ФАЙЗОБОД ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР
Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод Бахтиёр Худоёрзода ва раиси ноҳия Бобишо Холзода дар деҳоти Меҳробод ва Мискинободи ноҳия чанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншоот аз тарафи соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд гардидааст. Аз ҷумла, дар деҳоти Меҳробод аз тарафи соҳибкор Каримов Бобӣ корхонаи коркарди обҳои маъданӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, дар назар аст, ки корона обҳои ранга низ истеҳсол намояд.
Дар деҳаи Орифони деҳоти Мискинобод дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Убайдулло Розиқов дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ меҳмонхонаи сайёҳӣ, дарвозаи даромадгоҳи деҳа бунёд ва 2 километр роҳ, ки солҳо хароб буд дар муддати кӯтоҳ асфалтпӯш карда шуд. Инчунин, соҳибкор сохтмони заводи кокарди шарбати сабзавотро дар ҷамоат ба уҳда гирифт.
Ҳамчунин, Сарвазири мамлакат зимни сафар дар деҳаи Мискинобод толори варзиш, меҳмонхонаи сайёҳӣ, дарвозаи даромадгоҳи деҳаи Заркамар ва беморхонаи бемориҳои сироятиро дар хизмати сокинон қарор дод.
Беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар деҳоти Мискинобод аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд ёфт. Дар сохтмони он беш аз 20 сокини маҳаллӣ ҷалб шуда буд. Тибқи лоиҳа, беморхона дорои 17 ҳуҷра ва 50 кати хоб буда, дар баробари ба истифода додани он 30 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар бобати таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардондани имкониятҳои содиротии ноҳия ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, Қоҳир Расулзода дар деҳоти Қалаъи Дашт аз боғи 10-гектараи «Баҳористон» ва зироатҳои кишоварзӣ дидан намуда, барои истифодаи самараноки замин ба деҳқонон баҳои баланд дод.
Бознашр jumhuriyat.tj
Зикруллоҳ РАҶАБ, “Ҷумҳурият”