Ӯ ЧУН КАБК ОШИҚОНА ЗИСТ, ОШИҚОНА РАФТ

print
Кабкҳои кӯҳҳои Файзобод қақра мезананду ёди Дӯстмурод мекунанд. Андалебе, ки аз домони рустои Кабкрез ба дунё омадаву аз парандаҳои хушилҳон нағмасароӣ андӯхтааст, дар оинаи хаёл ҷилва менамояд. Садафи табиат нигоҳи моро ба худ медӯзаду ҳамнавои кӯҳҳои симинтоб садои дилбохтаи Дӯстмурод рӯшан мегардад.

– Дӯстмурод оҳангҳои ҷаззобу дилнишинашро дар ҳамин диёр, дар ҳамин кӯҳу дара эҷод мекард,- мегӯянд дӯстонаш. – Ба кӯҳ чун ба ёр дилбастагӣ дошту бо шилдироси чашмаи Маҳҷон, ки дар наздикии деҳаи Кабкрез воқеъ аст, ором мегирифт. Дар лаби дарё бо ҳавас менишаст, ки гӯё ба тахти мармари дунё нишаста бошад. Суруд бар лаб сӯи кӯҳи Дандоншикан ба шикор мерафт. Ба гуфти худаш бо сурудҳояш кабкҳоро маст мекарду ба дом мехонд.
– Қариб ҳар пагоҳӣ аввал ба шикор, баъд ба кор мерафт, – аз шиносоии аввалинашон қисса мекунад Ҳасан Шариф. – Як сабоҳ чашми рӯз накафида камонамро гирифта, ба шикор баромадам. Баъди қариб ду соати интизорӣ дар камингоҳ, қақраи кабкон камонамро ба сӯи буттахори баланд, 100 метр дуртар бурд. Дарҳол нишон гирифтаму тир холӣ кардам. Ногоҳ овозе баланд шуд: “Эй хонаобод, маро паррондӣ!”,- гӯён ҷома сари китф касе сӯям давид. Дигар на фикри кабкҳо доштаму на дар дасту по мадор. Замоне ки ба худ омадам, Дӯстмуродро болои сарам дидам, ки бо табассуми малеҳе афзуд: “О ман қариб се соат мешавад, ки селаи кабконро интизорам, ту бошӣ пешдастӣ карда, дар як они воҳид тир холӣ кардӣ, ки ҳам сих аз даст рафту ҳам кабоб сӯхт”. Ман, ки ҳанӯз ҳам меларзидам, гуфтам: “Шумо, ки 10 – 15 метр дуртар будед, чаро напаррондед?”
– Хок бар сари хоб, – бо нимханда афзуд ӯ, – ғанабам бурдааст. Агар садои сочмаҳоят намебуд, аниқ кабкҳо чашмонамро мекофтанд.

 

Хоҳарзодаи шодравон Дӯстмурод Сафомиддин Усмонов ҳам хотираҳои ҷолибе дорад.
– Баҳорон баробари эҳёи табиат тағоям низ мешукуфт ва мерафтем ба баландии деҳ, ки селаи кабкони даштӣ он ҷоро макони доимӣ ихтиёр карда буданд. Одатан, дар сояи дарахти дӯлона нишаставу ба хониши парандаҳо гӯш медодем. Боре қақраи кабкон бо ҳазору як нағма баланд шуду тағоям дар ғояти ваҷд гуфтанд: “Медонӣ Сафомиддин, нағмасароии кабку булбул ва як қатра оби чашмаи Маҳҷон мисли аллаи модар рӯҳамро навозиш медиҳанд. Хумори аллаҳои модарамро ин ҷо мешиканам. Рӯи ӯ мисли ин чашма соф буду қалбаш чун умқи он дар туғён. Овозаш чун садои кабк дилнишин. Табиат чӣ шоҳкориҳое дорад. Ҳамаи мавҷудоташро ба якдигар тавъам сохтааст. Чуноне модари маро бо чашмаву кабк”.

