Чанде пеш Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод Бахтиёр Худоёрзода ва Раиси ноҳия Бобишо Холзода дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод ва Мискинободи ноҳия чанд иншооти ҷашниро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамчунин, дар Ҷамоати деҳоти Қалаъи Дашти ноҳия, аз боғи 10 гектараи «Баҳористон», зироатҳои кишти деҳқонон ва аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии ноҳия дидан намуданд.
Беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар деҳоти Мискинобод.
Ба истифода додани меҳмонхонаи сайёҳӣ, дарвозаи даромадгои деҳа ва 2 километр роҳи деҳаи Орифони Ҷамоати деҳоти Мискинобод.
Толори варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Мискинобод.
Боздиди Сарвазир аз боғи 10 гектараи «Баҳористон» ва зироатҳои кишти деҳқонон, инчунин, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳия.
Дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод ба истифода додани, корхонаи коркарди обҳои менералӣ.