Дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон 15 деҳаву маҳала – Сари Чинор, Оби сангбур, Дова, Арзанова, Хами себ, Ҷавонон, Сари чашма, Навобод, Карсанг -1, Карсанг – 2, Мулотуғма, Хами савра ва Чанаро ҷойгиранд. Дар ҳудуди Ҷамоат 1 литсейи касбӣ-техникӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 4 китобхона, 2 маркази саломатӣ, 4 бунгоҳи саломатӣ, 30 нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, 6 толори варзишӣ, 6 майдончаҳои варзишӣ ва 1 филиали мактаби мусиқӣ ба сокинон хизмат мерасонанд. Ҷамоати деҳоти Ҷавонон Бо қарори Комитети иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон аз 14 июни соли 1931, № 32 ва баъдтар бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 10 марти соли 1937 номи Ҷавононро гирифт. Бо қарори МММОҶТ аз 29 майи соли 2000, №117 бинобар аз ҳайати Ҷамоати Ҷавонон таъсис додани ҷамоати шаҳраки Файзобод маркази Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ба деҳаи Ҷавонон кӯчонида шуда, айни замон бо ҳамин ном фаъолият дорад. Шумораи аҳолиаш 15 ҳазору 497 нафар буда, 2241 хоҷагиро ташкил медиҳад. Сокинони Ҷамоат дар маъракаҳои кабудизоркунӣ, иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ фаъолона ширкат меварзанд, баҳри ободии диёр, шукуфоии кишвар пойдорию густариши сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саъю кӯшиш доранд.