Ман, ки он вақтҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм намерафтам, содалавҳона пурсидам:
– Тағо, чаро он чиро, ки шумо мебинед, аз назари мо пинҳон аст?
– Ҳоло зиндагӣ чашматро мекушояд, ҷони тағош, – афзуд ӯ. – Агар ба ҳама офаридаҳои атроф бо чашми хирад бингарем, ҳеҷ аз диданашон сер намешавем. Кабкро бубин бо ҳамин умри кӯтоҳаш чи таровате ба табиат меорад ва ин яке аз ҳазорон зебоии коргоҳи наққошии табиат аст, ки ба мо зебо будану зебо зистанро меомӯзад. Талқин бар он аст, ки тавонем бо ҳастиамон ба олами атроф хурсандӣ физоему худ низ шодмон бошем. Чашмаи Маҳҷон бошад, оби ҳаёт аст.

Миёни мо хомӯшӣ ҳукмфармо шуду ҳанӯз тағоям магар дар чашма акси худу рухи ёр медид, ки аз оби мусаффо чашм намеканд. Ин чашма ба назар хотираҳояшро шуставу пеши назар меовард, ки гоҳе механдиду гоҳе хомӯш мемонд. Вале оромише, ки аз ин ҷо меёфт, дар ҷои дигар пайдо намекард. Ҳатто, дар дами марг ҳам хоҳишаш ин буд: “Як қатра оби Маҳҷонам диҳед…” Ва бо нӯши ҷон кардани оби лазизи чашма зери лаб гуфт: “Ба танам ҷон омад…”
Ӯ чун кабк ошиқона зист, ошиқона рафт. Зебоии зиндагиро дар чизҳое медид, ки аз назарҳо дур буданд…
Садояш то ҳол тавъам бо табиати дилрабои диёр, бо шилдироси оби мусаффои чашмаи Маҳҷон, бо қақраи кабкони Кабкрез дар умқи қалбҳои бедор танинандоз асту дилҳои шайдоро ба шӯр меорад. Ин садои нотакрор атои табиат буд, ки ҳар бори “Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ” гуфтанаш таваллуди дигар аст.
Сарояндаи нотакрор Дӯстмурод Алиро мухлисону ҳаводорон ва муҳаққиқони санъат ҳамчун ситораи дурахшони ҳунари овозхонии тоҷик мешиносанду гиромӣ медоранд. Ҷавонмарде аз аҳли сахо, меҳмоннавоз, хоксор ва чеҳрахандон. Хислатҳои неки инсонияш буд, ки халқ ӯро дӯст медошту медорад…

Писари шодравон Наврӯз Алиев

PS: Дӯстмурод Алӣ аз ахтарони тобноки самои санъати овозхонии тоҷик аст, ки 19 апрели соли 1950 дар деҳаи Кабкрез (собиқ Муллобарот) – и ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ бо садои марғӯладораш дар дили ҳаводорон маъво ёфтаву беш аз пеш обрӯю эътибораш мефузуд.
Хатмкардаи факултети маданию маърифатии ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода (1974). Баъди адои хизмати ҳарбӣ, дар мактаби мусиқии бачагонаи зодгоҳаш ҳамчун муаллими рубоб ба фаъолият пардохт, нозукиҳои санъати мусиқиро ба шогирдон омӯзонд.
Дар санъати овозхонӣ равияи хоси худро дошт.
Сурудҳои “Туро ман дӯст медорам” (шеъри Лоиқ), “Баҳор омад” (шеъри халқ), “Махзани дурдона” (шеъри А. Баҳорӣ), “Моҳи рухсорат” (ғазали Сайидо), “Ноз”, “Мастона ба ноз омадаӣ” (шеъри Кошиф), “Садқаи чашмони ту” (шеъри Ш. Ҳайрат), “Савсани ҳусн” (шеъри А. Воситзода) аз оҳангҳои ӯ буда, басо дилнишинанд.
Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1979).
Дар авҷи камолоти эҷодӣ 18 апрели соли 1989 аз дунё гузашт

Шарҳи худро гузоред

*

code