Ҷамоати деҳоти Мискинобод соли 1928 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Шумораи ахолӣ ба 01.01.2017 17 ҳазору 744 нафар буда, 2144 хоҷагиро дар бар мегирад. Дар ҳудуди ҷамоат 2 адад корхонаи саноатӣ, 9 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 1 беморхона, 5 адад хонаи саломатӣ, 21 адад марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо, 1 клуб ба мардум хизмат мерасонанд. Дар ҳудуди Ҷамоат деҳаҳои Мискинобод, Заркамар, Орифон, Фатҳобод, Гултеппа, Сарой, Муминобод ҷойгиранд. Сокинони ин деҳот асосан ба катошкапарварӣ ва боғдорӣ шуғл машғуланд.