Файзобод Сайёҳӣ омили муваффақиятҳост

print

Ноҳияи Файзобод бо ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ манзараҳои дилфиреб, обу чашмаҳои шифобахшаш  барои рушди сайёҳии таърихӣ – фарҳангӣ, экологӣ, кӯҳӣ, муолиҷавию рекреатсионӣ  имкониятҳои васеъ дорад. Бояд қайд намуд, ки туризми таърихӣ -фарҳангӣ метавонад яке аз самтҳои асосии рушди сайёҳии ноҳияи Файзобод бошад. Аз ҷумла, ёдгории шаҳри қадимии Вашгирд, ки таърихи зиёда аз 3 ҳазор сола дорад. Шаҳри Вашгирд яке аз қадимтарин ва калонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ буда, шоҳроҳи бузурги Абрешим аз ҳудуди он мегузаштааст. Дар асрҳои 3-2 мелодӣ то охири асри XVI шаҳри Вашгирд обод будааст ва Қалъаи Сангин, қалъаи Фотимаю Зуҳро ва Шаҳристон -ӯ Работ доштааст. Вашгирд дар гӯзашта  Қалъаи Сангин будааст ҳоло ҳам ин қалъа маъруф аст ва соли 1946 бори аввал бостоншинос Буверински омӯзиш гузаронда буд, аз он чо бисёр нигораҳои таърихӣ, асбобу ашёҳо ёдгориҳои асрҳои -I-II-и пеш аз мелод ёфтанд. Омӯзиши он 30 сол давом кард барои боз ҳам дарёфтани нигораҳои таърихии Вашгирди Бостони соли 1978 аз тарафи бостоншиносонӣ тоҷик мавриди омӯзиш қарор гирифт ва маълум шуд, ки Вашгири  бостони дар гузашта як маркази ориённажод буда, мардуми  шаҳрдору  шаҳрсоз, кишоварзу боғдор ва ҳунарманд буданд, Бостоншиносон мегӯянд, ки ҳоло ҳам омӯзиши Вашгирд пурра ба анҷом нарасидааст. Пешвои миллат соли 2011 зимни сафари худ дар ноҳияи махсус зикр карда буданд, ки Вашгирди бостонӣ як ҷӯзъи Тоҷикистони азизи мо аст дар ҳолати пурра омӯзиш кардан ва таҳтиқот бурдан ба як гӯшаи бузургӣ сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ табдил меёбад.

Яке аз мавзеҳои сайёҳии дигар ин Мақбараи Хоҷа Ҳотами Асам мебошад. Хоҷаи Ҳотам донишманди олами ислом буда ӯро бо тахаллуси Абдураҳмон Ҳотам ибни Юсуфи Балхӣ, мешинохтанд Мақбараш дар назди деҳаи Сари Чашма ҷойгир аст. Он аз ду болохона иборат буда, аз хишти пӯхта дар асри XVI сохта шудааст ва дар замони соҳибистиқлоли бо ташаббуси Ҳукумати кишвараз нав таъмир гардидааст. Хоҷа Ҳотами Асам шахсияти бузург ва олими замони худ будааст, ки дар асри IX- X зиндагӣ кардааст ва дар тарбияи ҷавонон ва наврасони он давра саҳми худро гузоштааст. Хоҷа Ҳотами Асам соли 810 бо мақсади тарғибу ташвиқи ислом ба Вашгирд омада ин маконро манзили доими худ иқомат ихтиёр мекунад. Мақбарааш дар ноҳияи Файзобод ҷойгир аст, ки ба асри XVI- мелодӣ таалуқ дорад ва барои ҳам сайёҳони хориҷӣ ва ҳаводорони таърихи гузашта, яке аз мавзеъҳои хуби сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Қалъаи Сангин бошад дар ҷамоати Дӯстмурод Алиев дар масофаи 1,5 км дуртар аз маркази ноҳия, дар наздикии деҳаи Сари Чашма воқеъ гардидааст, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Масоҳати умумии қалъа 80 гек. аст. Аз ин гуфтаҳо боло  ба хулосае омадан мумкин аст, ки ноҳия таърихи бою рангине доштааст.

Барои ташкилу рушди сайёҳии муолиҷавӣ низ дар ноҳия арзишу захираҳо хеле зиёд мавҷуд аст. Боиси зикр аст, ки яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ-сайёҳӣ Ватани мо обҳои маъдании он мебошад. Ноҳия дорои як қатор чашмаҳои шифобахш буда он ҷиҳати рушди сайёҳии муолиҷавӣ нақши созгор гузошта метавонанд. Яке аз онҳо чашмаи шулук аст, ки дар наздики маркази ноҳия ҷой гирифтааст обаш шӯр буда, табибон чандин хосияти табобати онро тавсия медиҳанд аз ҷумла барои ӯзвҳои, ҳозима, меъдаву, руда ҷигару, талха, аҳмияти муҳим доранд.

Агар ба кӯҳҳои ноҳияи Файзобод назар кунем   метавон гуфт, ки бо зебогӣ  худ бо набототу ҳайвонот ва растаниҳои шифобахш диққати сойёҳони дохилию берӯнаро ҷалб карда метавонад.

Ҳангоми даромадан ба даргоҳи ноҳия нигорае қомат афрохтааст, ки дар назди он рамзи дутор ва кӯзаро гузоштаанд ва он аз ҳунарманд будани мардуми он гувоҳӣ медиҳад. Боиси сарфарозист, ки ба муносибати Солҳои рушти деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинони шарафманди ноҳия  ҳунару ҳунармандиро воло дониста, дар маркази ноҳия дӯконҳои махсуси қолинбофӣ таъсис додаанд, ки қисми зиёди занони хонашин ба ҷойи кор таъмин шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод  ва мардуми он ҳамеша бар он мекӯшанд, ки насли наврас аз ҳунармандиву ҳунардони воқиф бошанд ва фарҳангу тамадуни миллати хешро ба ҷаҳониён муаррифи карда тавонанд. Аз ин хотир, дар ин ноҳия ҳунару ҳунармандӣ рӯз ба рӯз рушд меёбад. Ноҳияи Файзобод яке аз он ноҳияҳое шуда метавонад ки барои ҷалби сайёҳон барои муаррифии ҳунару санати ниёгону мардуми гӯзашта ва имрӯзаи халқамон метавонад саҳми борис дошта бошад.

 

Зикруллоҳ Раҷабзода

Шарҳи худро гузоред

*

code