ба ҳисоб меравад, то мӯҳлати якуми пардохти дар қисми 1 ҳамин модда муқарраршуда пардозад.
- Дастурамал дар бораи ҳисоб кардан ва супоридани андози ягона, шакли эъломияҳои (ҳисобҳои) андози ягона аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
- Назорати пардохти андози ягона аз ҷониби мақомоти андоз бо кӯмаки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
БОБИ 45. НИЗОМИ МАХСУСИ АНДОЗБАНДӢ БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ БИЗНЕСИ БОЗӢ
Моддаи 306. Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда
- Низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ (минбаъд – андоз аз бизнеси бозӣ) низоми махсуси андоз мебошад, ки субъектҳои бизнеси бозӣ, ба истиснои даромадҳои бизнеси бозӣ, ки андозбандии онҳо дар манбаи пардохт амалӣ карда мешавад, ӯҳдадоранд истифода намоянд.
- Барои мақсадҳои боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
– бизнеси бозӣ – фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо гирифтани даромадҳои шахс дар шакли бурд ва (ё) пардохтҳо барои гузаронидани бозӣ ва (ё) гарав ва (ё) баровардани лотерея алоқаманд буда, таҳвили молҳо (ҳуқуқ ба молумулк), иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо намебошад;
– гарав – созишномаи ба таваккал асосёфта доир ба бурд, ки байни ду ё якчанд иштирокчиёни бизнеси бозӣ байни худ ё бо субъекти (соҳиби, намояндаи соҳиби) бизнеси бозӣ баста шудааст ва натиҷаи он аз ҳодисае вобаста аст, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест;
– мизи бозӣ – ҷойи махсуси бо як ё якчанд майдони бозӣ таҷҳизонидашудаи субъекти (соҳиби) бизнеси бозӣ, ки барои гузаронидани бозӣ (бо бурд ва бе бурд) пешбинӣ гардида, дар он субъекти (соҳиби) бизнеси бозӣ ба воситаи намояндагони худ ҳамчун тараф ё чун ташкилкунанда иштирок менамояд, ба ғайр аз ҳолатҳои қиморбозӣ;
– автомати бозӣ – таҷҳизоти махсуси (механикӣ, барқӣ, электронӣ ё дигар таҷҳизоти техникӣ) ва (ё) компютери шахсӣ, ки барои гузаронидани бозӣ (бо бурд ва бе бурд) бе иштироки субъекти (соҳиби, намояндаи соҳиби) бизнеси бозӣ дар бозиҳои мазкур истифода мешаванд, ба ғайр аз ҳолатҳои қиморбозӣ;
– кассаи тотализатор ё идораи букмекерӣ – ҷои махсуси таҷҳизонидашудаи соҳиби бизнеси бозӣ, ки дар он маблағи гарав ба ҳисоб гирифта шуда, маблағи бурди пардохтшаванда муайян карда мешавад;
– роҳрави бозӣ – роҳрави махсус, ки барои бозии боулинг (кегелбан) пешбинӣ гардидааст;
– мизи билярд – мизи махсус, ки барои бозии билярд пешбинӣ шудааст;
– лото – бозӣ бо қартаҳои махсуси рақамдор (суратдор ё дигар аломатдор), ки бо мӯҳрача (фишка) пӯшонида мешаванд;
– лотерея – бозии омавии муташаккилона мебошад, ки дар он тақсимоти даромад ва зарар аз тасодуфан гирифтани ин ё он чипта ё рақам (қуръа, лот) ва ҳаҷми фонди мукофот барои ҳар барориши лотерея вобаста аст. Як қисми маблағҳои супоридаи бозингарон ба ташкилкунандагони лотерея равона шуда, қисми дигари он дар шакли андоз ба давлат пардохт карда мешавад;
– дигар объектҳои бизнеси бозии аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайяншуда, ки барои гирифтани даромад истифода бурда мешаванд;
– барориши лотерея – шумораи чиптаҳои лотереяҳои аз ҷониби ташкилкунандаи лотерея барои фурӯш тайёршуда;
– варақаи бақайдгирии объектҳои андозбандӣ – санади тасдиқкунандаи бақайдгирии объектҳои андозбандии марбут ба бизнеси бозӣ дар мақомоти андоз, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
- Истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ аз пардохти чунин андозҳо, ба истиснои даромадҳои дар манбаи пардохт андозбандишуда озод мекунад:
– андоз аз фоида аз бизнеси бозӣ;
– андоз аз даромад бевосита аз даромадҳои бизнеси бозии соҳибкори инфиродӣ, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунад;
– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудаи барои хизматрасониҳои (корҳои) ба ғайрирезидент таҳвилшуда ва марбут ба воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Шахсоне, ки илова бар бизнеси бозӣ дигар намудҳои фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд ҳисоби алоҳидаи даромадҳо, хароҷот ва фаъолияти хоҷагидориро пеш баранд ва дар асоси Кодекси мазкур андозбандӣ карда мешаванд.
- Шахсоне, ки андоз барои бизнеси бозиро истифода менамоянд аз иҷрои ӯҳдадориҳои агенти андози пешбинишудаи Кодекси мазкур озод карда намешаванд.
Моддаи 307. Андозсупорандагон
Андозсупорандагони андоз аз бизнеси бозӣ шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳои онҳо, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродие мебошанд, ки фаъолияти соҳибкориро дар соҳаи бизнеси бозӣ амалӣ менамоянд.
Моддаи 308. Объекти андозбандӣ
- Объекти андозбандӣ барои андоз аз бизнеси бозӣ инҳо мебошанд:
– мизи бозӣ;
– кассаи тотализатор;
– кассаи идораи букмекерӣ;
– автомати бозӣ бе бурди пулӣ;
– роҳрави бозӣ (ҳангоми бозии боулинг (кегелбан);
– мизи билярд (ҳангоми бозии билярд);
– ташкили лото (ҳангоми бозии лото);
– ба фурӯш баровардани лотерея;
– дигар объектҳои бизнеси бозӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Барои мақсадҳои ҳамин боб ҳар як объекти андозбандии дар қисми 1 ҳамин модда (ба ғайр аз барориши лотерея ба фурӯш) пешбинигардида на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ то санаи оғози татбиқи (истифодаи) он дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии чунин объекти андозбандӣ ба қайд гирифта мешавад.
