ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БО СОКИНОНИ НОҲИЯ

print
Дар Ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Холзода Бобишо, намояндагони кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва сокинони ҷамоати маскур вобаста ба шарҳу тавезҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир карда шуд. Вохӯрии мазкур дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо мақсади расонидани муҳтавои асосии Паёми Президенти мамлакат ба роҳ монда шуд.

Дар вохӯри раиси ноҳия вобаста ба баррасии самтҳои афзалиятноки Паём суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки  бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат, дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки солҳои 2022–2026  «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Бо ин мақсал таъсис додани ҷойҳои нави кори ба кор даровардани корхонаҳои истесолию саноатӣ, корхонаҳои аз фаъолият боз монда ва бо истифода аз имконоту захираҳои маҳаллӣ таъсис додани корхонаҳои нави истесолию саноат ба истифода дода хоҳад шуд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.

Дар вохӯри қайд гардид, ки тарбияи наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон, арҷгузори ба сулҳу ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани меҳру садоқат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи ҳар яки мост.

Инчунин, дар вохӯри раиси ноҳия оид ба омодагиҳо ба кишту кори баҳорӣ, бунёду нигоҳубини боғҳо, воридот ва заҳираи тухмиҳои хушсифат, гузаронидани эмкунии аҳоли бар зидди бемории сироятии вируси КОВИД-19 ва дигар масъалаҳо суханрони намуданд.

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code