БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

print

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо дар ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷанд. Симои ноҳия рӯз ба рӯз зеботару пурҳашамат мегардад. Роҳҳои мумфарш, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёд, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматронӣ ва  иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ дар ноҳия далели ин гуфтаҳоянд. Мардуми заҳматпешаи ноҳия ин ҳамаро аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда,  дилгармона ба сӯи фардои дурахшон гом мениҳанд.

Бахшида ба таҷлили сазовори Ҷашин 30 – солагии Истиқлолият давлатӣ дар ноҳия сохтмони иншооти нав, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, инчунин, таҷдиду азнавсозии роҳу маҳаллаҳо на танҳо дар маркази ноҳия балки дар деҳоти атрофи он ҳам бомаром сурат гирифта, дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд. Сокинони сарбаланид ноҳия бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оромию осудагии кишвар бо дили гарм ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дастаҷаъмона кӯшиш менамоянд. Ҳамзамон, ҳунармандони ноҳия ташаббуси Сарвари давлат доир ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо камоли майл истиқбол намуда, дар эҳё ва рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат бастанд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки айни ҳол дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон  ба муносибати ҷашни 30- солагӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дошта, симои шаҳру деҳоти мамлакатамон рӯз ба рӯз зебову обод гашта истодааст. Файзобод чун яке аз гӯшаҳои зебоманзари Ватан, бо кӯҳҳои сарбаафлок, обҳои мусаффо ва маконҳои таърихӣ мавриди таваҷҷуҳи мардуми кишвар ва хориҷ қарор дошта, дар ин ҷо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти хуштарҳу замонавӣ бунёд ёфта истодаанд.

Соли равон бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми сарбаланди ноҳия соли таърихӣ хоҳад буд.

Мардуми меҳнаткаши ноҳия бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҷашни таърихӣ чораҳои зиёд роҳандозӣ карда, пайваста рафти иҷрои корҳо ва сифати онҳоро зери назорати қатъӣ қарор медиҳад. Дар ноҳия бунёди  беш аз 300 иншооти бузурги таъйиноташон гуногун  ба нақша гирифта шудааст. То ин дам қисми зиёди он ба истифода дода шуд, ки онҳо бештар ба соҳаҳои гуногун марбутанд. Инчунин, дар дигар иншоотҳои чашни корҳои сохтмони идома дорад.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА

Шарҳи худро гузоред

*

code