- Ҳар як барориши чиптаҳои лотерея ба фурӯш, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд ва ҳаҷми фурӯши номиналии онҳо бо ифодаи пулӣ бояд дар мақомоти андози дахлдор на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ то санаи фурӯши чиптаҳои лотерея ба қайд гирифта шаванд.
- Бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси аризаи андозсупоранда дар бораи баҳисобгирии объекти (объектҳои) андозбандӣ дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ бо ҳатман додани шаҳодатномаи дахлдор сурат мегирад. Шаклҳои ариза ва шаҳодатнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
- Андозсупоранда ӯҳдадор аст, ки ҳар тағйироти миқдории объектҳои андозбандиро на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ то санаи ҷойгиркунӣ ё қатъ гардидани татбиқи (истифодаи) ҳар объекти андозбандӣ, аз ҷумла ҳар барориши лотереяҳо ба фурӯш, дар мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии объектҳои андозбандӣ ба қайд гузорад.
- Ҳангоми қатъи фаъолият дар соҳаи бизнеси бозӣ ва (ё) аз кор мондани ҳамаи объектҳои андозбандӣ (анҷом додани фурӯши чиптаҳои лотерея) варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо бояд дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ба мақоми андоз супорида шавад.
- Амалӣ намудани фаъолияти бизнеси бозӣ бе бақайдгирии объектҳои андозбандӣ роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
Моддаи 309. Манбаи андоз ва меъёри андоз
- Барои мақсадҳои ҳисоб намудани манбаи андоз аз бизнеси бозӣ даромади аз ҳар як воҳиди объекти андозбандӣ (ҳар барориши лотереяҳо ба фурӯш) дар назар дошташуда истифода бурда мешавад.
- Маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои давраи андоз новобаста ба андозаи даромад дар ҳаҷми устувор барои ҳар воҳиди объекти андозбандӣ (ҳар барориши лотерея ба фурӯш) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо (ноҳияҳо) муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046).
- Супорандагони андоз аз бизнеси бозӣ ӯҳдадоранд ҳисоби даромадҳо ва хароҷотро бо тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш баранд.
Моддаи 310. Давраи андоз
Давраи андоз моҳи тақвимӣ эътироф карда мешавад.
Моддаи 311. Тартиби пардохти андоз
1.Эъломия дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардида, маблағи ҳисобшудаи андоз ҳар моҳ на дертар аз санаи 5-уми моҳе, ки баъд аз давраи андоз фаро мерасад, пардохт мешавад.
- Пардохти андоз аз бизнеси бозӣ аз ҷониби андозсупоранда (шахси ваколатдорнамудаи ӯ) ба суратҳисобҳои бонкии буҷети маҳаллии маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ амалӣ мешавад.
3.Дар ҳолати аз ҷониби субъекти бизнеси бозӣ амалӣ гардидани намудҳои дигари фаъолият, ҳисоби фаъолият оид ба бизнеси бозӣ ва дигар намудҳои фаъолият, инчунин андозбандии онҳо алоҳида ба анҷом расонида мешаванд.
- Назорати истифодаи низоми махсуси андоз барои субъектҳои бизнеси бозӣ аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.
5.Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз бизнеси бозӣ, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
ФАСЛИ XVII. НИЗОМҲОИ ИМТИЁЗНОКИ АНДОЗБАНДӣ
БОБИ 46. АНДОЗБАНДИИ СОХТМОНИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОБӢ
Моддаи 312. Имтиёзҳо ҳангоми сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ
- Дар давраи сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ (минбаъд- сохтмон) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишгари сохтмон ва пудратчии генералии сохтмон метавонанд аз пардохти андозҳои зерин (аз лаҳзаи фаро расидани мӯҳлати пардохт), ки бевосита ба сохтмон алоқаманд мебошанд, тибқи номгӯи андозҳо, ба андоза ва мӯҳлати (давраи) муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қисми 5 ҳамин модда пурра ё қисман озод карда шаванд:
– андоз аз арзиши иловашуда;
– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
– андоз аз фоида (андоз низоми соддакардашуда);
– андоз аз воситаҳои нақлиёт;
– андоз аз молу мулки ғайриманқул;
– андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони хориҷие, ки бевосита дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ фаъолият мекунанд;
– боҷи давлатӣ барои бақайдгирии тарҳи эмиссияҳои коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ, ки бинобар сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ амалӣ шудаанд.
- Воридоти молҳо барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти махсусан муҳим ба ҳисоб мераванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ бо тартиби муқаррарнамудаи сархати ҳафтуми қисми 4 моддаи 169 Кодекси мазкур ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046, аз 18.03.2015 № 1188).
- Дар давраи сохтмон таҳвилгарони молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) барои сохтмони дар боло пешбинигардида метавонанд аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд бевосита нисбат ба сохтмони (вобаста ба сохтмони) нерӯгоҳи барқи обӣ ҳисоб карда шаванд, бо андозаи озодкунӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 5 ҳамин модда муайян менамояд, пурра ё қисман озод карда шаванд.
- Ҳамзамон, ба сифати таҳвилгарони сохтмон шахсони ҳуқуқие баррасӣ мешаванд, ки бо фармоишгари сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ё пудратчии генералии он қарордодҳои (шартномаҳои, созишномаҳои) пешбиникунандаи таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои марбут ба сохтмонро ба имзо расонидаанд.
- Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд:
– мӯҳлатҳо, намудҳо ва андозаҳои андозҳои аз пардохт озодшаванда аз номгӯи муайяннамудаи қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда, ки ба онҳо имтиёзи мазкурдода мешавад;
– бо пешниҳоди мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетикафармоишгари сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ва пудратчии генералии сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ;
– бо пешниҳоди мувофиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика дар якҷоягӣ бо фармоишгари сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ ва пудратчии генералии сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ тайёркардашуда – давраи (мӯҳлати) сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ.
