ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 – 2024
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
– соли 2023 аз рӯи даромад ба маблағи 37171798 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 37747718 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 575920 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ;
– соли 2024 аз рӯи даромад ба маблағи 40364989 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 40999964 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 634975 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шавад.
– ҳаҷми умумии Буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 33002852 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 33626756 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 623904 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
– маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
– бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2022 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯи андозҳо, бо тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
– оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
– дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
– тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 маълумот диҳад.
– якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
– аз рӯи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
– бо мақсади сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии асъор таъмин намояд;
– барои тамдид намудани муҳлати пардохти қарзи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2019 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози соли навбатии молиявӣ шартномаи дахлдорро ба имзо расонад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 ноябри соли 2021, № 578