- Нисбат ба имтиёзҳои пешбининамудаи қисмҳои 1-5 ҳамин модда муқаррар карда шавад:
– қарордодҳои (шартномаҳои, созишномаҳои) марбут ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) эътироф карда мешаванд, ки аз ҷониби фармоишгари сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар асоси сметаи сохтмон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сохтмон тасдиқ карда шудаанд;
– имтиёзҳои андоз ба қарордодҳое (шартномаҳое, созишномаҳое) дода мешавад, ки ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ марбутанд ва дар давраи сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ баста шуда, бояд то ба охир расидани давраи сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ анҷом ёбанд.
- Фармоишгари сохтмон, пудратчии генералии сохтмон ва таҳвилгарони молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) онҳо аз иҷрои дигар ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур озод намебошанд.
- Дастурамал оид ба андозбандии сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисоботҳо, маълумот) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
БОБИ 47. ХУСУСИЯТИ АНДОЗБАНДИИ КОРХОНАҲОИ НАВТАЪСИС ВА КОРХОНАҲОИ АМАЛКУНАНДА, КИ БА СИЛСИЛАИ ПУРРАИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА БА МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ (АЗ КАЛОБАИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ ПАХТАГИИ ДӮЗАНДАГӢ) МАШҒУЛ МЕБОШАНД
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511)
Моддаи 313. Хусусияти андозбандии корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дӯзандагӣ) машғул мебошанд
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511)
- Воридоти молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худ аз ҷониби корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандагӣ) машғул мебошанд (минбаъд – корхонаҳои навтаъсис), аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби корхонаҳои навтаъсис таҳвил додани молҳои воридшуда ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин амалиётҳо бо боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Содироти молҳое, ки корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда истеҳсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда аз андоз аз фоида, андози низоми соддакардашуда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул озод мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Дар сурати дар корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда ба миён омадани ӯҳдадориҳои андоз аз рӯи дигар андозҳо, чунин ӯҳдадориҳои андоз бояд мутобиқи қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида:
– номгӯи корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда, инчунин, имтиёзҳои андозии пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда ба муҳлати то 12 сол аз 1-уми январи соли ба қайди давлатӣ гирифтани корхонаҳои навтаъсис ва барои корхонаҳои амалкунанда аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511);
– нисбат ба ҳар як корхонаи навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда мӯҳлатҳои оғози сохтмон ва ба кор андохтани объектҳои ҳар силсилаи истеҳсолии коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Мӯҳлатҳои таъсис додани ҳар силсилаи минбаъдаи коркард бояд бо ҳисобҳои техникию иқтисодӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ асоснок карда шаванд. Доир ба оғози амалии корҳо оид ба бунёди объектҳои ҳар силсила ва ба кор андохтани ҳар силсилаи коркард корхонаи навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда барои ташкил намудани баҳисобгирии махсус (алоҳида) бо мақсади гирифтани имтиёзҳои дар ҳамин модда муқарраршуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ маълумот медиҳад.
- Агар корхонаи навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қисмҳои 5 ва 6 ҳамин модда барои таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард шурӯъ накунад, имтиёзҳои андозии пешбининамудаи ҳамин модда амали худро қатъ менамоянд. Бо ин мақсад ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ ваколат дода мешавад, ки бо қабули санади дахлдор имтиёзҳои додашударо қатъ намоянд. Дар ин сурат маблағи имтиёзҳои андозии аз ҷониби корхонаҳои навтаъсис аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданашон то лаҳзаи қатъ гардидани ин имтиёзҳо гирифташуда бояд аз рӯи меъёрҳое, ки дар давраи гирифтани имтиёзҳои андоз амал мекарданд, ҳисоб карда шуда, бо ҳисобу зам намудани фоизҳо ва ҷаримаҳо ба ҳисоби буҷет рӯёнида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367, аз 21.02.2018 № 1511).
- Имтиёзҳои андозии дар қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда пешбинигардида ба корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда баъд аз иҷрои талаботи қисми 5 моддаи мазкур ва гузоштани онҳо ба ҳисоби махсуси (алоҳидаи) иловагӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи ин мақомоти давлатӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367, аз 21.02.2018 № 1511).
- Барои корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда мӯҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин мӯҳлати даъво ба мӯҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисми 5 ҳамин модда дароз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Мувофиқи тартиби пешбининамудаи қисмҳои 1-9 ҳамин модда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои коркарди саноатии пӯст, пашм, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ ба маҳсулоти ниҳоӣ ба мӯҳлати то 5 сол имтиёзи андозӣ пешниҳод намояд.
- Дастурамал оид ба андозбандии корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисоботҳо, маълумот) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1046, аз 21.02.2018 № 1511).
БОБИ 47(1). ХУСУСИЯТИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ ПАРАНДАПАРВАРӢ, МОҲИПАРВАРӢ ВА ИСТЕҲСОЛИ ХӮРОКИ ОМЕХТАИ ПАРРАНДА ВА ЧОРВО
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1045, аз 21.02.2018 № 1511, аз 20.06.2019 № 1620)
Моддаи 313(1). Хусусияти андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи парранда ва чорво
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1045, аз 21.02.2018 № 1511, аз 20.06.2019 № 1620)
- Субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво ба муҳлати 6 сол аз супоридани андозҳои зерин озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1620):
– андоз аз фоида;
– андоз аз арзиши иловашуда;
– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
– андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1511).
- Дар ҳолати таҳвил додани молҳои воридотӣ ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин амалиёт бо андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва дигар андозҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1620).
- Барои фаъолияти тибқи ҳамин боб андозбандишаванда мӯҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин мӯҳлати даъво ба мӯҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисмҳи 1 моддаи мазкур дароз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1620).
- Дастурамал оид ба андозбандии фаъолияти тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобот, маълумот) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1045, аз 20.06.2019 № 1620)
БОБИ 47(2). ХУСУСИЯТҲОИ АНДОЗБАНДИИ СУБЪЕКТҲОИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1245)
Моддаи 313(2). Хусусиятҳои андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1245)
- Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок – иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок (минбаъд иштирокчиёни касбӣ), эмитентҳо ва сармоягузорон, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок иштирок мекунанд, татбиқ карда мешаванд.
- Ба фаъолияти иштирокчиёни касбӣ дохил мешаванд:
– фаъолияти брокерӣ;
– фаъолияти дилерӣ;
– фаъолият оид ба идораи портфели коғазҳои қиматнок;
– фаъолият оид ба муайян кардани ӯҳдадориҳои тарафҳо (клиринг) аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок;
– фаъолият оид ба пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок;
– фаъолияти маҳфуздорӣ;
– фаъолияти ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок.
- Иштирокчиёни касбӣ, ки фаъолияти дар қисми 2 ҳамин модда муқарраршударо амалӣ менамоянд, зимни амалисозии чунин фаъолият аз пардохти андозҳои зерин ба мӯҳлати 5 сол озод карда мешаванд:
– андоз аз фоида;
– андоз аз арзиши иловашуда.
- Эмитентҳо – шахсони ҳуқуқии резидент ва ғайрирезиденте, ки коғазҳои қиматноки онҳо дар биржаҳои фондии дар ҳудуди Ҷумҳурии
Тоҷикистон амалкунанда дар муомилот мебошанд, вобаста ба даромади аз чунин фаъолият бадастоварда ба мӯҳлати 5 сол аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми соддакардашуда) озод карда мешаванд.
- Сармоягузорон – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент ва ғайрирезидент мебошанд ва аз муомилот бо коғазҳои қиматнок дар биржаи фондии Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, вобаста ба чунин даромад ба мӯҳлати 5 сол аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешаванд:
– андози даромад аз афзоиши арзиши коғазҳои қиматнок;
– андоз аз суди саҳмияҳо.
- Бо мақсади амалисозии назорати имтиёзҳои додашаванда, ворид намудани шахсони дар қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур зикргардида ба қайди махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ ва асосҳои соҳиб шудан ба имтиёзҳои андозӣ аз ҷониби онҳо, биржаи фондӣ сари вақт ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои бақайдгирӣ маълумоти асоснокро пешниҳод менамояд. Имтиёзҳои дар моддаи мазкур номбаршуда танҳо пас аз қайди зикргардида ва пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор истифода мегарданд.
- Дар сурати аз ҷониби эмитентҳо ва сармоягузорон ба анҷом расонидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок дар бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок, чунин амалиёт бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур андозбандӣ мешавад.
- Барои субъектҳои бозори коғазҳои қиматноки тибқи ҳамин боб андозбандишаванда мӯҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботии андоз, инчунин мӯҳлати даъво ба мӯҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур тамдид карда мешавад.
- Дастурамал оид ба андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматноки тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин шакли эъломияҳо (ҳисобот ва маълумотҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1245).
БОБИ 48. АНДОЗБАНДӢ АЗ РӮИ СОЗИШНОМАҲО ОИД БА ТАҚСИМИ МАҲСУЛОТ
Моддаи 314. Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда
Барои мақсадҳои боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
– маҳсулот – маъдани фоиданоке, ки аз сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қитъаи замине, ки тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба ихтиёри сармоягузор дода шудааст, истихроҷ гардида, аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Маҳсулоте, ки дар натиҷаи коркарди минбаъдаи (ғанигардонӣ, тағйирдиҳии технологии) маъдани фоиданоки истихроҷшуда ҳосил шуда, маҳсулоти саноати коркард мебошад, маъдани фоиданок ҳисобида намешавад;
– маҳсулоти истеҳсолшуда – миқдори маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан ва маҳсулоти коркарди конҳои кушода, ки дар таркиби миқдори маъданҳои фоиданок ва ашёи хоми минералии (ҷинс, моеъ ва омехтаи дигари) амалан аз сарватҳои зеризаминӣ истихроҷшуда (гирифташуда) (партовҳо, талафҳо) мавҷуд аст ва аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ буда, аз ҷониби сармоягузор дар ҷараёни иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот истихроҷ шудааст ва дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба миқдори талафоти технологии ин маҳсулот кам карда шудааст;
– тақсими маҳсулот – тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор дар ифодаи молӣ ва (ё) арзишӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”ва Кодекси мазкур;
– маҳсулоти фоиданок – маҳсулоте, ки ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсол гардидааст, бе дарназардошти маҳсулоти ҷубронӣ;
– маҳсулоти ҷубронӣ – қисми маҳсулоти ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот истеҳсолшудае, ки ба моликияти сармоягузор барои пӯшонидани хароҷоти бо мақсади иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот анҷомдодаи он дода мешавад (хароҷоти ҷуброншаванда), ки таркиби онҳо мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар мегардад. Маҳсулоти ҷубронӣ бо дарназардошти арзиши иқтисодии кони коркардшаванда аз рӯи ҳар як созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба таври инфиродӣ муқаррар карда мешавад. Маҳсулоти ҷуброние, ки созишнома муқаррар кардааст, наметавонад аз 70 фоизи ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда зиёд бошад;
– маҳалли тақсимкунӣ – ҷои баҳисобгирии тиҷоратии маҳсулоти истеҳсолшуда, ки дар он андозагирии (ҳисоби) ҳаҷми (миқдори) умумӣ ва муайянкунии сифати он анҷом дода мешавад ва давлат ба сармоягузор қисми маҳсулотеро, ки тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба ӯ тааллуқ дорад, месупорад;
– нархи маҳсулот – нархи таҳвил ё содироти воҳиди ченаки дахлдори маҳсулоти истеҳсолшудае, ки тибқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, вале на пасттар аз нархи бозорӣ дар санаи таҳвил ё содирот муайян карда мешавад;
– андозсупорандагон (агентҳои андоз) – нисбат ба андозҳое, ки дар асоси ҳамин низоми итиёзноки андоз пардохт мешаванд, шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”ва Кодекси мазкур сармоягузор мебошанд.
Моддаи 315. Муқаррароти асосии низоми андоз
- Шахсе, ки ҳангоми иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ҳуқуқи татбиқи низоми имтиёзноки андозро истифода мекунад, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ нусхаи тасдиқшудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулотро пешниҳод менамояд. Иттилооти шабеҳ ба мақоми андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созишнома оид ба тақсими маҳсулотро аз ҷониби давлат имзо намудааст, пешниҳод карда мешавад.
- Низоми имтиёзноки андози дар ҳамин боб муқарраргардида:
– метавонад дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот инъикос шуда, дар давоми тамоми давраи мӯҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот истифода гардад;
– нисбат ба андозсупорандагоне татбиқ мегардад, ки сармоягузор мебошанд;
– тақсими маҳсулоти фоиданокро байни сармоягузор ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби сармоягузор пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии муқаррарнамудаи ҳамин бобро пешбинӣ менамояд.
- Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки шартҳои тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо мутобиқи қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”пешбинӣ менамояд, сармоягузор андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии зеринро пардохт менамояд:
– андозҳо барои захираҳои табиӣ;
– андози иҷтимоӣ;
– андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
– боҷи давлатӣ;
– хироҷҳои гумрукӣ;
– андозҳо аз молу мулки ғайриманқул;
– андоз аз воситаҳои нақлиёт;
– дигар пардохтҳои ҳатмие, ки ба иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот вобастаанд.
- Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки шартҳои тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо мутобиқи қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”пешбинӣ менамояд, сармоягузор андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии зеринро мепардозад:
– андози иҷтимоӣ;
– боҷи давлатӣ;
– хироҷҳои гумрукӣ;
– андозҳо аз молу мулки ғайриманқул;
– андоз аз воситаҳои нақлиёт;
– дигар пардохтҳои ҳатмие, ки бо иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот вобастаанд.
- Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда:
– сармоягузоре, ки ба коргарони кироя музди меҳнат ва дигар даромадҳои ба он баробаркардашуда медиҳад, мувофиқи тартиби муқарраргардида пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро таъмин менамояд;
– аз ҷониби сармоягузор таҳвил намудани маҳсулоти истеҳсолшуда аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешавад;
– сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешавад;
– аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда молҳои ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот воридшаванда, ки дар барномаҳои корҳо ва сметаҳои хароҷоти мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”тасдиқ шудаанд, озод карда мешаванд. Дар сурати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил шудани (ба истиснои содироти) ин молҳо андозҳои дар боло пешбинигардида ва дигар андозҳо мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани онҳо озод кардан аз пардохти андозҳои дар ин қисм пешбинигардида анҷом дода мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
- Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот объекти андозбандишаванда, манбаи андоз, давраи андоз, меъёри андоз ва тартиби ҳисоб кардани андоз нисбат ба андозҳое, ки дар қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳамин модда зикр гардидаанд, мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои пешбининамудаи муқаррароти ҳамин боб, ки дар санаи мавриди амал қарор додани созишнома оид ба тақсими маҳсулот амал мекунанд, муайян карда мешаванд.
- Ҳангоми дар давоми мӯҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот тағйир ёфтани номгӯи ягон андоз ё дигар пардохтҳои ҳатмии дар қонунгузории андоз пешбинигардида, вале дар айни ҳол тағйир наёфтани унсурҳои андозбандӣ, чунин андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот бо номи нав ҳисоб ва пардохт мешаванд.
- Ҳангоми дар давоми мӯҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот тағйир ёфтани тартиби пардохти андозҳо, инчунин тағйир ёфтани шакл, тартиби пур кардан ва мӯҳлатҳои пешниҳоди эъломияҳои андоз бе тағйир ёфтани манбаи андоз, меъёри андоз ва тартиби ҳисоб кардани андозҳо, пардохти андозҳо, инчунин пешниҳод намудани эъломияҳои андоз мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Моддаи 316. Бузургиҳои (параметрҳои) асосии созишнома
- Маҳсулоти истеҳсолшуда бояд байни давлат ва сармоягузор мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”ва Кодекси мазкур баста шудааст, тақсим карда шавад.
- Бо мақсадҳои ҳамин боб хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ба андозаи хароҷоти воқеан анҷомдодашуда, вале на бештар аз маҳсулоти ҷубронии муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба сармоягузор ҷуброн карда шавад. Дар айни ҳол маҳсулоти ҷубронӣ дар ҳар як давраи андоз (ҳисобот) наметавонад аз андозае, ки мутобиқи моддаи 314 Кодекси мазкур муайян карда шудааст, зиёдтар бошад.
- Созишнома оид ба тақсими маҳсулот, аз ҷумла бо мақсадҳои ҳамин боб, бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
1) Дар сурати бастани созишнома тибқи шартҳои қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”тартиб ва шартҳои:
а) муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшудае, ки маҳалли тақсимкуниро гузаштааст ва арзиши он;
б) муайян намудани қисми маҳсулоти истеҳсолшудае, ки маҳсулоти ҷуброниро ташкил медиҳад;
в) тақсими (муайян намудани таносубҳои тақсими) маҳсулоти фоиданок байни давлат ва сармоягузор.
2) Дар сурати бастани созишнома мутобиқи шартҳои қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”тартиб ва шартҳои:
а) муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшудае, ки маҳалли тақсимкуниро гузаштааст ва арзиши он;
б) тақсими (муайян намудани таносубҳои тақсими) ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор ё эквиваленти арзишии ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда. Таносубҳои чунин тақсимкунӣ дар созишнома вобаста ба баҳодиҳии геологӣ-иқтисодӣ ва арзишии конҳои маъданҳои фоиданок, лоиҳаи техникӣ, нишондиҳандаҳои асосноккунии техникию иқтисодӣ муайян карда мешаванд.
3) Дар ҳамаи ҳолатҳои бастани созишнома мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”тартиб ва шартҳои:
а) аз ҷониби сармоягузор ба давлат додани қисми маҳсулоти истеҳсолшудаи мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба давлат тааллуқдошта ё эквиваленти арзишии он;
б) қисми маҳсулоти мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба сармоягузор тааллуқдоштаро гирифтани сармоягузор.
- Созишнома оид ба тақсими маҳсулот метавонад танҳо як усули тақсими маҳсулотро, ки ҳамин модда муқаррар кардааст, пешбинӣ намояд. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот наметавонад гузариш аз як усули тақсими маҳсулот ба усули дигарро, ки ҳамин модда муқаррар кардааст, муайян кунад, ҳамчунин наметавонад иваз кардани як усули тақсими маҳсулотро ба усули дигар пешбинӣ намояд.
- Фаъолияти сармоягузор дар бобати иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фаъолияти шахси ҳуқуқии мустақил – корхонае, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба ҳисоб меравад.
Моддаи 317. Муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ва арзиши он
- Ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсолшуда дар маҳалли тақсимкунии маҳсулот тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда мешавад.
- Маҳалли тақсимкунии маҳсулотро созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян менамояд.
- Арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда дар маҳалли тақсими маҳсулот барои ҳар як давраи ҳисоботӣ (андозӣ) ҳамчун ҳосили зарби ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти дар давоми давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсолшуда, ки дар маҳалли тақсимкунӣ андоза карда шуда, бо воҳидҳои дахлдори ченак (тонна, метри мукааб, баррел ва ғайра) ифода ёфтааст, ба нархи таҳвил ва содирот дар маҳалли тақсимкунӣ дар давоми ин давраи ҳисоботӣ (андозӣ) мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда мешавад.
Моддаи 318. Хароҷоти ҷуброншаванда
Хароҷоти ҷуброншаванда – хароҷоти асоснок ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқгардидаи сармоягузор мебошад, ки ӯ воқеан ҳангоми иҷрои корҳо дар доираи созишномаи басташуда оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи барномаҳои корҳо ва сметаҳои хароҷоти тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”тасдиқгардида анҷом додааст, ба истиснои хароҷоти ҷуброннашаванда.
Моддаи 319. Таркиби хароҷоти ҷуброннашаванда
- Ба хароҷоти аз ҳисоби ҳиссаи маҳсулоти фоиданок анҷомдодашаванда (пӯшонидашаванда), ки ба сармоягузор тааллуқ дорад ва аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ҷуброн намешавад, намудҳои зерини хароҷот (масрафҳо) дохил мешаванд:
– пардохти саҳм барои иштирок дар озмуни барномаҳои сармоягузорӣ барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз рӯи шартҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”;
– барои гирифтани иттилооти геологӣ;
– аз рӯи моддаҳои хароҷоте, ки барои онҳо созишнома оид ба тақсими маҳсулот маҳдудиятҳо муқаррар намудааст, дар қисми зиёдтар аз ин маҳдудиятҳо;
– аз рӯи супоридани пардохтҳои ҳатмӣ барои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёдтар ифлос кардани муҳити зист;
– барои пардохти таҳвил ё содироти маҳсулоти ҷубронӣ ва ҳиссаи маҳсулоти фоиданоки ба сармоягузор тааллуқдошта, бо дарназардошти хароҷот барои аз маҳалли тақсимот то маҳалли таҳвил ё содирот бурдани ин маҳсулот, талафҳо ҳангоми боркашонӣ, хароҷот барои суғурта ҳангоми боркашонии маҳсулот то маҳалли таъинот, хароҷоти комиссионӣ ва хароҷоти дигар;
– барои маблағгузории тафтиши (аудити) фаъолияти молиявию хоҷагӣ, ки бо талаби саҳмдорони (муассисони) сармоягузор анҷом дода шудааст;
– бинобар аз ҷониби сармоягузор иҷро накардан ё дар сатҳи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳо, ки созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар кардааст, бо дарназардошти ӯҳдадориҳои мутобиқи қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот”пешбинишуда, инчунин хароҷот барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– барои пардохти арзиши экскурсияҳо ва сайёҳатҳо, аз ҷумла бо роҳхатҳо;
– додани мукофотпулӣ (фоизҳо) барои қарз (заём) ва истифодаи маблағҳои заём, инчунин пардохтҳои комиссионӣ ва дигар хароҷоте, ки бо ҷалб ва истифода намудани маблағҳои заём алоқаманд мебошанд, зиёда аз меъёри ЛИБОР бо ҷамъ намудани маржа, ки бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар карда мешавад. Ҳамзамон, маржа наметавонад аз меъёри ЛИБОР зиёд бошад;
– зарари (хароҷоти) расонидашуда (анҷомдодашуда) дар натиҷаи садамаҳое, ки бо айби сармоягузор бинобар риоя накардани технология ва (ё) техникаи бехатарӣ рӯй додаанд;
– хароҷот барои суғуртаи ихтиёрии кормандон;
– хароҷоти вобаста ба тафтишоти судӣ;
– ҷарима ва пиняҳое (фоизҳое), ки мақомоти давлатӣ аз сармоягузор мегиранд;
– хароҷоти пардохти масрафҳо барои истифодаи шахсии кормандон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накардааст;
– андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии мутобиқи ҳамин боб пардохтшуда;
– тамоми хароҷоте, ки бевосита ба фаъолият аз рӯи созишнома оид ба тақсими маҳсулот тааллуқ надорад, бо дарназардошти арзиши молу мулки додашуда, корҳои иҷрошуда, хизматрасониҳои аз ҷониби сармоягузор (аз ҳисоби сармоягузор) ройгон (хайрия) расонидашуда.
- Хароҷоте, ки дар сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, дар доираи маҳдудиятҳо ва меъёрҳои муқарраршуда ба таркиби хароҷоти ҷуброншаванда дохил карда мешаванд.
Моддаи 320. Тартиби пӯшонидани хароҷоти ҷуброншаванда
- Хароҷоти ҷуброншаванда аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ тибқи тартиби дар ҳамин модда муайянгардида бо дарназардошти хусусиятҳои дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқарраргардида ба сармоягузор ҷуброн карда мешаванд.
- Пӯшонидани хароҷоти ҷуброншавандаи сармоягузор аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ аз моҳи гирифтани маҳсулот сар карда, анҷом дода мешавад.
- Тақсими маҳсулоти фоиданок ё ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда низ байни давлат ва сармоягузор мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки байни онҳо баста шудааст, аз моҳи гирифтани маҳсулот оғоз мегардад.
- Барои мақсадҳои ҳамин боб хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз ҳисоби ба сармоягузор додани маҳсулоти истеҳсолшуда ба миқдори на бештар аз маҳсулоти ҷубронӣ тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот пӯшонида шаванд.
- Бақияи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар охири давраи андоз пӯшонида нашудааст, чунин муайян карда мешавад:
– хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар аввали давраи андозӣ ба сармоягузор ҷуброн карда нашудааст;
– ҷамъи хароҷоти ҷуброншавандае, ки сармоягузор дар давоми давраи андозӣ анҷом додааст;
– тарҳи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар давраи андозӣ (барои давраи андозӣ) ба сармоягузор ҷуброн карда шудааст.
Моддаи 321. Баҳисобгирии маҳсулоти ҷубронӣ, фоида ва хароҷоти ҷуброншаванда
- Сармоягузор пешбурди ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ва фоидаро бо воҳидҳои ченаки молӣ (натуралӣ), инчунин бо пули миллӣ ва асъори хориҷии озод табдилшаванда, ки дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда шудаанд, тибқи қоидаҳои баҳисобгирии андоз, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, бо дарназардошти муқаррароти ҳамин модда анҷом медиҳад.
- Сармоягузор ӯҳдадор аст пешбурди ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ва хароҷоти ҷуброншавандаро тавре таъмин намояд, ки ба инъикоси дукаратаи ҳамон як хароҷот дар маҳсулоти ҷубронӣ ва ҳам дар хароҷоти ҷуброншаванда роҳ дода нашавад.
Моддаи 322. Муайянкунии таносубҳои тақсими маҳсулоти фоиданок
Таносубҳои тақсими маҳсулоти фоиданок байни сармоягузор ва давлат дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 323. Ҳисоб ва пардохт намудани андоз
- Андозҳои дар асоси ҳамин боб пардохтнамудаи сармоягузор бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳисоб ва ба буҷет супорида мешаванд.
- Эъломияҳои (ҳисоботҳои) андоз аз ҷониби сармоягузор дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешаванд.
- Назорати пардохти андозҳо аз ҷониби сармоягузорро ҳангоми истифодаи низоми андозбандии муқаррарнамудаи ҳамин боб нозироти андози андозсупорандагони калон амалӣ менамояд.
БОБИ 49. АСОСҲОИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 324. Муқаррароти асосӣ
- Низоми имтиёзноки андозбандии пешбининамудаи боби мазкур танҳо нисбат ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар қитъаи маҳдуди бо девор иҳоташуда ва муҳофизатшавандаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгӯи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, татбиқ карда мешавад.
- Молҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба минтақаи озоди иқтисодӣ бо пурра озод будан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо зери назорати мақомоти гумрук бо шартҳои муайяннамудаи низоми гумрукии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ворид карда мешаванд.
- Интиқоли молҳо аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба минтақаи дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти гумрук бо шартҳои муайяннамудаи низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод амалӣ карда мешавад.
- Интиқоли молҳо аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти гумрук бо пардохт ва (ё) бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо бо шартҳои муайяннамудаи низомҳои гумрукӣ амалӣ карда мешавад.
- Андозсупорандагон – шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба сифати субъектҳои он фаъолият мекунанд, ӯҳдадоранд дар айни замон ба чунин шартҳо ҷавобгӯ бошанд:
– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи гузаштан аз қайди давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”ва дар нозироти андози ноҳияи (шаҳри) дахлдор ба ҳисоб гирифта шудан, дошта бошанд;
– берун аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ воҳидҳои алоҳида надошта бошанд;
– намудҳои фаъолиятеро амалӣ намоянд, ки низомномаи минтақаи озоди иқтисодии дахлдор манъ накардааст.
- Ба соҳиби объекти молу мулки ғайриманқули дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қарордошта дар давоми 3 (се) сол баъд аз таъсис додани минтақаи озоди иқтисодӣ мӯҳлат дода мешавад, ки мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодии мазкурро соҳиб шавад ё дар асоси шартҳои низомҳои андозии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳамчун шахсе фаъолият кунад, ки субъекти минтақаи озоди иқтисодии мазкур намебошад.
Моддаи 325. Низоми андоз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар доираи фаъолияти дар минтақаи озоди иқтисодӣ амалишаванда ва молу мулки истифодашаванда аз пардохти ҳамаи намудҳои андози муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои андозҳои дар қисмҳои 2-3 ҳамин модда пешбинигардида озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1367).
- Ташкилотҳо – субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ агентони андоз оид ба андоз аз даромад ва супорандагони андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони воқеие мебошанд, ки ба онҳо даромадҳо, мукофотпулиҳо, пардохтҳо, фоида ва маблағҳои дигар мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт мешаванд (бояд пардохт шаванд).
- Соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунандсубъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ:
– нисбат ба даромадҳои бевосита гирифтаи (гирифта мешудаи) онҳомувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур супорандагони андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ мебошанд, ки ҳар семоҳа пардохт мешаванд;
– нисбат ба даромад, подош, пардохт, фоида ва дигар пардохтҳои ба манфиати шахси воқеӣ пардохтшуда (пардохтшаванда) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур супорандагони (агентони андози) андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ мебошанд.
- Имтиёзҳои андоз барои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо ба он қисми фаъолияти онҳо, ки он дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба анҷом расонида мешавад, амал мекунанд.
Моддаи 326. Тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳо
- Ҳисобкунӣ, тартиб ва мӯҳлати пардохти андозҳои барои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқарраргардида, инчунин аз ҷониби онҳо пешниҳод намудани эъломияҳо ва ҳисоботи дигари андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
- Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии худ оид ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва объектҳои андозбандӣ бо шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот медиҳад.
- Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳисоби алоҳидаи даромадҳо, хароҷот, молу мулк ва фаъолияти хоҷагидории худро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебаранд.
- Объектҳои андозбандии дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ қарордоштае, ки ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мансуб нестанд, мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
- Хусусиятҳои муносибати мутақобилаи мақомоти андоз бо маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд дар созишномаи байни онҳо басташуда муайян карда шаванд.
- Назорати пардохти андозҳо аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро мақомоти андоз ва гумрук амалӣ менамоянд.
ФАСЛИ XVIII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
БОБИ 50. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 327. Муқаррароти интиқолӣ
- Минбаъд, то ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозбандӣ дар қисме, ки ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, татбиқ карда мешаванд.
- Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳуқуқие, ки пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, татбиқ карда мешавад. Дар муносибатҳои ҳуқуқие, ки то мавриди амал қарор додани он ба миён омадаанд, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба он ҳукуқ ва ӯҳдадориҳое татбиқ карда мешавад, ки онҳо пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, агар мӯҳлатҳои муқарраршудаи даъво нагузашта бошанд.
- Андозсупорандагоне, ки ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои соли 2012 мутобиқ намебошанд, ӯҳдадоранд:
– соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди ниҳоии даромад барои низоми патентӣ бештар мебошад, бояд то 1-уми апрели соли 2013 фаъолияти соҳибкории худро қатъ намуда, ба фаъолият тибқи низоми андозбандии дигар шурӯъ намоянд. Дар ҳолати идома додани фаъолияти соҳибкорӣ дар мӯҳлати пешбинигардида аз чунин шахсон боҷҳои давлатӣ барои қатъ намудани фаъолият ва оғоз намудани фаъолият тибқи низоми андозбандии дигар ситонида намешаванд;
– соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди ниҳоии даромад барои андозбандии чунин соҳибкорон бештар мебошад, бояд то 1-уми апрели соли 2013 фаъолияти соҳибкории худро қатъ намуда, ба фаъолият тибқи низоми андозбандии дигар шурӯъ намоянд. Дар ҳолати идома додани фаъолияти соҳибкорӣ дар мӯҳлати пешбинигардида аз чунин шахсон боҷҳои давлатӣ барои қатъ намудани фаъолият ва оғоз намудани фаъолият тибқи низоми андозбандии дигар ситонида намешаванд;
– супорандагони андоз тибқи низоми соддакардашуда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди дахлдори даромад бештар мебошад, бояд то 1-уми январи соли 2013 ба низоми умумии андозбандӣ гузаранд ва барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд;
-андозсупорандагони тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолияткунанда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди дахлдори даромад кам буда, онҳо на кам аз 3 соли тақвимии пай дар пайи қаблӣ тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолият доштанд, бояд то 1-уми январи соли 2013 ба яке аз низомҳои махсуси андозбандӣ гузаранд ва бақайдгирии худро барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бекор кунанд;
– андозсупорандагони тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолияткунанда, ки даромади умумиашон дар соли 2012 аз ҳадди дахлдори даромад кам буда, онҳо на кам аз 3 соли тақвимии пай дар пайи қаблӣ тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолият доштанд, бояд то 1-уми январи соли 2013 ба яке аз низомҳои махсуси андозбандӣ гузаранд ва бақайдгирии худро барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бекор кунанд;
– андозсупорандагоне, ки бо бизнеси бозӣ машғуланд, ӯҳдадоранд аз 1-уми январи соли 2013 ба низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ гузаранд. То қабули қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо (ноҳияҳо) доир ба маблағи андоз аз бизнеси бозӣ, маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои шахсони мазкур дар ҳаҷми миёнаи моҳонаи ҳамаи андозҳои аз фаъолияти онҳо дар соли 2012 ҳисоб карда шуда, бо истифодаи коэффисенти баландкунандаи 1,5 муайян карда мешавад;
– то қабули қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо (ноҳияҳо) доир ба андозҳои маҳаллӣ, ҳисоб ва пардохти андозҳои маҳаллӣ тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешаванд.
Моддаи 328. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 1, мод. 688; мод. 689; с. 2005, №12, мод. 629; с. 2006, №7, мод. 341; №12, мод. 543; с. 2007, №3, мод. 172; №7, мод. 668; с. 2008, №3, мод. 195; №6, мод. 455; с. 2009, №3, мод. 86; №5, мод. 332; №12, мод. 823; с. 2010, №7, мод. 559; с. 2012, №4; мод. 263; №7, мод.702) аз 1 январи соли 2013 аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 329. Мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
17 сентябри соли 2012, № 901
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
- Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қабул намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди амал қарор додани он” аз 3 ноябри соли 2004, № 1207 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 11, мод. 590; с. 2005, № 12, мод. 714; с. 2006, № 5, мод. 270; № 12, мод. 630; с. 2007, № 2, мод. 103; № 6, мод. 481; с. 2008; № 1, қ. 2, мод. 31; № 4, мод. 337; с. 2009, № 2, мод. 45; № 4, мод. 255; № 11, мод. 726; с. 2010; № 6, мод. 444; с. 2011, № 12, мод. 924; с. 2012, № 5, мод. 368) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 5 сентябри соли 2012, №902
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 14 сентябри соли 2012, № 417